Вазифаҳои иқтисодии давлат дар шароити бозор
Дар солҳои охир рушди иқтисодиёти аксари мамлакатҳоро бе ишти роки васеи давлат тасаввур кардан мушкил аст. Зеро рушди иқтисодиёти муосир омехта гаштааст. Ин маънои онро дорад, ки батанзимдарории бозор аз истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобастагӣ дошта, аз тарафи давлат та возун нигоҳ дошта мешавад. Давлат дар иқтисодиёт мавқеи дутарафиро ба худ гирифта метавонад. Аз рӯи ин нишона давлатҳое дучор мешаванд, ки ҳиссаи афзалиятнок ва ё тамоми иқтисодиётро ба зери тасарруфи худ мегиранд ва ё дар он ба монанди хоҷагиҳои ҷудогона нақши маълумро соҳиб мегарданд.
Яке аз вазифаҳои асосии давлат дар шароити иқтисоди бозорӣ пешбурди рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Маҳз бо ҳамин шарт дав латҳо метавонанд нақши худро васеъ намоянд (расми 13.1). Албатта, давлат на танҳо ба фаъолияти соҳибкории худ, балки якбора бо роҳи қонунгузориҳои хоҷагӣ, мусоидат ба корхонаву соҳибкорон, дастгирию мададгорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ бо иқтисодиёт алоқаманд гардида метавонад. Дар аксарияти кишварҳои тараққикардаи низоми иқтисоди бозорӣ, давлатҳо моҳирона фаъолияти хоҷагиҳо ва сармояи хусусию давлатиро равнақ медиҳанд. Ва дар мавридҳои зарурӣ бо кумаку маҳдуд кардани онҳо мусоидат менамоянд. Ба ин восита аз мутобиқати фаъо лияти якҷояи давлат ва сектори хусусӣ иқтисодиёти онҳо босуръат пеш меравад. Яъне дар ин равишҳо давлатҳо чунин вазифаҳоро иҷро меку нанд: роҳнамоӣ, танзимгарӣ, идоравӣ, маҳдудкунӣ, ҳавасмандгардонӣ. Давлат институти волоиятест, ки ҳуқуқ дорад аз болои хоҷа- гиҳо ва ширкатҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ҳукмронӣ намояд. Барои давлатҳои ҳозира вазифаҳои мураккаб ва бисёрҷанба хос мебошад. Ҳар яке аз онҳо нақш ва мақоми хоса дошта, ба мақсад ва иҷрои вазифаҳои мушаххас нигаронида шудаанд. Онҳо мувофиқи инкишофи стратегияи иҷтимоию иқтисодӣ ба мақсади интиҳоӣ ва марҳалаҳои инкишофи мам лакат бештар мусоидат мекунанд.
Дар адабиёти иқтисодии мамлакатҳои Ғарб бештар ба чунин ва зифаҳои иқтисодии давлат диққат дода мешавад: ташкилию хоҷагӣ; иҷтимоию маданӣ; таъмини базаи ҳуқуқӣ ва муҳити иҷтимоӣ; ис- тиқрори иқтисодиёт; ҳавасмангардонии рушди иқтисод; ҳифз ва ин- кишофи ҳамаҷонибаи моликияти давлатӣ ва моликияти хусусӣ; ҳифзи рақобату муҳити зист; тақсим ва азнавтақсимкунии даромад ва сар- ват; ба ҳадди муносиб (оқилона) расондани таркиби маҳсулоти миллӣ; танзими намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ; таъмини шуғли аҳолӣ ва амнияти иқтисодӣ; танзими нарх, бозори сармоя, меҳнат, замин, молия ва раванди иҷтимоиёт; таъмини ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ; раванди боэътимод нигоҳ доштан ва пурзӯргардонию меха- низми иқтисоди бозорӣ ва ғайра.
Инчунин вазифаҳои иқтисодии давлат дар шароити бозор аз таъми ни заминаи ҳуқуқӣ ва муҳити ҷамъиятӣ, ҳифзи рақобат, азнавтақсимку нии даромад, назорати сатҳи таваррум, шуғл ва ҳавасмангардонии руш ди иқтисодӣ, ки барои самаранок амал кардани бозор шароити муфид муҳайё мекунад, иборат мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии давлат таъмини заминаи ҳуқуқии субек тҳои хоҷагидор ва муҳити ҷамъиятӣ мебошад. Дар қонунҳову кодексҳои қабулгардида нақшу мақом, мақсад, вазифа, шаклу намуд, принсипҳо ва методҳои фаъолият, шаклу намуди моликият ва тарзу услуби хоҷа гидорӣ, соҳибкорию корчаллонӣ, идораю тарҳрезӣ, ташкили фоидаю тақсими он, андозу андозбандӣ, ташкили муносибатҳои меҳнатӣ (музди кор, шартномаю қарордодҳо), муносибати иттифоқи касаба ва корфар моён, ҳифзи истеъмолгару тавлидгар ва ғайра инъикос меёбанд.
1. Ҳимоя намудани ҳуқуқҳои моликият ва таъмини суботи сиёсӣ. Ҳуқуқи моликият ба одамон имконият медиҳад, ки захираҳои дар ихтиёрдоштаро дар фаъолияти худ истифода карда тавонанд. Барои меҳнат, пасандозкунӣ, сармоягузорӣ, савдо, ихтироъ кардан одамон бояд боварӣ дошта бошанд. Бояд давлат натиҷаи меҳнати онҳо ва мо ликияти дар ихтиёрдоштаи онҳоро ҳифз карда, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида ба иҷрои созишномаҳои баимзорасонидаи онҳо мусоидат намояд. Ҳатто имконияти хурди номуътадилии сиёсӣ нисбат ба ҳуқуқҳои моликият номуътадилиро ба миён меорад, зеро ҳокимия ти инқилобӣ метавонад моликият ва махсусан, сармояҳоро мусодира 112
намояд. Ин равияи сиёсат дар аввал ҳамчун асоси институтсионалӣ ба рои зиёд гардондани сармоягузориҳои дохилӣ зарур буда, барои ҳифзи моликияти зеҳнӣ низ аҳамияти калон дорад ва барои пешравии техно логӣ мусоидат менамояд.
2. Ҳавасмандгардонии савдои озод. Савдои озод ба мамлакат имконият медиҳад, ки тамоми маҳсулотҳоро мустақилона истеҳсол на карда, қисме аз онҳоро аз дигар мамлакатҳои нисбатан пешрафта хари дорӣ намояд. Одатан барои мамлакатҳои тараққикардаистода ҳимояи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт аз рақобати хориҷӣ ва амалигардонии сиёсати протексионизм (ҳимоятгароӣ) зарур аст. Лекин чунин амал кар дан нисбатан ғайрисамаранок аст, зеро васеъшавии савдо бо кишварҳои мутараққӣ ба мамлакатҳои тараққикардаистода имконият медиҳад, ки дар хароҷоти истеҳсолӣ сарфа намоянд, маҳсулоти ғайрисамаранокро истеҳсол накунанд ва аз дастовардҳои техникию технологии ҷаҳонӣ бар хӯрдор бошанд.
3. Назорат кардани афзоиши аҳолӣ. Барои таъмини рушди не куаҳволӣ суръати афзоиши истеҳсолот бояд аз суръати афзоиши аҳолӣ зиёд бошад. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ омилҳои боқимондаи ис теҳсолотро «нозук» гардонда, имкониятҳои рушди иқтисодиро паст ме кунад. Афзоиши босуръати аҳолӣ таъминоти сармояро паст карда, ба пастшавии ҳосилнокии меҳнат ва сатҳи некуаҳволӣ сабаб мешавад.
4. Ҳавасманд гардондани сармоягузориҳо ва пасандозҳои до хилӣ. Афзоиши захираи сармоя (капитал) дар иқтисодиёт бо воситаи сармоягузориҳо ба миён меояд. Чи қадаре ки ҳиссаи сармоягузориҳо ба иқтисодиёт зиёд бошад, ҳамон қадар суръати рушди иқтисодӣ баланд мешавад. Азбаски афзоиши захираи сармоя бевосита ба афзоиши ҳосил нокии меҳнат таъсир мерасонад, шарти асосии рушди иқтисодӣ зиёд на мудани сармояҳо мебошад. Асоси сармояҳоро пасандозҳо ташкил меку нанд. Агар ҷамъият камтар истеъмол карда, бисёртар пасандоз намояд, он гоҳ ин ҷамъият барои сармоягузорӣ захираҳои зиёдтар дорад.
5. Ҳавасманд намудани ҷалби сармояҳо аз хориҷа. Афзоиши сармоя метавонад на танҳо аз ҳисоби сармояҳои дохилӣ, балки аз ҳисо би сармояҳои хориҷӣ ба вуҷуд ояд. Ду намуди сармояҳои хориҷиро аз ҳам фарқ мекунанд: мустақим ва портфелӣ. Сармояҳои мустақими хо риҷӣ – маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ буда, онро шаҳрвандони хо риҷӣ (нерезидентон) соҳибӣ ва идора мекунанд. Мисоли ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсисдиҳии филиали фирмаи хориҷӣ дар мамлакат мебошад. Сармояҳои ҷузвдонӣ (портфелӣ)и хориҷӣ маблағгузорӣ ба сармоя буда, аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ маблағгузорӣ карда ме шаванд ва зери идоракунии истеҳсолкунандагони мамлакат қарор до ранд. Ба сармояҳои портфелии хориҷӣ хариди саҳмияҳо ва вомбаргҳои фирмаҳои мамлакат, ки аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ харидорӣ карда мешаванд, мисол шуда метавонад. Сармояҳои хориҷӣ ба рушди иқти содии мамлакат мусоидат мекунанд. Ба барориши қисми фоидаи фир маҳо ба хориҷа нигоҳ накарда, сарчашмаҳои молиякунонии иқтидорҳои иқтисодии мамлакатро зиёд менамоянд ва сатҳи ҳосилнокӣ ва музди меҳнатро баланд мекунанд. Ба ғайр аз ин, сармояҳои хориҷӣ ба мам лакатҳои тараққикардаистода имконият медиҳанд, ки технологияҳои пешқадами дар кишварҳои мутараққӣ ихтироъ ва истифодашавандаро аз худ намоянд.
6. Ҳавасамандгардонии маориф. Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф асоси рушди сармояи инсонӣ мебошад. Дар ИМА мувофиқи маълумотҳои оморӣ, ҳамасола маблағи барои таҳсил сарфшуда музди меҳнати коргарро ба ҳисоби миёна ба 10% баланд мекунад. Рушди маориф на танҳо ҳосил нокии меҳнати инсонро баланд мекунад, ба ғайр аз ин, самараи мусбии беруна низ дорад. Самараи беруна ҳамон вақт ҷой дорад, ки агар амали як шахс дар некуаҳволии шахси дигар ва ё дигар одамон инъикос ёбад. Шахси маълумотнок ақидаҳоеро пешкаш карда метавонад, ки барои ди гарон низ фоидаовар буда, барои истифода дастраси ҳамагон мегарданд. Ин асосноккунӣ нисбат ба маорифи давлатӣ мебошад. Дар баробари ин ҳодисаи «фирори ақлҳо», яъне муҳоҷирати мутахассисони нисбатан маъ лумотнок аз мамлакатҳои камбизоат ва мамлакатҳои дар иқтисодиёти гу зариш буда, ба мамлакатҳои мутараққӣ таъсири манфӣ дорад.
7. Ҳавасмандгардонии тадқиқот ва ихтироот. Тадқиқот ва ихти рооти илмӣ асоси дониши технологӣ буда, омили асосии суръатбахшии рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Бо мурури замон дониш ба неъма ти ҷамъиятӣ мубаддал гардид, ки барои истифода бурда тавонистан ак сарият кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бинобар ҳамин донишҳои технологӣ, ҳамчун маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дорои самараи берунӣ мебо шанд. Тадқиқот ва ихтироот бо воситаи бурсияҳо, паст намудани андоз ва додани патентҳо ихтироъкунандагонро ҳавасаманд карда метавонанд.
Дар ҳолати танзим гардидани ин бандҳо ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби ташкилотҳои махсуси давлатӣ, ширкатҳо ва хоҷагиҳои хонагӣ иқтисоди давлат пеш рафта, натиҷаҳои назаррас ба даст хоҳанд расид.