Вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ
Сиёсати иқтисодии Ҳокимияти Шӯравӣ. Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ вазъи иқтисодии мамлакатро тамоман тағйир дод. Зарур омад, ки муваққатан аз татбиқи он қарорҳою чорабиниҳое, ки барои амалӣ гардонидани сиёсати иқтисодии Ҳукумати Шӯравӣ нигаронида шуда буданд, худдорӣ карда шавад. Ҷанг вазифаҳои нави сиёсати иқтисодии мамлакатро тақозо кард. Дар саноат Давлати Шӯравӣ аз сиёсати ҷорӣ намудани назорати коргарӣ аз болои истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулоти истеҳсолшуда ба фавран миллӣ кардани корхонаҳое, ки аҳамияти стратегӣ-ҳарбӣ доштанд, гузашт. Дар асоси қарори Шӯрои уезди Хуҷанд аз 24-уми марти соли 1918-ум нуҳ заводи пахтатозакунӣ, заводҳои собунпазии дар шимоли Тоҷикистон буда миллӣ карда шуданд. 27-уми март барои ба кор андохтани ин заводҳои миллишуда Шӯрои Хуҷанд дар бораи мусодираи захираи пахтаи анборҳои савдогарон қарор қабул кард. Моҳи сентябр саноати чарм ва моҳи майи соли 1919 корхонаҳои чармгарӣ, шаробкашӣ, биноҳои маъмурии ба бонкҳою идораҳои кони нафти “САНТО”, конҳои ангишти Сулукта ва Шӯроб тааллуқдошта миллӣ карда шуданд. Аз ҳамаи корхонаҳои миллишуда танҳо роҳи оҳани Хуҷанд ва тамоми муассисоти ба он марбут пурра кор мекард. Шабакаи роҳи оҳани Хуҷанд ба душвориҳои зиёди сӯзишворӣ нигоҳ накарда, борҳои ҳарбию хоҷагӣ ва мусофиронро мекашонд. Устохонаҳои роҳи оҳан хуб кор мекарданд. Онҳо баробари кори асосии худ ба таъмири яроқу аслиҳа низ машғул буданд. Конҳои ангишти Шӯробу Сулукта ва нафти “САНТО” ба ғайр аз мавсими зимистон қариб, ки пурра кор мекарданд. Заводҳои пахтатозакунӣ, мевахушккунӣ, шишабарорӣ қариб, ки кор намекарданд. Баъзеи онҳо фақат аз соли 1923 ба кор шурӯъ карданд. Ин буд, ки нархи маҳсулоти саноатӣ хеле баланд рафт ва таъмини аҳолӣ бо ашёи зарурии хоҷагӣ ба зиммаи корхонаҳои ҳунармандӣ афтид. Ҳукумати Шӯравӣ дар барқарор намудани саноати ҳунармандӣ ёрии моддии худро дар шакли ашёи хом ва қарзи дарозмуддату бефоиз мерасонд. Вале аз сабаби паст будани ҳосилнокии меҳнати ҳунармандон, талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти корхонаҳои ҳунармандӣ пурра қонеъ намешуд. Бинобар ин, ба ташкили кооперативҳо аз рӯйи ихтисосу ҳунар оғоз карданд. Соли 1920 аввалин кооператив бо номи “Бофанда” дар Хуҷанд таъсис ёфт. Солҳои 1923-1924 кооперативҳои ҳунармандӣ хеле афзуда, дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон амал карда, шумораи зиёди ҳунармандонро муттаҳид намуда буданд. Масалан, кооперативи “Бофанда”-и Хуҷанд зиёда аз 1000 нафар, мӯзадӯзҳои Хуҷанд 100 нафар, артелҳои пахтатозакунӣ ва пахташоназанӣ 440 ҳунарманд, 5 артели истеҳсоли шоҳӣ 83 нафар ҳунармандро дар бар гирифта буданд.
Аз соли 1920 сар карда давлат фармоишгари асосии корхонаҳои ҳунармандӣ гардид. Агар ҳунарманд маҳсулоти истеҳсолкардаашро фурӯхта наметавонист, давлат онро мехарид. Ин имкон дод, ки аввалан, ҳунармандӣ аз байн наравад ва сониян, дар солҳои 1917-1924 ҳунармандӣ соҳаи асосии бо маҳсулоти саноатӣ таъмин намудани талаботи шаҳру деҳот гардад. Ҳиссаи саноат дар ташкили буҷети давлат ва шумораи коргарон зиёд набуд. Аксарияти аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекард. Тоҷикистон кишвари кишоварзӣ буд. Бинобар ин, ҷанг бештар ба ин соҳа таъсир кард. Барои ҳалли масъалаи деҳот деҳқононро бо замин таъмин кардан даркор буд. Дар солҳои 1918-1920 доир ба ин масъала дар шимоли Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои амалӣ гузаронида шуданд. Дар асоси “Декрет дар бораи замин” мақомоти тақсимоти замин – кумитаҳои камбағалон таъсис дода шуд. Аз моҳи апрели соли 1918 то майи соли 1919 дар тамоми волостҳои шимоли Тоҷикистон ин кумитаҳо таъсис ёфта буданд.
Дар давраи аввал ин кумитаҳо ба мусодира кардани заминҳои помешикони рус ва феодалони калони маҳаллӣ машғул буданд.
Моҳи декабри соли 1918 аз бойҳои волости Қистакӯз 10 ҳазор таноб замини обӣ ва 5 ҳазор таноб замини лалмӣ, аз бойи новӣ – Муҳаммад Расулмахсум Аҳмадхонов 90 ва аз бойи дигари новӣ 284 таноб замин мусодира карда шуд. Заминҳои вақф ҳам мусодира карда шуда буданд. Ҷамъулҷамъ 2,5 ҳазор десятина замин мусодира карда шуда буд. Ин заминҳо ба ҳисоби 8-танобӣ ба ҳамаи чоряккорону иҷоракороне, ки пеш ин заминҳоро киштукор мекарданд, тақсим карда шуда буд. Минбаъд мусодиракунии заминҳои феодалӣ дар доираи сиёсати “коммунизми ҳарбӣ” давом ёфт.
Сиёсати “коммунизми ҳарбӣ”. Ин сиёсати ночори Ҳокимияти Шӯравӣ барои ҳимояи худ буд. Асоси сиёсии он ҳимояи диктатураи пролетариат бо яроқ бошад, асоси иқтисодиаш таъмин намудани Артиши Сурх ва шаҳрҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ буд. Ин сиёсат дар асоси разверсткаи (маҷбурияти) озуқаворӣ гузаронида мешуд, яъне Ҳокимияти Шӯравӣ ба тариқи маҷбурӣ маҳсулоти зиёдатии хӯроквории деҳқононро кашида мегирифт. Ба деҳқон ҳамон қадар ғалла мемонданд, ки барои хӯроки солона ва тухмии ояндааш кифоя бошад. Барои амалӣ кардани ин сиёсат дастаҳои озуқаворӣ ҳам таъсис дода буданд. Ин дастаҳо деҳа ба деҳа гашта, бо ёрии деҳқонон захираи ғаллаи бойҳоро кашида мегирифт. Баъзан ғаллаи миёнаҳолонро ҳам мегирифтанд.
Сиёсати “коммунизми ҳарбӣ” дар Тоҷикистон нисбат ба Русия ва Туркистони русӣ фарқ дошт. Аввалан, ин сиёсат аз охири соли 1919 ҷорӣ карда шуда буд ва сониян, сиёсати разверсткаи шимоли Тоҷикистон аз маҷбурият дида бештар ба андоз монанд буд.
Сиёсати нави иқтисодӣ (СНИ) дар Тоҷикистон. Асоси сиёсати нави иқтисодиро бозори озод ташкил медод. Шиори ин сиёсат “Кӣ киро?” буд, яъне сотсиализм ғалаба мекунад ё капитализм. Давлати Шӯравӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ бо иқтисодиёти фалаҷгашта, корхонаҳои вайрон ва соҳаи кишоварзии харобгашта баромада истода буд. Давлат ин корхонаҳои саноатиро бо қувваи худ ба кор андохта наметавонист. Аз ин рӯ, аз сиёсати давлатигардонӣ даст кашида, онҳоро ба соҳибонашон ва ё ба онҳое, ки корхонаро ба кор андохта метавонистанд, бо шартҳои муайян баргардонид, фурӯхт ва ё иҷора дод. Чунин корхонаҳо дар Тоҷикистон набуданд. Сиёсати нави иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар ибтидо бештар деҳотро фаро гирифт. Давраи дуюми гузаронидани ислоҳоти обу замин сар шуд. Ин давра Бухорои Шарқиро ҳам фаро гирифт.
Дар шимоли Тоҷикистон мебоист, ки ҳамаи заминҳои феодалию ашрофӣ мусодира мешуданд. Дар Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон бошад, заминҳои амирӣ ва дастгоҳи амир (бекҳо) мусодира мешуданд.
Дар уезди Хуҷанд раванди баҳисобгирии заминҳои мусодирашаванда оғоз ёфт. Қисми зиёди заминҳои шакли феодалӣ-ашрофӣ ба ҳисоб гирифта шуданд, вале дар Бухорои Шарқӣ ҳоло ин корро кардан мумкин набуд, чунки солҳои 1921 — 1923 дар ин ҷо ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт. Агар дар шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон дар солҳои 1921-1924 аксарияти деҳқонони безамин соҳиби замин гардида бошанд, дар Бухорои Шарқӣ ҳалли масъалаи замин фақат барои деҳқонони дар атрофи гарнизонҳои шӯравӣ сокиншуда оғоз ёфта буд, ки шумораи онҳо ҳатто 1/100 деҳқононро ташкил намедод. Ягона тағйироте, ки дар деҳоти тоҷик ба назар мерасид, рӯ овардани деҳқонони тоҷик ба Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Мардуми деҳаҳои ҷояшонро тарк карда, ба кӯҳу дараҳо ва Афғонистон фироришуда боз бармегаштаанд. Чорабиниҳои Ҳукумати Шӯравӣ доир ба таъмини деҳқонон бо ғаллаи кишт, чорвои корӣ ва олоти меҳнат, ки дар солҳои 1921 — 1924 гузаронида шуда буд, дар байни деҳқонон дастгирӣ ва хайрхоҳиро ба вуҷуд овард ва худи рафти ҷанг ҳам собит карда буд, ки Ҳокимияти Шӯравӣ молу мулк ва амнияти оммаро ҳимоя мекунад. Аскарони сурхи шӯравии дар гарнизонҳои Душанбе, Файзобод, Кӯлоб, Чубек, Қӯрғонтеппа, Айваҷ, Саройкамар ва дигар ҷойҳо вуҷуддошта дар корҳои саҳроӣ ба деҳқонон ёрӣ мерасониданд. Кормандони муассисаҳои давлатӣ ба ҳашарҳои кишт ва ҷамъоварии дастранҷи деҳқонон мебаромаданд. Дар давраи дуюми гузаронидани ислоҳоти обу замин сиёсати Ҳукумати Шӯравӣ ҳам тағйир ёфта буд. Акнун сиёсати нав чунин шарҳ ёфта буд: такя ба деҳқонони камбағал, иттифоқ бо деҳқонони миёнаҳол, бетараф гузоштани деҳқонони сарватманд, мубориза бар зидди кулакҳо.
Яке аз муваффақиятҳои сиёсати аграрии Ҳокимияти Шӯравӣ ба меҳнати коллективона одат кунонидани деҳқонон ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи кооперативҳои ҳунармандӣ ба деҳот ҳам таъсир кард. Соли 1921 ҳукуматҳои Умумииттифоқ ва ҶМШС Туркистон дар бораи таъсис додани кооперативҳои кишоварзӣ қарорҳо қабул карданд.
Дар асоси ин қарорҳо дар шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1923 — 1924 11 кооперативи деҳқонӣ таъсис ёфт, ки ҳамаи онҳо истеъмолӣ буданд, яъне аз давлат тухмӣ, афзори хоҷагӣ, чорво, ҳатто матоу пул ва қарзи имтиёзнок мегирифтанд. Аввалан, кооперативҳо дар пахтакорӣ ва баъд дар соҳаҳои дигари кишоварзӣ пайдо шудан гирифтанд. Ҳамаи ин кооперативҳои истеъмолӣ дар иттифоқи кооператсияи ноҳиявии Хуҷанд – “Меҳнат” муттаҳид шуда буданд. Ин иттифоқ 4, 7 ҳазор хоҷагиро муттаҳид мекард, ки 4 фоизи тамоми хоҷагиҳои деҳқонони ноҳияро ташкил медод. Соли 1924 дар Хуҷанд кооперативҳои мелиоративӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо ҳам аз қарзҳои имтиёзноки давлатӣ бархӯрдор буданд. Шумораи кооперативҳои мелиоративӣ дар соли 1924 ба 24 адад расида буд. Ҳамин тариқ, солҳои 1917 – 1924 на фақат давраи муҳими инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии деҳа, балки давраи рӯ ба шӯроҳо, ба сотсиализм овардани деҳқонони тоҷик ҳам буд.
Луғат
1. “Иттифоқи ҷуфтгарон” — ташкилоти касбию сиёсии пролетарҳо ва нимпролетарҳои деҳоти Осиёи Миёна буд, ки соли 1920 бо номи “Қӯшчӣ” ташкил ёфта буд. Соли 1929 “Қӯшчӣ” ба “Иттифоқи ҷуфтгарон” табдил ёфта, дар асл то соли 1932 вазифаи иттифоқи касабаи деҳотро иҷро карда буд.
2. Коммунизми ҳарбӣ – чорабинии аз ноилоҷии Давлати Шӯравист, ки солҳои 1918 – 1920 дар давраи аввали ҷанги шаҳрвандӣ гузаронида шуда буд. Асоси сиёсии онро — ҳимояи Ҳокимияти Шӯравӣ, асоси иқтисодии онро развёрсткаи (маҷбурияти) озуқавӣ ва асоси иҷтимоии онро иттифоқи синфи коргару деҳқон ва шаҳру деҳаро мустаҳкам кардан ташкил медод.Ин чорабинӣ ба сиёсати махсус табдил ёфта, дар Тоҷикистон амали он аз охири соли 1919 оғоз ёфта буд. Хусусияти хоси ин сиёсатро дар Тоҷикистон аз маҷбурият дида ба андоз монанд будани он ташкил медод.
3. Кооператсия – калимаи лотинӣ буда, маънои луғавиаш ҳамкорӣ дар фаъолиятест. Кооператсия шаклҳои гуногун – истеҳсолӣ (саноатӣ, аграрӣ), истеъмолӣ (матлуботӣ, қарздиҳӣ, манзилӣ) дорад. Дар солҳои 1918 – 1924 дар Осиёи Миёна кооператсияҳои истеъмолии мелиоративӣ (обёрӣ), қарзӣ, хизмати техникӣ амал мекарданд.
4. Кооператсияи истеъмолӣ – ташкилоти ёрирасони Давлати Шӯравӣ, ки ба хоҷагиҳои яккадаст ва ҳунармандон асбобу афзори корӣ, тухмӣ, техника ва ёрии ҳамаҷонибаи агрономӣ, зоотехникӣ мерасонд. Авҷи баланди таъсиси ин кооператсияҳо асосан ба давраи сиёсати нави иқтисодӣ (1921-1928) рост омада буд ва аз ҳама намудҳои дигари кооператсияҳо оммавитар буда, қариб ҳамаи деҳқононро дар бар гирифта буд. Хусусияти хосу оммавӣ шуданаш, бештар дар назди давлат ва ташкилот ягон маҷбурият надоштани аъзоёнаш ба ҳисоб мерафт.
5. Кооператсияи обёрӣ (мелиоративӣ) – кооператсияҳои аз ҳама бештар дар деҳот роҳёфта буда, аксарияти истеъмолкунандагони обро дар бар мегирифтанд.
Савол ва супоришҳо:
1. Ҷанг ба иқтисодиёти мамлакат ва аҳолӣ чӣ гуна зарар меоварад?
2. Сиёсати “коммунизми ҳарбӣ”-ро фаҳмонед.
3. Сиёсати нави иқтисоди (СНИ)-ро шарҳ диҳед.
4. Шиори “Кӣ киро?” чӣ маъно дошт?
5. Ду давраи аввали ислоҳоти обу замини шӯравиро шарҳ диҳед.