Вазъи сиёсии хохони бухоро дар асри XVII ва нимаи АВВАЛИ асри XVIII
Пас аз марги Абдуллоҳхони Шайбонӣ ва писари ӯ Абдулмуъмин дар соли 1598 мамлакат дар вазъияти бесарусомонӣ ва парокандагӣ қарор гирифт. Ҳамсояҳои хони Бухоро аз вазъияти номусоиди ин кишвар истифода бурданд. Шоҳи Эрон Аббоси I қисмати зиёди Хуросонро ба сарзамини худ пайваст кард. Ӯ дар шаҳри калони мамлакат Балх Муҳаммадиброҳим ном шахсеро ҳоким таъйин намуд, ки дар назди худи шоҳ тарбият ёфта буд. Султони қазоқҳо Таваккал шаҳрҳои Тошканд ва Самарқандро ишғол намуд. Хоразм дубора ба дасти хевагиҳо гузашт.
Пас аз марги Пирмуҳаммадхони II ашрофи Мовароуннаҳр тахти Бухороро ба Ҷонимуҳаммад султон (Ҷонибек султон) пешниҳод намуданд, ки ӯ се писар дошт: Динмуҳаммадхон, Боқимуҳаммадхон ва Валимуҳаммадхон. Ҷонибек султон аз шаҳри Ҳоҷитархон (Астрахани ҳозира) ба Бухоро омада буд, аз ин сабаб номи ин сулоларо Ҷониён ё Аштархониён меноманд.
Ҷонибек султон аз вазифаи хонӣ даст кашид ва писари ӯ Боқимуҳаммадхон (1599–1605) ба тахт нишаст. Ӯ шаҳри Балхро тобеи Бухоро намуд, ки аз ҳамин вақт сар карда валиаҳди хони Бухоро дар Балх менишаст.
Ҳокими Балх Муҳаммадиброҳим нисбат ба амирони воломақом сиёсати зулму ситамро пеша гирифт. Аҳолии Балх ба ӯ муносибати душманона доштанд, иловатан, Муҳаммад– иброҳим ба таври махфӣ ба мазҳаби шиа гаравида буд, ки ин боиси норизоии мардум гардид.
Бародарон Боқимуҳаммадхон ва Валимуҳаммадхон моҳи июли соли 1601 ба Балх лашкар кашиданд. Балх ба дасти онҳо гузашт ва Валимуҳаммадхон ҳокими он таъйин гардид.
Ҳангоми ҳукмронии Боқимуҳаммадхон дар дохили кишвар ҷангҳои байниқабилавӣ шиддат гирифтанд ва шаҳрҳои зиёде аз тобеияти ӯ берун шуданд.
Пас аз марги Боқимуҳаммадхон дар соли 1605 бародари ӯ Валимуҳаммадхон (1605–1611) ба тахт нишаст. Валимуҳам– мадхон вақте ба Бухоро омад, аз пойтахт ду писари Боқимуҳаммад – Имомқулӣ султон ва Нодирмуҳаммад султонро ба Балх фиристод. Валимуҳаммад бо корҳои давлатӣ кам машғул буд, қисмати зиёди вақти худро бо айшу нӯш ва фосиқӣ мегузаронд. Дар замони ҳукмронии ӯ ҳокимони маҳаллӣ тақрибан мустақилона фаъолият мекарданд ва мекӯшиданд бо ҳокимияти марказӣ иртиботе надошта бошанд, аз ин рӯ аҳолии маҳаллӣ хеле ҳам азият мекашиданд.
Соли 1607 Валимуҳаммад Шоҳбек Кӯкалтошро ҳокими Балх таъйин кард. Ӯ бо аҳолии Балх зулм ва бераҳмиро раво дид, ки дар натиҷа ӯ дастгир гардида, ба қатл расонда шуд.
Соли 1611 дар байни Бухоро ва Балх барои ба тобеияти худ даровардани ҳудуди васеъ зиддият ба амал омад. Дар натиҷаи муборизаҳои шадид Имомқулихону Нодирмуҳаммад Валимуҳаммадхонро мағлуб сохтанд. Ӯ маҷбур шуд, ки ҳамроҳ бо писаронаш ба Эрон фирор кунад. Шоҳи Эрон, ки фурсати муносибро барои ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардан интизор буд, Валимуҳаммадро бо лашкари 80000 нафара муҷаҳҳаз сохта, барои ишғоли он фиристод. Аммо Валимуҳаммадхон шикаст хӯрда, ба қатл расид ва Имомқулихон (1611–1642) хони Аштархониён эълон гардида, бародари худ Нодирмуҳаммадро ҳокими Балх таъйин намуд ва ба ӯ унвони хониро дод.
Дар замони ҳукмронии Имомқулихон ҳокимият нисбатан неруманд шуд, вале аҳволи мардуми меҳнаткаш аз зулми мансабдорон ва бори гарони андозҳои зиёд ниҳоят вазнин гардид. Имомқулихон бар зидди қазоқҳо ва қалмиқҳо мубориза бурда, шаҳри Тошкандро ба зери итоати худ даровард. Писари ӯ Искандар султон дар Тошканд ҳукмронӣ мекард ва бо баланд бардоштани андозҳо аҳолиро ғорат менамуд. Мардум ба ин фишор тоб наоварда, шӯриш бардоштанд ва ӯро ба қатл расониданд. Имомқулихон баъди ба зери итоати худ даровардани Тошканд қасам ёд кард, ки барои марги писараш аз сокинони шаҳр қасос хоҳад гирифт, то ҳадде, ки хуни кушташудагон то рикоби аспаш расад. Ҳангоми ба шаҳр ворид шуданаш ӯ ба куштори гӯшношунид даст зад ва ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба қатл расонд. Шахсони наздики ӯ аз ин ваҳшоният ва бераҳмӣ ба тарс афтода, аз вай хоҳиш намуданд, ки қатли мардумро бас кунад. Имомқулихон барои ин ки дар қасамаш устувор бошад, аспсавор ба ҳавз даромад ва оби бо хуни одамон омехташуда то рикобаш расид. Дар ҷангҳои дигар ҳам Имомқулихон нисбат ба аҳолӣ бераҳмиҳои зиёд менамуд.
Ба Имомқулихон муяссар гардид, ки бо роҳи қатлу ваҳшоният иқтидори мамлакатро каме қавӣ намояд ва ҳокимияти нисбатан устувор барқарор кунад, вале аҳволи мардум дар натиҷаи андозҳои зиёд мисли пештара вазнин буд.
Имомқулихон дар охири ҳаёташ нобино шуд ва ба нафъи бародари худ, ҳокими Балх–Нодирмуҳаммад аз тахт даст кашид. Вориси Имомқулихон Нодирмуҳаммад (1642–1645) ҳамагӣ се сол ҳукмронӣ намуд. Ба номи ӯ дар Бухоро ва Балх тангаҳои нуқрагӣ сикка заданд.
Нодирмуҳаммад сиёсати ҷабру ситамро пеша кард, ки он боиси зиддият ва норизоятии умумӣ ба муқобили ӯ гардид. Дар натиҷа писараш Абдулазизхон (1645–1680) ба тахти салтанат соҳиб шуд.
Дар замони ҳукмронии Абдулазизхон вазъияти дохилӣ ва хориҷии мамлакат мураккаб гардид. Қазоқҳо аз ин фурсат истифода бурда, зуд-зуд ба ҳудуди гирду атрофи Мовароуннаҳр ҳуҷумҳои ғоратгарона мекарданд. Ҳангоми ин тохтутозҳо онҳо ноҳияҳои мухталифи Бухороро талаву тороҷ намуда, асирони зиёдро бо худ мебурданд.
Дар ин замон байни бародарон нобоварӣ ба вуҷуд омад. Абдулазизхон аз тарси мустақилияти бародараш Субҳонқулихон, ки ҳокими Балх буд, бародари дигари худ Қосиммуҳаммад султонро вориси худ таъйин намуда, бар зидди Субҳонқулихон фиристод.
Муборизаҳои дохилии байниқабилавӣ барои ҳокимият вазъи сиёсӣ ва ҳарбии мамлакатро заиф сохта, сабаби харобшавии кишвар гардид. Хоразмиҳо аз ин вазъият истифода намуда, бо лашкари зиёд ба Мовароуннаҳр тохтутозҳои ғоратгарона карда, асирони зиёдро бо худ мебурданд.
Баъд аз вафоти Абдулазизхон ба тахт бародараш Субҳонқулихон (1680–1702) нишаст. Ҳангоми ҳукмронии Субҳонқулихон байни писарони ӯ дар Балх барои ҳокимият муборизаҳо тезутунд гардид. Дар ин кашмакашиҳо онҳо ҳамдигарро пайи ҳам маҳву нобуд менамуданд. Дар натиҷаи ин муборизаҳо яке аз писарони Субҳонқулихон–Сиддиқхон ҳокимияти Балхро ишғол намуда, бар зидди падараш исён бардошт, амммо ӯ шикаст хӯрда, аз тарафи падараш ба қатл расид.
Субҳонқулихон барои неруманд гардидани ҳокимияти марказӣ кӯшишҳои зиёд намуд, вале ин ба ӯ муяссар намегардид, зеро сарлашкароне, ки ӯ ба онҳо такя менамуд, мехостанд, ки ҳокимияти худро мустаҳкам сохта, аз зери итоати ӯ бароянд. Яке аз чунин шахсон ҳокими Балх Маҳмудбийи атолиқ буд.
Аз низоъҳои байнихудӣ истифода намуда, як қатор вилоятҳо истиқлолият ба даст оварданд, ки Бадахшон аз ҷумлаи онҳо буд.
Барои ҷангҳои бардавом маблағ лозим буд. Бинобар ин Субҳонқулихон пешакӣ аз аҳолӣ барои ҳафт сол андозҳоро ситонид. Ин беадолатӣ сабаби вусъат ёфтани норозигӣ ва бесарусомонӣ дар давлати Аштархониён гардид.
Соли 1702 Субҳонқулихон вафот намуд ва ба ҷойи ӯ писараш Убайдуллоҳхон (1702–1711) ба тахти Бухоро нишаст. Ин замон амирон худро комилан соҳибихтиёр дониста, аксари онҳо ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро ба эътибор намегирифтанд. Убайдуллоҳхон дар назди худ вазифа гузошт, ки пеши роҳи исён, ҷангҳо ва марказгурезии амиронро бигирад.
Волии Балх Муҳаммадмуқимхон, хоҳарзодаи Убайдуллоҳхон, худро хони мустақили Балх эълон намуд ва Маҳмудбийи атолиқро сарлашкар таъйин кард.
Муҳаммадмуқимхон бо фисқу фасод машғул шуда, аз корҳои давлатӣ каноргирӣ намуд. Маҳмудбий аз фурсат истифода карда, ӯро ба қатл расонид ва худро хон эълон намуд. Убайдуллоҳхон барои марги хоҳарзодааш хост аз Маҳмудбий қасос гирад ва баҳори соли 1707 ба Балх ҳуҷум намуд, ки он се моҳ идома ёфт. Ниҳоят лашкари Убайдуллоҳхон Балхро ишғол кард.
Солҳои зиёди ҳукмронии Убайдуллоҳхон сарфи ҷангҳои дохилӣ гардид. Дар чунин шароит ӯ ба ҳамон қисме аз ҳокимон такя менамуд, ки барои барқарор кардани низоми муайян дар давлат ва пурзӯршавии ҳокимияти марказӣ манфиатдор буданд.
Убайдуллоҳхон як қатор тадбирҳои муҳим гузаронид. Вай мехост усули идоракунии давлатро нав кунад ва ба он намояндагони табақаҳои поёниро низ ҷалб намояд.
Убайдуллоҳхон чандин тадбирҳо андешид, то ки хазинаи давлат ғанӣ гардонида шавад. Ба ин мақсад ӯ соли 1708 ислоҳоти пулӣ гузаронид. Мутаассифона, чораҳои андешидаи ӯ вазъияти мавҷударо дигаргун карда натавонист. Соли 1711 Убайдуллоҳхон дар натиҷаи суиқасд кушта шуд ва дарбори хонӣ тороҷ гардид.
Пас аз марги Убайдуллоҳхон бародари ӯ Абулфайзхон (1711 – 1747) ба тахт нишаст. Ӯ охирон намояндаи сулолаи Аштархониён дар тахти Бухоро буд. Дар солҳои ҳукмронии хони мазкур ҳукумати марказӣ иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим гардид. Абулфайзхон амалан ҳеҷ гуна ҳокимияти воқеӣ надошт ва бо истифода аз ин ҳокимони вилоятҳои алоҳида худсариҳо мекарданд.
Абулфайзхон Муҳаммадҳакимбийро, ки аз қабилаи манғит буд, бо рутбаи атолиқи Бухоро таъйин кард. Муҳаммадҳакимбий вазъи худро устувор намуда, сарвари ҳамаи атолиқҳо гашт. Бо дастгирии ашрофи қабилаи манғит ӯ идораи давлатро пурра ба дасти худ гирифт. Амалҳои ӯ боиси норозигии умумӣ гардид, ки он ба эътибори хон таъсири манфӣ мерасонд.
Сарчашма:
Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи зулми Шоҳбек кӯкалтоши фулодчӣ нисбат ба аҳолии Балх ва ба қатл расонидани ӯ: «Валимуҳаммадхон дар он замон Шоҳбек кӯкалтошро, ки аз қавми фулодчӣ буд, ҳокими вилояти Балх сохта, бародарзодагони худро ба ӯ супурда буд. Ӯ султононро дар назар надошта, ҷамеи муҳимоти мулкро худ мутасаддӣ гардида, ба навъе зулм пеша буд, ки деворе аз санг сохта ва дар он шикофӣ гузошта ва ҷуфти гове дар он муҳайё карда аз барои муҷримон (гунаҳкорон), ки гардани онҳоро ба зӯри гов меканданд ва ба андак ҷурме (гуноҳе) мардумро дар деги равғани тафсида меандохтанд. Аз оҳан ҳаллоҷӣ рост карда буд. Тамоми аъзои эшонро аз фарқ то қадам бар он ниҳода, метофтанд. Зулми ӯ носихи (чун нусхаи) зулми Ҳаҷҷоҷ шуда буд ва мардум аз ин афъоли (рафтори) ӯ бағоят дилтанг буданд.
…Фармуданд, ки Шоҳбекро дастгир карда, ба сиёсат расонанд (ҷазо диҳанд). Он бадбахт гурехта, дар мадрасаи Абдуллоҳхон даромада, дарвозаро устувор намуд ва тири туфанг ба мардуми асокир (ҷанговарон) андохт. Ҷавонони рамзҷӯй он рӯз гузаронида, шаб як девори мадрасаро шикофта, ӯро дастгир карда оварданд. Ҳукм шуд сари ӯро ба ҷуфти гов канданд, ҷасади ӯро аз ҳаллоҷӣ гузарониданд ва ба деги равғани гарм андохтанд».
Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 132-134.
Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи қатли мардуми шаҳри Тошканд аз ҷониби Имомқулихон: «/Имоқулихон/ баъд аз он Искандар султон, валади худро ба ҳукумати вилояти Тошканд равона намуданд. Шоҳзода ба он мардум сулуки неку (рафтори хуб) накард ва он кофирнеъматон (бешарафон) ғулув карда (аз ҳад зиёд муболиға намуда), шоҳзодаро ба дараҷаи шаҳодат расониданд. Чун ин хабар ба самъи (гӯши) хон расид, дуди оҳи ҷонкоҳ аз дил бароварда, ноираи (оташи) қаҳраш дар илтиҳоб омада (зиёд шуда) ва ин суратро ба Надирмуҳаммадхон, бародари худ, навишт ва худ асокири ҷаррори (зиёди) бешуморро гирифта, озими Тошканд шуданд. Надирмуҳаммадхон низ лашкари Балх ва Бадахшонро гирифта ба мадади бародар рафт ва ҳар ду муттафиқ (бо ҳам иттифоқ) шуда, як моҳ қалъаро муҳосира намуданд. Имомқулихон савганд хӯрд, ки қалъаро гирифта, чунон қатли ом созам. ки то хуни душманон ба рикоби ман нарасад, даст аз куштан бар надорам.
Алқисса, баҳодурони адӯбанди (душманкуши) қалъакушой ва мардони шерафкани (диловари) размозмойро (дар ҷангҳо таҷрибадорро) ҳукм шуд, ки қалъаро чун нигин фурӯ гирифтанд ва аз ҳар ҷониб саркӯб бардоштанд. Чунон сохтанд, ки агар мӯре даруни қалъа меҷунбид, дида ӯро ба новаки (тири) душмангузор ва пайкони ҷоншикор медӯхтанд. Алғараз, бар ин минвол кор бар он мардум душвор сохта буданд. Вақти субҳдамӣ дарвозаро оташ дода, сӯхтанд ва аз он ҷо даромада, шамшер бар пиру ҷавон ниҳода, бедодие шуд, ки замона ёд надорад. Ва он рӯз то ба вақти пешин бозори аҷал гарм буд. Пири садсоларо бо кӯдаки яксола ба як нарх мегирифт ва ба як нарх мефурӯхт. Шумори куштагон аз ҳавзаи тасаввури хаёл афзун буд. Амирони лашкар бар аҳволи фақирон ва бегуноҳон тараҳҳум сохта, аз хон шафоатхоҳ шуданд (хоҳиш намуданд, ки раҳм кунад). Он хусрави баҳромқаҳр фармуд, ки ман савганд хӯрдаам, ки то хуни тошкандиён ба рикоби ман нарасад, даст аз қитол (куштор) боз надорам. Умаро (амирон) ба аҳли фатво (фатводиҳандагон) руҷӯъ карданд (муроҷиат намуданд). Уламо чунон фатво доданд, ки ҳазрат аспи худро дар ҳавзе андозад, ки баландии он то рикоб бошад ва обро ба хуни кушта оғушта созанд. Дар ин сурат хуни онҳо ба рикоби зафармаоб расида бошад (монанди он шуда бошад). Ин мазмунро ба арз расонида, чунон сохтанд ва оташи қаҳри подшоҳиро ба оби шифо таскин доданд».
Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 144-146.
Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи ҳуҷумҳои ғоратгаронаи хевагиҳо ба Бухоро ва ноҳияҳои атрофии он: «Ба таърихи санаи 1076 (1665–1666) буд, ки Абулғозихон ибни Арабхон, волии Урганҷ, бо лашкари фаровон омада навоҳии Мовароуннаҳрро тохт намуд ва фуқаро ва масокинро мутафарриқ (парешон) ва пароканда сохт. Абдулазизхон ба бародар эълом (хабардор) намуд. Он хони олишаън сипоҳи Балх ва Бадахшонро ба мадад фиристод ва он шершикорони бешаи диловарӣ бо лашкари Тӯрон муттафиқ шуда (иттифоқ баста), ӯро мунҳазим сохтанд (шикаст доданд)…. Боз он лашкари шаётинасар ҷамъ шуда, дигар бор тохт оварда, шикаст ёфта, баргаштанд. Чунончи ҳаждаҳ бор тохт намуда, бухориёнро ба ҷон расониданд. Ногоҳ тири дуои бечорагон бар ҳадафи иҷобат расида, аҷал мавъуди (вақти муқаррашуда) гиребони ҷонашро гирифта, ба тахтаи тобут мубаддал сохт.
Баъд аз ӯ Анӯшахон, писараш, зиёда аз падар тариқи (роҳи) зулмро паймуда, ба дафъаот (чандин бор) ба навоҳии Бухоро тохт овард (тохту тоз намуд). Ба ғояте ки Ҷӯйборро, ки муқаррари Хоҷагони олишаън аст, гирифта тороҷ намуд. Дар он вақт Субҳонқулихон ба воситаи ғуборе (ранҷише), ки ба бародари худ дошт, Анӯшахонро таҳрик медод (бармеангехт). Дар он замон Абдулазизхон ба ҷониби вилояти Кармина рафта буд. Ин хабар чун ба арзи он шердил расид, азми Бухоро карда, вақти ними шаб худро ба дорулхилофа (яъне Бухоро) расонида, дид, ки урганҷиён дохили Бухоро шуда, дарвозаҳоро бастаанд. Бо чиҳил нафар аз бандагони худ дарвозаро шикаста даромад. Мухолифоне, ки мутаваккили (масъули) дарвоза буданд, даст ба теғ бурда, ҳамла оварданд. Он сафдари (ҷасури) корзор шамшери хунрезро аз ниём (ғилоф) кашида, ба қитол (куштор) машғул шуд.
…Алқисса, кушта ва хаста ба арки Бухоро омаданд ва бандагони вафодор хонро дохили тахтгоҳ намуданд. Ҳукм фармуд, ки ҳар кас қуввати санг андохтан дошта бошад, дар куштани урганҷӣ тақсир накунад. Он шаб аз ӯзбек ва тоҷик ва раоё ва аҳли бозор ҳама даст ба қитол кушоданд. Дарвозаҳоро баста ба теғу тир ва ба чӯб ва ба корд… ҷанг мекарданд. Вақте ки аз ҷанг халос мешуданд, менишастанд ва ба ҳалқи якдигар ишорат мекарданд. Ин мегуфт, ки «ман саратро мебурам». Он мегуфт, ки «сани бошингни кесаман». Алқисса, ба он қавм чунон дарафтоданд, …ки аз кушта пуштаҳо сохтанд. Бақиятуссайф (зиндамондагон) ба ҳазор тараддуд худҳоро аз қалъа ба зер андохта, ба хони худ пайвастанд, тоби муқовимат наёварда, ба ҷониби Урганҷ фирор намуданд».
Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 172-174.
Санаҳои муҳим:
1601 – ба Балх лашкар кашидани бародарон Боқимуҳаммадхон ва
Валимуҳаммадхон
1605 – ба тахт нишастани Валимуҳаммадхон
1607 – ҳокими Балх таъйин гардидани Шоҳбек Кӯкалдош
1702 – вафоти Субҳонқулихон ва ба тахти Бухоро нишастани
Убайдуллоҳхон
1711 – кушта шудани Убайдуллоҳхон ва ба тахт нишастани Абулфайзхон
Савол ва супориш:
1) Дар бораи вазъи сиёсии асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII маълумот диҳед.
2) Чаро сулолаи нави дар Бухоро таъсисёфтаро сулолаи Ҷониён ё Аштархониён меноманд?
3) Пойтахти мамлакат кадом шаҳр буд?
4) Барои чӣ рафтори ҳокими Балх Муҳаммадиброҳим боиси норизоии мардум гардид?
5) Дар бораи ҳукуматдории хони Бухоро Валимуҳаммадхон маълумот диҳед.
6) Сабаби ба қатл расидани ҳокими Балх Шоҳбек кӯкалтошро шарҳ диҳед.
7) Оид ба низоъҳои байнихудии ҳокимони ин давра чиҳо медонед?
8) Дар бораи муборизаи хонҳои Бухоро ва Балх барои ба даст даровардани ҳудуди мамлакат нақл кунед.
9) Дар бораи тадбирҳои Убайдуллоҳхон барои қавӣ гардонидани ҳукумат маълумот диҳед.
10) Вазъи мамлакатро дар замони ҳукмронии Абулфайзхон шарҳ диҳед.