Вазъи кишвари Туркистон дар замони мстамликавӣ
Кишвари Туркистон – қисми таркибии империяи Русия.Дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ (солҳои 1867–1917) дар ин сарзамин генерал – губернатории Туркистон, аморати Бухоро ва хонии Хева мавҷудияти худро нигоҳ доштанд. Кишвари Туркистон ба қисми таркибии Русияи подшоҳӣ табдил ёфт. Тамоми қонун ва тадбирҳои зарурии ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин бевосита ҷорӣ карда мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон низоми мустамликавии хосеро ҷорӣ кард, зеро ба андешаи баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, усули идоракунии фаронсавӣ (нисбати Тунис ва Алҷазоир) хеле либералӣ менамуд. Ба ақидаи амалдор К.К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимваҳшии кишвари Туркистон» гўё мувофиқ набудааст. Бинобар ин дар кишвар нисбат ба мардуми маҳаллӣ низоми вазнини истисморгарӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» тасдиқ гардид ва он чун қонуни асосии идоракунии ин кишвар бо баъзе таѓйироту иловаҳо то Инқилоби октябри Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклҳои заминдорӣ, шаклу миқдори андозҳо ва ѓайра муайян шуда буд. Низомнома ҳукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустаҳкам менамуд.
Чунон ки дар §6 ишора рафт, генерал-губернатории Туркистон ҳангоми ташкилёбӣ (с. 1867) аз ду вилоят (Сирдарё – марказаш дар Тошканд ва Ҳафтрўд – марказаш дар Верний) иборат буд. Соли 1876 баъди барҳам дода шудани хонии Қўқанд сарзамини боқимондаи он (яъне қисми ҷанубии хонӣ) бо номи вилояти Фарѓона ба ҳайати генерал–губернатории Туркистон дохил карда шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт. Соли 1882 вилояти Ҳафтрўдро як муддат ба генерал – губернатории Степной ва соли 1899 боз ба ҳайати генерал – губернатории Туркистон ҳамроҳ намуданд. Шуъбаи Моварои Хазар (Закаспий) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то солҳои
1890 – 1897 бевосита дар итоати вазорати ҳарбӣ буда, аз соли 1897 ба генерал–губернатории Туркистон дохил карда шуд.
Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони шимолӣ ва Бадахшон (Помир)-и Шарқӣ ба ҳайати ду вилояти кишвари Туркис-тон: Самарқанд ва Фарѓона мансуб буданд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳайати вилояти Фарѓона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Ҳукумати подшоҳӣ аз фаъолияти генерал–губернатории Туркистон чандон қаноатманд набуд ва аз ҳамин сабаб онҳоро тез-тез иваз мекард. Аз байни 15 нафари онҳо танҳо К.П. Кауфман (1867–1882) ва А.В. Самсонов (1903–1913) муддати нисбатан тӯлонӣ сарварӣ намудаанд. Бо мақсади самаранок истифода кардани Осиёи Марказӣ ҳукумати подшоҳӣ солҳои 1882 – 1883 бо сарварии сенатор Ф.К. Гирс ва солҳои 1909–1910 бо сарварии граф К.К. Пален ба ин сарзамин комиссияҳои махсус фиристода, маҳал ва соҳаҳои ҷудогонаро ба тарзи васеъ омӯхт.
Ба кишвари Туркистон омадани муҳоҷирони рус. Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Марказиро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода кардани он шурӯъ намуда бошад ҳам, ба садоқати мардуми таҳҷойии ин кишвар нисбати худ бовар надошт. Аз ҳамин сабаб ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади ба вуҷуд
Харитаи сиёсии Осиёи Марказӣ дар
нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX
овардани такягоҳи боварбахш аз губернияҳои сераҳолии маркази Русия қисме аз деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон кӯчонид. Ҳукумати подшоҳӣ бо чунин тадбир бо як тир ду нишон заданӣ буд. Яъне ӯ аз як тараф қисмате аз деҳқонони русро аз губернияҳои сераҳолии марказ кӯчонида, дар он маҳалҳо мехост ба зиёд намудани миқдори замини деҳқонони боқимонда муваффақ гардад ва бо ҳамин аз норизоии деҳқонон ҷилавгирӣ намояд.
Аз тарафи дигар, ҳукумати подшоҳӣ мехост деҳқонони кӯчонидашудаи русро дар ин ё он маҳалли кишвари Туркистон ҷойгир намуда, ба онон замини зиёд дода, аз ҳисоби онҳо ба худ такягоҳи боэътимод тайёр намояд, зеро чунин такягоҳ ҳангоми болоравии норизоии мардуми маҳаллӣ ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳӣ хеле зарур ҳисобида мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ нақшаи ба вилояти Ҳафтрӯд кӯчонидани деҳқонони русро соли 1869 тартиб дода буд, аммо ба муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба вилояти номбурда ҳанӯз соли 1868 шурӯъ карда буд. To соли 1882 дар ин вилоят 29 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 25 ҳазор нафар ба вуҷуд омад. Вале он вақт танҳо бо вилояти Ҳафтрӯд маҳдуд нагардида, муҳоҷирони русро дар дигар вилоятҳои Туркистон низ ҷойгир намуданд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё 19 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 1300 нафар вуҷуд дошт. Ё худ соли 1896 танҳо дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд 6 маҳаллаи руснишин мавҷуд буд, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар зиндагӣ мекард.
Дар натиҷаи чунин сиёсат дар гӯшаю канори кишвари Туркистон маҳаллаҳои гуногуни руснишин ба вуҷуд омада, сол то сол меафзуданд. Ба зиёдшавии онҳо сохтмони роҳҳои оҳан ва сиёсати муҳоҷиркунии Столипин низ таъсир расониданд. Соли 1910 шумораи чунин маҳаллаҳо дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар зиндагӣ мекард. Дар ин давра шумораи умумии мардуми русзабони кишвар якҷо бо шаҳриён зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медод.
Маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморати Бухоро, ба монанди Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва ѓайра аз ҷиҳати идоракунӣ ва маъмурӣ ба ҳайати кишвари Туркистон дохил мешуданд, вале бояд таъкид кард, ки ғайричашмдошти ҳукуматдорони подшоҳӣ, муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоҳиро якҷоя мечашиданд. Онҳо инчунин ба якдигар барои ғанӣ гардонидани донидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав кумаки амалӣ мерасониданд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои зиддимустамликавӣ ин муҳоҷирон такягоҳи боэътимоди ҳукумати подшоҳии Русия нашуданд. Аз ин ҷиҳат ҳукуматдорони подшоҳӣ то андозае ба мақсади худ нарасиданд. Бинобар ин комиссияе, ки граф К.К. Пален сарварӣ мекард, чунин ҳолатро дарк карда, пешниҳод намуд, ки минбаъд ба ин кишвар ба ҷойи деҳқонони рус помешикони рус фиристода шаванд.
Сарчашма:
Муосирон аҳволи вазнини аввалин муҳоҷирони русро дар вилояти Самарқанд чунин тасвир намудаанд: «Дар мобайни дашти шӯрхоки сӯзон деҳе сохтаанд… Чанд кулбаи амонатӣ, ки шитобкорона бардоштаанд, дар гирду атроф на дарахте, на сабзае… фақат дашту биёбон, дашту биёбон…». Академик Бобоҷон Ғафуров чунин ҳолати муҳоҷирони рус ва тақдири минбаъдаи онҳоро чунин тасвир кардааст: «Муҳоҷирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сафи бекорон дохил шуда, дар ҷустуҷӯйи ризқу рӯзӣ ба феодалони маҳаллӣ ва кулакҳои рус муздурӣ ва мардикорӣ мекарданд». Минбаъд ҳукуматдорони кишвари Туркистон маҷбур шуданд, ки барои муҳоҷирони рус бештар шароит муҳайё созанд. Бинобар ин «бисёр заминҳои ҳосилхез ба ихтиёри қисми дорои муҳоҷирон дода шуда, аҳолии маҳаллӣ ба заминҳои камҳосили баду вайрон ронда шуданд. Маълум, ки ин кор алангаи низои миллиро боло мекард». Ҳукуматдорони подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон айнан ҳамин ҳолатро мехостанд. (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2. С. 194 – 195).
Санаҳои муҳим:
1868 – оғози ба қаламрави кишвари Туркистон муҳоҷир карда шудани деҳқонони рус.
1886 – аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия тасдиқ шудани «Низомномаи идоракунии кишвари Туркистон».
Савол ва супоришҳо:
1) Ба маълумоти § 6 ва мавзӯи мавриди омӯзиш такя намуда, оид ба ташкилёбии генерал–губернатории Туркистон ва усули идораи он муфассалтар ҷавоб гардонед.
2) Чаро кишвари Туркистонро қисми таркибии империяи Русия ҳисоб мекунанд?
3) Дар бораи «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» чӣ медонед?
4) Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони шимолӣ ва Бадахшон ба ҳайати кадом вилоятҳои кишвари Туркистон дохил мешуданд?
5) Ҳукумати подшоҳӣ бо кадом мақсад деҳқонони русро ба қаламрави кишвари Туркистон муҳоҷир кард?
6) Оё ҳукумати подшоҳӣ бо муҳоҷир намудани деҳқонони рус ба кишвари Турки