Сарзамини Мовароуннаҳр дар ибтидои садаи XVI гирифтори табаддулот ва таҳаввулот дар низоми сиёсӣ ва идорӣ гардид. Қабилаҳои кӯчии муғул ва муғулони туркшудаи Дашти Қипчоқ зери сарварии Муҳаммади Шайбонӣ бо истифода аз низоъҳои дохилӣ ва хонаводагии охирин намояндагони хонадони темурӣ дар Мовароуннаҳр ба ин сарзамин ҳуҷум карда, ин кишварро ишғол карданд. Ин қабилаҳо дар Мовароуннаҳр баъдан бо номи ӯзбек дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр мешаванд.
Соли 1494 ҳокими Самарқанд Аҳмад мирзо (1469–1494) вафот кард. Ӯ ба унвони «султон» танҳо ҳокимият бар Мовароуннаҳр мекард ва фармонравои тамоми давлати Темуриён (манзур Хуросон низ ҳаст) ба ҳисоб намерафт. Баъд аз Аҳмад мирзо ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти Маҳмуд ибни Абӯсаид – бародари Аҳмад мирзо, ки он замон ҳокими вилояти Ҳисор буд, мегузарад. Аммо ҳукумати ӯ низ дер давом накард ва баъд аз шаш моҳ Маҳмуд ибни Абӯсаид аз олам даргузашт ва писари ӯ Бойсунғур мирзо ба тахти ҳукумат нишаст. Барои тахту тоҷ Мовароуннаҳр миёни бозмондагони хонадони темурӣ ба майдони шадидтарин муборизаҳо мубаддал гашт. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо сабаби ихтилофҳо ва муборизоти шадид миёни охирин намояндагони сулолаи темурӣ дар Мовароуннаҳр он буд, ки Бойсунғур мирзо чун дар Ҳисор таваллуд ва бузург шуда буд, бинобар ин, дар идории мамлакат бештар ба ашрофзодагони Ҳисор такя мекард. Ба ин далел аъёну ашрофи Самарқанд худро таҳқиршуда ҳисобида, дар атрофи бародари Бойсунғур – султон Алӣ мирзо муттаҳид гаштанд.
Яке аз шахсиятҳои бонуфузи Самарқанд– Дарвешмуҳаммади тархон дар моҳи майи 1494 бар зидди Бойсунғур исён бардошт ва бо кумаки тарафдорони худ аз Насаф (Қаршӣ) султон Алиро ба Самарқанд даъват карда, ӯро ҳокими Самарқанд эълон намуд. Аммо Бойсунғур бо ҷонибдории яке аз рӯҳониёни бонуфуз Хоҷа Мукаррим ҳукуматро дубора ба даст гирифта, Дарвешмуҳаммади тархонро ба қатл расонид ва амр дод то чашмони бародараш султон Алӣ мирзоро бо оҳани тафта сӯзонанд. Аммо султон Алӣ бо фирор аз ин ҷазо эмин монд ва ба манзили Хоҷа Муҳаммади Яҳё – писари Хоҷа Аҳрор паноҳ бурд. Бо кумаки ин хоҷа султон Алӣ ба Бухоро фирор кард ва аз ҷониби ҳокимон ва аъёну ашрофи Бухоро хуш пазируфта шуд. Бо иттилои ин хабар Бойсунғур ба ҷониби Бухоро лашкар кашид, аммо дар ин набард лашкари Бойсунғур аз ҷониби лашкари султон Алӣ шикаст ёфт ва Бойсунғур ба Самарқанд ақибнишинӣ кард. Баъди муддате султон Алӣ ба тарафи Самарқанд лашкар кашид ва дерзамоне ин шаҳрро дар ҳалқаи муҳосира гирифт. Ба сабаби муҳосира вазъи Бойсунғур дар Самарқанд бад шуд ва ӯ соли 1497 аз Шайбонихон, ки дар Дашти Қипчоқ буд, имдод хост. Шайбонихон ба баҳонаи кумак, аммо дар асл барои тасхири Самарқанд ба шаҳр наздик шуд, аммо ба сабаби он ки гӯё Бойсунғур мирзо ба ӯ таваҷҷуҳи хоссе накардааст, ба Туркистон боз гашт. Аммо ин хони моҷароҷӯйи Дашти Қипчоқ дарк кард, ки ҳоло фазои комилан мувофиқ барои забти пойтахти Мовароуннаҳр нарасидааст ва ба ин сабаб баҳона пеш овард, ки Бойсунғур эҳтиромашро ба ҷой наёвард ва ӯ ба Бойсунғур ёрӣ нахоҳад расонд.
Дигар аз намояндагони хонадони темурӣ Заҳируддин Бобур – ҳокими Андиҷон, ки ба қавли худаш «дар сар ҳавои ҳокимияти Самарқандро мепарварид», 16 июни 1496 бо лашкари худ ба ҷониби Самарқанд рафт. Сабаби ба Самарқанд лашкар кашидани Бобурро муаллифи «Таърихи Рашидӣ» Муҳаммад Ҳайдари Дуғлот, ки писархолаи Бобур аст, дар он медонад, ки дар асари муборизаҳо ва муҳосираи тӯлонии Самарқанд ҳам лашкари Бойсунғур ва ҳам сипоҳи султон Алӣ заиф гашта буданд ва шаҳри Самарқанд бидуни муқовимат таслим мешуд.
Бойсунғур ҳафт моҳи дигар дар муҳосира буд. Вазъи Самарқанди муҳосирагашта рӯз аз рӯз мушкил мегашт. Бойсунғур чун эҳсос намуд, ки дигар бо рақибони хокимияташ муқовимат карда наметавонад, дар ноябри соли 1497 ба ҷониби Қундуз ақибнишинӣ кард.
Аз миёни ҳокимиятхоҳон нахуст Заҳируддин Бобур дар охири моҳи ноябри соли 1497 вориди Самарқанд гашт, вале ҳукумати ӯ низ дер давом накард. Бобур ҳудуди сад рӯз дар ин шаҳр буд ва ӯ низ бо он сабабе, ки Бойсунғур Самарқандро тарк карда буд, дар охири моҳи феврали 1498 ноилоҷ тарки Самарқанд намуд.
Бо шунидани ин хабар, ки Бобур Самарқандро тарк кардааст, султон Алӣ мирзо бо лашкари худ ба пойтахти Мовароуннаҳр дохил шуд. Мувофиқ ахбори сарчашмаҳои таърихӣ султон Алӣ мирзо (1498 – 1500) – писари хурдии султон Маҳмуд мирзо аз ҳокимони заифиродаи хонадони темурӣ дар Самарқанд ба шумор мерафт.
Дар ин замон мардуми Самарқанд аз гуруснагӣ ва бадбахтӣ ранҷ мекашиданд ва пойтахи Мовароуннаҳр тамоми шукӯҳу шаҳомати пешинаашро аз даст дода буд.
Бо гирифтани хабари ин ки авзои Самарқанд печида ва мушкил шудааст, Шайбонихон дубора ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид, вале чун ба муқовимати шаҳриёни Самарқанд гирифтор шуд, ба ҷониби Насаф (Қаршӣ) ва Кеш (Шаҳрисабз) рафта, ин шаҳрҳоро тороҷ карда, ба Дашти Қипчоқ баргашт. Ин лашкаркашии хони Дашти Қипчоқ хусусиёти истикшофӣ дошт, зеро баъд аз расидан ба Дашти Қипчоқ аз тамоми хонавода ва ҷонибдорони хеш даъват кард, ки то ҳарчи зудтар гирди ҳам оянд ва дар бораи ишғоли сарзаминҳои Мовароуннаҳр машварат намоянд. Ин замон дар ҳукумати Самарқанд султон Алӣ фармонравоӣ мекард.
Зери мафҳуми Дашти Қипчоқ ҷуғрофиёи таърихӣ сарзаминҳои аз Урал то Сибир, ҳавзаи баҳри Арал ва поёноби Сирдарё (ҳудуди Қазоқистон ва қисме аз сарзамини имрӯзаи Русия)-ро дар назар дорад, ки аз асри XI ба баъд дар манбаъҳои таърихӣ бо номи Дашти Қипчоқ зикр мешавад. Дар асри XIII ҳудуди мазкурро муғулҳо забт намуданд. Онҳо ба аҳолии таҳҷойӣ як шуда, забони маҳаллиро қабул карданд. Сарчашмаҳои таърихӣ гузориш медиҳанд, ки дар нимаи дуюми асри XV дар ҳайати қабилаҳои кӯчии Дашти Қипчоқ беш аз 92 қабила, чун киёт, манғит, дурман, найман, уйғур, қарлуқ, қунғрот, таймас, хитой ва ғайра зиндагӣ мекарданд.
Муборизаи Шайбонихон барои ба даст овардани ҳокимият дар Дашти Қипчоқ барор нагирифт. Ӯ дар ин мубориза борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд.
Шайбонихон ва бародараш Маҳмуд султон баъд аз саргардониҳои зиёде ба Мовароуннаҳр паноҳанда мешаванд. Дар муддати ду соли зиндагӣ дар Бухоро Шайбонихон неруи ҷангии худро қавӣ намуда, дубора барои ба даст овардани ҳокимияти аз дастрафтаашон ба Дашти Қипчоқ ҳамлавар мешавад, ки дар натиҷаи муборизаҳои шадид Шайбонихон ҳокимиятро дар он ҷо ба даст меоварад.
Сарватҳои зиёд, низоми устувори идораи давлат дар Мовароуннаҳр ва дар баробари ин авзои парокандаи сиёсӣ дар ин сарзамин дар андешаи Шайбонихон ба даст овардани ин кишварро ба вуҷуд овард. Барои саҳронавардони Дашти Қипчоқ ҷангҳо василаи ягонаи ба даст овардани эҳтиёҷоти рӯзгорашон ба ҳисоб мерафт. Бо ғорату тороҷ ин қабилаҳо ончиро, ки дар зиндагии саҳронавардии онҳо мавҷуд набуд, пайдо менамуданд.
Хуруҷи қабилаҳои бодиянишини турку муғули Дашти Қипчоқ аз Урдаи Сафед бо сарварии Муҳаммади Шайбонӣ ба ҷониби воҳаҳои кишоварзии Осиёи Миёна ва истилои Мовароуннаҳру Хуросони Шарқӣ дар ибтидои садаи XVI пеш аз ҳама ба ниёзмандиҳои иқтисодии ин қабилаҳо иртибот дошт.
Бодиянишинони Урдаи Сафед тадриҷан ҳама гуна равобитро ба маркази Урдаи Тиллоӣ аз даст дода, бо Мовароуннаҳр, ки онҳоро бо маҳсулоти мухталифи ҳунармандӣ таъмин мекард, дар робитаи наздик қарор гирифтанд.
Ҳамаи халқиятҳои қадим ва асримиёнагии туркзабон фақат ба галадорӣ шуғл дошта, комилан зиндагии бодиянишинӣ ихтиёр мекарданд ва ба ҳаёти муқимии хеш на дертар аз садаҳои IХ–Х оғоз кардаанд. Бинобар ин бо ин, ки қабилаҳои турку муғули Дашти Қипчоқ фарҳанги кишоварзӣ-муқимӣ ва шаҳрсозӣ надоштанд, аммо дигар наметавонистанд бе маҳсулоти ҳунармандони шаҳр, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон ба дараҷаи баланди рушд расида буд, зиндагии хешро тасаввур кунанд. Дар навбати худ қишри ҳунарманди ин сарзаминҳо бо маводи хоме, ки қабилаҳои Дашти Қипчоқ (бештар чарм) истеҳсол мекарданд, низ ниёзманд буданд. Дар ин поя тараққӣ ёфтани мубодилаи мол бодиянишинонро маҷбур сохт, то ба мардумони муқимии ҳамсоя ошноӣ пайдо кунанд ва ба сарзамини онҳо бо ҳар васила ворид шаванд. Ин буд, ки барои ба даст овардани сарват, заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои васеи Мовароуннаҳру Хуросон қабилаҳои Урдаи Сафед дар атрофи Муҳаммади Шайбонӣ муттаҳид шуданд. Ташкили ҳамчунин иттиҳоди бузурги қабилаҳо ҳамеша онҳоро ба истилои сарзаминҳои бегона роҳнамоӣ мекард. Зеро ҷангҳо барои ашрофи қабилаҳо на танҳо чун василаи сарватманд шудан буданд, инчунин, ҷангҳо имкони пойин овардани мушкилоти иҷтимоиро дар дохили қабила низ фароҳам меоварданд.
Бо истифода аз мухолифатҳои шадиди охирин намояндагони сулолаи Темуриён ки барои ба даст овардани ҳукумат аз ҳама гуна воситаҳо истифода мекарданд ва ҳатто аз душманони хонадони худ дар барандохтани ҳамдигар кумак мехостанд, Муҳаммади Шайбонӣ аз Дашти Қипчоқ бо қабилаҳои зери фармони худ ба сарзамини Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. Беиродагӣ, нотавонбинӣ ва чоплусии охирин намояндагони ҳукумати темурӣ боис гардид, то қабилаҳои дур аз тамаддуну маърифати Дашти Қипчоқ сарзаминҳои тамаддунофар ва фарҳангхези Мовароуннаҳру Хуросонро ғасб кунанд ва дар андак замоне шаҳрҳо ва рустоҳои сарсабзу ободи онро зери суми маргзои аспони насли чингизӣ ба харобазор мубаддал созанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ қабилаҳое, ки дар ишғоли Мовароуннаҳр ба Шайбонихон ёрӣ расонидаанд, бо номи «ӯзбек» ё «ӯзбек» зикр мешаванд.
Тасвири Шайбонихон.
Минётураи Беҳзод
Ҳуҷуми дастҷамъии ӯзбекони бодиянишин бо сарварии Муҳаммади Шайбонӣ ба Мовароуннаҳру Хуросон на танҳо як хуруҷи маъмулии бодиянишинон барои ғорати ҳамсоягони муқимии шарқии худ зикр мешавад, балки ин як зуҳуроти бузурги иҷтимоӣ буд, ки вазъи номусоиди дар биёбонҳои Дашти Қипчоқ ба вуҷуд омада боис шуд, то ӯзбекони бодиянишин талоше барои гузаштан ба зиндагии муқимиро намоянд.
Парокандагии сиёсию иқтисодӣ, таҷзияталабии ҳокимони вилоятҳои мухталиф ва шиддат ёфтани ихтилофоти дохилӣ давлати Темуриёнро заиф намуд ва заминаҳоеро барои мутеъ сохтани Мовароуннаҳр ба бодиянишинони Дашти Қипчоқ фароҳам овард.
Шиддат ёфтани ихтилофоти дохилӣ миёни охирин намояндагони хонадони темурӣ дар Мовароуннаҳр дар он хулоса мешуд, ки ҳар амир худро на намояндаи давлати марказӣ, балки он қабилае медонист, ки аз он бархостааст (мисли барлос, арғун, ҷалоир ва ғайра). Бодиянишинони Дашти Қипчоқ ин мушкилоти давлати Темуриёнро ба хубӣ эҳсос менамуданд ва дар ҳар лаҳзаи муносиб ноҳияҳои сарҳадии Мовароуннаҳрро ғорату тороҷ мекарданд, то расид замоне ки дар ибтидои садаи XVI ба ишғоли комили он иқдом намуданд.
Мардуми Мовароуннаҳр, ки аз ин ҷангҳо ва низоъҳои тӯлонӣ миёни Темуриён дилгиру хаста гардида буданд, дар иваз шудани ҳокимон комилан беалоқагӣ нишон медоданд. Қишри бонуфуси он ҷомеа ба ҳокимони собиқи худ хиёнат намуда, ҳузури ҳукуматдорони навро дар симои Шайбонихон таҳният мегуфтанд.
Қишри рӯҳонии ҷомеаи он замони Мовароуннаҳр, ки дар аҳди Темуриён аз мақоми баланде бархурдор буданд, ба хотири аз даст надодани ин мавқеъ бо Шайбониён ҳамраъйю ҳамдил шуданд ва дар таблиғи ғасбкориҳои хонҳои ӯзбек аз ҳеч кумак дареғ наварзиданд. Ин мусоидати рӯҳониён истилои Мовароуннаҳру Хуросонро барои хонҳои ӯзбеки Дашти Қипчоқ осон намуд ва дар устувор гардидани ҳукумати онҳо мусоидат кард.
Дар ҳамин солҳо душмани ашаддии Темуриён, бодиянишинони қисмати шимолии Мовароуннаҳр–муғулҳо Тошкандро маркази худ қарор дода, ҳар доим ба ноҳияҳои марказӣ ҳамла намуда, аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили ин душмани худ истифода карданӣ шуданд, вале ӯ аксар вақт хилофи ваъдаи худ амал карда, ба мулкҳои ҳар ду тараф ҳуҷумҳои ғоратгарона менамуд. Оқибат Шайбонихон аз ҳамқавмони худ лашкари бузурге ташкил дода, бо муғулҳо муоҳида баста, ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ менамояд.
Аз тарафи Шайбонихон истило гардидани шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд. Пойтахти Мовароуннаҳр–шаҳри Самарқанд дар интизори сарнавишти фоҷиаборе буд. Соли 1500 Шайбонихон бо кумаки ҳокими Тошканд Маҳмудхони муғул, ки 5000 сарбозро дар ихтиёраш гузошта буд, ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид ва шаҳрро дар ҳалқаи муҳосира гирифт. Аъёну ашрофи Самарқанд бо эҳос намудани хатари бузурге сокинони шаҳрро ба муҳофизати он бархезониданд. Ин замон буд, ки ҳокими Бухоро Муҳаммад Боқӣ бо 10 ҳазор лашкар тасмим гирифт ба самарқандиёни муҳосирагашта ёрмандӣ намояд. Ин хабар Шайбонихонро маҷбур сохт, ки даст аз муҳосираи Самарқанд бардорад ва ба набарди Муҳаммад Боқӣ тархон равад. Дар наздикии қалъаи Дабусия миёни Муҳаммад Боқӣ тархон ва Шайбонихон ҷанге ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа лашкари Муҳаммад Боқӣ тархон шикаст ёфт. Ин пирӯзӣ боис шуд то Шайбонихон ба ҷониби пойтахти дуюми Мовароуннаҳр – шаҳри Бухоро лашкар кашад ва шаҳрро дар муддати се рӯз ҳалқавор дар муҳосира бигирад. Бузургони Бухоро Муҳаммад Алии Хоразмиро ба намояндагӣ аз аъёну ашроф бо туҳфаҳои фаровон барои музокира ба назди Шайбонихон фиристоданд, то ин хабарро расонад, ки Бухоро бидуни қайду шарт ба Шайбонихон таслим хоҳад шуд. Ин буд ки Шайбонихон бе ҷанг Бухороро ба даст овард ва Муҳаммад Солеҳро доруғаи шаҳр таъйин намуд. Ин ҳамон Муҳаммад Солеҳ – шоири туркзабон ва вассофи ҳукумати темурӣ буд, ки рӯй аз хоҷагони собиқи худ бартофт ва ба ҷониби ҳамнажоди дигари худ – Шайбонихон гузашт.
Таслими бешарафонаи Бухоро ба ӯзбекон аз ҷониби рӯҳониён ва аъёну ашрофи шаҳр ба рӯҳияи муборизаи муҳофизони Самарқанд зарбаи ҷонгудозе зад. Иловатан ин замон буд, ки миёни ҳокими Самарқанд султон Алӣ мирзо ва ҳокими собиқи темурии қалъаи Утрор Муҳаммад Мазид тархон, ки баъди забти Утрор аз ҷониби муғулон ба Самарқанд паноҳ бурда буд ва тамоми қудрати идорӣ дар дасташ қарор дошт, низоъ ба амал омад.
Муҳаммад Мазид тархон аз ҷониби омилонаш, ки дар дарбори султон Алӣ мирзо иҷрои вазифа мекарданд, хабар ёфт, ки султон Алӣ мирзо ба ҷони ӯ суиқасд ташкил карданист. Бо иттило ёфтан аз ин хабар ӯ бо писаронаш Дӯстмуҳаммад тархон ва Пирмуҳаммад тархон ва тамоми амирон, ақрабо ва ҷонибдоронаш ба тарафи Кеш фирор кард, то бо ҷанг дубора вориди Самарқанд гардад. Муҳаммад Мазид ба ҷониби Бобур расулони худро фиристод ва ваъдаи ба ӯ додани тахти Самарқандро кард.
Низоъҳои дохилӣ ва қасд ба ҷони ҳамдигар кардани аъёну ашрофи Самарқанд бо ин хотима наёфт. Миёни султон Алӣ мирзо ва Бобур ва пири силсилаи нақшбандияи Мовароуннаҳр – Хоҷа Қутбуддин Муҳаммади Яҳё – писари Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ва султон Алӣ мирзо ихтилофи шадиде ба миён омад. Султон Алӣ мирзо аз он ҳарос дошт, ки бо он таваҷҷуҳе, ки Хоҷа Қутбуддин Муҳаммади Яҳё ба Бобур дорад, имкони он шояд фароҳам шавад, ки Бобур ба тахти Самарқанд бинишинад.
Шайбонихон аз ин мухолифати сарварони ҳукумати Самарқанд хабар ёфта, замонро мувофиқ дид ва ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид. Замоне ки ба рустои Тотканд расид, хабар омад, ки дастае аз аъёну ашрофи Бухоро бо собиқ ҳокими Бухоро Муҳаммад Боқӣ тархон, ки дар Қаршӣ паноҳ бурда буданд, ҳамраъй шудаанд, то Бухороро дубора таслими ӯ гардонанд. Шайбонихон баргашта ба Бухоро омад ва ҳар касеро, ки ба гуноҳи хиёнат муттаҳам намуда буданд, бераҳмона ба қатл расонид ва лашкараш шаҳрро ғорату хароб кард. Ӯ шаҳриёни Бухороро ғаромати бузурге баст, дастур дод, то девори шаҳрро хароб кунанд ва бародараш султон Маҳмудро ҳокими Бухоро таъйин намуд. Муҳаммад Боқӣ тархон, ки дар наздикии Бухоро соати муносиберо барои ворид шудан ба шаҳр интизор буд, баъди вуқӯи ин ҳодиса аз набард бо Шайбонихон даст кашид ва ба ҷониби Насаф ақибнишинӣ кард.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Мазид тархон, ки паноҳанда дар Кеш буд, ҳама гуна тадбири муборизаро бар зидди ӯзбекон меандешид. Ӯ Бобурро аз Андиҷон ва султон Увайс, бародари султон Алӣ мирзоро аз Тошканд ба назди худ даъват кард, то як амалиёти муштаракро ба Самарқанд созмон бидиҳанд. Аммо султон Увайс ба ҳеч кадом аз амалиёти низомии муштарак ба Самарқанд ризоят надод ва ба Тошканд баргашт.
Хоҷа Муҳаммади Яҳё, ки Бобурро аз муридони хеш медонист, ҳар замон ба ӯ нома ирсол мекард. Вақте, ки хиёнати султон Алӣ мирзо нисбат ба Хоҷа Яҳё аён гашт, Хоҷа ба Кеш расули худро фиристод ва аз Бобур тақозо кард, ки омада ҳукумати Самарқандро ба дасти хеш гирад. Султон Алӣ мирзо баъди иттилоъ ёфтан аз ин пешниҳоди Хоҷа Яҳё дар ҳолати ниҳоят парешонӣ бо чанде надимони худ машварат кард ва ба хулосае расид, ки агар Хоҷа Яҳё ҳукумати Самарқандро ба Бобур ваъда карда бошад, пас чаро мо ин ҳукуматро ба Шайбонихон надиҳем.
Ин ҳокими беиродаи темурӣ аз тарси рафтани ҳукумат ба дасти душманони дохилиаш, ба сарнавишти шаҳр ва шаҳриёни Самарқанд хиёнат карда, пинҳонӣ бо Шайбонихон иртибот барқарор намуда, тавассути нома аз таслими шаҳр ба ӯ хабар медиҳад. Шайбонихон бо шодии ҳарчи бештар ин хабарро мепазирад ва намояндаи худ Саид Ҷалолуддин Хованди Бухориро ба Самарқанд барои музокира мефиристад. Саид Ҷалолуддин Хованди Бухорӣ нахуст мехоҳад бо Хоҷа Яҳё суҳбат кунад, аммо Хоҷа ӯро ба ҳузур намепазирад ва билохира, ӯ пинҳонӣ ба даргоҳи султон Алӣ мирзо меояд ва аз ҷониби ӯ пазируфта мешавад.
Хоҷа Яҳё аз хиёнати султон Алӣ хабардор шуда, роҳбарии ҳимояти шаҳрро ба ихтиёри худ мегирад. Аммо мардуми ноумед ва парешони Самарқанд ба даъвати Хоҷа Яҳё барои дифои шаҳр беалоқагӣ нишон медиҳанд ва аъёну ашрофи шаҳр чун Иброҳими Ҷонӣ, Ҳайбати Қучин, султон Ҳусайни Арғун, Абдулваҳҳоби Шақовул бо туҳфаҳои фаровон ба назди Шайбонихон мераванд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки модари султон Алӣ мирзо – Зуҳрабегим низ нақши муҳиме дар таслими шаҳр ба Шайбонихон доштааст.
Ҳамин тавр, соли 1500 шаҳри Самарқанд бе набард ба Шайбонихон таслим мешавад. Шайбонихон Ҷонвафо мирзоро, ки аз қабилаи найман буд, бо 600 ҷанговари ӯзбек дар дижи Самарқанд монда, дастур медиҳад то молу амволи аъёну ашрофе, ки аз шаҳр фирор карда буданд, тороҷ кунанд ва ба хазина интиқол диҳанд.
Шоири дарбори Шайбониён Камолуддин Биноӣ тасхири пойтахти Мовароуннаҳр, шаҳри Самарқандро на ба василаи неруи низомӣ ва истеъдоди лашкаркашии Шайбонихон медонад, балки марбут ба хиёнати намояндагони ҳукумати темурии Самарқанд меҳисобад.
Кӯшиши бебарори Бобур барои барқарор намудани давлати Темуриён. Бобур баъд аз он ки Самарқандро тарк гуфт, ба Ҳисор омад. Тирамоҳи соли 1500 ӯ бо 240 нафар тарафдоронаш аз тариқи кӯҳҳои Фон ва Киштут ба тарафи шаҳри Самарқанд рафт.
Бобур бовар дошт, ки сокинони шаҳр дар мубориза бар зидди ӯзбекон кумакаш хоҳанд кард. Ин пешбинии Бобур дуруст баромад ва сокинони шаҳри Самарқанд ҳамроҳ бо Бобуру тарафдоронаш бар зидди Шайбонихон бархостанд. Кӯшишҳои Шайбонихон дар бораи нигаҳ доштани ҳокимият дар шаҳри Самарқанд бенатиҷа анҷом ёфт ва Бобур бори дуюм ба тахти Самарқанд нишаст. Бо вуҷуди ин, ки Бобур бо ҷонибдории шаҳриёни Самарқанд ва иддае аз рӯҳониён шаҳрро аз Шайбонихон пас гирифт, аммо бар асари талаву тороҷи лашкари ӯзбек Самарқанд дар ҳолати ниҳоят буҳронӣ қарор дошт. Бобур аз Ҳусайн Бойқаро – ҳокими темурии Хуросон умеди ёрмандӣ дошт, аммо ӯ бетарафиро афзал донист. Ба кумаки Бобур лашкаре аз Фарғона расид, аммо дар ин вазъи буҳрони иқтисодӣ бо хӯрок таъмин кардани ин лашкар хеле мушкил буд. Султон Маҳмудхон – ҳокими муғулии Тошканд, ки бародари модари Бобур буд, 1500 муғулро ба имдоди Бобур фиристод. Бобур дар асараш «Бобурнома» менависад, ки ба ҷойи он ки онҳо дар ҳифзи шаҳр ба ӯ кумак намоянд, баръакс, ба ғорату тороҷи мардум пардохтанд. Шиддати қаҳтӣ ва гуруснагӣ ҳамоно боло мерафт ва ин буд, ки Бобур натавонист дар баробари ҳуҷуми дигари Шайбонихон, ки дар моҳи шавволи 906 ҳ./апрели 1501 милодӣ дар мавзеи Сарипул сурат гирифт, аз ин шаҳр дифоъ кунад ва ба дохили шаҳр паноҳ бурд. Ба муборизони шаҳр силоҳ намерасид ва илова бар ин, дар шаҳри аз тарафи Шайбонихон муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. Гуруснагӣ то ҳадде расид, ки мардум гӯшти саг ва харро мехӯрданд. Бо дарназардошти рӯз ба рӯз мушкил шудани вазъ Бобур дар нимаи дуюми соли 1501 Самарқандро тарк кард. Шайбонихон ин бор ба тариқи ҳамешагӣ бар Самарқанд пирӯз шуд.
Ҳуҷуми Шайбонихон ба Балх, Ҳисор, Қундуз ва Хоразм. Муҳосираи Истаравшан. Қатли ом дар Хуҷанд ва Қарокӯл. Дар тирамоҳи соли 909 ҳ.қ/1503 милодӣ Шайбонихон ба умеди пирӯзӣ аз Самарқанд ба ҷониби Балх лашкар кашид ва аз гузаргоҳи Каркӣ Амударёро убур намуд. Қалъаи Андхӯй, ки Муҳаммад Боқир тархон онро дар ихтиёр дошт, бе набард таслим гашт. Шайбонихон бо 10 ҳазор сарбоз Балхро ба ҳалқаи муҳосира гирифт ва қисме аз сипоҳиёни худро барои тороҷи Шибирғон фиристод. Сафире ба Балх ба назди мирзо Муҳаммадзамон, ки дифои шаҳрро ба зимма гирифта буд, ирсол намуда, тақозои бечунучарои таслими ононро кард. Аммо муҳофизини шаҳр посухи рад доданд ва ба ҷанги зидди лашкари Шайбонхон омодагӣ гирифтанд. Шайбонихон се бор ба Балх ҳуҷум овард ва ба шадидтарин муқовимати муҳофизони шаҳр дучор гардид. Чун дид бо ҳуҷум ба ғасби Балх муваффақ намегардад, он гоҳ усули муҳосира ва бастани ҳамаи роҳҳои даромаду баромад ва хуруҷии шаҳрро пеш гирифт, ки он се моҳ давом кард. Муҳофизини Балх ба ҳама гуна мушкилот тоб оварда, нагузоштанд то ӯзбекон дохили Балх шаванд. Шайбонихон ба ҷуз аз бозгаштан ба Самарқанд чораи дигаре надид ва дар миёнаҳои зимистони ҳамон сол Амударёро гузашта, ба Самарқанд баргашт.
Пас аз ишғоли аксари шаҳрҳои Мовароуннаҳр Муҳаммад Шайбонихон барои забти яке аз вилоятҳои он – Ҳисор лашкар кашид. Дар асрҳои миёна Ҳисор калиде буд ба дарвозаҳои Хатлон, водии Рашту вилояти Бадахшон ва шимоли Хуросон, ки дар дарозои таърих нақши муҳиме дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин сарзаминҳо доштааст. Ҳисор дар таркиби давлати Темуриёни охири садаи XV дар шумори минтақаҳое бо имтиёзоти хос чун Фарғона ва Бадахшон шомил буд.
Тасхири Ҳисор аз чанд ҷиҳат барои Шайбонихон муҳим буд. Нахуст ин, ки ин сарзамин миёни минтақаҳои Мовароуннаҳр аз шумори ободтаринҳо ба ҳисоб мерафт ва талоши Шайбониён дар забткориҳои Мовароуннаҳр ин пеш аз ҳама ба даст овардани сарзамини ҳосилхез ва сарсабзу обод буд. Дигар ин ки бо тасарруфи водии Ҳисор Шайбониён ба рӯйи худ дарвозаеро ба ҷониби Хатлону Рашт ва Бадахшону шимоли Хуросон боз мекарданд.
Ин замони забткориҳо дар Мовароуннаҳр ҳокимони Ҳисор, Хатлон ва Бадахшон, ки танҳо ба исмаш дар таркиби давлати темуриёни Хуросон шомил буданд, тасмим гирифтанд то дар атрофи Бадеуззамон – писари султон Ҳусайн – ҳокими Хуросон муттаҳид шаванд ва ҷабҳаи муштараке дар муқобили Шайбонихон эҷод кунанд. Аз соли 903 ҳ.қ./1497-1498 милодӣ ҳокими Ҳисор Хусравшоҳ буд, ки ин сарзаминро аз шаҳри Қундуз идора мекард.
Тибқи ахбори «Бобурнома» баъд аз он ки Шайбонихон Андиҷонро забт кард, ба ҷониби Ҳисор лашкар кашида, ишғоли Ҳисорро ба Ҳамза султон ва Маҳдӣ султон (писарони Суюнҷхоҷа–амаки Шайбонихон) вогузошта, худаш дар амалиёти ғасби Кундуз ширкат кард.
Дар моҳҳои март – апрели соли 1504 амалиёти тасарруфи Ҳисор аз ҷониби Шайбониён муваффақона анҷом пазируфт. Бар асари набардҳо миёни Темуриён ва Шайбониён шаҳри Ҳисор дар ибтидои садаи шонздаҳ комилан хароб гардид.
Хусравшоҳ, ки сарзаминҳои зери ҳокимияташ ба дасти Шайбонихон таслим шуда буданд, дар иттиҳоди Темуриёни Хуросон шомил гардида, хост дубора сарзаминҳои аз– дастрафтаашро пас бигирад. Бинобар ин дар лашкаркашие, ки бо сарварии Бадеуззамон барои ҷилавгирӣ аз пешрафтҳои Шайбониён ба ҷониби дигар минтақаҳои Хуросон бар зидди онҳо дар моҳи феврали соли 1505 дар наздикии Марғоб созмон ёфт, ширкат варзида, аз ин ҷо ба ҷониби Қундуз ҳаракат кард. Мардуми деҳоти атрофи Қундуз ба лашкари Хусравшоҳ пайвастанд. Аммо дар ин набард лашкари Хусравшоҳ аз ҷониби ӯзбекон шикаст хӯрд ва худаш асир афтода, ба қатл расид. Ӯзбекон ба одате, ки дар миёнашон анъана дошт, чун рамзи пирӯзӣ сари ӯро бурида, ба Шайбонихон, ки ин замон Хоразмро ишғол карда буд, фиристоданд. Забти Ҳисору Қундуз ҳукмронии Шайбонихонро дар Кӯлобу қисме аз Бадахшон таъмин намуд. Баъд аз пойдор гаштан дар Самарқанд Шайбонихон хост Ӯротеппаро низ ишғол намояд. Дар ин шаҳр ҳамагӣ ду ҳазор лашкарӣ нигоҳ дошта мешуд. Ба Шайбонихон ишғоли ин шаҳр ба зудӣ муяссар нашуд, зеро Ӯротеппа барои ҳифзи худ истеҳкоми муҳиме дошт, ки Шайбонихонро ба ҳайрат гузошта, ба хулосае овард, ки ин қалъаро бо ҷанг забт кардан аз имкон берун аст. Бинобар он ӯ қарор дод, ки қалъаро муҳосираи дуру дароз намуда, ҳокимаш Муҳаммадҳусайн мирзо ва сокинонашро ба таслимшавӣ маҷбур созад. Вале кӯшишҳои чандинкаратаи Шайбонихон бе натиҷа анҷом ёфтанд. Аммо ишғоли шаҳрҳои калонтарини Мовароуннаҳр:–Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Хуҷанд, Ҳисор ва қатлу ғорати Шайбониён дар ин ҷойҳо барои истилои Ӯротеппа замина фароҳам овард. Илова бар ин, лашкари истилогар деҳаҳои атрофи шаҳрро ғорат карда, ба зироат оташ зад. Муҳаммадҳусайн мирзо соли 1504 шаҳри Ӯротеппаро тарк намуда, ба Ҳирот меравад.
Шайбонихон бо лашкараш барои ишғоли Хуҷанд равонаи он шаҳр гашт. Сокинони қалъаи Хуҷанд зери фармони шоҳзода Ҷаҳонгир бар зидди душман муқовимат карда натавонистанд. Баъд аз забти Хуҷанд Шайбонихон қатли ом эълон кард, ки дар натиҷа мардуми зиёде ҳалок шуд. Шайбониён шаҳрро оташ заданд.
Ишғоли Хуҷанд роҳи водии Фарғонаро барои Шайбонихон боз кард. Ба Шайбонихон муяссар гардид, ки соли 1504 Фарғонаро ишғол намояд. Як сол қабл аз ин, соли 1503 шаҳри Тошканд ба ӯ тобеъ гашта буд.
Қарокӯл шаҳре дар наздикии Бухорост. Сарчашмаҳои таърихӣ менависанд, ки баъди забти ин шаҳр Шайбонихон онро ба писари амакаш Суюнҷхоҷа – Ҳамза султон ба доруғагӣ дод. Ҳамза султон он қадр ситам ба ҷони мардум раво дид, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаи Қарокӯл соли 1501 даст ба исён заданд, ки дар маркази онҳо мардумони бебизоат қарор доштанд. Ҳамза султон фирор кард ва ҳокимият ба дасти мардуми исёнгар гузашт. Аз ин исёни Қарокӯл Шайбонихон ба ҳарос афтод ва Ҳамза султонро аз ҳокимияти он ҷо барканор кард ва ба ин васила хост то исёнкунандагонро ором созад. Аммо ин иқдоми Шайбонихон мардуми Қарокӯлро ором накард ва он исён давом ёфт. Мардуми Қароқӯл лашкари тозавориди ӯзбекон бо сарварии Бубай султонро, ки Шайбонихон ба ивази Ҳамза султон ба Қароқул таъйин карда буд, торумор намуданд ва худи Бубай султон ба асорат афтод.
Бо дарназардошти ин гуна сурат гирифтани воқеа Шайбонихон, ки дар Бухоро буд, барои пахши ин исён худ иқдом кард. Лашкари ӯ бо сарварии Ҷонибек султон ва писараш Муҳаммад Темур ба Қароқул омаданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо 10 ҳазор аз мардумони Қарокӯл ба мубориза бархостанд ва баъди муқовимати чаҳормоҳа ба Шайбонихон муяссар шуд, ки вориди ин шаҳр гардад. Ғосибон мардуми исёнгари Қарокӯлро, ки аксар ба қалъаи он паноҳ бурда буданд, аз дами теғ гузарониданд. Бояд гуфт, ки баланд кардани манораҳо аз сари инсон маҳсули аъмоли ғайрибашарии Темурланг аст ва Шайбонихон ин кори ғайриинсониро идома дода, дастур дод то аз чаҳорсад сари буридаи мардуми Қарокӯл дар назди бозори аспи он шаҳр манора созанд.
Маркази дигари маъмурӣ ва фарҳангии тоҷикон – Хоразм низ доимо аз ҷониби бодиянишинони Дашти Қипчоқ мавриди ғорату тороҷ қарор мегирифт. Дар ибтидои асри XVI Хоразм бахше аз қаламрави султон Ҳусайн мирзо – ҳокими Ҳирот ба ҳисоб рафта, ҳокимони он аз тарафи Ҳирот таъйин мегардиданд. Дар моҳи октябри соли 1503 Шайбонихон Хоразмро ғасб кард. Аммо баъд аз берун рафтани Шайбонихон аз Хоразм, ҳокимият дар дасти ҳокими мавриди эътимоди Ҳирот – Чин Сӯфӣ боқӣ монд. Барои комилан аз зери итоати ҳокимияти Ҳирот баровардани Хоразм Шайбонихон ибтидои соли 1506 бори дуюм ба Хоразм ҳуҷум кард. Баъди забти Чорҷӯй Шайбонихон сафири худро ба назди ҳокими Хоразм Чин Сӯфӣ фиристод ва талаб кард, ки бечунучаро таслим шавад. Аммо Чин Сӯфӣ ҷавоби рад дод ва умед дошт, ки ҳокими Ҳирот барои аз даст нарафтани қаламраваш ба ӯ мадад хоҳад расонд. Вале ҳеҷ кадом кумаке аз ҳокими Ҳирот ба вай нарасид ва Чин Сӯфӣ ба ҷанги Шайбонихон омода шуд. Баъди муҳосираи тӯлонӣ, ки ҳамаи захираҳои муҳофизони шаҳр ба охир расида, имкони идомаи муқовимат бо душман намонда буд ва одамон аз гуруснагӣ вафот мекарданд, дар моҳи августи соли 1506 Шайбонихон пойтахти асосии Хоразм–Урганҷро забт кард. Ҳокими Хоразм– Чин Сӯфӣ дар ин мубориза кушта шуд ва муҳофизони Хоразм талафоти зиёде доданд. Ҳамин тавр, темуриёни Хуросон тағйироти дар минтақа, баамаломада, яъне рӯз ба рӯз густариш ёфтани қаламрави зери ҳокимияти Шайбонихонро ба назар нагирифта, аз ҳампаймони худ – Хоразм маҳрум шуданд.
Баъди забти шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр Шайбонихон ба сарҳади Хуросон наздик шуд. Омили асосии ба шадидтарин бархӯрдҳо мубаддал шудани мубориза барои Хуросон миёни Сафавиён ва Шайбониён дар ибтидои садаи XVI он буд, ки то охири садаи XV ин вилоят аз нигоҳи сиёсӣ, маъмурӣ ва фарҳангӣ бо Мовароуннаҳр робитаи наздик дошт, то бо вилоятҳои Эрони Ғарбӣ. Бинобар ин, хонҳои ӯзбеки шайбонӣ чун хешро аз насли Чингиз медонистанд, ба ин далел ин вилоятро моли меросии худ низ меҳисобиданд, бехабар аз ин ки Чингиз низ ба ин сарзаминҳо комилан бегона буд.
Заволи давлати Темуриён. Шайбонихон дар назди худ мақсад гузошт, ки Хуросон ва пойтахти дигари Темуриён – шаҳри Ҳиротро забт кунад. Бо ин сабаб соли 1507 милодӣ Шайбонихон ба ҷониби Ҳирот лашкар кашид. Барои мубориза бо Шайбониён амир Шуҷоуддини Зуннун бо лашкаре аз Ҳирот маъмур гардид ва дар ҷанги шадид бо ӯзбекон дар таърихи 7 майи соли 1507 сипоҳи темуриёни Хуросон шикаст ёфт ва амир Зуннун ба қатл расид. Баъди ин ҳодиса Бадеуззамон ва Музаффар Ҳусайн–писарони султон Ҳусайн Бойқаро, ки баъди вафоти падар муштаракан дар Хуросон ҳокимият меронданд, яке ба ҷониби Қандаҳор ва дигаре ба тарафи Астаробод фирор карданд. Амирони фирорӣ корҳои идорӣ ва дифоии шаҳрро ба шайхулисломи Ҳирот қозӣ Ихтиёруддин вогузор карданд. Шайбонихон, ки ин замон дар Бодғис буд, бо номае ба шайхулислом қозӣ Ихтиёруддин муроҷиат намуд, то шаҳрро таслими ӯ намоянд. Сайидон, қозиён, ашроф ва обрӯмандони Ҳирот 20 майи 1507 дар мадрасаи Шайхулислом барои машварат ҷамъ омаданд ва тасмим гирифтанд, ки шаҳрро ба Шайбонихон таслим кунанд. Ба намояндагӣ аз онҳо муҳтасиби Ҳирот Мавлоно Усмон бо ҳадяҳои фаровон ба назди Шайбонихон ҳозир шуд, то эълом дорад, ки шаҳри Ҳирот таслими ӯст ва Шайбонихон вориди Ҳирот гардид. 27 майи соли 1507 дар масҷиди ҷомеи Ҳирот ба номи Шайбонихон хутба хонда шуд.
Шайбонихони ҳарис дар тамоми шаҳрҳои ғасбшуда бо усулҳои мухталиф, бахусус ба зӯр дороиҳои ҳокимони шикастхӯрда ва ақрабои онҳоро мерабуд. Ҳамин корро дар Самарқанд кард ва Ҳирот низ дучори ин бадбахтӣ гардид. Илова бар ғасби дороиҳои сулолаи темурӣ, Шайбонихон ба ҷониби амволи намояндагони илму фарҳанг, шоирон ва адибон низ дастдарозӣ мекард. Ӯ мепиндошт, ки ин қишри ҷомеаи Ҳирот аз хонадони темурӣ туҳфаҳову амволи фаровоне гирифтаанд ва сарватманд гардидаанд.
Дар охири соли 913 ҳ.қ./1508 милодӣ Шайбонихон аз Самарқанд бори дигар ба тарафи Ҳирот лашкар кашид ва дар он сол буд, ки Хуросонро аз тасарруфи фарзандони султон Ҳусайн Бойқаро комилан берун овард ва хонадони темуриро аз он минтақа барандохт. Ҳамзамон қисмате аз лашкари Шайбонихон ба тарафи Кирмон рафтанд ва ба қатлу ғорати мардуми Кирмон пардохтанд. Ин ҷо буд, ки дастур дод то котибонаш унвонии шоҳи Эрон – Исмоили Сафавӣ номаи таҳқиромезе нависанд ва ба ӯ ирсол намоянд. Шайбонихон дар ин нома аз Исмоили Сафавӣ хостааст, то ба ҳангоми намоз дар масҷидҳо ба исми ӯ хутба хонда ва сикка ба номаш дар зарробхонаҳо зада шавад.
Бо истилои Ҳирот аз тарафи Шайбониён давлати Темуриён завол ёфт ва ба сари ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон сулолаи нав – Шайбониён омад.
Сарчашма:
Камолиддин Биноӣ дар бораи даъвати Хоҷа Яҳё аз Бобур барои гирифтани ҳокимияти Самарқанд аз султон Алӣ менависад: «Ва чун нифоқи султон Алӣ мирзо ба ҳазрати Хоҷа Қутбиддин Муҳаммади Яҳё ба вузӯҳ пайваста буд, кас ба Кеш фиристода, султон Муҳаммад Бобурро талаб намуда буд, ки Самарқандро ба ӯ бидиҳад».
Камолиддин Биноӣ. Шайбонинома. Дастхати №38, китобхонаи А. Семёнов, варақи 87.
Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ дар бораи ихтилоф байни хонҳои Дашти Қипчоқ менависад: «Хонони ин тоифаро (ӯзбеконро) ҳамеша бо якдигар низоъ аст ва ҳар як қасди якдигар кунанд ва чун ғолиб шаванд, якдигарро фурӯшанд ва ба асирӣ баранд ва молу аҳлро дар миёни худ ҳукми … ҳалол шумаранд ва аслан аз он эҳтироз нанамоянд…»
Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ. Меҳмонномаи Бухоро. Ба эҳтимоми Манучеҳри Ситуда. Теҳрон, 1383 ш. саҳ.41-42.
Муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» дар бораи шикасти Муҳаммади Шайбонихон дар муборизаҳо миёни хонҳои ӯзбеки Дашти Қипчоқ ва фирори ӯ ба ҷониби Мовароуннаҳр менависад: «Муҳаммадхони Шайбонӣ…чанд гоҳ дар Дашти Қипчоқ ва ҳудуди Хоразм бо лавозимоти ситез ва овез пардохт ва аз зиёдии шавкати мухолифон ва муқовимат оҷиз шуд ва ба Бухоро гурехт».
Муаллифи номаълум. Ҷаҳонкушои хоқон. Исломобод: Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, 1986. Саҳ. 323.
Хондамир дар бораи рафтани султон Алӣ мирзо ба назди Шайбонихон менависад: «Баъд аз рафтани ҷаноби саёдатинтимо (Саид Ҷалолуддин Хованди Бухорӣ) ба ду се рӯз, дар рӯзи ҷумъа, ки Хоҷа Қутбуддини Яҳё ва акобири Самарқанд дар масҷиди ҷомеъ ба адои намоз иштиғол доштанд, (султон Алӣ мирзо) бо тоифае аз махсусон дарвозаи Чаҳорроҳаро кушода, инони яксон ба савби маъаскари Шайбонихон, ки бар дари Боғи Майдон буд, инъитоф дод».
Хондамир. Ҳабиб-ус-сияр.Ҷ.4, нашри. 4. Теҳрон, 1380 ҳ.ш. Саҳ.278.
Муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» роҷеъ ба итоати Шабонихон гузаштани Самарқанд менависад: «Чун Шайбакхон аз бартарии Хоҷа Яҳё (писари Убайдуллоҳи Аҳрор) бар султон Алӣ мирзо (охирин ҳокими темурии Самарқанд) хабар ёфт, аз дари макр омада, султон Алӣ мирзоро фирефт ва пайғом дода буд, ки ба ин ҷониб таваҷҷуҳ намояд ва (Шайбонихон) аз барои модари султон Алӣ мирзо (Зуҳрабегим) номаи муҳаббатомез фиристод ва ӯро ба издивоҷ ба хеш навид дод ва шоҳзода (султон Алӣ) ҳамроҳи он зани содадил ба он афсона фирефта шуд ва азми мулозимати Шайбакхон ҷазм намуд ва дар рӯзи ҷумъа бо сесад савор ба урдуи Шайбакхон рафт, аммо Шайбакхон аҳдашро шикаст ва ӯро (султон Алиро) кушт ва Хоҷа Яҳё ва бузургони Самарқанд ба ғайр аз итоат чорае надоштанд ва мамолики Самарқанд ва Бухоро ва атрофи онҳо ба тасарруфи Шайбакхон даромад ва ӯзбекон даст ба зулми мардум дароз карданд ва ситам аз ҳад гузашт».
Муаллифи номаълум. Ҷаҳонкушои хоқон. Исломобод: Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, 1986. Саҳ. 323.
Бобур таърихи муборизаи худ бо Шайбонихонро тасвир карда, аз ҳодисаҳои соли 907 ҳ.қ. (1501 – 1502) чунин менависад: «Ман дар Даҳкат меистодам, хабар расид, ки баҳор Шайбонихон ба Ӯротеппа меояд. Даҳкат замини шӯра буд. Бинобар он, мо аз ағбаи Оббурдон гузашта, ба кӯҳистони Масчоҳ омадем. Оббурдон поёнтарин деҳаи Масчоҳ аст. Поёнтар аз Оббурдон чашмае ҳаст. Дар боли чашма мазор аст. Болотар аз чашма ба Масчоҳ ва поёнтар аз чашма ба Фалғар тааллуқ дорад. Дар сари он чашма, дар рӯйи санг ин се байтро сабт намудам:
Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт.
Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд то чашм барҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр.
Дар кӯҳистони мазкур дар рӯйи сангҳо кандани шеър ва дигар матнҳо одат будааст…
Захириддин Бабур. Бабур-наме. Перевод М. Салье. Ташкент, 1958, саҳ.115 – 116.
Санаҳои муҳим:
1494 – вафоти ҳокими Самарқанд Аҳмад мирзо
1497 – ба ҷониби Қундуз ақабнишинӣ кардани ҳокими Самарқанд
Бойсунғур
1497 (ноябр) – вориди Самарқанд гаштани Заҳируддин Бобур
1498 (феврал) – тарки Самарқанд намудани Заҳируддин Бобур
1500 – ба ҷониби Самарқанд лашкар кашидани Шайбонихон ва ишғоли он
1500 (тирамоҳ) – ҳокимияти Самарқандро ба даст овардани Бобур
1501 (апрел) – ҷанг дар мавзеи Сарипул миёни Бобур ва Шайбонихон
1501– исёни аҳоилии шаҳри Қароқӯл бар зидди Шайбониён
1503 – ба ҷониби Балх лашкар кашидани Шайбонихон
1503 – тобеъ шудани шаҳри Тошканд ба Шайбониён
1503 -(октябр) – ишғол шудани Хоразм
1504 -(март-апрел) – ишғоли Ҳисор аз ҷониби Шайбониён
1504 – ишғоли Фарғона аз тарафи Шайбонихон
1506 (август) – ишғоли пойтахти Хоразм – Урганҷ
1507 (7 май) – шикасти сипоҳи темуриёни Хуросон аз ҷониби Шайбонихон
1507 (27 май) – дар масҷиди ҷомеи Ҳирот хондани хутба ба номи Шайбонихон.
Савол ва супориш:
1) Сабаби ихтилоф ва муборизаҳои шадид миёни охирин намояндагони сулолаи темурӣ дар Мовароуннаҳр дар чӣ буд?
2) Султон Алӣ чаро ба Бухоро фирор кард?
3) Сабаби ба Самарқанд лашкар кашидани Бобурро тавзеҳ диҳед.
4) Чаро дар Самарқанд Бобур натавонист ҳокимият кунад?
5)Ҷуғрофиёи таърихии Дашти Қипчоқ кадом сарзаминҳоро дар бар мегирифт?
6) Сабабҳои ҳуҷуми қабилаҳои Дашти Қипчоқ ба Мовароуннаҳрро баён кунед.
7) Чаро султон Алӣ ҳокимияти Самарқандро бе ҷанг ба Шайбонихон супорид?
8) Сабабҳои шикасти дуюмбораи Бобур дар Самарқандро баён кунед.
9) Дар бораи исёни Қарокӯл маълумот диҳед.
10) Сабабҳои шикасти давлати Темуриён дар Мовароуннаҳр ва Хуросонро тавзеҳ диҳед.