• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Вақтро ғанимат дон / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Вақтро ғанимат дон / Иншо

662 нафар дид 4

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Мавзӯъ: Вақтро ғанимат дон

Нақша:

Муқаддима

  1. Вақтро ғанимат дон.

Хулоса

 

Вақт фурсати раванда, чун оби дарё ист надорад, аз ин ҷост, ки умр низ беист равон асту равон. Вақт на даст дораду на поӣ, на тан дораду на ҷон, ки онро бо қувва аз гиребонаш боздорем. Пас саволе чун даст дари андешаро мекӯбаду мегӯяд: «Вақтро чӣ гуна бояд истифода бурд, то дар охир ангушти пушаймонӣ нагазем?»

Агар инсон орзуҳои зиёд дошта бошад, умри азизашро қадр намояд, аз ҳаёти гузаштагон сабақ гирад, ба ақидаи ман, албатта, вақташро самаранок истифода бурда, барои амалишавии орзуҳояш роҳ мекушояд. Яке аз роҳу усулҳои дуруст истифода бурдани вақт ин тартиб додани реҷаи рӯз аст. Аслан, реҷаи рӯз ҳар рӯз нав ба нав тартиб дода мешавад, то ки дар ҳамаи кору фаъолият даст дошта бошӣ. Ҳодисаҳои ҳаёт собит месозанд, ки умр аз одам вобастагӣ надорад, аз ин хотир то фурсати зист дорем, моро мебояд тирро ба ҳадаф занем. Шояд ин фурсат барои иҷрои амалҳои нек ва савоб баҳри мо ҷудо шуда бошад.

 

Фурсат ғанимат асту қимат асту муътабар,

Назди қудуми фурсати даввор не гуҳар.

Гар одамӣ, пас огаҳӣ аз умри тезгард.

Бар ҷомаи дуо ба танат аз кафи падар.

 

Умри инсон гузарон асту мисли оби дарё равон. Оби дарё ба қафо барнамегардад, вақти рафта низ. Пас, мебояд, ки аз ҳар як лаҳзаи умри худодод босамар истифода кунему вақти хешро сарфи амалҳои неку савоб – омӯзиши илму ҳунар, хизмат ба волидон, ёрӣ ба муҳтоҷон намоем. Зеро «Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст». Гӯё дирӯзакак буд, ки аз дасти модар дошта ҷузвдон дар китфу гулдаста дар даст сӯйи мактаб мешитобидам. Имрӯз аллакай паси мизи хатмкунандагӣ нишастааму ёздаҳ соли сипаришударо пеши назар меорам. Гӯё ин солҳо мисли як чашм задан гузаштанд. Бо шавқу шӯри кӯдакиву наврасӣ надонистем, ки айёми мактабхонӣ зудгузар аст. Донише, ки дар ин солҳо андӯхтем, имрӯз моро дастгиру мададгор аст.

 

Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,

Ҳосил аз ҳаёт, эй дил, як дам аст, то донӣ.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса метавон омад, ки вақтро ғанимат шуморида, дар вақташ соҳиби касбу ҳунар гардем, ба наздикон дасти ёрӣ расонем, ҳангоми дар ҳаёт будани волидон онҳоро аз худ розӣ намоем ва насли хубро боқӣ гузорем. Ба атроф бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки самаранокии вақти сарфшуда, фардро соҳиби музаффариятҳо гардонидааст, ки сазовори таҳсин аст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

4 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов