Узвҳои ҳозима
Озуқаворӣ ва моддаҳои ғизоӣ. Хӯрок барои инкишоф, ташаккул ва фаъолияти ҳаётии организм шарти зарурӣ мебошад.
Озуқаворӣ (нон, гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, равған, сабзавот, меваҷот) аз моддаҳои асосии ғизоӣ: сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо, намакҳои минералӣ, об ва витаминҳо иборат аст. Маҳсулоти аз наботот ва ҳайвонот ҳосилшуда ҳамдигарро пурра карда, ҳуҷайраҳои организмро бо тамоми моддаҳои зарурии ғизоӣ таъмин мекунанд. Об, намакҳои минералӣ ва витаминҳо бо ҳамон намуде, ки дар хӯрок ҳастанд, аз худ карда мешаванд.
Молекулаҳои калон-калони сафедаҳо, чарбҳо ва ангиштобҳо аз девори канали ҳозима гузашта наметавонанд. Аз ҳамин сабаб ин моддаҳо дучори таҷзияи химиявӣ — яъне ҳазм мешаванд. Хӯрок ҳангоми дар узвҳои ҳозима ҳаракат карданаш ҳазм мешавад.
Сохти узвҳои ҳозима. Системаи узвҳои ҳозима аз нойи ҳозима ва ғадудҳои ҳозима иборат аст (расми 65). Канали ҳозима аз ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, рӯдаи борик ва ғафс, ки бо рӯдаи рост ва сӯрохии мақъад итмом меёбад, иборат аст. Девори сеқабата дорад. Вай аз берун бо бофтаи мустаҳками пайвасткунанда пӯшонида шуда, дар поёни он мушакҳои суфта мавҷуданд. Ба туфайли кашишхӯриҳои мавҷмонанд хӯрок ба дарозии узви ҳозима ҳаракат мекунад. Пардаи дохилии нойи ҳозима аз бофтаҳои эпителӣ иборат аст. Сатҳи пардаи луобӣ чин-чин ва дорои бисёр ғадудҳои майда буда, ба ковокии канали ҳозима шира тайёр карда медиҳад (расми 66). Ғадудҳои калон берун аз канали ҳозима ҷой гирифтаанд. Онҳо шираро бо маҷрои махсус ба ковокии он мефиристанд. Онҳо се ҷуфт ғадудҳои оби даҳон, ҷигар ва ғадуди зери меъда мебошанд.
Расми 65. Узвҳои ҳозима
Расми 66. Сохти девори канали ҳозима
Ба ҷумлаи шираҳои ғадудҳои ҳозима ферментҳо — моддаҳои аслан сафедавӣ дохил мешаванд. Ҳар як фермент реаксияи қатъиян муайянро метезонад. Як гурӯҳ ферментҳо карбогидратҳо, дигарашон сафедаҳо ва сеюмашон чарбҳоро таҷзия мекунанд. Моддаҳои баъди таҷзия пайдошуда одатан дар об ҳал мешаванд, ки онҳоро организм аз худ карда метавонад.
Усулҳои омӯхтани ҳозима. Мушоҳидаи бевоситаи узвҳои ҳозима имконпазир аст. Бинобар ин ҳазми хӯрокро муддати дуру дароз дар ҳайвоноти ҷарроҳикардашуда меомӯзанд. Физиологи бузурги рус И.П. Павлов дар омӯхтани физиологияи ҳазми хӯрок хизмати бузурге кардааст. Вай роҳҳои тоза ба даст даровардани шираи меъдаро дарёфт намуда, таркиб ва миқдори онҳоро муайян карда, тарзи танзим кардани хориҷшавиашро омӯхт. И.П. Павлов барои корҳои доир ба физиологияи ҳозима гузаронидааш соли 1904 сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардида буд.
Ҳоло усулҳои бедард ихтироъ карда шудаанд, ки дар одам бе ягон зарар истифода мешаванд. Аксар одамон усулҳои милзанӣ — ба ковокии меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта барои гирифтани шираи меъдаю рӯда дохил намудани мил, яъне рӯдаи резиниро медонанд. Инчунин усули рентгенкунӣ васеъ истифода бурда мешавад: ба бемор ордобае мехӯронанд, ки шуъои рентгенро намегузаронад. Баъд тавассути равшан кардан дар экрани асбоб тарҳи қисмҳои гуногуни канали ҳозимаро муайян мекунанд. Дар натиҷаи тараққӣ кардани радиоэлектроника барои омӯхтани узвҳои ҳозима имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Ба бемор барои фурӯбарӣ радиопередатчики хурд — радиопилюла медиҳанд, ки қутраш 8 мм ва дарозиаш 15 мм мебошад (расми 67). Радиопилюла аз канали ҳозима бе малол гузашта, мавҷи радиоро паҳн мекунад, ки он дар бораи тағйирёбии таркиби кимиёвии ғизо, ҳарорат ё фишори қисмҳои гуногуни он маълумот медиҳад.
Расми 67. Методи таҳқиқи ҳозимаи хӯроки одам
Солҳои охир барои тадқиқи узвҳои ҳозима асбоби махсус — эндоскопро истифода мебаранд. Эндоскопия — ба узвҳои дохилии одам гузаронидани асбобҳои оптикӣ ва нурафкан имконият медиҳад, ки ковокии канали ҳозима ва ҳатто маҷрои ғадуд муоина карда шавад. Бо ёрии ин усул духтурон метавонанд бемориҳои гуногунро дарёфт карда, нозуктарин амалиёти ҷарроҳиро гузаронанд (расми 67).
Саволҳо:
- Чиро ҳазми хӯрок мегӯянд?
- Ҳазми хӯрок чӣ аҳамият дорад?
- Нойи ҳозима аз кадом қисмҳо иборат аст?
- Девораи нойи ҳозима чанд қабат дорад?
- Кадом усули тадқиқӣ ва вазифаҳои системаи ҳозимаро медонед?