• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик \ Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик \ Иншо

8 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.08.2022

Мавзӯъ: Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик

Хулоса

Истиқлолият маънии мустақил, соҳибихтиёр ва озодро буданро дорост, ҳумоюн бошад, муборак ва фархунда. Яъне, муборак бод озодӣ ба халқи тоҷдор. Барои ба истиқлол расидани тоҷикон чандин ҳазор мардони ватанпарвар дар ин роҳ қурбон гардидаанд. Ин гуфтаҳо гувоҳи онанд, ки озодиву истиқлол дар замини тоҷикон худ аз худ пайдо нагардидааст.Аз ин хотир саволе дар дарёи андеша ғарқ шуда мегӯяд: «Истиқлолиятро чӣ гуна бояд қадр кард, то барҷо бимонад?»

Ба ин маънӣ адибе мегӯяд: «Бузургиро аз дида бояд омӯхт, зеро дигаронро мебинаду худро на». Оре, ҷонбохтагони роҳи озодӣ мисли чашм бузургу беҳамто буданд, вагарна барои озодӣ бо душман даст ба гиребон намешуданд. Озодиву истиқлол барои ҳар миллат муқаддас ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақил умр ба сар мебурд. Ин дастоварди беназир охири асри бист ба миллати тоҷик насиб гардид ва 9.09.1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро соҳиб шуд. Бо кӯшиши пайвастаи сарвари ҷумҳурӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ҳукрон шуд. Имрӯз тамоми ҳамватанон сари ҳар қадам самараи истиқлолро эҳсос менамоянд, дарк мекунанд, ки қаблан дар куҷову чӣ вазъе буданду акнун ба куҷову чӣ ҳолати фархундае расиданд. Ба озодӣ расидани тоҷикон воқеиятест, ки дӯстонро хушнуду душманонро маҳзун менамояд.

Акнун вазифаи муҳими мо – ҷавонон қадршиносӣ ва муҳофизати истиқлол аст. Агар шахс аз вазъияти таърихии ниёгон огоҳ бошад, ҳисси шукронаву қадршиносии Ватанро дар худ бедор месозад. Дар чунин асно ӯ ҳифзи марзу бумро барои худ ғурур меҳисобад, мехонаду меомӯзад, соҳибкасбу соҳибҳунар мегардад, ба дӯст хиёнат намекунад, қаноатро дар зиндагӣ пеша менамояд, аз худ номи нек гузошта, ибрати дигарон мегардад. Инчунин, муқаддасоти Тоҷикистонро гиромӣ дошта, парчами давлатро ба ҷаҳониён бо пешравиҳои худ муаррифӣ менамояд. Ватанпарвар тараққиёт дар соҳаи илму фарҳанг, техника, корхонаҳои гуногуни саноативу барқӣ, ҳамкорӣ бо ҳамсоядавлатҳоро дидаву бо гӯш шунида, хулосаи худро бароварда, ба худ мақсад мегузорад, ки ҳеҷ гоҳ барои амалӣ намудани ниятҳои пурғарази гурӯҳҳои ҷангҷӯву ифротгаро роҳ нахоҳад дод. Шоири муосир Камол Насрулло дар шеъри «Истиқлоли мо» мегӯяд:

Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,

Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.

Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,

Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи Истиқлоли мост,

Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.

Дар хулоса гуфтаниям, ки ҳоло пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хеле устувору поянда шудааст ва ҳеҷ нерӯи бадхоҳе наметавонад онро маҳв созад. Бо вуҷуди ин, моро зиракиву ҳушёрӣ мебояд, то истиқлол абадӣ бошаду халқ хушбахт.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат