• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Турист ҳамчун субъекти туризм / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Турист ҳамчун субъекти туризм / Реферат

27 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
04.02.2024

Турист ҳамчун субъекти туризм

Якчанд навъи муайянкунандаи турист вуҷуд дорад, ки аз рӯи аснодҳои меъёрӣ ва манфиатҳои иқтисодии давлат, ҷиҳати мутааллиқ будан ба ин ё он соҳа, ҷудо мешавад. То ҳанӯз турист ифодаи комили худро пайдо накардааст, зеро то ҳоло коршиносон ба мафҳуми мазкур ифодаҳои гуногунро марбут медонанд.

Аввалин маротиба мафҳуми турист соли 1937 аз ҷониби кумитаи махсуси коршиносон оид ба масъалаҳои омори лигаи Миллатҳо матраҳ шудааст.

Туристон чунин хусусиятҳоро доро мебошанд:

— ҳаракат;

— омадан ба ҷои муваққатӣ дар вақти муайян;

— фориғ будан аз макони кори доимӣ;

— берун аз ҷои муқимии зист дар муддатҳои гуногун ва ғайра.

Таҳлили мушаххаси мафҳуми туристро Д. Фрехтлинг додаст. Дар натиҷа ӯ чор хусусияти асосии туристро ҷудо намудааст, ба монанди: мақсади сафар; намуди истифодаи воситаи нақлиёт; муддати будубош ва гузашти фосилаҳо.

Таснифоти ашхосони сайркунанда.

Тибқи тавсифи ТУТ СММ ба категорияи туристон аъзои сарнишинони ҳавопаймоҳои хориҷӣ ва киштиҳои баҳрию уқёнусӣ, ки дар мамлакати дигар муддати на камтар аз як шаб дар воситаҳои ҷойгиркунонӣ боқӣ мемонанд, шомиланд. Инчунин нафароне, ки ба шакли транзитӣ аз як кишвар ба кишвари дигар тавассути мамлакати мобайнӣ бо таваққуфи камтар аз як шабонарӯз мегузаранд, ба саёҳатчӣ шомил мебошанд. Дар расми зер таснифоти ашхосони сайркунанда тибқи тавсили ТУТ СММ омадааст.

Бояд қайд намуд, ки ба категорияи саёҳатчиён бе назардошти омор аз поён:

— ашхосе, ки аз ҳудуди макони зисти доимиашон барои зист ва фаъолияти худ дигар кишварро интихоб менамоянд, ё дорои душаҳрвандианд;

— ашхоси бе ҷои зисти доимӣ ва кӯчманчиён;

— гурезагони изборӣ;

— ашхосе, ки бо мақсади дарёфти маблағ ба дигар ҷой сафар менамоянд;

— намояндагони сохторҳои дипломатӣ;

— низомиёне, ки бе мақсади хизмати ҳарбӣ бо аъзоёни хонаводаашон бо фармоиш ба дигар макон сафар мекунанд;

-муҳоҷирони ғайри қонунӣ;
— маҳбусоне, ки аз як кишвар ба ватанашон интиқол дода мешаванд;

— сарнишинони воситаҳои гуногуни нақлиёт, ки дар ҷои ташрифотӣ қарор мегиранд ва ғайра.

Туристон аз рӯи хусусиятҳои типолагӣ ба ду гурӯҳ, яъне байналмилалӣ ва дохили ҷудо карда мешаванд.

Туристи байналмилалӣ — саёҳатчие, ки дар муддати на зиёда аз 12 моҳ ба мамлакати дигар, яъне берун аз макони зисти доимӣ ташриф меорад. Мақсади асосии ӯ на ба даст овардани манфиат, балки қонеъкунонии талаботҳои маънавию ҷаҳонбинӣ мебошад.

Туристи дохилӣ – муайян намудани ин ашхосон нисбатан мураккабтар аст. То ҳанӯз коршиносони ТУТ СММ доир ба ин масъала нуқтаи назари муайян надоранд.

Дар бархе кишварҳо ба туристи дохилӣ ифодаи ба худ хос додаанд. Комиссия оид ба захираҳои миллии туристии ТУТ СММ туристи дохилиро ҳамчун ашхосе, ки зисти доимии худро ба мақсади сайр дар масоҳати на камтар аз 80,5, ки (50 мил) тарк менамояд. Ин гуна сафар дар худ мақсадҳои гуногун, яъне сафарҳои касбӣ, фароғати, хусусӣ ва дигарҳоро таҷассум менамоянд дохил кардааст.

Н.И. Кабушкин ва Н.И. Дурович туристи дохилиро чунин маънидод намудаанд: «Туристи дохили ин нафарест, ки аз муҳити зисти доимии хеш дар муддати на зиёда аз 12 моҳ берун мешаванд, вале ҳудуди кишварро тарк менамоянд».

Ҳамаи туристонро аз рӯи нишонаҳои зерин: вобаста ба фаъолии онҳо ва сабки ҳаёт, таснифот намудаанд. Аслан туристонро аз рӯи фаъолияташон ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба гурӯҳҳо ҷудо менамоянд.1

Дӯстдорони истироҳати ором. Намояндагони он бо мақсади берун шудан аз асабонияти ҳаррӯза ба муҳити орому осуда сафар менамоянд.

Дӯстдорони лаззат. Ин гурӯҳи туристоне мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи навоварӣ буда, лаззатҳои гуногуну фазои дунявиро меписанданд.[1]

Дӯстдорони истироҳати фаъол. Ин тоифа туристон табиатро дӯст медоранд ва барои ҷисми худ захмати фаъолро раво мебинанд. Аслан рекреантҳоро ба ин гурӯҳ шомил менамоянд. Рухсатии меҳнатии онҳо хусусияти талаботӣ низ дорад (сайругашт дар ҳавои тозаро меписанданд) ҳаводорони истироҳати варзишӣ.

Ин гуна туристон диққати худро бештар ба мусобиқаҳои варзишӣ равона намуда, барои онҳо варзиш ниҳоят муҳим аст ва варзиш ҳамчун восилаи саргармӣ аст.

Иштироккунандагон бо мақсади омӯзиш ва ҷаҳонбинӣ. Ин гуна туристон барои баланд бардоштани донишомӯзии худ фарҳанг, табиат, таърих, урфу одат, расму оин ва ғ машғуланд.

Ҳаводорони саргузаштҳо. Таваккал (риск)-ро дӯст медоранд, яъне нафароне, ки дар ҷустуҷӯи таассуротҳои ғайримуқаррарианд. Барои онҳо муҳим он аст, ки эҳсосоти таваккалиро ба худашон чӣ гуна қабул менамоянд.

Вобаста аз мақсадҳои тадқиқоти типологияи гуногуни туристонро ҷудо намудан мумкин аст. Яке аз паҳншудатарин хелбандиро коршиноси олмонӣ Г.Ган, аст, ки мувофиқ ба он туристон ба чунин хелҳо ҷудо мешаванд.

S-тин (олмонӣ. Sonne, Sand, See-офтоб, соҳили регӣ, баҳр). Истирохаткунандагони ғайрифаъоле, ки истироҳати лаби баҳру осоишгоҳро меписанданд ва дар ин асно муошират бо ашхосони хуштабъро низ қабул доранд.

F-mun (олмонӣ Ferme und Feiertorientierter Ereiebisur Lauber — шахси мушаххасе, ки сафарҳои дарозмуҳлати романтикиро дӯст медоранд. Ба ин гуна ТИП афроде мансубанд, ки муддати сафарашон дурудароз аст ва бештари вақташонро дар соҳил (пляж) мегузаронанд.

W-1-mun. ( олмонӣ Wold und) Wanderorien tiert — дӯстдорони гаштугузор дар ҷангал ва сайру гашт дар ҳудуди он.

Ин гуна туристон сайругашт, истироҳати фаъол ва пиёдагардиро дӯст медоранд. Яке аз хусусияти ин гуна туристон он аст, ки фаъолияти ҷисмонӣ дар ҳавои тозаро новобаста аз боду ҳаво меписанданд. Кӯшиш менамоянд, ҳолати ҷисмонии худро нигоҳ доранд, аммо ба варзиши касбӣ шуғл намеварзанд.

W-2-mun. Ин гуна ашхос варзишгар ба ҳисоб мераванд. Бештар ҳаракатҳои ҷисмонӣ — экстремалиро ба худ раво мебинанд. Ҳангоми интихоби шуғли туристӣ бештар кӯҳнавардӣ, шиноварӣ дар дарёҳои кӯҳӣ, делтоплан ва ғайраро дӯст медоранд. Ба ин гуна туристон тамошои манзараҳои табиат, шиносоӣ бо фарҳангу таърих дуюмдараҷа ба ҳисоб меравад.

А-mun (олмонии bilding undbesichligung – омӯзишӣ ва тамошои мавзеҳои тамошобоб). Ин гуна туристони ҷустуҷӯгар ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

— «экспертҳо (таҳлилгарон) »-ҷамъовардагони ашё (колексионерҳо), ки аз ҷойҳои тамошобоб дидан ба амал меоранд;

— «эҳсосотӣ» — алоқамандони фарҳанг ва табиат;

— «мутахассисон». Ин гуна туристон дониши худро асосан дар самти фарҳанг, таърих, саноат ва ғайра сайқал медиҳанд.

Мақсадҳо ва моҳияти туристон. Дар ин бахш якчанд мақсад ва моҳияти ҷалби туристони хориҷиро таҳлил бояд намуд.

Коршиносон чунин моҳиятҳои асосиро нишон додаанд:

— омӯзиш ва шиносоӣ бо фарҳанги навин, тарзи зиндагӣ ва расму оин;

— пайдо кардани ошноӣ бо марказҳои фароғатӣ, ҳаёти шабонаи шаҳр, имконияти дидан аз тарабхонаҳои хуб, дискотекаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ;

— имконияти будан дар тарзи дигари ҳаёт, озодона харҷ намудани маблағ, ки муҳлати дуру дароз ҷамъ шудааст;

— табдили шароити зист, осудагӣ ва истироҳат;

— боздид аз театрҳо, ширкат дар фестивалҳо ва намоишҳо;

— мулоқот бо одамони наҷиб;

— омӯзиши шароит барои пешбурди тиҷорат дар кишвари маҳсубшуда;

— хариди армуғон ва тӯҳфаҳо;

— истироҳат дар соҳили баҳр, варзиш, варзиши зимистона;

— табобат ва мақсадҳои солимгардонӣ;

— мақсадҳои динӣ, аёдат;

— вохӯри бо пайвандон ва дӯстон.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо. Ҳангоми омодагии турист ба сафар ва дар вақти ҳаракат инчунин ҳаракати транзитӣ, турист ҳуқуқ дорад:

— ба гирифтани иттилооти зарурӣ ва ҳақиқӣ оид ба қоидаҳои вуруд ба кишвар ба ҷои истиқоматии мувақатӣ;

* оид ба анъанаҳои мардуми маҳаллӣ;

* расму оинҳои динӣ, оромгоҳҳо;

* ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои туристии тамошобоб, ки зери ҳифзи махсус қарор дорад;

* ҳолати муҳити атроф.

— озодии ҳаракат, дастрасии захираҳои туристӣ бо назардошти меъёрҳои маҳдудшудаи кишвар;

— таъмини бехатарии шахсӣ, ҳуқуқҳои истеъмолӣ ва ҳифзи моликияти ӯ;

— инчунин бемамониат гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ;

— ҷуброни хисорот ҳангоми зиёни маънавӣ дар ҳолатҳое, ки шарти қарордод иҷро мегардад. Хариду фурӯши маҳсулоти туристӣ аз ҷониби туроператорон ё туристон тибқи қонуни содиршуда;

— дастрасии бемамоният ба воситаҳои алоқа.

Уҳдадориҳои турист:

  • Риояи қонунҳои мамлакат ё маҳалли ташрифотӣ;
  • Эҳтироми оинҳо ва анъанаҳои маҳаллӣ;
  • Нигоҳдорӣ ва ҳифзи муҳити табиии атроф ва ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар;
  • Риояи қоидаҳои вурудӣ ба кишвар ва хуруҷ аз он, инчунин дар кишварҳои транзитӣ;
  • Ҳангоми сафар риояи бехатарии шахсӣ ва молу мулки худ.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов