• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тоҷикистон – сарчашмаи оби тоза \ Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Тоҷикистон – сарчашмаи оби тоза \ Иншо

10 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.
Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ ӯ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.

Хулоса, аз гуфтаи Паёмбари бузург Расули Акрам «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат