• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тоҷикистон – кишвари доимбаҳор / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Тоҷикистон – кишвари доимбаҳор / Иншо

4 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.08.2022

Мавзӯъ: Тоҷикистон – кишвари доимбаҳор

Нақша:

Муқаддима

  1. Тоҷикистон – кишвари доимбаҳор

Хулоса

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,
Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Тоҷикистон кишвари доимбаҳорест, ки қисми зиёди аҳолии онро тоҷикон ташкил медиҳанд. Маънои вожаи «тоҷик» гуногун буда, бештар ба маънои тоҷдор мувофиқ меояд.

Ибтидо 14-уми октябри соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати Узбекистон таъсис ёфта, 16-ми октябри соли 1929 ба ҳайати ҷумҳуриҳои Иттиҳоди собиқи шўравӣ шомил гардидааст. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад. Минбаъд бо дигар шудани авзои сайёра дар ҳаёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Ба бахти мо 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Дар тўли таърих халқи тоҷик бо як қатор дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошиёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дўстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.
Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Торих гувоҳ аст» ин матлабро воқеъбинона ба риштаи назм кашидааст:

Торих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст…
Торих басо дида, ки андар раҳи паймон,
Тоҷик даме пеши адў сар нафикандааст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирўзи худ умед накандааст.

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Абўалӣ Ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳоро аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик, устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо ба тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сўи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарўзӣ, забондонӣ робита бо мамолики перафтаи дунё ниёз дорад.
Имрўз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Сурудии миллии худ мебошад. Парчаму Нишони Тоҷикистон бо рамзи рангҳояшон ҷаҳониёнро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои бе назири тоҷиконошно месозад.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ў ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад.

Мурод аз офаридани образҳои ватанўстона дар адабиёти олам бе шубҳа, бедор кардрни ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ аст. Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав падидаҳои нодир вобаста аст. Тавре, ки устод Лоиқ Шералӣ мегўяд:

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рўдакию бо Ҳофизи Шерозӣ.
Вақт аст, сари минбари озоди сухан,
Саъдии дигар Ҳофизӣ дигар созӣ.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат