Тилло
Иқтидори асосии металлогении тилло дар ҷумҳурӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Помири Ҷанубӣ мутамарказ шудааст. Захираҳои кашфшуда дар конҳои тилло ва квартси «Ҷилав», «Тарор» ва дар минтақаҳои маъдании Туркистон-Чорин дар маркази кишвар, инчунин дар объектҳои дорои маъданҳои тилло, квартс ва сулфид-тиллои «Карамазор» қарор доранд. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 150 мавзеҳои дорои маъдани тилло мавҷуд аст, ки дар ҳолати кунунӣ аксарияти онҳо мавриди омӯзиши пурра қарор нагирифтаанд. Яке аз конҳои муҳими тилло кони «Тарор» мебошад, ки дар наздикии 44 км. аз шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Дар ин кон минерализатсияи маъдан дар қисматҳои омехташавӣ бо силикатҳо ва квартс муайян шуда, дар ҳамбастагӣ ба санги хоро ва оҳаксангҳо ба назар мерасанд. Ин минтақа шакли қабатӣ дошта, ба ғайр аз тилло дигар металҳои нодир, аз қабили нуқра ва мис, инчунин моддаҳои ҳамроҳкунандаи висмут, селен ва теллурро доро ҳаст. Дар масофаи 10 км. аз кони «Тарор» кони табақавии квартсӣ-тиллои «Ҷилау» ҷойгир шудааст. Ин кон ба хоросангҳoе, ки маркази қатъшавии қабатҳои дурушти заминро ташкил мекунанд, иртибот дорад. Миқдори сулфид дар кони квартсӣ-тиллоӣ камтар аз 1,8% арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи корҳои иктишофӣ дар ин мавзеъ даҳҳо намуди маъданҳои дар таркибашон тилло кашф карда шуданд, ки ҷолибтарини онҳо ба нақшаи иктишофи геологии оянда дохил карда шуданд. Ғайр аз ин дар солҳои гузашта дар кони сурб ва миси «Ҷизикрут” ва кони оҳанувисмутии «Шоҳқадамбулоқ» маъдани тилло дар ҳаҷми барои саноат кофӣ кашф карда шуд.
Дар қисмати марказии Тоҷикистон – дар наздикии Комбинати маъдантозакунии “Анзоб” конҳои тиллои “Чора” ва “Дуобаи шарқӣ” мавриди иктишоф қарор гирифтанд, ки минерализатсияи онҳо ба монанди кони “Тарор” камсулфид ва дорои арсени (хокаи) тилло мебошад.
Ба минералҳои асосӣ арсенопирит ва пирит, тилло, нуқра ва сулфур (моддаҳо иловагӣ), арсени заҳрогин, сурма ва моддаҳои дорои карбон дохил мешаванд.
Бунёди як корхонаи нави коркарди тилло дар ин мавзеъ метавонад конҳои мавҷударо коркард кунад. Зеро дар ин минтақа дар натиҷаи корҳои иктишофӣ даҳҳо кони тилло дар шаклҳои гуногун кашф карда шуданд, ки метавонанд дар оянда дар маркази таваҷҷӯҳи чорабиниҳои иктишофӣ қарор гиранд.
Кони тиллои Покруд дар 107 км ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Сохтори геологии ин кон мавҷудияти варақсангҳои серисити сабз, хлорит ва квартсҳои давраи дуюми Палеозойро (Ордовик) нишон медиҳад. Минтақаҳои маъданӣ дар чуқурии 220-540 метр ҷойгиранд. Минералҳои маъдании ин кон сидеропирит ва шағали заҳрогинро дар бар мегиранд.
Тилло асосан дар шакли озод ҷой гирифта, баъзан бо сулфид пайвастааст. Истихроҷи тилло ҳамеша яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар навбати аввал дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ тилло тариқи обшӯӣ ва истихроҷи тиллои чошхӯрдаи холис ба даст оварда мешуд. Ин соҳаи саноат дар натиҷаи ҳодисаҳои ба ҳама маълуми солҳои 90-ум аз фаъолият бозмонд. Айни замон конҳои тиллои обшӯӣ дар Дарвоз ва водии Ёқсу истихроҷ карда мешаванд.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар қаламрави Тоҷикистон 40 кони тилло бо ҳаҷми умумии захираи 500 тонна кашф карда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди босуръати саноати истихроҷи тилло ва нуқраро қабул кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар ҷумҳурӣ мебошад. Мувофиқи он истихроҷи солонаи 10 тонна тилло дар назар аст.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2019 дар кишвар 8,1 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2018 26% зиёд аст. Истихроҷ ва коркарди тилло дар 26 конҳои ҷумҳурӣ иҷро карда мешавад (маълумот аз Фонди давлатии иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон). Агар соли 1991 дар соҳа чор корхонаи саноатӣ мавҷуд бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 29 адад расидааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан даҳ корхонаи нисбатан калон ба истихроҷи тилло машғуланд. Аз ҷумла: ҶДММ КМ «Заравшон», ҶДММ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои Тоҷик», ҶДММ «Одина», ҶДММ «Пакрут», ҶДММ «Назирӣ» ва ғайра.
Калонтарин корхонаҳои истеҳсоли тилло, корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин (КМ) Зарафшон (70% истеҳсолот), Пакрут (14%), корхонаи давлатии Тиллои Тоҷик (8%), корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Канада Апрелевка (5%) мебошанд. Корхонаҳои боқимонда 3%-и ҳаҷми умумии истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Маҳсулоти корхонаҳои «Зарафшон», «Пакрут», «Заводи металлҳои нодир» ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯи талабот мебошанд, ки аз рӯи он ҳиссаи вазни тилло дар барҳои тозашуда 99,99% -ро ташкил медиҳад.
Қариб ҳамаи тиллои истеҳсолшударо Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мехаранд. Истеҳсолкунандагон танҳо дар сурати даст кашидан аз хариди давлатӣ, метавонанд маҳсулоти худро ба дигар харидорон фурӯшанд. Ин барои эҷоди захираҳои тиллоӣ ва нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ анҷом дода мешавад.