• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тавсифм бонк чун ҷузъи низоми бонкй / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Тавсифм бонк чун ҷузъи низоми бонкй / Реферат

41 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
05.02.2024

Тавсифм бонк чун ҷузъи низоми бонкй

Аввалин бонкҳо, мувофиқи ақидаи як қатор олимон дар шароити капитализм дар асрҳои XIV-XV дар шаҳрҳои Италия (Венетсия, Генуя) пайдо шудаанд. Дар ин лаҳза бе ёрии қарз фаъолият кардани корхонаҳои капиталиста но- мумкин буд. Аз инҷост, ки асоси пайдоиши бонкро хоҷагии капиталиста ташкил мекард.

Бисёри олимон чунин мешумориданд, ки бонкҳо пештар, дар давраи феодализм пайдо шудаанд. Онҳо изҳор мекарданд, ки ҳанӯз дар давраи хоҷагии феодалӣ талабот ба бонкҳо чун даллол барои пардохт пайдо шуда буд. Аз ин ҷо бар- мояд, фарқият байни давраи пайдоиши бонкҳо на яку ду даҳсолаҳо, балки сад солаҳо фарқ мекунад. Яъне асоси масъала на дар муайян кардани давраи таърихии пайдоиши

бонкҳо, гарчанде ки ин масъала барои илми иқтисод зарур аст, балки дар масъалаи тавсиф ва моҳияти бонк меравад.

Калимаи «бонк» аз забони итолёнӣ -«banco» гирифта шудааст. Ҳанӯз дар асри X дар Итолиё дар майдонҳое, ки савдои калони молҳо мегузашт, «Мизи бонкӣ» мегузоштанд. Дар ин ҷо хариди мол ба воситаи тангаҳои ҳархелае, ки шаҳрҳою мамлакатҳо ва ҳатто одамони алоҳида мебаро- варданд, сурат мегирифт.

Дар асри X Итолиё — маркази ҷаҳонии савдо ба ҳисоб мерафт, дар ин ҷо аз бисёри мамлакатҳо пулу мол дохил ме- шуданд, аз ин ҷост, ки дар ин ҷо бонкдорон яке аз ишти- рокчиёни фаъол дар амалиётҳои савдо ба шумор рафта, миқ- дори «мизҳои бонкӣ» торафт зиёд мешуд.

Мувофиқи шаҳодати таърихомӯзон, аввалин бор амалиётҳои бонкй аз тарафи шахсони алоҳида ва муассисаҳои диние, ки дар онҳо микдори зиёди маблағҳои пулӣ ҷамъ оварда шуда буданд,

гузаронда шудааст.

Оҳиста, оҳиста бонкдорони аввалин фаҳмиданд, ки бойгарии беҳади пулии бе ҳаракат хобидаи онҳо ягон фои- дае намебахшад, онҳоро бояд тавре истифода бурд, ки фоида оваранд, яъне ё онҳоро барои истифодаи вақтина ба касе додан лозим меояд, ё муассисаҳои савдой ва косибии мус- тақил ташкил кардан даркор аст. Барои ин ба ҳисси гарав киштиҳо ва молҳои ҳархела, дар баъзе ҳолатҳо хонаҳои истиқоматӣ, молҳои қиматбаҳо ва ҳатто одамон (гуломон) ба замонат моноида мешуданд.

Дар Руссия фоизи қарзҳои бонкӣ дар он давраҳо хело баланд буданд ва қариб 36%-и солонаро ташкил медоданд. Дар ин ҷо дар баробари амалиётҳои бонкй оҳиста-оҳиста ҳисобҳои амонатй ба воситаи трансферита (аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар гузаронидани маблағҳои пулӣ) ташкил карда шуданд. Дар оянда дар баробари зиёд шудани талабот ба бонкҳо, мизоҷони онҳо низ зиёд шуданд. Дар ин ҳолат бонкҳо хизматҳои нав ба навро ба роҳ монданд, аз ҷумлаи хиз- матҳои боварнок оиди тартиб додани шартномаҳо байни мизоҷон, иҷро кардани вазифаи даллолӣ дар рафти ама- лиётҳои савдо ва ғайраҳо. Барои сода кардани ҳисобҳо бонк-

Моҳияти бонк талаб мекунад, ки сохтори он муайян карда шавад. Сохтори бонк ин яъне сохторест, ки ба бонк ша- роити ҳамчун муассисаи махсусгардондашуда амал кар- данро медиҳад.

Ба ин мақсад чор чиз лозим аст:

  1. Сармояи бонкӣ
  2. Фаъолияти бонкӣ
  3. Мутахассисони маълумоти махсус дошта
  4. Таъминоти техникӣ (бино, иморат, воситаҳои алоқа, техникаи электронӣ ва гайраҳо)

5.

Фаъолияти бонкӣ — ин фаъолияти муассисаҳои пулӣ — қарзист дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ. Аз натиҷаи фаъолияти бонкҳо на танҳо тараққиёти иқтисодиёти мамлакат, балки шароити иҷтимоии ҷамъият вобастагӣ дорад.

Фаъолияти бонкӣ ҷиҳатҳои зеринро дарбар мегирад:

  1. Бонк асосан на дар соҳаи истеҳсолот, балки дар соҳаи мубодила кор мекунад.
  2. Бонк — ин бо фаҳмиши пуррааш донишкадаи молй мебошад. Ин ҷиҳат дар фаъолияти бонк ҷой дорад;
  3. Бонк — ин ташкилоти тиҷоратист. Дар ин ҷо амалиёт- ҳои эмиссионӣ ва тиҷоратӣ дар асоси пардохтпазирӣ гуза- ронида мешаванд. Барой додани қарзҳо бонк фоизи қарз, Оарои хизматҳо — хаққи хизмат (комиссия) мегирад.
  4. Фаъолияти бонк ин характери соҳибкорй дорад. Бонк маблағҳои беҳаракати корхонаҳои алоҳидаро гардиш дода, онҳоро ба кор медароянд
  5. Бонк — ин натанҳо муассисаи тиҷоратист, балки он института ҷамъиятист, бонк на характери сиёсй, балки характери иқтисодӣ дорад.

Вазифаҳои бонк аз инҳо иборат аст:

  1. Вазифаи захиранамоии воситаҳои пулӣ;
  2. Вазифаи таҳаввули захираҳои пулӣ;
  3. Вазифаи танзими муомилоти пул.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов