• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол / Иншо

109 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
27.08.2022

Мавзӯъ: Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол

Нақша:

Муқаддима

  1. Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол

Хулоса

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳоӣ болаззату хӯрданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳанар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медузад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузургро номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси cap намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад. Ба гуфти Кайковус: «Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд мекунад, на дигаронро».

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Дар дунё каси беайб нест. Лекин кӯшиш бояд кард, ки ҳунарманд буд, зеро каси ҳунарманд беайб аст. Дӯстонро низ ҳунарманд бояд интихоб кард, зеро дӯсти беҳунар занҷири костаро мемонад, ки бо андак беэътиноӣ канда мегардад ва ҳангоми душворие зуд мегурезад.

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.

Ҳунарманд агарчӣ норасоии зиёд дошта бошад, бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад.

Бекорӣ – вабои тан аст мегӯянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Ҳунаромӯз дар кадом ҳолате, ки набошад, мекӯшад чизеро омӯзад, ҳунарашро сайқал диҳад, машҳур ва созгори атрофиён гардонад.

Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов