• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тасвири симои муфтхурон дар повести «Марги судхӯр» – и Садриддин Айнӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Тасвири симои муфтхурон дар повести «Марги судхӯр» – и Садриддин Айнӣ / Иншо

287 нафар дид 3

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Тасвири симои муфтхурон дар повести «Марги судхӯр» – и Садриддин Айнӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмуни асосии повеет
  2. Симои Қориишкамба дар асар

Хулоса

Боиси хурсандиву сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки фарзанди барӯманди он устод Садриддин Айнй сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Фаъолияти илмиву адабии Айнй ҳанӯз айёми мадрасахонияш шурӯъ гардидааст. У дар мактабҳои усули нав таҳсил намуда, ҳамеша барои такмил додани ҷаҳонбинии худ саъю талошҳо мекард. Айнй дар ҳаёти илмиву адабй ва фарҳанпш Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи он саҳми бузург гузоштааст. Аз устод Айнй ба мо мероси зиёди илмиву адабй боқй мондааст.

Таъкид намудан зарур аст, ки дар эҷодиёти нависанда повести «Марги судхӯр» бо мазмун ва мундариҷаи худ мақоми хосса дорад. Дар нимаи асри XIX ва ибтидои асри XX дар Осиёи Миёна, хусусан дар Бухоро, судхӯрй дар байни табақаи боло ҳамчун касалии хатарнок хеле паҳн шуда буд, ки ин масъала дар повеет возеҳу равшан инъикос ёфтааст, Нависанда масъалаи судхӯриро дар симои қаҳрамони повеет Қориишкамба, ки шахеи ниҳоят хасис, муфтхӯр, мардумфиреб ва дурӯяву пулпараст будааст, нишон медиҳад. Устод Садриддин Айнӣ муносибати табақаи судхӯронро ба табақаҳои мухталифи аҳолии Бухоро ифода намудааст. Хасисй ва муфтхӯрй дар симои Қориишкамба дар муомила бо қиморбозон, сартарошон, дӯкондорон, саройбонон, бойбачаҳо, бо оилаи худ ва талабагони Мадраса хеле хуб мушоҳида карда мешавад. Айнй дар симои Қориишкамба на танҳо худи ӯро тасвир намудааст, балки ба ин восита кулли судхӯрони ҷомеаро дар назар дорад. Бо ин тарзу тариқи ифода устод Айнй хостааст, ки бадбиниву нафрати мардуми оддиро нисбат ба хислатҳои ношоями судхӯрони давру замон, хусусан, риёкорону танпарварон зиёд намояд. Нависанда аз муҳити иҷтимоии Бухорои амирй норозй аст. Зеро худи муҳити дарбор ба ноорому ноосуда гаштани вазъ мусоидат кардаанд. Муҳити иҷгимоии Бухорои xaMOHBaKfapo зери танқиди сахт мегирад. Айнй дар тасвири қаҳрамони асар – Қориишкамба ва амалиётҳои ӯ аз тамоми тасвирҳои бадей моҳирона истифода кардааст. Қориишкамба бо роҳҳои гуногун мехоҳад маблағи бисёре ҷамъ намояд. Нависанда дар баробари он ки роҳҳои сарватмандшавии ӯро нишон додааст, таъкид бар он дорад, ки ӯ дар як вақт боиси бадбахтии мардум низ будааст. Фаъолияти судхӯрии Қориишкамба рӯз ба рӯз вусъат меёбад. Доираи фаъолияти ӯ, ҳатто, ба деҳот низ наздик мешавад. Деҳқонони камбағалро низ бо роҳу воситаҳои мухталифу ҳиллаву найрангбозй ба доми фиреби худ мекашад. Тавре мебинем, симои Қориишкамба дар асар ҳамчун шахсе, ки саропо банда нафс, ҳирс, тамаъ, бандаи пулу мол ва сарват мебошад, тасвир ёфтааст. Ва ниҳоят, ин бандаи пулу молу сарват қурбони сарватҳои ҷамъкардаи худ мегардад. Зеро, дар Бухоро пирӯзии инқилоб-судхӯрон, муфтхӯрон ва ҷаҳони сармояро сарнагун месозад. Симои Қориишкамба дар қатори беҳтарин образҳои ҳаҷвии эҷодкардаи нависандагони ҷаҳонй ба монанди Шекспир, Балзак, Плюшкин ва Ҳоҷиоғо қарор мегирад. Устод Айнй фикру андешаи хешро бо байти зерин хулоса менамояд:

Судхур аз пули худ нон шиканад гар ба зшсал,

Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

3 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат