• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тасвири наслҳо дар романи «Ғуломон» – и Садриддин Айнй / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Тасвири наслҳо дар романи «Ғуломон» – и Садриддин Айнй / Иншо

137 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Тасвири наслҳо дар романи «Ғуломон» – и  Садриддин Айнй

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмуии асосии романи «Ғуломон»
  2. Тасвири наслҳо дар романи «Ғуломон»

Хулоса

Устод Садриддин Айнй дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоири бузург, нависандаи забардаст, рӯзноманигор, забоншиноси варзида ва олими намоён маълуму машҳур буда, аз барҷастатарин шахсияти фарҳангии халқи тоҷик ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик шинохтаву эътироф гардидааст.

Садриддин Айнй 15-уми апрели соли 1878 дар яке аз деҳаҳои хушманзараи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро таваллуд ёфтаааст. Гузаштагони Айнй аз аҳли кишоварзон будаанд. Аз сабаби сахтии рӯзгор ба касбҳои бофандагиву сангиосиётарошй низ машгул будаанд.

Устод Айнй муаллифи асарҳои зиёди насрй мебошад. Яке аз асарҳое, ки дар эҷодиёти Айнй ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа мавқеи муҳимро ишгол менамояд, ин романи «Ғуломон» мебошад. Романи «Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, ҳаёти зиёда аз 100-солаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми меҳнаткаши Осиёи Миёна ва манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри Х1Х-ро инъикос менамояд. Қаҳрамонони марказии асар, аксаран, гуломон ва наели онҳо ба

шумор мераванд.

Қайд кардан лозим аст, ки Садриддин Айнй тавассути наслҳои гуногуни гуломон тағйиротҳои аз ҳама муҳими рӯҳй ва сиёсию иҷтимоии халқҳои заҳматкашу бенавои Осиёи Миёнаро ба таври воқей тасвир намудааст.

Айнй дар бораи се наели гуломон дар асар нақл мекунад. Ба сафи наели аввал, ки ҳамаи гуломону канизакон дохил мешаванд, симои Раҳимдод дар ҷои аввал қдрор дорад, яъне наели якуми гуломон аз Раҳимдод огоз меёбад. Дар роман нависанда хостааст, ки манзараҳои хариду фурӯши гуломон, ранҷу азоб, кулфату заҳматҳои гуломон ва меҳнати сангину душвори тоқатфарсои онҳоро ба воситаи симои Раҳимдод ба хонанда хубтару беҳтар нишон диҳад, Садриддин Айнй дар симои Раҳимдод-насли аввали гуломон ашхосеро тасвир намудааст, ки онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои инсонии худ маҳруманд. Онҳо гуломию меҳнати вазнин ва ҷабру ҷафоро барои худ амри такдир донистаанд. Зеро, наели якуми гуломоне, ки нависанда тасвир намудааст, аз нигоҳи шуурнокии сиёсй ва иҷтимоӣ хеле ақибмонда мебошанд.

Дар нимаи дуввуми асри XIX дар муҳити иҷтимоии Осиёи Миёна тағйиротҳои сиёсй ба миён омадаанд, ҷомеаи ғуломдорй аз байн рафт. Вале ҳамаи ин тагйиротҳои сиёсй аҳволи пурмушаққати Раҳимдод ва дигар гуломони ба ӯ монандро беҳтар накард.

Наели дуввуми «Ғуломон», ки дар майдони оташи муборизаву талош барои зиндагй обутоб ёфтааст, дар рӯҳияи он тагйиротҳои ҷиддие ба вуҷуд омадааст. Наели дуввум ҳамчун наели мубориз аз наели аввали бенаво қуллан фарқ дорад. Наели дуввуми «Гуломон», ки аз Эргаш-писари Раҳимдод огоз мешавад, барои аз зулму ситам озод намудани халқи меҳнаткаши давру замони худ фаъолияти хуб нишон медиҳад. Эргаш моҳияти хушбахтй ва саодатро дар мубориза мебинад. Наели дуввум ҳамеша дар ҳаракату ҷунбишҳои инқилобй буда, барои озодии ҳақиқии худ ва халқи худ аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонад. Фаъолияти наели дуввум бо пирӯзии инқилоб ва сохтмони колхозҳо ба поён мерасад. Хулоса, наели сеюмро, нависанда фаъолтар нишон медиҳад. Наели сеюм, аз набераҳои гуломони собиқ дар даврони шӯравй огоз мешавад. Намояндагони ин наел куллан, озоданд. Онҳо дар кору фаъолияти худ озод ва фаъол буда, дар мубориза ба муқобили душманони синфй ва сохтмони ҷомеаи нав пешқадам мебошанд. Устод Садриддин Айнй маҳорати нависандагии худро дар навиштани ин аср нишон дода, рушду инкишофи рӯҳиву сиёсии се наслро тавассути симоҳои мухталиф воқей баррасӣ намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат