• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ / Иншо

1184 нафар дид 13

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ

Нақша:

Муқадцима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли устод Айнй
  2. Мазмуни мухтасари асар
  3. Симои Одина дар асар

 Хулоса

Садриддин Айнй аз бузургтарин шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик аст, ки дар рушду тараққиёти адабиёти муосири тоҷик хизмати арзандае кардаает.

Садриддин Айнй дар синни шашеолагй ба таҳсили илм огоз намудааст. Давраи наврасии ӯ дар огуши меҳру муҳаббати волидайнаш дер давом накард. Падару модараш аз касалии вабо паси ҳам вафот мекунанд. Садриддин тарбияи оилаи худро ба саробонии модаркалонаш супорида, худ барои таҳсил ба шаҳри Бухоро меравад. Баъди таҳсили Мадраса ба кору фаъолияти нависандагй огоз менамояд. Повести «Одина», ки дар таърихи адабиёти тоҷик бо номи «Саргузашти як тоҷики камбагал» ёд карда мешавад, аввалин повести реалистии тоҷик ба шумор меравад. Нависанда дар ин асар ҳодисаҳои мураккаб ва пурҷӯшу хурӯши ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои асри XX тасвир намудааст.

Дар образи Одинаи сагир нависанда як камбагалбачаи болупаршикастаеро, ки дар азобу шиканҷаҳо умр ба cap бурдааст, тасвир менамояд. Нависанда Одинаро ҳамчун мардикори багайрати тоҷик, ки барои ҷустуҷӯи роҳи дурусти ҳаёт муборизаро пешаи худ қарор додааст, инъикос менамояд. Айнй, баъдтар, сарнавишти Одинаи камбагалро ба сифати коргари заводи пахтатозакунй ба қалам додааст. Одинаи бекасу кӯй ягона роҳи халосиро дар гурехтан дида, ба сӯйи Фаргона раҳсипор мешавад. Одина дар заводи пахтатозакунй дар шароити ниҳоят вазнин кору фаъолият намуда, дар байни коргарони заводи пахтатозакунй ҳуқуқҳои инсонии худро бештару хубтар дарк менамояд. Дар натиҷаи муборизаҳои шадид бар зидди амалдорони амир ва ашхоси мансабдори замонаш, азобу азияти зиёде мекашад. Оқибат ба бемории сил гирифтор шуда, вафот мекунад.

Одина бо хислатҳои неки инсонии худ, бо меҳнатдӯстиву поквиҷдониаш аз Арбобкамол ва дигар амалдорони давру замонаш боло меистад. У аз дасти Арбобкамол мегурезад ва, ҳақиқатан, наҷот меёбад. Одина бо ин амали худ ба дигар ҳамсафони худ, ки роҳи наҷот ва халосиро намедонистанд, дарси ибрат нишон додааст.

Симои Одина дар дарбори Арбобкамол ҳамчун ҷавони бегайрат ба қалам дода шудааст. Чунон беҷуръат будааст, ки ҳатго ба хӯҷаин рӯ ба рӯ истода ёрои сухан карданро надоштааст. Вале, ӯ роҳи ягонаи аз дасти ин золим халос шудан ва наҷот ёфтанро дар гурехтан дидааст. Чунин рафтори одинаҳо маънои мусбате низ дошт. Яъне, Одина бо ин амали худ ба дигарон роҳ нишон медод, ки онҳо низ метавонанд чунин амалеро анҷом дода, аз даргоҳи амалдорон озод шуда, ба табақаи коргарон ҳамроҳ шаванд.

Одинаи камбағал дар натиҷаи муборизаҳои синфй обутоб меёбад, таҷрибаи зиёд меандӯзад. Ба гайр аз ин, дар асар образҳои Бибиоиша, Раҳимабегим, Гулбибй тасвир шудаанд, ки симои зиндагии занони оддии кӯҳистони тоҷикро нишон додаанд. Устод Садриддин Айнй бо пирӯзии Инқилоби Октябр бедоршавии шуур ва ҷаҳонбинии сиёсии деҳқонони камбағалро возеҳу равшан ифода намудааст. Дар асар, ҳамчунин, бори аввал симоҳои барҷаста ба монанди образҳои болшевикони тоҷик, симои коммунистон ва симои коргари рус- Иванов бо хулқу атвори некаш тасвир ёфтааст. Устод Айнй дар асари худ ҳаёти халқи тоҷикро дар даврони гузаштаи таърих ба таври ҳақиқй инъикос намудааст, ки дорой аҳамияти тарбиявию ахлоқй низ мебошад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

13 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат