• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Таснифи компютерҳо аз руйи имкониятҳои функсионалӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Таснифи компютерҳо аз руйи имкониятҳои функсионалӣ / Реферат

964 нафар дид 4

Муаллиф: Донишхона
06.01.2024

Таснифи компютерҳо аз руйи имкониятҳои функсионалӣ

Татбиқи компютер тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти инсонро дар бар гирифтааст. Имруз соҳа ё самти фаъолиятеро пайдо кардан хеле душвор аст, ки дар он компютер татбики худро наёфта бошад. Новобаста ба ин, талабот ба компютер ва хизматрасонии компютерй дар ҷомеа мунтазам ру ба афзойиш аст. Инсоният кддам ба кадам ба ҷомеаи иттилоотй ворид шуда истодааст. Аз ин ру, беҳуда нест, ки асри XXI — асри информатика ва технологияи иттилоотй ном бурда мешавад.

Дар сохахои гуногун, мувофикдн ба хусусият ва хаҷми иттилооти коркардшаванда, талабот ба иктидори компютерхои истифодашаванда низ гуногун аст. Масалан, дар марказҳои илмиву тадкикотй, ки дар онхо хаҷми хисоббарорихо ва коркарди додахо хеле зиёд аст, на аз компютерхои фардии одй, балки аз компютерхои пуриктвдортар истифода мебаранд. Дар мавриди идора кардани парвози киштии кайхонй ё пешгуйии обу хаво бошад, аз компютерхои пуриктидортарин истифода бурдан лозим меояд, ҷунки дар ин мавридхо коркарди аз хад зиёди иттилоот, бо истифода аз моделхои математики, зарур аст.

Талабот ба иқтидори компютерхое, ки асосан барои тахия ва коркарди санадхои матнй пешбинй шудаанд, нисбатан камтар аст. Бинобар ин, мувофиқдн, онхо метавонанд камиқтидортар бошанд. Барои иҷрои максадхои бузург бошад, хусусан офаридани филмхои бадей ё идора кардани шабакахои ҷахонии бонкй, ки дар онхо коркарди хаҷми калони иттилооти тасвирй ё ракамй талаб карда мешавад, компютерхои махсус ва хеле пуриқгидор заруранд. Яъне, хамаи он компютерхое, ки имруз сохта ва истифода бурда
мешаванд, дорои имконият ва хосиятҳои гуногун мебошанд. Ва ҳамин тарик, бозсозиву рушди хусусиятҳои техника ва технологияи компютерй ба раванди доимй ва устувор табдил ёфтааст ва ончунон босуръат пеш меравад, ки шояд пас аз муддати начандон зиёди вакт зарурияти аз нав тачдиди назар кардани ин китоб низ пеш ояд.

Компютерҳоро аз руйи параметрҳои муайян ва хосиятҳояшон ба синфхо тақсим мекунанд, ки онро одатан таснифи компютерро мегуянд. Компютерхоро таснифи қатъй додан хеле мушкил аст, чунки онхо аз руйи баъзе параметр ё хосиятхояшон метавонанд ба як синф ва аз руйи дигар параметру хосиятхояшон ба синфи дигар мансуб дониста шаванд. Аз ин ру, таснифи компютерхо шартан гузаройида мешавад. Масалан, мо метавонем компютерхоро аз руйи параметрхои хачми хотираю чисмй, зудкорию соли барориш, чузъи пойгохй, сохаи истифодабарй. ва гайра ба синфхо чудо намоем.

Агар мо таснифи компютерхоро тибки нишондодхои:

таъйинот ва имконоти онҳо дар коркарди иттилоот;
имкониятҳои робитавии онҳо бо корбарон (интерфейс);
ҳаҷми ҷисми онҳо;
имкониятҳои захиравии онҳо.
ва гайра дида бароем, он гох бо назардошти тахдили талаботи рузафзун ба техникаи электронй, компютерхои муосирро ба таври зайл ба синфхо таксим карда метавонем:

Изображение

Акнун ба худ чунин савол мегузорем; Он нишондодҳое, ки аз руйи онҳо мо компютерхоро тасниф намудем, чй арзише доранд? Барои ба ин савол чавоб ёфтан, мухитеро тасаввур мекунем, ки дар он фаъолияти корй танхо аз нигахдорй, хифз, коркард ва интиколи иттилоот иборат аст. Шумо зуд пай бурдед, ки ин гуна мухит, пеш аз хама, ба мухити кории компютер монанд аст, чунки дар ин бора шумо дар синфхои поёнй маълумот пайдо карда будед. Бале, шумо дуруст хулоса баровардаед. Агар хосиятхо ва параметрхои компютер хдр кадар бехтар бошанд, он гох барои ичрои вазифахои баробар аст.

1 байт (як байт) = 23 бит = 8 бит;
1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;
1 Мбайт (як мегабайт) = 220 байт = 1024 Кбайт;
1 Гбайт (як гигабайт) = 230 байт = 1024 Мбайт;
1 Тбайт (терабайт) = 240 байт = 1024 Гбайт;
1 Пбайт (петабайт) = 250 байт = 1024 Тбайт;
1 Эбайт (эксабайт) = 260 байт = 1024 Пбайт;
1 Сбайт (секстибайт) = 270 байт = 1024 Эбайт.
Илова ба хосиятҳои болой, имконтятҳои компютер ба омилҳои дигар низ вобаста аст:

разряднокии протсессор;
ҳаҷми хотираи беруна;
хосиятҳои кисмҳои берунаи нигоҳдорй, иртибот ва дохилкунию хориҷкунии иттилоот;
имконияти иттилоотгузаронии таҷҳизоти иртиботй;
имконияти дар як вакт бо компютер кор карда тавонистани якчанд корбар
имконияти дар компютер ба таври параллели кор карда тавонистани якчанд барнома;
имконияти пайвастшавй ба шабака;
эътимоднокй.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

4 Ҳа  2 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов