Таъсири таваррум ба сатҳи зиндагии оилаҳо
Оқибатҳои таваррум аз хусусияти пешбинишавандагӣ ва ё ногаҳо нии он вобастаанд. Оқибати умумии таваррум пастшавии қобилияти ха ридории пул мебошад.
Дар илми иқтисод зери мафҳуми таваррум номувофиқ будани талаботу таклифоти пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро мено манд, ки дар афзоиши сатҳи нархҳо намудор мешаванд.
Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми беқурбшавии пул паст шу дани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки раван ди зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд.
Қобилияти харидории пул миқдори мол ва хизматрасониҳо- ест, ки онро ба як воҳиди пулӣ харидан мумкин аст. Агар нархи мол ва хизматрасониҳо баланд шаванд, он гоҳ ба маблағи пулии додашуда миқдори ками мол ва хизматрасониҳоро харидан мумкин аст, ки ин ба даромади оилаҳо таъсири худро мерасонад.
Мувофиқан чӣ қадаре ки сатҳи нархи мол, хизматрасониҳо ва суръ ати таваррум баланд бошад, ҳамон қадар миқдори ками мол ва хизмат расониҳоро одамон ба даромади номиналии худ харидорӣ карда ме тавонанд, аз ҳамин сабаб даромади ҳақиқӣ кам мешавад. Махсусан, оқибатҳои ногуворро дар ин хусус таварруми шиддатнок ба миён меова рад, ки на танҳо ба камшавии даромадҳои ҳақиқӣ, балки ба пастшавии некуаҳволӣ оварда мерасонад.
Дар шароити таварруми пешбинишаванда агентҳои иқтисодӣ ҳамин тавр метавонанд рафтори худро мувофиқ кунанд, то ки андозаи камшавии даромадҳои ҳақиқиро то ҳадди ақал расонанд. Масалан, кор гарон метавонанд пешакӣ баланд намудани меъёри номиналии музди 106
меҳнатро талаб кунанд, фирмаҳо бошанд, метавонанд баландшавии нар хи маҳсулоти худро бо мутаносибии суръати пешбинишавандаи тавар рум мувофиқ гардонанд.
Лекин дар шароити таварруми ногаҳонӣ (пешбининашаванда) пастшавии даромадҳои ҳақиқиро барои ҳама агентҳои иқтисодӣ барта раф кардан ғайриимкон аст. Бинобар ҳамин оқибати махсуси таварруми ногаҳонӣ ба сифати азнавтақсимкунии даромадҳо ва бойигарӣ баромад мекунад. Таварруми ногаҳонӣ баъзе агентҳои иқтисодиро аз ҳисоби ди гарон бой мегардонад. Даромадҳо ва бойигарӣ аз як агент ба агенти ди гар мегузаранд:
– аз қарздиҳандагон ба қарзгирандагон. Қарздиҳанда қарзро бо меъёри фоизи номиналӣ (R) вобаста аз андозаи даромади ҳақиқии дастрасшаванда (меъёри фоизи ҳақиқӣ ва суръати таварруми пешбини шаванда) пешкаш мекунад. Масалан, бо мақсади ба даст овардани даро мади ҳақиқӣ дар андозаи 5% ва бо назардошти таварруми пешбиниша ванда дар сатҳи 3%, қарздиҳанда меъёри фоизи номиналиро дар сатҳи 8% (5+3) ҷорӣ мекунад. Агар сатҳи аслии таваррум ба ҷои 3%и пеш бинишуда 8%ро ташкил кунад, он гоҳ қарздиҳанда даромади ҳақиқиро ба даст намеорад (r=8–8=0). Агар суръати таваррум 10 фоизро ташкил кунад, он гоҳ даромади ҳақиқӣ дар ҳаҷми 2% аз қарздиҳанда ба қарз гиранда мегузарад (r=8–10=–2). Бинобар ҳамин дар давраҳои таваррум аз ин назар (пешбининашаванда) қарз гирифтан нисбат ба қарз пешкаш намудан фоидаовар аст;
– аз коргарон ба фирмаҳо. Вақте ки таваррум аз сатҳи пешбини шудааш баландтар мешавад, шахсони пулгиранда (коргарон) зарар дида, шахсони пулдиҳанда (фирмаҳо) бурд мекунанд. Фирмаҳо дар он ҳолат аз ҳисоби коргарон бурд мекунанд, ки агар таваррум аз сатҳи пешбинишу даашон баландтар бошад. Агар сатҳи таваррум аз сатҳи пешбинишуда ашон паст бошад, он гоҳ коргарон бурд карда, фирмаҳо зарар мебинанд;
– аз оилаҳои даромади устувордошта ба оилаҳои даромади тағйирёбанда дошта. Одамони даромади устувордошта, пеш аз ҳама, хизматчиёни давлатӣ ва одамоне, ки аз ҳисоби кумакпулиҳо (транс фертҳо) зиндагӣ мекунанд, доир ба афзоиши даромадҳои худ чора анде шида наметавонанд, бинобар ҳамин дар давраҳои таварруми ногаҳонӣ, агар индексатсияи пурраи даромадҳо гузаронида нашавад, даромадҳои ҳақиқии онҳо бо суръати баланд паст мешаванд. Одамони даромади та ғйирёбанда дошта, барои афзоиш додани даромади номиналии худ во баста аз суръати таваррум имконият доранд, бинобар ҳамин даромадҳои ҳақиқии онҳо на танҳо кам намешавад, балки имкон дорад афзоиш ёбад;
– аз одамони пасандозҳои дар шакли пулӣ дошта ба одамо- ни пасандоз надошта. Арзиши ҳақиқии пасандозҳо дар баробари 107
афзоишёбии суръати таваррум паст мешавад, бинобар ҳамин бойигарии ҳақиқии одамони пасандозҳои пулӣ дошта кам мешавад;
– аз калонсолон ба ҷавонон. Калонсолон аз таварруми ногаҳонӣ бештар зарар мебинанд, чунки аз як тараф, онҳо даромадҳои устувор (нафақа) мегиранд ва аз тарафи дигар, одатан онҳо пасандозҳои пулӣ доранд. Ҷавонон имконияти зиёд намудани даромадҳои номиналии ху дро дошта, пасандозҳои пулӣ надоранд ва аз ҳамин сабаб камтар зарар мебинанд.
– аз агентҳои иқтисодии пулҳои нақддошта ба давлат. Аз таварруми ногаҳонӣ бо дараҷаи муайян тамоми аҳолӣ зарар мебинад. Танҳо як субъекти иқтисодӣ бурд карда метавонад, яъне давлат. Ба му омилот пулҳои иловагиро бароварда (амалигардонии эмиссияи пулҳо), давлат ҳамзамон ба пулҳои нақд андоз, яъне андози таваррумиро ҷорӣ мекунад. Даромади давлат аз эмиссияи пулҳо сенораж номида мешавад. Давлат мол ва хизматрасониҳо (арзишҳои ҳақиқӣ)ро харидорӣ наму да, бо пулҳои беқурбшуда пардохт мекунад. Лекин хароҷоти таваррум барои давлат низ вуҷуд дорад. Зарари давлат дар он аст, ки дар шарои ти ҷой доштани таваррум аҳолӣ кӯшиш мекунад, ки пардохти андозҳоро кашол диҳад, дар натиҷа арзиши ҳақиқии воридшавии андозҳо (даро мади давлат) кам мешавад. Ин ҳодиса дар адабиёти иқтисодӣ самараи ОливерТанзи номида шуда, аввалин маротиба дар миёнаи солҳои 80ум дар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ба назар расида буд.
Оқибатҳои нисбатан ҷиддӣ ва шадид таварруми шиддатнок (гипе ринфлятсия 1000%) ном дорад. Сабаби он афзоиши аз ҳад зиёди миқдо ри пул барои молиякунонии хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҳисоби сенораж мебошад, ки бо ҷангҳо ва ё молиякунонӣ карда натавонистани касри ка лони буҷети давлатӣ бо дигар роҳҳо (тарзҳои ғайритаваррумӣ ва ё ғай риэмиссионӣ) алоқаманд аст.
Яъне таваррум дар бозори пулӣ пайдо шуда, шохаҳои он ба бозори молӣ, бозори сармоя ва ба бозори қувваи корӣ ворид мешавад ва дар натиҷа тамоми хаёти иқтисодиро фаро мегирад. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми оғоз ёфтани таваррум танҳо муътадилгардонии бозори пулӣ кифоя нест, барои ин мақсад амалҳои зарурӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, истеҳсолот, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо зарур мебошанд.
Хулоса, таваррум дар асоси номувозинатии талабот ва пешниҳод дар иқтисодиёт пайдо шуда, дар афзоишёбии сатҳи умумии нархҳо ҳангоми пастшавии қобилияти харидории пул зоҳир мегардад, ки ҳисоби он та вассути формулаи назарияи миқдории пул имконпазир аст:
MV = PY
Аз ин формула маълум мегардад, ки сатҳи нархҳо (P) ба маҷмӯаи ха роҷотҳои харидорон барои дастрас намудани неъматҳои истеҳсолшуда (MV) мутаносибии рост дошта, аз ҳаҷми истеҳсолот (Y) вобастагии чап па дорад:
Аз ин ҷо се сабабҳои зерини таваррумро муайян намудан мумкин аст: а) афзоиши миқдори пул; б) баландшавии суръати гардиши пул; в) камшавии ҳаҷми барориши маҳсулот.
Таварруми шиддатнок (гиперинфлятсия) ба чунин оқибатҳо оварда мерасонад:
– шикасти низоми молиявӣ (пулҳо аҳамияти худро гум мекунанд, чунки қобилияти харидории онҳо бо суръати баланд паст шуда, пул ва зифаи ченаки арзиши молро аз даст медиҳад, бинобар ҳамин гузариш ба иқтисодиёти бартерӣ ба вуҷуд меояд, ки дар он молҳо ба пул не, балки ба молҳои дигар мубодила карда мешаванд);
– пастравии некуаҳволӣ (даромадҳои ҳақиқии аксарияти аҳолӣ ба таври фоҷиавӣ кам мешавад);
– вайроншавии механизми сармоягузорӣ (сармоягузориҳо ба истеҳсолот муҳлати дарози ҷуброншавӣ дошта, дар шароити беқурбша вии суръатнокии пул ғайри самаранок мегарданд);
– афзоиши шиддатнокии иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи он сар задани нофаҳмиҳои сиёсӣ, табаддулоти ҳарбӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, инқилобҳо ва ғайраҳо имконпазир аст.
Аз он сабаб ки таварруми шиддатнок дар шароитҳои ҳозира касри бу ҷети давлатӣ ва зарурати сенораж мебошад, барои боздоштани таварруми шиддатнок ҳукумат дар баробари қатъ гардонидани эмиссия, яъне инти шори пул бояд ислоҳоти соҳаи буҷетиро амалӣ гардонад, яъне кам кар дани хароҷоти давлатӣ ва баланд гардондани андозҳоро таъмин намояд.
Ҳамин тавр, новобаста аз он ки таварруми шиддатнок ҳама вақт ҳо дисаи софи пулӣ аст, бартараф намудани он ҳама вақт ба гуфти М. Фрид- ман, ҳодисаи фискалӣ (буҷету андоз) мебошад.
Таваррум новобаста аз пешбинишаванда ва ё ногаҳонӣ буданаш, ха роҷоти зиёде дорад. Андозаи онҳо бо суръати таваррум муайян карда мешавад: чӣ қадаре ки суръати таваррум баланд бошад, ҳамон қадар ха роҷоти он зиёд мешавад.