• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ташкили раванди қарздиҳӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ташкили раванди қарздиҳӣ / Реферат

14 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
05.02.2024

Ташкили раванди қарздиҳӣ

Ташкили раванди қарздиҳӣ Раванди қарздиҳӣ ҷамъи амалиёти ба ҳам пайвастаест, ки аз пешниҳоди дархост барои гирифтани қарз шурӯъ шуда, бо баргардонидани он ба анҷ ом мерасад. Он дар асоси сиёсати қарзии бонк ба роҳ монда мешавад. Раванди қарздиҳиро ба чанд марҳила ҷудо намудан мумкин аст: 1) омӯзиши дархости мизоҷ оид ба гирифтани қарз (дархости қарзӣ); 2) муайян намудани хатари барнагаштани қарз; 3) таҳлили қобилияти қарзадокунии қарзгириранда; 4)интихоби гарави қарз; 5) қабули қарор оид ба додани қарз ва шартҳои он; 6) бастани шартномаи қарзӣ ё гирифтани ӯҳдадориномаи қарзӣ (кредитное обязательства) ва додани қарз; 7) назорати иҷрои шартҳои шартнома ва баргардонидани қарз (дар ҳолати қисм-қисм баргардонидани он); 8) пурра баргардонидани қарз. Барои дуруст ба роҳ мондани раванди қарздиҳӣ зарур аст, ки кормандони бонк дар масъалаҳои таҳлили фаъолияти қарзгирандагон, муайян намудани пардохтпазирию даромаднокии фаъолияти онҳо ва нишондиҳандаҳои дигар донишу малакаи кофӣ дошта бошанд. Дар кишварҳои алоҳида вобаста ба пешрафти ҳисобдорӣ, тартиби ташили муносибат байни мизоҷону бонкҳо, мавҷудияти сохторҳои махсуси ҷ амъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳо ва ғайра барои гирифтани фарз миқдору намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо ба бонк пешниҳод мешаванд. Дар мамлакатҳои пешрафта вобаста ба сатҳи баланди истифодаи воситаҳои хозирзамони компютерӣ ва озодона чоп шудани ҳисоботҳои ширкатҳо дар матбуоти даврию электронӣ барои гирифтани қарз дархост лозим асту бас. Маълумоти дигари заруриро худи бонкҳо аз сайтҳои ширкатҳо ва муассисаҳои махсуси ҷамъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти онҳо ба даст меоранд. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷ умла Тоҷ икистон, бо сабаби қафомондогии соҳаи ҳисобдорӣ ҳангоми зарурати истифодаи қарз ба бонкҳо миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо пешниҳод мешаванд. Ташкили раванди қарздиҳӣ дар Тоҷ икистон ба тартиби дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии пешин истифодашаванда монанд аст. Барои гирифтани қарз қарзгирандаро зарур аст, ки ба бонки дахлдор дархости қарзӣ (кредитная заявка) ва ҳисоботҳои молиявию ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунад. Дархости қарзӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷ ониби қарзгиранда пур карда шуда маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: а) маблағи қарз; б) асъори қарз (бо пули миллӣ ё асъорӣ хориҷ ӣ); в) намуди қарз (нақӣ, ғайринақдӣ, таъминбуда, ё таъминнамуда ва ғайра); г) мӯҳлати қарз; д) мақсади истифодаи қарз (барои таъмини гирдгардиши воситаҳои гардон, хариди таҷ ҳизот, додани музди меҳнат ва ғайра); е) тартиби баргардонидани қарз (қисм-қисм ё дар охир); ҷ ) тартиби баргардонидани фоизи қарз (дар аввал, қисм-қисм ё дар охир); з) таъмини қарз (бо амвол, замонатномаи ширкатҳои дигар, кафолатномаи ҳукумату бонкҳо ва ғайра). Илова ба дархости қарзӣ корхонаҳо ба бонк ҳуҷҷатҳои зеринро низ пешниҳод мекунанд: Ҳисоботи молиявӣ, ки тавозун (баланс) ва ҳисоботи фоидаю зарари корхонаро барои се соли охир дар бар мегирад. Таҳлили моддаҳои тавозун ба корманди бонк имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда, сармояи он, дороию (активқ) ӯҳдадориҳои онро муайян намояд. Ҳисоботҳои фоидаю зарар дар се соли охир маълумотҳои заруриро оид ба даромаду хароҷ отҳои қарзгиранда, маблағи фоида ва тақсими онро дар бар мегиранд. Дар асоси ин маъмулотҳо корманди бонк метавонад оид ба пардохтпазирии қарзгиранда хулосаи зарурӣ барорад. Ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ (Cash flow). Таҳлили гардиши витаҳои пулӣ – вақту маблағи даромади воситаҳои пулӣ ба суратҳисобу кассаи корхона ва харҷ и онҳо ба мақсадҳои гуногун имкон медиҳад, ки давраҳои зиёдшавии талаботи корхона ба қарз ва вақти муваққатан озод монанди воситаҳои пулии он муайян карда шаванд. Ин маълумотҳо барои муайян кардани мӯҳлати аслии қарз ва таъмини баргардонидани он заруранд. Ҳисоботҳои молиявии семоҳа. Таҳлили онҳо имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда ва талаботи иловагии он дар дохили сол муайян карда шаванд. Гувоҳномаҳои (справка) бонку сохторҳои андоз. Гувоҳномаи бонк барои муайян кардани маблағи ӯҳдадориҳои пардохтнашудаи қарзгиранда, гарави онҳо (таъмини қарзҳои тиҷ оратию бонкии аллакай гирифташуда) ва сатҳи хатари барнагаштани қарзи нав зарур аст. Гувоҳномаи сохтори андоз қарздор будан ё набудани қарзгирандаро аз сохторҳои андоз нишон медиҳад. Нақшаи корӣ (бизнес-план). Дар он қарзгиранда тартиби истифода ва сарчашмаҳои баргардонидани қарзу фоизи онро нишон медиҳад. Дар асоси нақшаи кори қарзгиранда корманди бонк метавонад маълумоти зарурӣ оид ба фаъолияти он, имконоти гирифтани фоидаю баргардонидани саривақтии қарзро ба даст орад. Илова ба маълумотҳои дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои болоӣ гирифташуда бонкҳо аз сарчашмаҳои дигар низ истифода мекунанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ва қитъаи Амрико муассисаҳои махсусе вуҷ уд доранд, ки маълумотҳои заруриро оид ба вазъи молиявии ширкату соҳибкорон ҷ амъ карда, ба бонкҳою ширкатҳои талабгор мефурӯшанд. Масалан, дар ИМА муассисаи номдори «Dun & Bradstreet», TRW, «Equifax», «Trans Union», ба чунин намуди фаъолият машғуланд, Дар Русия низ солҳои охир чунин намуди муассисаҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд. Маълумотҳои иловагии аз ин муассисаҳо ба даст омада, барои муайян намудани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда ва қабули қарор оид ба додан ва ё надодани қарз ба он заруранд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов