• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ

12 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ

Барои ба таври осон фаҳмидани механизми нархгузории бозорӣ фавран аз мисоли мушаххас оғоз менамоем, ки аллакай ҳангоми омӯхта­ ни бозори дучархаҳо маълумотҳо истифода гардидаанд.

Дар ибтидо дар як ҷадвал ҳамаи иттилоотро оид ба бузургии талабот ва таклифоти дар ин бозор мавҷудбуда ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх якҷоя менамоем.

Мо мебинем, ки ҳангоми сатҳи нарх ба 3500 воҳиди пулӣ баробар будан истеҳсолкунандагон метавонанд ба бозор 130 дучарха пешниҳод намоянд, харидорон бошанд, тамоман харид намекунанд (0).

Ин чунин маъно дорад, ки дар ин сатҳи нарх дар бозор ҳолати изо­ фагии таклифот ё ин ки ғункунии барзиёд ба вуҷуд омада метавонад (ин ҳолат бо ҳарфи И – изофагӣ ишора карда мешавад).

Ин ҳолат то он вақте нигоҳ дошта мешавад, ки сатҳи нарх дар ҳудуди якчанд бузургӣ дар доираи 1000–1300 воҳиди пулӣ ба як адад дучарха паст нагардад.

Дар ҳақиқат, маълумотҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми нарх ба 1000 воҳиди пулӣ баробар будан мо дар бозор бевосита ҳолати ба ҳам муқобилро мебинем: бузургии талабот нисбат ба бузургии таклифот зиёд мегардад. Дар натиҷа норасоӣ, камчинии молҳо ба вуҷуд меояд (ин бо ҳарфи К – камчинӣ ишора шудааст).

ИЗОФАГӢ (ҒУНКУНӢ) ҳолатест ки ҳангоми сатҳи нархи ҷойдошта фурӯшандагон ба фурӯш ҳаҷми бештари молро нисбат ба харидороне, ки бо ин нарх харид карда метавонанд, пешниҳод мекунанд.

КАМЧИНӢ ҳолатест, ки ҳангоми сатҳи нархи мавҷудбуда ха­ ридорон метавонанд ҳаҷми бештари молро нисбат ба фурӯшанда­ гоне, ки бо чунин нарх онро ба фурӯш пешниҳод менамоянд, ха­ рид намоянд.

Лекин оё дар бозор на изофагӣ ва на камчинии мол ҷой дошта метавонад?

Ба нуқтаи мувофиқатии сатҳи нарх ба 1000 ва 1300 воҳиди пулӣ ни­ гоҳ кунед (онҳо ҳатто махсус бо ҳарфи дигар ҷудо карда шудаанд). Дар доираи нарх 1000–1300 воҳиди пулӣ дар бозор ба як воҳид дучарха ба­ робар будан тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд: яъне изофагии молҳо ба камчинӣ табдил меёбад.

Пас, дар ин доира нархе вуҷуд дорад, ки дар бозор на изофагӣ ва на камчинии мол ба назар мерасад: чӣ қадаре ки мол ба фурӯш пешниҳод карда шавад, ҳамон қадар харид мегардад.

Иқтисодчиён чунин ҳолатро мувозинати бозорӣ меноманд, яъне та­ лабот ва таклифот дар ин маврид гӯё якдигарро баробар менамоянд. Му­ вофиқан нархе, ки чунин мувозинатро ба вуҷуд меорад, нархи мувози­ натӣ ва ҳаҷми молҳое, ки бо ин нархҳо фурӯхтан мумкин аст, мувозинати ҳаҷми фурӯш (ин бо ҳарфи М ишора шудааст) номида мешавад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов