Ташаккули афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва мадании халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX
Таъсири дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ. Баъди ба тасарруфи Русияи подшоҳӣ дохил шудани Осиёи Марказӣ дар натиҷаи дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишвар дар афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиён, таѓйироти куллӣ ба вуҷуд омад.
Пас аз истило сарзамини Осиёи Марказӣ ба доираи муомилоти молию пулӣ ва бозори умумирусӣ кашида шуд; дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд; хатҳои роҳи оҳан гузаронида шуд; дар кишоварзии кишвар дигаргуниҳо (баъзе анвои нави воситаҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нав) пайдо шуданд.
Дар кишвари Туркистон баробари ин дигаргуниҳо ва барҳам дода шудани мустақилии хонии Қўқанд, инчунин, ба баъзе урфу одатҳои пойдори динию миллӣ ва маҳаллӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавқеъ ва ҳуқуқҳои номаҳдуди собиқа маҳрум гардиданд. Онҳо дар идоракунии мулкҳои кишвар, шурўъ аз генерал-губернаторӣ то идораи уезду волост ҳеч нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоҳӣ андешаи эшонро умуман, ба эътибор намегирифтанд. Мансабҳои бонуфузи динӣ –қозикалон ва раис дар ҳудуди кишвари Туркистон дигар вуҷуд надошт. Ин таѓйирот зиёиёни маҳаллиро зиёда ба андеша водор намуд.
Дигаргуниҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва тиббӣ. Дар кишвари Туркистон махсусан таѓйирот дар ҳаёти фаҳангӣ назаррас буд. Масалан, соли 1868 дар шаҳри Тошканд аввалин чопхона ба кор шурўъ кард. Соли 1870 китобхонаи оммавӣ кушода шуд. To ин вақт дар сарзамини Осиёи Марказӣ, махсусан, дар Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд китобхонаҳо асрҳо боз вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар назди дарбори хону амирон ва мадрасаҳо буда, хусусияти оммавӣ надоштанд.
28-уми апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал – губернатории кишвари Туркистон – рӯзномаи «Туркестанские ведомости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ оѓоз гардид. Аз ҳамон сол чопи рӯзнома бо забонҳои ӯзбекию қирѓизӣ бо номи «Туркистон вилоятининг газети» ба чоп шурӯъ шуд. Бо мақсади аз ҳисоби толибилмони маҳаллӣ тайёр намудани тарҷумонҳо 19-уми декабри соли 1884 дар шаҳри Тошканд, дар ҳавлии сарватманди маҳаллӣ Саидѓанӣ Азимбоев нахустин мактаби русии маҳаллӣ кушода шуд. Олими номии рус В.П.Наливкин муаллими он буд. Миқдори чунин мактабҳо сол то сол меафзуд. Масалан, соли 1911 танҳо дар Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва дигар шаҳрҳо беш аз 10 мактаби русии маҳаллӣ амал мекарданд. Дар сарзамини аморати Бухоро аввалин чунин мактаб соли 1894 дар шаҳри Бухорои Куҳна ташкил ёфт.
Дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани сарзамини Осиёи Марказӣ аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ оғоз ёфт. Чунончи, соли 1871 Ҷамъияти илмии Осиёи Миёна бунёд гардид, ки мақсади он ҷамъ ва нашр кардани мавод оид ба мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонаҳои собиқ, аз ҷумла аз расадхонаи Улуғбек (дар Самарқанд), ки дар замони худ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, қариб асаре намонда буд. Соли 1873 дар Тошканд аввалин расадхонаи замонавӣ сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В.Ф.Ошанин ва С.И.Жидинский Шуъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии рус ташкил ёфт. Ҷуғрофияшиноси номии рус П.П.Семёнов-Тяншанский ба омӯзиши ҷуғрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, ҷуғрофияшинос А.П.Федченко бори нахуст водии Фарғона ва Олойро омӯхта, нуқтаи баландтарини кӯҳҳои ин минтақаро муайян намуд.
Дарси ҷуғрофия дap яке аз мактабҳои русии маҳаллӣ.
Дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масалан, дар шаҳ-ри Тошканд дар нимаи ду-юми соли 1865 бо мақсади табобати ҳарбиёни рус бемористони махсус бунёд гардида буд. Минбаъд дар ин ҷо бемористон ва амбулаторияи табобатӣ бунёд шуданд, ки дорои 168 бистар буданд. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Панҷакент низ бемористону марказҳои табобатӣ пайдо шуданд.
Дигаргуниҳои соҳаи тиб ба аморати Бухоро низ бетаъсир намонд. Мутахассисони рус дар шаҳри Бухорои Куҳна як бемористон ва як амбулаторияи занона, дар шаҳрҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ ва деҳаи Душанбе яктоӣ бемористонҳои ҳар кадоме дорои 5 бистар, дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадӣ: Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Паттаҳисор, Тирмиз ва Каркӣ низ амбулаторияҳо ташкил карда шуд. Дар ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон дар Хоруғ ва маҳалҳое, ки қисмҳои сарҳадии аскарони рус ҷойгир буданд, нуқтаҳои табобатӣ ташкил карда шуданд. Дар аксари шаҳрҳо ва шаҳракҳо дорухонаҳо ҳам бино гардиданд. Чи аз нуқтаҳои табобатӣ ва чи аз дорухонаҳо минбаъд мардуми маҳаллӣ низ ба қадри имкон истифода мекарданд.
Мавқеи зиёиёни маҳаллӣ нисбат ба тағйирот. Дигаргуниҳои дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро бавуҷудомада, албатта, ба афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиён, бетаъсир намонд. Онҳо оид ба сабаб ва оқибатҳои ин дигаргуниҳо андеша меронданд. Аксарият носозгориҳои чи замони гузашта ва чи сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳиро мазаммат менамуданд.
Дар натиҷаи таъсири тағйироте, ки дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омад, зиёиёни Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Як гурӯҳи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) воқеияти баамаломадаро, муваққатан бошад ҳам, қабул намуда, мунтазири барқароршавии тартиботи аввала (чи мақомҳои динӣ ва чи мулкҳои вақфӣ) буданд. Гурӯҳи дигари зиёиён ин дигаргуниҳоро амри воқеӣ ва баргаштан ба тартиботи пештараро имконнопазир ҳисобида, сарзамини Осиёи Марказиро тарк намуда, ба мамлакатҳои ҳамсоя: Афғонистон, Эрон, Туркия ва давлатҳои гуногуни араб ҳиҷрат намуданд. Қисми сеюми зиёиён воқеаҳои даврро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, сабабҳои онро ба хубӣ фаҳмиданд, оид ба оқибатҳои он барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри наҷоти халқу ватани худ ва урфу анъанаи мардуми он мекӯшиданд. Онҳо ба хубӣ эҳсос намуданд, ки воқеан, халқҳои Осиёи Марказӣ хеле фақир буда, мамлакат аз давлатҳои таракқикардаи ҷаҳон аз ҳар ҷиҳат қафо мондаанд. Тарафдорони ин гурӯҳ сабабҳои асосии ҳама гуна бадбахтиҳои мардум ва қафомондагии мулкро пеш аз ҳама, дар бемаърифатии мардум ва амалдорон медиданд. Ақидаи ин гурӯҳи зиёиён дар эҷодиёти маорифпарварони он давра таҷассум ёфтааст, ки бузургтарини онҳо Аҳмади Дониш буд.
Сарчашма:
Академик Бобоҷон Ғафуров аҳамияти таърихии ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказиро нишон дода, оид ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ навиштааст: «Тавассути ҳамроҳ шудан ба Русия Осиёи Миёна ба муомилаи молии ҷаҳонӣ кашида шуд. Тадриҷан дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ, дар навбати аввал корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба вуҷуд омаданд… Дар натиҷаи ҳамроҳ шудан ба Русия ҳаёти мадании Осиёи Миёна рӯҳ гирифт. Масалан, дар Тошканд китобхона, театр, музей кушода шуда, кори матбуот рӯ ба тараққӣ ниҳод… Ривоҷи маданият, ки бо кумаки интеллигентсияи рус шурӯъ гардида буд, ба фаъолияти зиёиёни маҳаллӣ кумак расонид…». (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2. С.187).
Санаҳои муҳим:
1865, нимаи дуюми сол – бунёди бемористони махсус дар шаҳри Тошканд.
1868 – бунёди аввалин чопхона дар шаҳри Тошканд.
1870 – кушода шудани китобхонаи оммавӣ дар шаҳри Тошканд.
1870, 28-уми апрел – нашри аввалин шумораи рӯзномаи «Туркестанские ведомости».
1870 – бунёди Ҷамъияти илмии Осиёи Миёна.
1873 – бунёди расадхона дар Тошканд.
1884, 19-уми декабр – кушода шудани нахустин мактаби русии маҳаллӣ дар шаҳри Тошканд.
1897 – ташкили Шуъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии рус.
Савол ва супоришҳо:
1) Ба мардуми маҳаллӣ дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятие, ки дар Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омаданд, чӣ тавр таъсир намуд?
2) Мардум дигаргуниҳои ҳаёти маданӣ ва тиббии даврро чӣ гуна қабул карданд?
3) Аввалин рӯзнома дар Осиёи Марказӣ кай ва бо кадом ном нашр гардид?
4) Нахустин мактаби русии маҳаллӣ кадом сол, дар куҷо кушода шуд ва мақсад аз бунёди чунин мактабҳо чист?
5) Аз олимони рус, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX дар омӯзиши Осиёи Марказӣ ҳисса гузоштаанд, киҳоро медонед?
6) Дар соҳаи тиб чӣ тағйирот ба вуҷуд омад?
7) Зиёиёни маҳаллӣ тағйироти баамаломадаро чӣ тавр қабул намуданд?
8) §§ 2, 18, 20, 21 ва 22-ро такрор кунед.