Тарзхои чойивазкунӣ ва Нусхагирии объектҳо
Ду оинаро кушода, бо мушак аз яке ба дигар файл ва кнопкаҳои ҷудокардашударо бо тарзҳои зерин ҷой иваз кардан мумкин аст.
1. ҷойивазкуниро дар ҳудуди як диск бо амали кашолакуни ба ҷо овардан мумкин аст ва ин амал барои диски дигар нӯсхагири ба ҳисоб меравад.
Ба ҳар ҳол, ҷойивазкунӣ бо пахши тугмачаи Shift ба ҷо овардан мумкин аст. Дар вақти нусхагири дар нишонаи ҷойивазшаванда рамзи + пайдо мешавад. Объектҳоро бо пахши тугмачаи рости мушак кашола карда ҷойиваз кардан мумкин аст. Дар лаҳзаи тамамшавии кашолакунӣ менюие пайдо мешавад, ки аз он банди Переместить – ро иҷро мекунанд.
2. Дар оина – манбаъ ба кнопкаи Копировать в буфер қарсос карда, дар оинаи – қабулкунанда ба кнопкаи Вставить из буфера қарсос кардан лозим аст.
3. Дар оина – манбаъ командаи Правка ►Вырезать, дар оина – қабулкунанда командаи Правка ►Вставить – ро иҷро кардан лозим аст.
4. Дар нишонакнопкаи рости мушакро қарсос карда аз менюи контекстӣ банди Вырезать – ро иҷро мекунанд. Дар оинаи дигар дар ҷои холи дар менюи контекстӣ банди Вставить-ро иҷро мекунанд.
5. Бо командаи Ctrl + XЧ объектҳои ҷудокардашударо ба буфери ивазкунӣ гузаронида, бо командаи Ctrl + VМ ба ҷои нав мегузарад.
Бисъёр вақт нусхагирии объектҳо зарур мешавад. Ин амалро бо тарзҳои зерин ба ҷо овардан мумкин аст.
1.Дар ҳудуди як диск нусхагириро бо амали кашолакунӣ ба ҷо овардан мумкин аст.Дар ин вақт тугмачаи Ctrl – ро пахш кардан лозим аст.Дар нишонаи ҷойивазшаванда рамзи + пайдо мешавад.Объектҳо бо пахши тугмачаи рости мушак кашола карда, нусхагириро иҷро кардан мумкин аст. Дар лаҳзаи тамомшавии кашолакунӣ менюе пайдо мешавад, ки аз он банди Копировать – ро иҷро менкунанд.
2.Дар оина – манбаъ ба кнопкаи копировать в буфер ва дар оина – қабулкунанда ба кнопкаи Вставитьиз буфера қарсос кардан лозим аст.
3.Дар оина – манбаъ командаи Правка ►Копировать ва дар оина – қабулкунанда командаи
Правка ►Вставить – ро иҷро кардан лозим аст.
4.Дар нишонаи тугмачаи рости мушакро қарсос карда аз менюи контексти банди копировать – ро иҷро мекунанд. Дар оинаи дигар дар ҷои холи аз менюи контексти банди Вставить – ро иҷро мекунанд.
5.Бо пахши тугмачаи командаи Ctrl + СС объектҳои ҷудо кардашударо ба буфери ивазкунӣ гузаронида, бо командаи Ctrl + LД ба ҷои нав мегузорад.