• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/ТАРЗҲОИ РАМЗБАНДИИ ИТТИЛООТ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

ТАРЗҲОИ РАМЗБАНДИИ ИТТИЛООТ / Реферат

707 нафар дид 2

Муаллиф: umar
30.01.2024

ТАРЗҲОИ РАМЗБАНДИИ ИТТИЛООТ

Рамзбандии рақамӣ. Раванди шаклгирии тарзи муайяни тасвири иттилоотро рамзбандӣ (кодиронӣ) мегӯянд. Одатан зери мафҳуми рамзбандӣ гузариш аз як тарзи тасвир ба дигар тарзро мефаҳманд, ки он барои нигаҳдорӣ, интиқол, ҳифз ва коркарди иттилоот созгортар аст.

Компютер танҳо намуди иттилоотеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли рақамӣ тасвир шудааст. Ҳар гуна намуди дигари иттилоот – садо, наво, матн, график, расм, нишондоди афзор ва ғайра пеш аз коркарди компютериаш ба шакли рақамӣ табдил дода мешавад.

Масалан, барои садои мусиқиро ба шакли рақамӣ табдил додан, кифоя аст, ки дар фосилаҳои хурди вақт динамикаи (баланду пастшавии) онро барои зудиҳои муайян чен кунем ва натиҷаи ченкуниҳоро бо рақамҳо ба қайд гирем. Иттилооти табдилёфтаро (рамзбандишударо) бо ёрии барномаи мувофиқ аз нав дар шакли садои мусиқӣ барқарор намуда, тавассути дастгоҳи садоии компютер шунидан мумкин аст.

Айнан ҳамин тавр бо ёрии компютер иттилооти матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани ягон аломати сафҳакалид (ҳарф, рақам ва ғайра) вай таҳти ягон адади муайян (рамзи дуӣ) ба қайд гирифта мешавад. Дар вақти бо ёрии ягон қисми беруна (экран, принтер ва ғайра) хориҷ намудани он бошад, баръакс аз рӯи рамз тасвири худи аломат сохта мешавад. Ана ҳамин мувофиқгузории байни аломату рамзи онро рамзсозӣ мегӯянд.

Иттилоот дар компютер бо ёрии ду рақам – сифр (0) ва як (1) тасвир карда мешавад. Ин рақамҳо пойгоҳи системаи ҳисоби дуӣ ба ҳисоб мераванд. Компютер асосан дар заминаи ҳамин системаи ҳисоб кор мекунад. Сабаби асосии татбиқи ин система дар он аст, ки дар ин маврид таҷҳизоти коркарди иттилоот намуди хеле содаро ба худ қабул мекунад. Тамоми раванди рамзбандиву рамзкушоии иттилоотро барномаҳои мувофиқи компютерӣ ба зиммаи худ мегиранд.

Андозагирии иттилоот ва ченакҳои он. Одамон ҳангоми ҳалли масъалаҳо бештар аз иттилооти доир ба муҳити атроф доштаашон истифода мебаранд. Агар рӯйдод беҳтар омӯхта шуда бошад, он гоҳ масъалаи ба он вобаста низ ҳамон қадар осонтар ҳал мешавад. Масалан, донистани қонунҳои физика имконият медиҳад, ки асбобҳои гуногуни техникӣ сохта шаванд. Барои аз як забон ба забони дигар тарҷума кардани матн бошад, донистани қоидаҳои грамматикӣ ва миқдори муайяни калимаҳои ин забонҳо зарур аст.

Аз намоиши телевизионӣ ё хабари радиоӣ ҳар кас барои худ миқдори муайяни иттилоот гирифта метавонад. Айнан ҳамин тавр, аз хондани мақолаи рӯзнома яке метавонад миқдори зиёди иттилоот дарёбад, дигаре ҳеҷ. Чаро ин тавр аст? Барои он ки то чопи мақола дониши ҳар фард нисбат ба ваҷҳҳои дар мақола дарҷёфта дар сатҳҳои гуногун қарор дошта метавонист. Аз ин рӯ, яке аз мутолиаи он барои худ иттилооти зиёд мебардорад, вале дигаре ба маълумоти қаблии хеш заррае ҳам иттилооти нав зам карда наметавонад.

Баъзан ҳолатҳое низ рӯй медиҳанд, ки шахс аз шунидани маълумоти бисёр (масалан, мавзӯи нави дарсӣ) барои худ ягон миқдор иттилоот бардошта наметавонад. Яке аз сабабҳо, дар ин гуна мавридҳо, масалан, шавқовар набудани маълумоти мазкур барои шунаванда буда метавонад.

Ҳамин тариқ, миқдори иттилооти дар хабар (маълумот) маҳфузбуда, аз дараҷаи навӣ ва сатҳи шавқоварии он барои қабулкунанда вобаста мебошад. Бо дарёфти иттилооти зарурӣ сатҳи номуайянии дониш доир ба мавзӯи таҳқиқотӣ паст мегардад.

Агар пас аз дарёфти маълумот ҳалли масъалаи таҳқиқотӣ пурра равшан гардад, он гоҳ мегӯянд, ки иттилооти мавҷуда мукаммал аст ва зарурат ба дарёфти иттилооти иловагӣ вуҷуд надорад. Баръакс, агар пас аз дарёфти маълумот, дар ҳалли масъалаи таҳқиқотӣ номуайянӣ боқӣ монад (яъне маълумот куҳна бошад ё ба ҳалли масъала ягон муносибате надошта бошад), он гоҳ мегӯянд, ки ягон миқдор иттилоот гирифта нашудааст.

Масалан, агар ҳангоми ба боло ҳаво додани танга аҳамият диҳем, ки он бо кадом тарафаш ба замин меафтад, он гоҳ мо ҳатман соҳиби иттилооти муайян мегардем. Азбаски ҳар ду тарафи танга имконияти якхелаи ба замин афтидан доранд, бинобар он эҳтимолияти ба боло хобидани ҳар ду тарафи он низ баробар мебошад. Дар ин маврид мегӯянд, ки ҳодиса як бит иттилоот дорад. Айнан ҳамин тавр, ҳангоми аз байни ду саққои рангҳои гуногундоштаи дар қуттӣ ниҳонбуда, нодида гирифтани яке аз онҳо низ мо соҳиби иттилооти ба 1 бит баробар мегардем.

Бит (bit) – воҳиди ченаки иттилоот аст.

Вай аз калимаҳои кӯтоҳшудаи англисии binary digit гирифта шуда, маънои рақами дуиро дорад. Дар техникаи электронӣ бит ба яке аз ду вазъи физикии ҷузъҳои пойгоҳии компютерӣ мувофиқат мекунад, ки онҳо ду ҳолати имконпазири устуворӣ доранд. Масалан, магнит мекашад – магнит тела медиҳад, фитта сӯрох аст – фитта сӯрох нест, чароғ (лампа) фурӯзон аст – чароғ хомӯш аст. Яке аз вазъҳои устувори ин гуна ҷузъҳоро ба воситаи 1 ва дигарро бо 0 ишорат кардан одат шудааст.

Усули бо битҳо тасвир кардани иттилоотро рамзбандии дуӣ (binary encoding) мегӯянд.

Дар информатика бештар аз бузургии калонтар – байт (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду гунаи имконпазир интихоб намудани якеро фароҳам орад, он гоҳ байт, мувофиқан, яке аз 256 гунаи имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксар компютерҳо ҳангоми рамзбандии аломатҳо пайдарпайии аз 8 яку сифрҳо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд. Мувофиқати байни байтҳо ва аломатҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим оварда мешаванд.

Масалан, мувофиқи ҷадвали махсуси рамзбандии Koi8-R рамзи ҳарфи М ба 11101101, рамзи ҳарфи И ба 11101001 ва рамзи аломати «мавқеи холӣ» (пробел) ба 00100000 баробар аст.

Барои ченкунии миқдори иттилоот дар баробари байтҳо аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд:

1 байт (як байт) = 23 бит = 8 бит;

1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мбайт (як мегабайт) = 22байт = 1024 Кбайт;

1 Гбайт (як гигабайт) = 23байт = 1024 Мбайт;

1 Тбайт (терабайт) = 240 байт = 1024 Гбайт;

1 Пбайт (петабайт) = 250 байт = 1024 Тбайт;

1 Эбайт (эксабайт) = 260 байт = 1024 Пбайт;

1 Сбайт (секстибайт) = 270 байт = 1024 Эбайт.

Масалан, миқдори иттилооти китоби 100 саҳифадоштаро, ки ҳар як саҳифааш 35 сатр ва ҳар як сатраш 50 аломат дорад, чунин ҳисоб кардан мумкин аст: як саҳифа ба 35·50=1750 байт, китоб – 1750·100=175000 байт, 175000:1024=170,8984 Кбайт ва 170,8984:1024=0,166893 Мбайт иттилоот баробар аст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов