• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ

587 нафар дид 2

Муаллиф: umar
31.01.2024

Тарзҳои ба матн ҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ

Нақша:

1. Иловакунии фигураҳои геометрӣ дар саҳифа.

2.Кор бо объекти WordArt

1) Барои кашидани фигураҳои геометрӣ кадом панел пешбинӣ карда шудааст? Мавқеи ҷойгиршавии панели Рисование дар экран дар куҷост?

2) Чӣ тавр фигураҳои геометриро ба матни ҳуҷҷати Word ҳамроҳ кардан мумкин аст? Оё расмҳои ба воситаи тугмаҳои панели Рисование кашидашударо тағйир додан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чӣ тавр?

3) WordArt чӣ гуна программа аст? Онро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст? Ҳангоми дар экран вуҷуд надоштани панели Рисование программаи WordArt-ро чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст?

Программаи Word боз имконият медиҳад, ки ба матни ҳуҷҷат фигураҳои геометрии гуногун аз қабили хати рост, чоркунҷа, давра ва ғайра илова карда шаванд. Барои сохтани фигураҳо дар Word панели махсуси Рисование (Расмкашӣ – Drawing) пешбинӣ карда шудааст. Одатан ин панел дар қисми поёнии равзанаи Word ҷойгир карда мешавад ва намуди зеринро дорад:

Изображение

Таъиноти тугмаҳои панели Расмкашӣ чунин аст:

Изображение
  • гузаронидани амалиёт бо фигураҳои кашидашуда
Изображение
  • интихоби объект барои гузаронидани ягон амалиёт
Изображение
  • чархзанонии фигура дар атрофи меҳвари худ
Изображение
  • ба матн гузоштани фигураҳои шаклашон стандартӣ
Изображение
  • кашидани хати рост
Изображение
  • кашидани хати рости тирчадор
Изображение
  • кашидани росткунҷа ва дигар фигураҳои чоркунҷашакл
Изображение
  • кашидани эллипс ва дигар фигураҳои даврашакл
Изображение
  • дар болои расм навиштани матн
Изображение
  • ба матн ҳамроҳ намудани объекти WordArt
Изображение
  • ба матн ҳамроҳ намудани расмҳои тайёр
Изображение
  • иваз намудани ранги дохили фигура
Изображение
  • иваз намудани ранги хатҳои сарҳадии фигура
Изображение
  • иваз намудани ранги ҳуруф
Изображение
  • интихоби дараҷаи ғафсии хатҳои сарҳадии фигура
Изображение
  • иваз намудани шакли хати сарҳадии фигура
Изображение
  • иваз намудани равиши тирча дар хати тирчадор
Изображение
  • тағйир додани сояи фигура
Изображение
  • ба фигура бахшидани шаклҳои фазоӣ (ҳаҷмӣ).

Барои сохтани фигураҳои геометрӣ чунин пайдарпайии амалиётро риоя бояд кард:

  • интихобкунии мавқеи фигура дар саҳифаи матни ҳуҷҷат
  • интихобкунии тугмаи лозимӣ дар панели Расмкашӣ
  • кашидани фигура бо ёрии муш.

Барои тағйир додани характеристикаҳои фигураи кашидашуда бояд ба он ба воситаи нишондиҳандаи муш таъсир кард. Дар натиҷа дар хатҳои ҳудудии соҳаи фигура нуқтаҳои идоракунии махсусе пайдо мегарданд, ки маҳз бо ёрии онҳо шакл ва андозаи фигураро тағйир додан мумкин аст. Дар ин маврид, ҳамчунин аз тугмаҳои дигари панели Расмкашӣ истифода бурда, ранги заминаи фигура ва хатҳои сарҳадии он, дараҷаи ғафсӣ ва шакли хатҳои сарҳадии он ва дигар параметрҳои фигураро иваз намудан мумкин аст.

Дар байни тугмаҳои панели Расмкашӣ тугмае мавҷуд аст, ки бо ёрии он ба матни ҳуҷҷат объекти ба воситаи программаи WordArt сохташударо илова ва таҳрир намудан мумкин аст. Ин тугма тугмаи Изображение аст. WordArt – программаи махсусе мебошад, ки бо ёрии он матни начандон калон дар шаклҳои гуногуни бадеӣ навишта ва тасвир карда мешаванд.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи Изображение дар экран равзанаи Коллекция WordArt кушода мешавад. Дар равзанаи программаи WordArt услубҳои гуногуни навишти матнҳо оварда шудаанд. Аз байни

Изображение

Равзанаи интихобкунии услуби навишт бо ёрии

программаи WordArt

Изображение

Равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матн бо ёрии программаи WordArt

онҳо ягон услуби ба мақсад мувофиқро интихоб намуда тугмаи Оk -ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа дар экран равзанаи дигар пайдо мегардад, ки он равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матни WordArt ном дорад. Дар майдони кории ин равзана ба ҷои матни стандартии «Текст надписи» матни заруриро дохил намуда, тугмаи Оk -ро пахш бояд кард. Матни дар равзана дохилкардашуда бо услуби интихобкардашуда ба матни умумии ҳуҷҷати MS Word ҳамроҳ карда мешавад.

Набояд фаромӯш кард, ки программаи WordArt барои дохилкунии матнҳои ҳаҷман начандон калон истифода бурда мешавад. Онро бештар ҳангоми ороишдиҳии сарлавҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар шакли бадеӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар мавриди дар экран вуҷуд надоштани панели Расмкашӣ низ программаи WordArt-ро ба кор даровардан мумкин аст. Бо ин мақсад аз командаи зерини менюи программаи Word истифода бурдан қулай аст: ВидПанели инструментовWordArt (НамудПанели асбобҳо WordArt – ViewToolBarsWordArt). Пас аз иҷрои ин команда дар экран панели WordArt пайдо мешавад:

Изображение

Тугмаҳои ин панел имконият медиҳанд, ки равзанаи робитавии программаи WordArt ба экран ҷеғ зада шавад, дар матни мавҷудаи WordArt тағйирот дохил карда шавад, шакл ва тарзҳои ҷойгиршавии матни WordArt нисбат ба матни асосии ҳуҷҷат муайян карда шавад ва ғайра.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов