Тарз ва усулҳои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма
Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрҷанба (истеҳсолй, иҷтимой, тиҷоратй, бурунмарзй) буда, таҳти услубҳои бозор ва қонунҳои объективии иқтисодӣ, дар баҳш ва ҳавзаҳои гуногуни иқтисод қарор дошта, идора ва танзим карда мешавад.
Фаъолияти ҳоҷагидории фирма дар асоси услуби тарҳрезӣ (банақшагирй), муайян намудани раванди коркарду таҳия, тарзу услуби амалиёти ҳозираю оянда, ҳаҷму меъёри кор, ноил гаштан ба мақсади наздик ва натиҷаҳои волотарини истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифату самаранокӣ ва ба даст овардани даромаду фоидаи баланд сурат мегирад.
Асоси онро тарҳрезии фаъолияти дохилифирмавӣ, барномасозии фаъолияти халқаҳои асосии истеҳсолӣ, таҳия наму- дани нақшаҳои ҷорӣ, кутоҳмуҳлат, дарозмуҳлат ва дурнамою пешгуиҳои иқтисодӣ ташкил менамояд.
Фаъолияти фирма дар шароити бозор дар асоси нақшаи – соҳибкорй (бизнес – план) ташкил карда мешавад. Он ҳамҷун нақшаи тараққиёти комплексии фирма, ҳуҷҷати асосноккунии сармоягузорон, таҳлили бозор, муайян намудани стратегияи маркетинг, ташаббус ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Таъмини фаъолияти муозинии фирма дар шароити бозор, бевосита аз сатҳ ва дараҷаи идоракунии он алокаманд мебошад.
Идораи қорхона дар асоси усули идораи иқтисодӣ, ки ҷорҷубаи онро ҳавасмандй, шавку ҳавас, ангеза, ҷавобгарии субъект ва агентҳо (намояндаҳо)-и иқтисодӣ ташкил медиҳад, сурат мегирад.
Идораи корҳона ҳамҷун менечмент (маъмурият, мудирият) ташкил мегардад. Он бо мақсади:
- оқилона ташкил намудани фаъолияти истеҳсолй, тиҷоратй, даромаднокию самаранокии истеҳсолот;
- таъмини муҳити солим дар байни коргарону коллектив;
- сари вақт ташкил намудани хизматрасонӣ, навкунии раванди истеҳсолот, кор карда баромадани навъҳои нави маҳсулот;
- баланд бардоштани сифати маҳсулот, музди кор;
- беҳтар намудани шароити меҳнат, манзилу истироҳат;
- таъмин кардани ҷараёни тарҳрезӣ, такмили теҳникаю теҳнология;
- дуруст ба роҳ мондани таксими даромаду фоида ва ғайра ташкил карда мешавад.
Тарҳрезӣ ва идораи фирма бидуни дарку омузиш ва тадқиқоти бозору бозоршиносӣ, яъне маркетинг имконнопазир мебошад.
Яке аз хислатҳои хоси корхонаҳои муосир дар он аст, ки дар он шуъбаи маркетинг ташкил карда шуда, ба зиммаи он сарварии дигар шуъбаҳо (истеҳсолӣ, таъминот, молия, идора, технология) гузошта шудааст. Ба зиммаи он масоили гуногуни дохилифирмавй:
- таҳқиқ ва таҳлили бозори худӣ, дарёфти бозори нав, фуруши маҳсулот, назорат ба қобилияти харидории омма;
- муайян намудани вазъ ва ҳолати муомилот, тақозо ва арзаи молу маҳсулот, сиёсати нарху нархгузорӣ, таъмини иттилоот оиди дигаргунсозихои таркибии иқтисодию иҷтимоӣ;
- омухтани истеъмолқунанда, рафтор ва хулқу атвори он дар бозор;
- таҳлили шакл ва роҳҳои беҳтарини таъминоту фурӯши маҳсулот;
- омухтани рақибон ва рақобатпазирии онҳо, роҳдои бехтарини ҷобаҷогузории фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии қорхона ва ғайра вогузошта мешавад.