Таваррум ва намудҳои он
Нақша:
- Таваррум ва сабабҳои пайдоиши он
- Тартиби ченкунии таваррум
- Намудҳои таваррум
Адабиётҳои тавсияшаванда:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Душанбе 28.07.2011.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Душанбе 04.11.1995.
- Хонҷонов А. «Фаъолияти бонкӣ», Шарқи озод, Душанбе 2010.
- Шариф Раҳимзода «Муомилоти пул ва қарз» Душанбе 2008.
- Ашӯров Н. «Муомилоти пул ва қарз» Матбуот, Душанбе – 2006.
- Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник для вузов. Под ред. Дробозиной Л. М.: Юнити. 1998.
- Деньги, кредит, банки. Учебник для вузов. Под ред. Негробовой Н. М:. Финансы и статистика. 2000.
- Таваррум ва сабабҳои пайдоиши он.
Умуман маҳфуми беқурбшавӣ ё инфляция аввалин маротиба дар Америкаи Шимолӣ дар давраи ҷанги граждании солҳои 1861-1865 истифода бурда шудааст. Инфляция аз калимаи лотинӣ буда маънояш «дамкардашуда, варамкарда» мебошад. Дар мамлакатҳои тараққи кардаи ҷаҳон (асри XIX) аз ҷумла Англия ва Франсия истилоҳи инфляӣия бисёр истифода мебурдагӣ шуданд ва он яке аз муаммоҳои тараққиёти иқтисодиёти мамлакатҳо мебошад.
Беқурбшавӣ ин паст шудани арзиши пул, инчунин паст шудани қобилияти харидории он, баланд шудани нархи маҳсулот новобаста аз сифати он ва кам шудани миқдори маҳсулот ва хизматҳо ва сифти онҳо мебошад.
Дар натиҷаи беқурбшавӣ даромади миллии ҳар як давлат дар байни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти он; сохторҳои тиҷоратӣ, аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат аз нав тақсим карда мешавад.
Тибқи андешаи баъзе аз иқтисоддонон сабаби асосии пайдоиш ва авҷ гирифтани таваррум аз байн рафтани низоми стандарти тиллоӣ мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки намояндагони мактаби классики иқтисоди сиёсӣ, махсусан К. Маркс сабаби ба вуҷуд омадани таваррумро дар қонуниятҳои ташаккул ва заволи муомилоти пул ва вазифаҳои он ҷустуҷӯ менамоянд. Тибқи ақидаи К. Маркс таносуби аломати арзиш, новобаста аз шакл пешниҳод (пулҳои қоғазин ё худ металҳои худ сохти қалбакии тилло ва нуқра), ки миқдори муайяни вазни тилло ва нуқраро иваз мекунад, на аз рӯи маводҳое, ки онҳо сохта мешавад, балки аз миқдори он тамғаҳои, ки дар муомилот ҳастанд вобаста мебошад.
Ҷонибдорони «назарияи спириалии таваррум» (А. Пигу, Р. Хоррод (Британияи Кабир)) сабаби ба вуҷуд омадани таваррумро дар «аз хад зиёд» афсун гардонидани музди кори коргарон тасаввур мекунанд тибқи назарияи онҳо баланд шудани воҳиди музди кор ба зиёд шудани хароҷоти молҳо, хароҷоти хадомот ва боло рафтани нархҳо бурда мерасонад, ки анбӯҳи харакати он ҳамчун ягонагии давраҳои музди кор, хароҷот, нарх, таваррум, музди кор суръат мегирад.
Сабабҳои асосии беқурбшавӣ аз 2 гурӯҳ омилҳо вобастаанд:
- Омилҳои асосӣ; 2. Омилҳои ғайрипулӣ;
Ба омилҳои пулӣ инҳо дохил мешаванд:
А) барои муомилот баровардашудани миқдори зиёди пули нақд;
Б) ба соҳаҳои хоҷагии халқ додани миқдори зиёди нақд;
В) аз тарафи давлат ба таври сунъи нигоҳ доштани қурби пули миллӣ;
Г) аз тарафи давлат маҳдуд кардани гардиши пул;
Ба омилҳои ғайрипулӣ инҳо дохил мешаванд:
А) дар натиҷаи вайрон шудани сохтори истеҳсолоти ҷамъияти, кам шудани ҳаҷми истеҳсоли М.М.Д;
Б) дар натиҷаи зиёдшудани хароҷотҳо;
В) дар натиҷаи ҷорӣ кардани сиёсатҳои зерини иқтисодӣ аз тарафи давлат аз он ҷумла: сиёсати андозӣ, нархӣ ва ғ.
Беқурбшавū дар натиҷаи омилҳои зерин ба амал меояд:
- Барориши пули зиёди нақд;
- Касри буҷети давлатӣ;
- Аз мамлакат бисёр содир шудани сармоя;
- Дар иқтисодиёт асосан истифода бурдани асъори хориҷӣ (ба монанди русӣ, доллар);
- Байни корхонаҳо дар иқтисодиёт зиёд шудани напардохтани пардохтҳои пулӣ;
- Дар мамлакат ба таври сунъи нарасидани пули нақд;
- Дар муомилот истифода бурдани молҳо (бартер);
- Бисёр паст фаромадани қурби пули миллӣ;
- Дар иқтисодиёт афзалият пайдо кардани монопализми давлатӣ;
- Зиёд шудани хароҷотҳои истеҳсолот.
- Вайрон шудани мувозинати тараққиёти иқтисодиёт;
- Пайдо шудани интизоми беқурбшавӣ;
- Ниҳоят тараққи кардани иқтисодиёти ниҳонӣ;
- Дуруст амал накардани фашангҳои сиёсати андозӣ;
2. Тартиби ченкунии таваррум
Таваррум бо роҳи муқоиса намудани нархи намудҳои аз ҷониби ҳукумат интихобшудаи молҳою хизматрасониҳо дар давраҳои гуногун муайян карда мешавад. Ба таври дигар, нархҳои имрӯзаи молҳою хизматрасониҳоро ба нархҳои онҳ дар давраи гузашта нисбат дода, сатҳи миёнаи болоравии онҳоро муайян менамояд. Масалан, дар соли 2007 нархҳо 19,7 фоиз боло рафтанд ё ба таври дигар, таваррум 19,7фоизро ташкил дод. Мувофиқи маълумотҳои Агентии оморӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврали соли 2010 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 1,2 фоиз ва охири ҳамин сол 7%-ро ташкил медод. Арзиши молҳои истеъмолӣ 0,8% ва арзиши молҳои ғайриистеъмолӣ 1,2%, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 2,8%.
Дар вохӯрии роҳбари МВФ дар Тоҷикистон Тодд Шнайдер бо сарвари давлат Эмомали Раҳмон гуфта шуд, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли 2011, 10%-ро ташкил хоҳад кард.
Ҳангоми муайян намудани таваррум намояи нархҳои истеъмоли истифода мешаванд. Нархҳои истеъмоли гуфта нархҳои молҳою хизматрасониҳои дар сабади истеъмолкунанда ҷой дода дар назар дошта шудааст. Ба сабади истеъмолкунанда гурӯҳи молҳою хизматрасониҳое ворид карда мешавад, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи стандарти минимали зарур мебошад.
Муқоисаи нархи сабади истеъмолкунанда нисбати он дар давраи гузашта сатҳи болоравии нархҳоро нишон медиҳад.
Ба сабади истеъмолкунанда ҳарчи зиёдтар ворид кардани намудҳои гуногуни молҳою хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки таваррум дақиқтар муайян карда мешавад. Масалан, дар ИМА сабади истеъмолкунанда аз садҳо намуди молҳою хизматрасониҳо иборат аст. Дар Руссия мувофиқи низомномаи ҳукумат ба сабади истеъмолкунанда 58 намуди молҳою хизмарасониҳо ворид шудааст, аз он ҷумла 31 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ: орд, биринҷ, гушти гов, моҳӣ, мурғ, меваи тоза в.ғ; 6 намуди молҳои истифодаи шахсии ғайриистеъмолӣ: либосҳои таг, курта, кастюм, палто; 14 намуди молҳои истифодаи умумиоилавӣ, ба монанди хокаи дандоншӯи, хокаҳои либосшӯию хонатозакуни, доруҳо, косаю табақ; 7 намуди хизматрасониҳои комунали, нақлиёт ва ғ.
Дар Тоҷикистон муайян намудани намояи нархҳои истеъмоли вазифаи Кумитаи давлатии омор мебошад. Охири ҳар моҳ идораю шӯъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо маълумоти заруриро оид ба нархҳои молу хизматрасониҳо ҷамъ намуда, ба кумита мефиристанд. Дар асоси ин маълумотҳо кормандонт кумита нархи сабади истеъмолкунанда, намояи нархҳои истеъмоли ва сатҳи таваррумро муайян менамояд. Авали ҳар моҳ Кумитаи давлатии омор оид ба сатҳи таваррум ба ҳукумат ҳисобот медиҳад. Ҳукумат дар навбати худ ба восити Бонки миллии Тоҷикистон ва истифодаи фишангҳои дигари иқтисодӣ барои нигоҳ доштани таваррум дар чорчӯбаи барояш зарурӣ чораҳо меандешад.
Барои муайян намудани сатҳи таваррум одатан нишондиҳандаи индекси нархҳои истеъмолӣ истифода мешавад. Ин индекс арзиши сабати молҳои истеъмолиро чен мекунад, ки дар мамлакатҳои гуногун аз рӯи миқдори молҳо фарқ карданаш мумкин аст. Ин индекси асрзиши ҳаёт буда, динамикаи арзиши маҷмӯаи мол ва хизматҳои истеъмолиро мувофиқи сохтори хароҷотҳои истеъмолии аҳолӣ тавсиф мекунад. Инчунин дигар намуди индексҳо низ мавҷуданд.
Индекси нархҳои истеъмолӣ (индекси таваррум) бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
ки дар ин ҷо: P1 — нарх; q1 – миқдори мол, 0 ва 1 – давраҳои базисӣ ва ҷорӣ.
Ҳамин тавр, суръати таваррум бо истифодабарии индекси нархҳои истеъмолӣ ва дигар индексҳои имконпазир, бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ки дар ин ҷо: P – суръати таваррум; Qp – индекси нархҳои истеъмолии соли гузашта; Qс – индекси нархҳои истеъмолии соли гузашта.
Дефлятсия – бо худ мусодираи қисми массаи пулии барзиёдро аз муомилот дар назар дорад, ки дар давраи таваррум ғуншуда буданд. Дефлятсия чунин амалӣ гардонида мешавад: а) бо роҳи баланд намудани андозҳо; б) дар асоси баланд намудани мизони ҳисобии фоиз ва меъёри захиракунии ҳатмии бонкҳои тиҷоратӣ; в) бо роҳи фурӯши қоғазҳои қимматноки давлатӣ дар бозори кушод; г) бо роҳи кам намудани хароҷотҳои буҷетӣ; д) ҳавасмандгардонии пасандозҳои пулӣ; е) дар ҳолатҳои муайян бо амалигардонии ислоҳотҳои пулӣ.
Деноминатсия – калонтар намудани масштаби воҳиди пулӣ дар асоси «тарҳ намудани нолҳо» дар нишонаҳои пулӣ ва барориши воҳидҳои нави пулӣ бо ихтисори нолҳо.
Бояд оиди нулификатсия қайд намуд, ки маънои бекор ҳисобидани воҳиди пулии ниҳоят беқурбгаштаро аз тарафи давлат дар назар дорад. Чунончи, дар Олмон баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ва гиперинфлятсияи баланд бо беқурбшавии реёхсмаркаҳои соли 1924 ворид гашта, маркаи нав бо таносуби 1 ба 1 трлн. рейхсмаркаҳои кӯҳна иваз карда мешуд. Дар натиҷа маркаи пешина бекор эълон карда шуд.
3. Намудҳои таваррум
Таваррум ҳамчун яке аз падидаҳои иқтисодӣ вобаста ба заминаҳои пайдоиш ва суръати болоравии он намудҳои гуногун дорад.
Чи хеле, ки дар боло қайд намудем, дар иқтисодиёт омилҳои мавҷуданд, ки боиси зиёдшавии талобот (ҳаҷми пул) мегарданд. Зиёдшавии ҳаҷми пул талоботи изофагиро ба миён меорад, ки ба миқдори зарурии молу хизматрасонӣ таъмин нест. Дар натиҷаи, қонеъ нагардидани талоботи илвагӣ боиси болоравии нархҳо ё сатҳи таваррум мегардад. Аз ин рӯ, ин намуди таваррум талоботӣ ном гирифтааст.
Омилҳои дигари иқтисодӣ: беасос зиёд кардани музди меҳнат, болоравии арзиши аслии ашёи хом, барқ, об ва ғайра боиси зиёдшавии хароҷот мегардад, ки молистеҳсолкунандагонро маҷбур месозад нархи молошонро бардоранд. Ин тартиби боло равии нархҳо дар иқтисодиёти илмӣ бо номи таварруми хароҷотӣ маълум аст.
Таҷрибаи мамлакатҳо пешрафта нишон медиҳад, ки барои таҳти назорат гирифтани таваррум ва ба сатҳи зарурӣ баргардонидани он барномаи махсус лозим аст, ки чорабиниҳои гуногун, аз он ҷумла ҷадвал ва сатҳи зиёд кардани музди меҳнати коргаронро низ дар бар мегирад.
Дар баробари боло рафтани нархҳо талоботи муомилот ба пул низ зид мешавад, бинобар ин зарур аст, ки бонки марказӣ вобаста ба сатҳи таваррум миқдори зарурии пулро ба муомилот барорад. Дар ҳолати то дарҷаи зарурӣ зиёд накардани ҳаҷми пул муомилоти молӣ мушкил гардида, қисме аз корхонаҳо аз кор мемонанд, ки он дар навбати худ боиси кам шудани истеҳсоли мол ва баланд шудани суръати болоравии нархҳо мегардад.
Дар адабиёти иқтисодӣ то фоизи солона бло рафтани нархҳоро таваррумихазанда меноманд. Ин намуди таваррум хоси иқтисодиёти мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба монанди, ИМА, Британия Кабир, Олмон, Ҷапон ва ғайра мебошад. Аксари олимон бовар доранд, ки агар сатҳи таварруми хазанда ба сатҳи зиёдшавии маҷмӯаи маҳсулоти дохилӣ баробар ё наздик бошад, он боиси рушди иқтисодиёт мегардад. Масалан дар мамлакатҳои аврупоӣ таваррум солҳои 2001-2007 то 2,5 фоизи солонаро ташкил дод.
Таварруми ҷаҳанда (аз 10 то 50 ) хоси иқтисодиёти мамлакатҳои грӯҳи дуюм (рӯ ба инкишоф) меҳошад.заминаҳои он касри буҷету зарурати пӯшонидани он аз ҳисоби эмиссияи пул, ворид шудани асъори хориҷии барзиёду надоштани таҷрибаи танзими он, ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ворид шудани мамлакатҳои тозаистиқлолу вобаста ба он наздик шудани нархҳои дохилӣ ба нархҳои бозори ҷаҳонӣ, надоштани таҷрибаи танзими бозор ва ғайра мебошанд. Масалан, дар Тоҷикистон солҳои 2001-2003 таваррум 13-14 фоизи солонаро ташкил дод, ки он ба барномаи молиявии ҳукумат ҷавобгӯй буд. Болоравии хаҷми маҷмӯаи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра зиёда аз 10 фоизи солона буд. Дар поён индекси намояи нархҳои истеъмолӣ ва болоравии даромадҳо дар давлатҳои ИДМ (бо фоиз):
Давлатҳои ИДМ | Намояи нархҳои истеъмолӣ | Даромади аҳолӣ(ба ҳар сари аҳолӣ) |
Озорбойҷан | 12,1 | 5,0 |
Армения | 9,0 | 2,8 |
Белоруссия | 11,6 | 8,2 |
Қазоқистон | 10,7 | 6,7 |
Қирғизистон | 11,9 | 4,3 |
Молдавия | 12,1 | 4,9 |
Россия | 15,7 | 7,5 |
Тоҷикистон | 10,1 | 3,4 |
Туркманистон | 8,7 | 7,1 |
ӯзбекистон | 5,1 | 5,2 |
Украина | 12,5 | — |
Донишманде гуфтааст: «Таваррум ба қулулаи барфие монанд аст, ки ҳангоми аз болои кӯҳ ҷар шудан қадам ба қадам калонтар мешавад». Ин гуфта бештар ба таварруми тезпарвоз тааллуқ дорад.
Таварруми тезпарвоз (аз 50 фоизи солона боло) хоси мамлакатҳои дар бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошта аст. Дар ин мамлакатҳо муомилоти молию пулӣ ба бӯрони сахт дучор омада, боиси суръати баланд болоравии нархҳо мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар чунин ҳолат долларикунонии иқтисодиёт шурӯъ шуда, мавқеи гардиши пули миллӣ танг мешавад. Сармоягузорони дохилию хориҷӣ маблағҳои пули худро бо ҳар роҳ аз ин мамлакат ба кишварҳои дигар мегузоронад, ки вазъи иқтисодиётро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Масалан, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Никарагуа (соли 1979) таварум 33000 фоизро ташкил дод. Мардум дар ин давра дигар молҳояшонро ба бозор намебароварданд, зеро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин байни фрушӯи молу хариди моли дигар аллакай қурби пул метавонист паст шавад.
Мувофиқи таҳлилҳои муттахассисони Хазинаи байналмилалии асъор таварруми тезпарвоз нишонаҳои зерин дорад:
-аҳолӣ захираҳои худро на ба пули миллӣ, балки дар шакли мол ваё асъори хориҷӣ нигоҳ медорад:
-нархҳо бо асъори хориҷӣ муайян карда мешавад. Масалан, дар мамлакатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон солҳои 1992-2002 дар нархномаҳо арзиши мол асосан бо доллар ва ё «у.е» навишта мешуд, ки мақсади он аз таваррум ҳимоя кардани арзиши мол буд:
-хариду фурӯши қарзии молҳо бо нархе анҷом меёбад, ки зарари фурӯшандаро дар холати болоравии нархҳо мепӯшонад. Одамон ҳангоми ба қарз фурӯхтани мол, на нархи ҳозира балки нархеро истифода мекунанд, ки дар он таваррум ба инобат гирифта шудааст:
-фоизи қарз, музди меҳнат ва нархҳои истеъмолӣ пайваста шудаанд. Масалан, вобаста ба сатҳи таваррум соли 1995 фоизи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон 240 фоизро ташкил медод. Дар қисме аз мамлакатҳо музди меҳнати кормандон вобаста ба сатҳи таваррум пайваста зиёд карда мешавад. Ҳукумати баъзе мамлакатҳо вобаста ба сатҳи таваррум сатҳи болобарии нархҳои маҳсулоту хизматрасониҳои алоҳидаро муайян менамоянд, ки риояи он барои ҳама хатмӣ аст. Масалан дар Тоҷикистон то соли 2004 нархи чиптаи нақлиёти мусофиркашии шаҳрӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳр муайян шуда, иҷрои он назорат карда мешавад.
-сатҳи болоравии таваррум дар се соли охир зиёда аз 100 фоизро ташкил медиҳад.
Азбаски қариб ҳамаи ҳукуматҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ доранд, ҳангоми мавҷудияти нишонаҳои болоӣ барномаи махсуси аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани иқтисодиёти кишвар бо чорабиниҳои баҳри ба тартиб даровардани муомилоти молию пулӣ омода карда мешавад. Татбиқи саривақтию дурусти он имкон медиҳад, ки иқтисодиёт ба тадриҷ аз бӯҳрон бароварда шавад.
Таварруми маъмурӣ. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ нархҳо аз ҷониби ҳукумат ба таври маъмурӣ муайян шуда, талаби бозор ба инобат грифта намешуд. Мувофиқ набудани нархҳо ба арзиши зиёди молҳо бо нархҳои қимат гашта буд. Албатта, ҳукумат ин амлро эътироф намекард, вале он дар асл вуҷуд дошт.
Таварруми воридотӣ ҳангоми ба мамлакат аз талобот зиёд ворид шудани асъори хорҷӣ ва боло рафтани нархи молҳои воридотӣ рӯй медиҳад. Воридоти барзиёди асъори хориҷӣ ва заруряти кам кардани таъсири он ба муомилоти қурби пули миллӣ бонки марказиро маҷбур месозад, ки аз ҳисоби эмиссияи пул асъори хориҷиро бихарад. Дар натиҷа ҳаҷми пул дар муомилот зиёд шуда, боиси болоравии нархҳо мегардад. Болоравии нархҳои молҳои хориҷӣ талоботро ба молҳои истеҳсоли ватанӣ зиёд намуда, боси болоравии нархҳои онҳо мегардад.
Баъзан таваррум аз зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот вобаста набуда, ба боло бурдани нархи барқ, воситаҳои алоқа, хизматҳои камуналӣ, нақлиёт вобаста аст, ки аз ҷониби сохторҳои ҳукумати идора карда мешавад. Масалан, дар Тоҷикистон солҳои 1998-2007 чандин маротиба бо қарори ҳукумат нархи барқ, нақлиёти мусофиркашонӣ, хизматрасонтҳои камуналӣ ва ғайра зиёд карда шуд, ки боиси болоравии сатҳи таваррм гардид. Чунин тартиби болоравӣ ё болобарии нархҳоро таварруми новобаста номиданд.
Таварруми қарзӣ, ки асоси он аз ҷониби бонки морказӣ додни қарзхои барзиёд ба ҳукумату сохтори бонкӣ аст, хоси давраи гузориш аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ буд. Дар ин давра, қисми зиёди касри буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои Бонки миллӣ Тоҷикистон пӯшонида шуд. Илова ба он, ҳукумат бо мақсоди ёрӣ ба корхонаҳои давлатӣ Бонки миллиро маҷбур месохт, ки ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ ба онҳо қарз диҳад. Ин амал то соли 1998 давом ёфта ва боиси зиёдшавии ҳаҷми пулу болоравии нархҳо гардида буд.