• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/​Таърихи пайдоиши Интернет / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

​Таърихи пайдоиши Интернет / Реферат

57 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
25.01.2024

​Таърихи пайдоиши Интернет

ҳанӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад.

Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмӯъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.

Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори ҳисоббарорӣ, ба монанди Ethernet ва ғайраҳоба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҳ, Системаи оператсионии UNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт.

Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҳ бо ARPAnetба миён омад.

Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд.

Дар охири солҳои 80 NSF панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кӯшиши барои ташкили алоқа истифода бурданиARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рӯ ба рӯ шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSF дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kbps доштанд.

Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.

Соли 1987 қарордод дар бораи истифодабарӣ ва рушди шабака ба ширкати Merit’NetworkInc дода шуд. Ширкати мазкур якҷоя бо ширкатҳои IBM ва MCI бо шабакаи таълимии Мичиган машғул буд. Шабакаи ҷисман кӯҳнашуда бо хатҳои телефонии нисбатан наву зудфаъолият (тахминан 20 маротиба пурқувват) иваз карда шуд. Компютерҳои идоракунанда ҳам нав карда шуд.

Талаботи истифодабарандагони Интернет рӯз ба рӯз зиёд шудан мегирифт. Аксари мактабҳои олии ИМА, Аврупои ғарбӣ аллакай бо Интернет пайваст буданд ва кӯшиш мекарданд, ки мактабҳои миёнаро ҳам ба ин шабака пайванданд. Истифодабарандагони шабакаи Интернет бартариҳои онро ба хубӣ дарк карда буданд. ҳамаи ҳамин чизҳо ба бебозгашт Рушд кардани шабака ва рушди технологияҳо ва системаҳо оварда расонд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов