Таърихи пайдоиши Ислом
Ислом сеюмин ва охирин дини ҷаҳонии тавҳидӣ мебошад, ки чаҳоряки аввали асри VII дар Нимҷазираи Арабистон (Ҷазирату-л-араб) ба арсаи вуҷуд омад. Дини ҷаҳонӣ будани ислом танҳо вобаста ба он нест, ки ин дин аз нигоҳи муҳити ҷуғрофӣ, паҳншавӣ ва қабул марзи милливу давлатӣ надорад ва дар аксар кишварҳои ҷаҳони имрӯз пайравони ин дин зиндагию кор мекунанд, балки ин дин аз оғоз даъват ба ҳамаи ҷаҳониён буда ва бо нидои «Ё аюҳан- нос!» (Эй инсонҳо!) даъвати худро оғоз карда аст. Тибқи табақабандии дигар дини ислом, аз лиҳози умумияти фарҳангию тамаддунӣ ва муҳтавои афкори мазҳабӣ ба гурӯҳи динҳои сомӣ тааллуқ дорад.
Пайравони ин дин имрӯз дар кишварцои шимоли Африқо: Миср, Алҷазоир, Тунис, Либия, Марокаш, Сомалӣ, Судон; кишварҳои Осиёи хурд: Лубнон, Сурия, Туркия, Ироқ, Урдун, Фаластин, Арабистони Суудӣ, Яман, Уммон. ААМ, Кувайт, Қатар, Баҳрайн, Адан; Осиёи Ҷанубу Шарқӣ: Покистон, Банглодеш, Малазия, Индонезия; дар Осиёи Марказӣ: Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, дар Ҷумҳурии Халқии Чин вилояти Урумчӣ, дар Федератсияи Рассия: ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон, Чечния, Осетия; дар Озорбойҷон, Эрон, аксарияти аҳолиро ташкил мекунанд. Дар баъзе кишварҳои дигари шарқк аксарияти бонуфӯз ва дар аксарияти кишварцои ғарбӣ цамчун ақалияти рӯ ба густариш ва афзоишро ташкил мекунанд.
Дар диншиносии илмӣ яке аз масъалаҳои баҳсталаб, масъалаи чигунагии пайдоиши ислом мебошад. Дар ин баҳсҳо масъалаҳои сабабу ангезаҳои пайдоиши ислом, заминаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва маънавӣ, қувваҳои муҳаррики он пеш кашида мешавад. Дар ин замина исломшиносони ғарбию шарқӣ назариёт ва фарзу тахминҳои зиёде, дар тӯли ҳадди ақал ду садсолаи охир, баён кардаанд. Умуман, ин назариётро ба ду даста тақсим кардан мумкин аст, ки яке мавқеъ ва назариёти уламои мазҳабӣ ва илоҳиёти исломист, ки пайдоиши исломро вобаста аз иродаву хости Худованд мешуморанд ва аз ҳама омилҳои иҷтимоию сиёсӣ ва маънавӣ сарфи назар мекунанд. Вале дар баробари ин назариёти фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносии илмӣ қарор доранд, ки пайдоиши исломро аз дидгоҳи равишҳо ва усулҳои сотсиологӣ ҷустуҷӯ мекунанд ва онро падидаи ҷамъиятӣ ва маълули омилҳои иҷтимоию сиёсӣ мешуморанд.
Бо ин роҳ бештар исломшиносони ғарбӣ рафтаанд. Аз ҷумлаи исломшиносони ғарбӣ метавон номи А. Шпренгер, Л. Каэтани, Х. Ламенс, Г. Гримм, М. Уотт, И. Гольдциэр, А. Массэ, И. Лихтенстадтер, Ф. Габриэл, Фон Грюнебаум, пажӯҳиши гурӯҳии донишгоҳи Кембриҷ зери унвони «Таърихи ислом» ва Л.В.Негря – ро ном бурд. Дар осори ин муҳаққиқони ислом ҷиҳоти мухталифи иҷтимоию сиёсӣ ва маънавии пайдоиши ислом баррасиву таҳқиқ гардида аст. Он назарияҳои маъруфе, ки дар кори ин исломшиносон ба чашм мехӯрад иборатанд: аз назарияи пайдоиши ислом ҳамчун «иштибоҳи таърихӣ» -(А.Ламенс) ҳамчун назарияи «кӯчманчӣ»-(А.Каэтани) хамчун «идеологияи бозсозии ҷомеа» ё «безорӣ аз ҷанги сард»- (М.Устт ). Аз ҷумлаи исломшиносон ва шарқшиносони рус ва собиқ шуравӣ метавон аз академик В.В. Бартольд, А.Е. Крымский, Н.В. Пигулевская., И.П. Петрушевский, Е.А.Беляев, П. А. Грязневич, Л.И. Надирадзе, М.Б. Пиатровский,С.П. Толстов, О.Г. Большаков, А.Ю.
иҷтимоӣ: ғуломдорӣ (Е.А.Беляев, А.Ю.Якубовский ва С.П Толстов), феодалӣ (А.В. Пигулевская, Н.А. Смирнов, Л.И. Нодирадзе) будани ислом мебошад. Назариёт ва таҳқиқоти зиёди дигаре низ дар Аврупои ғарбӣ, Амрико ва шӯравии собиқ мавҷуданд, вале мо ҳадафи омӯзиши таърихи исломшиносии ғарбиро надорем ва ба ҳамин манзур бо ҳамин мухтасар тазаккуре аз мавқеъи исломшиносии ғарбӣ нисбат ба иллати пайдоиши ислом кифоят менамоем.
Дар кишварҳои исломӣ низ таҳқиқотҳои зиёд анҷом шудаанд, ки бештар хусусияти анъанавӣ доранд, ҳарчанд як зумра таҳқиқотҳое бо истифода аз усулу равишҳои илмӣ низ солҳои охир ба майдон омадаанд. Аз ҷумлаи чунин таҳқиқотҳо метавон ба кори чандҷилдаи устоди донишгоҳи Қоҳира ва донишгоҳи Пансилвиниё ва Калифорниё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико духтур Ҳасан Иброҳим Ҳасан, корҳои устод Аҳмад Амин, Муҳаммад Ҳусейн Ҳайкал, Тоҳо Ҳусейн, устод аш-Шайх Муҳаммад Абӯзуҳраи мисрӣ, Абӯлҳасан Алк Ҳасани ан-Надвӣ, дуктур Маҳмуди Таботабоӣ Ардаконӣ, Дуктур Алӣ Шариатӣ, Алӣ
исломшиноси ғарбӣ ва исломшиносони мусулмон аз кишварҳои исломк дар он аст, ки аксари ғарбиҳо ба дини осмонӣ ва илоҳӣ будани ислом ва ваҳй будани китоби муқаддаси он «Қуръон» боварӣ надоранд ва Муҳаммад (с)- ро ҳамчун Пайғамбар, Расули Худо пӯшида ё ошкоро эътироф намекунанд, аз ин рӯ алакай, пешо-пеш, ҳадафи аз осмон «арши аъло» ба «замини хокӣ» нишондани ислом, исботи «заминӣ» будани таълимоти он ва ироаи он ҳамчун эҷод ва гуфтаҳои Муҳаммад (с) ва атрофиёни ӯро доранд. Муҳаққиқони исломӣ бошанд аксар ба рисолати Муҳаммад (с) Пайғамбари ислом ва ваҳй будани «Қуръони Маҷид» боварӣ доранд ва суннати Муҳаммад (с)-ро дар қаламрави ҳадисҳои саҳеҳ эътироф мекунанд, аз ин рӯ таҳқиқоташон бештар ба равшан кардани шароити пайдоиши ислом ва аниқ намудани ҷараёни ҳаводис ва лаҳзаҳо ва нуқоти мубҳам нигаронида шудааст.
Ногуфта намонад, ки дар байни исломшиносони ғарбӣ идеологҳои империализми ҷаҳонӣ ва мубаллиғони динҳои масеҳию яҳудк ва ғояҳои илҳодии комунистӣ низ кам нестанд. Бо вуҷуди ин мунсифона бояд қазоват кард, ки на ҳамаи шарқшиносону исломшиносони ғарбӣ чокарони империализми ҷаҳонӣ ва мубаллиғони масеҳиву яҳудия мебошанд, балки онҳое, ки содиқона танҳо бо ангезаҳои илмию ҳирфак ва ҳақиқатнигорӣ ба омӯзишу тадқиқи ислом даст задаанд низ кам нестанд.
Ин зумра исломшиносони ғарбӣ дар шинохти ислом ва шиносонидани ислом ба олами масеҳӣ хизмати зиёд ва арзандае кардаанд ва умуман дар ташаккулёбии исломшиносии илмӣ нақши онҳо калон аст. Аксари он шарқшиносоне, ки дар поварақи боло зикр шуданд аз ҷумлаи чунин олимонанд. Умдатарин камбудӣ ва норасоии исломшиносӣ дар худи олами ислом ва фарқи онҳоро аз исломшиносии ғарбӣ набудан ё ҳадди ақал кофӣ набудани муносибати интиқодӣ ба сарчашмаҳо мебошад. Дигаре аз норасоии таҳқиқотҳои бумӣ огоҳии кофӣ надоштани муаллифони онҳо аз дастовардҳои исломшиносии ғарбӣ ва кам истифода кардан аз онҳост.
Дар мавриди исломшиносон ва шарқшиносони собиқ шӯравӣ низ метавон чунин қазоват кард. Ҳарчанд талаботи идеологияи ҳоким ва методологияи марксистӣ ба ҳадафи фурӯрехтану хароб кардани пояҳои дин ва аз байн бурдани қудсияти он нигаронида шуда буд, бо вуҷуди ин як қатор олимони ҳақиқатҷӯй, ҳеҷ набошад аз дидгоҳи воқеъанигорӣ ва тадқиқу таҳқиқи илмӣ дар равшанӣ андохтан ба масоили норӯшани таърихи ислом корҳои зиёде кардаанд. Табиист, ки дар солҳои 20-30 ва 50-60 кӯшишҳои зиёде аз мавқеи «атеизми ҷанговар» барои ба чорчӯбаи марксистӣ-ленинӣ кашидани масоили пайдоиши ислом ва таърихи он низ шудаанд.
Интиқод ва бепояву асос будани баъзе аз ин чунин назариёт ва аз ҷумла назариёти маъруфи солҳои 50-60 ва қабл аз онро оид ба пайдоиши ислом худи исломшиносони ғарбӣ, аз ҷумла исломшиносони собиқ шӯравӣ чун Грязневич П.А. низ ахиран кардаанд ва иштибоҳоти он давраро нишон додаанд.
Грязневич П.А зимни интиқод аз назариёти он даврони шӯравӣ ва муносибати «сотсиологизми соддалаҳвона» он, ки исломро «маҳсули давлати ғуломдорӣ», «феодалӣ», «идеологияи сармоядории тиҷоратӣ» ё худ «идеологияи муттаҳидкунанда ва ваҳдатбахшандаи қабоили араб» мешумориданд, баррасӣ намуда, беасос будани онҳоро нишон дода аст. Дар баробари ин ӯ худ «пайдоиши исломро ҳамчун давраи қонунию табии таҳаввули шакли шуури динии аҳолии Арабистони Марказӣ медонад» ва барои фаҳмидани ҷараёни ҳамин таҳаввул ба даст овардани калиду рамзи маънавии ашъори то исломии араб, ҳамчунин Қуръон ва ашъори сароғози исломро зарурӣ мешуморад.
Чунон, ки мебинед ҳанӯз то имрӯз масъалаи пайдоиши ислом ҳам дар байни исломшиносони Аврупою Амрико ва ҳам дар осори исломшиносони собиқ шӯравӣ ҳалли қатъии худро наёфтааст ва то ҳол ҳеҷ гуна назарияи мӯътабаре дар ин замина вуҷуд надорад. Аммо дар ҷумҳуриҳои исломии собиқ шуравӣ камтар коре дар ин давра метавон пайдо кард, ки аз таъсири идеологияи ҳукмрон холӣ ва тозагие дошта бошад.
Хулоса, ҳарчанд уламои моддагаро ва ақлгаро дар пайдоиши ислом авомил ва иллали зиёде иҷтимоию иқтисодие пеш мекашанд ва сабабҳои гуногуни маънавие низ нишон медиҳанд, боз ҳам ҷои савол ва муъаммоҳо боқист.
Аввалан, чаро маҳз дар байни аъроби нимбадавӣ (аҳолии Маккаву Мадина чунин буданд), ки аз назари фарҳангу тамаддун дар муқоиса ба халқу миллатҳои дигари он рӯзгор номашҳур, алалхусус дар байни бутпарастон, ки ҳатто шуури диниашон ба мартабаю сатҳи адёни миллию давлатӣ нарасида буд, чунин як дини тавҳидие бо суфтатарин ва поктарин намуди тавҳид (яктопарастӣ) ба вуҷуд омад? Одатан масири таҳаввули адён бар пояи меросияти тадриҷӣ будааст, вале мо дар ин ҷо як ҷаҳише аз сатҳи ниҳоят пасти диндорӣ ба сатҳи ниҳоят баланд, ҳатто на дар муқоиса бо замони худ, балки имрӯзро мебинем.
Ин қазия, як миқдор тафаккур ва тавзеҳ мехоҳад. Гап дар сари он аст, ки динҳои яктопарастӣ, якхудоии то ислом дар минтақаҳое зуҳур карданд, ки мардуми ин минтақаҳо ба тадриҷ аз сатҳи динҳои табии ибтидоӣ ба динҳои миллию давлатӣ бо анҷумани худоён, ки дар раъси он худои худоёни инсонгуна (антропоморфӣ) ё ҳайвонгуна (зооморфӣ) қарор дошт гузашта, сипас ба яктопарастӣ расиданд. Аммо дар нимҷазираи Арабистон чунин таҳаввул то пайдоиши ислом дар байни аъроб мушоҳида намешавад. Ҳарчанд дар ҳамсоягӣ ва дӯш ба дӯши онҳо намояндагони динҳои тавҳидӣ: насрониён ва яҳудиён зиндагӣ мекарданд.
Пас саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар байни чунин як халқе, на дар байни халқу миллатҳои дигар, ки сатҳи маданӣ ва шуури динии волотаре доштаанд, ин чунин дине ба вуҷуд омад, ки ҳатто дар муқоиса бо динҳои тавҳидии номбаршуда дар масъалаи худошиносии тавҳидӣ ва охиратшиносӣ мукаммалтар аст?
Сониян, чигуна як шахси «уммӣ» (ба ибораи худи Қуръон бесавод) тавонистааст мӯъҷизаеро чун Қуръон (агар фарз кунем, ки он ба қавли исломшиносони ғарбӣ маҷмӯи гуфтаҳои Муҳаммад (с) бошад) бо афкори амиқу печидаи фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ғ-ра, ки натанҳо фарогири тамоми абъоди ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеъаи онрӯзаи инсонӣ ва ниёзҳои дигари он, балки чунин ниёзҳои имрӯзи башар аст, вазъ кунад? Чунин як ҷаҳонбинии тавҳидии соф таҷридие, ки то вай ҳеҷ пешвои динӣ ва анбиё бо чунин рӯшанӣ ва диққат вазъ накардаанд ?
Гузашта аз ин чигуна ин дини ҷавон дар як муддати кӯтоҳ тавонист адён, фарҳангҳо ва тамаддунҳои номӣ ва нерӯманде чун рӯмию сосонӣ, сириёнию мисрӣ ва ғайраро дар як минтақаи густурдае ба худ идғом кунад ва ҷойгузини динҳои машҳуру собиқадор чун насронӣ, будоӣ, зардуштия, яҳудия ва ғайра гардад ва ё мавқеъи онҳоро танг кунад?
Дар таърихи инсоният, оид ба ҳуҷуму тохту този сиёсии бадавиёни саҳронишин ва барбарҳо бар милали мутамаддин, фатҳу тасхири сиёсии ин миллатҳо тавассути онҳо ва баръакс ғалаба ва фатҳи мадании миллатҳои мағлубшуда, бо фарҳангу маданияти худ, ба ин бадавиёни ҷангҷӯ шудааст ва дар ин маврид мисолҳо зиёданд. Аммо чунин намуна ва мисоле дар таърих наметавон пайдо кард, ки як қавми бадавӣ тавониста бошад ба халқу миллатҳои мутамаддин ва дорои дину фарҳангҳои ба маротиб пешрафта, дин ва фарҳанги худро дар муддати кӯтоҳе арза намояд ва тамоми хотираи таърихии онҳоро аз байн барад ва як тамаддуни моҳиятан наве бунёд кунад. Коре, ки ислом ба эрониён, мисриён, сурёниён, калдониёну бобулиён, испониён ва ғайра кард, аз навъи як чунин коре буд.
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи имрӯзаи исломшиносии ғарбӣ оид ба дарёфти чигунагии пайдоиши ислом ва печидагии ин муъаммо, ки арз шуд, метавон ҷуръат кард ва гуфт, ки ҳалли ин масъала яъне пайдоиши ислом (заминаҳо, сабабҳо ва ангезаҳои он) ва иллати зуд интишор ёфтан ва қобили қабули халқу миллатҳо, фарҳангу маданиятҳои гуногун гардидани онро ба содагӣ, танҳо аз дидгоҳи ин ё он мактаби ҷомеашиносиву фалсафӣ ва танҳо ба роҳи мафкура, идеологияи ин ё он синфу табақа, халқу миллат эълон кардани ислом ва ё сифр аз дидгоҳу равишҳои сотсиолугӣ наметавон ҳаллу фасл кард.
Ҳалли ин масъала ҷустуҷӯ ва баррасиҳои хеле амиқу густардаи ҷамъулҷамъӣ (комплексӣ), илмию ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносии муқоисавӣ, сарчашмашиносии интиқодию истинботӣ ва ҳамчунин баррасиҳои равоншиносии иҷтимоӣ, нобиға (хорезма) шиносӣ (ба маънои шинохти нубуғи пайғамбарӣ ва инсонҳои комил дар таърих) ва қобилияти дарки чигунагии зуҳури тадриҷии фитрати азалии инсонро тақозо мекунад. Ин ҳама масоилест, ки мо иддаои ҳалли андаки онро ҳам дар ин рисола надорем, ба ҷуз аз ишорате ба чанд матлабе, ки то дараҷае метавонад фақат масир ва усули равиши таҳқиқу баррасиҳои диншиносии фалсафӣ ва таърихиро муайян созад.
Омилу шароитҳое, ки мусаббиби пайдоиши ислом ва зуд интишор ёфтан, қобили қабули халқу миллатҳои зиёд гардидани онро имконпазир сохтаанд яқинан шароитҳои зерин бошанд:
- Гаҳвораи ислом дар шафат ва ҳамсоягии он чорроҳи бузурги тамаддуни ҷаҳонй чорроҳаи Сурия (Шом), ки дар он тамаддунҳои ошурию бобулй, юнониву мисрй, эрониву ҳинду чинй ба ҳам таърихан бархӯрд мекарданд, ҳарор дошт, ки қабл аз он ду дини тавҳидии осмонй (яҳудия ва насрония) аз ҳамин сарзамин сар задаанд. Шинохти механизми ин бархурд ва синтезу акумулятсияи унсурҳои гуногуни ин тамаддунҳо метавонад ба ҳалли пайдоиши ислом муассир бошад.
Тақозои таърих, ё худ Иродаи Илоҳй, яқинан бар он қарор гирифта буд, ки ҳамчун марказиятбии нӯр ё шӯъо, ормонҳои фитрй ва тамоюлҳои азалиниҳоди инсоният, зимни таҳаввул ва такомул дар ҳамин чорроҳаи тамаддун, тибқи қазову қадари Илоҳк бо ҳам бархӯрда, заминаи таълимоти нави диниро муҳайё сохт. Аз ҷумлаи чунин як майли фитрии инсоният, ки аз мобайни таҳаввулоти афкори динии инсоният ва аз лобалои тасаввуротҳои асотириву эътиқодоти табиии инсонҳои аввалй, нобасомониҳои бисёрхудоиву бутпарастй, санавияти монавия ва маздакия, тавҳиди дуиқнумияи зардуштиён, тавҳиди сеиқнумия насрония то тавҳид (монизм)-и ирфонии Ҳиндуия ва монизими фалсафии ҳукамои Юнонй зина ба зина зуҳур намуда ва дар ислом мартабаи камоли ниҳоии худро ёфтааст, ҳамон майли фитрии инсон ба тавҳид (яктопарастй) мебошад, ки то аз қувва ба феъли камолии худ расидан ин ҳама марҳиларо мебоист тай кунад. Ҳамчунин сайри таърихиро метавон дар этиқодоти инсоният оид ба маъод (ҳаёти пас аз марг) мушоҳида кард. Таҷриди холиси идеяи Худо («Рӯҳи обсолюти»-и Ҳегел,) чунон ки дар системаи фалсафии Ҳегел омадааст, на дар фалсафаи ӯ, балки дар ҳамин дини ислом зуҳур карда. Бесабаб нест, ки Ҳегел дар табақабандии адёни худ аз дини ислом ном намебарад.
- Омили дигар метавонад ниёзҳои мубрами инсонияти мутамаддин куллан (на танҳо аъроби ҷоҳилия) ба ғояи нав, дини тозае ё ислоҳи динӣ дар он замон бошад. Чунки дар арафаи пайдоиши ислом чи дар худи гаҳвораи ислом ва чи дар қаламрави салтанати ду империяи бузург (Рум ва Эрони сосонӣ) шуури динӣ дучори бӯҳрону инқирози шадиде қарор гирифта буданд ва динҳои мавҷуда ҷавобгӯи ниёзҳои оммаи васеъи мардум набудаанд. Дар асрҳои У-У1 ҳамчун натиҷаи ин инқироз ва зиддиятҳо дар сарзаминҳои шарқии империяи Рум фирқаҳои зиёде, аз ҷумла фирқаҳои «настурӣ» , «монофизитҳо», «эвионитҳо» ба вуҷуд омада будаанд, ки асоси мухолифати ғоявии онҳо бо ғояи таслис ва шахсияти Масеҳ (худо ё инсон будани ӯ) вобаста буд. Ин аст, ки тавҳиди холиси исломӣ, ҷавоб ба ҳамин ихтилофот ва муҷодилаҳо буд. Гузашта аз ин дар ҳамин давра дар дохили дини насронӣ як ҷунбиши дигаре ба номи «иконоборства» мухолифони тамсилпарастӣ ё тасвирпарастӣ ба вуҷуд омада буд, ки акси садои онро низ дар Қуръон метавон пайдо кард. Аз назари иҷтимоию сиёсӣ дини масеҳк дар ин давра пас аз он, ки дар асри IV он ба дини ҳомии манофеъи қайсару ашроф-табақаи ҳоким ва рӯҳонияту раҳбоният (клира) табдил ёфта, аз оммаи мардум фарсахҳо дӯр гардида буд.
Дар Эрони сосонӣ низ вазъият аз ин беҳтар набуд. Зардуштия низ, аз асли таълимот ва ислоҳоти тавҳидии Зардушт дур гардида, на танҳо шакли санавият, балки хусусиятҳои наздик ба бутпарастиро касб карда буд. Амшоспандон ва изадҳо ба мартабаи худоӣ бардошта шуда буданд. Аҳриман дар баробари Аҳурамаздо дар хилқати ҳастӣ ба ӯ шарик гардида буд. Гузашта аз ин мӯъбадони зардуштия ба табақаи бануфӯзи хосе табдил ёфта, сохтори иҷтимоии Эрон ранги сохтори каставии хеле шадидро гирифта буд. Дини зардуштӣ ба ҳомии ҳамин сохтор ва низоми иҷтимоию сиёсии зидди мардумӣ мубаддал гардида буд. Ин аст, ки дар Эрон низ наҳзатҳо ва фирқаҳои динӣ ба вуҷуд омаданд ва ваҳдати шуури динӣ барҳам хурда буд.
Наҳзатҳои динӣ-мазҳабӣ ва сиёсии монавия ва маздакия намунаи он буданд.
- Аммо, мушкили асосӣ дар он буд, ки на дар қаламрави Эрони сосонӣ ва на дар қаламрави ҳокимияти Руму Византия дини наве ҷаҳонгир шудан наметавонист. Таҷрибаи монавия ва маздакия дар Эрон ва пайдоиши фирқаву равияҳои нав дар қаламрави дини насронӣ дурустии ин ақидаро собит мекунанд. Ҳарчанд дар ин манотиқ дину фирқаҳои номбурда зоҳир шудаанд, вале натавонистанд динҳои ҳокими суннатии он сарзаминҳоро ба куллӣ аз байн баранд, балки худ танҳо як шоха ё фирқаҳои бидъати ин динҳо гардида, дар вазъи зери таъқиб ва нимшаҳрвандӣ арзи вуҷуд доштаанд.
Аммо гаҳвораи ислом мисли фазои холӣ (вакуум) ё замини нокораме буд аз он ҷиҳат, ки:
–аввалан, дар он дини мӯқтадири такомулёфтаи (осмонии) давлатӣ, ки дорои қудрати сиёсӣ ва таъсири ҳамагон бошад вуҷуд надошт;
-сониян, адами вуҷуди ҳеҷгуна сохтори сиёсии мӯқтадир ва дастгоҳи иҷроии ҳоким, ки қудрати ҷилавгирӣ ва кунтрули рӯҳияи динӣ ва мафкуравиро дошта бошад, набуд;
– солисан, вуҷуди рӯҳияи озодманишӣ ва ихтиноқ- нопазирии аъроби бадавӣ дар якҷоягӣ пайдоиш ва қудратманд гардидани дини навро осон намуданд.
Таърихан ва амалан, исбот шудааст, ки баъзан ғояҳои пешқадам на дар он сарзаминҳое ба арсаи вуҷуд омадаанд ва на дар он ҷойҳое, ки аз назари пешрафту фарҳангӣ ва сохтори сиёсию иҷтимоӣ болотаранд, балки дар ҷое аз назария ба амалия табдил мешаванд, ки мантиқан аҳли назар камтар интизории онро доштаанд. Мисоли он, ҳамин пайдоиш ва таҳаввули ғояи коммунизм ва сотсиолизм аст. Маълум, ки ин ормони деринаи башарият ҳамчун мафкура аввал дар Юнони бостон (Афлотун), баъдан дар Шарқи қадим-Эрон (наҳзати Маздак), сипас дар мафкураи иқтисоддонони Инглис, сутсиалистҳои хаёлии фаронсавӣ ва фалсафаи Олмон ва ниҳоят дар осори К.Маркс ва Ф. Энгельс рушди такомул ёфт ва худи асосгузорони он интизор доштанд, ки назарияи илмӣ ва ормони онҳо дар як ё якчанд кишварҳои пешрафтаи Аврупои ғарбӣ ё Амрико таҳаққуқ мепазиранд. Вале аз қазои рӯзгор, инқилоби сутсиолистӣ дар он кишваре, ки камтар интизораш мерафт ва ин ғоя барояш маҳрами хоназод набуд, ҷомаи амал пӯшид ва ҳафтод сол пойдорӣ кард ва нақши хеле муассире ҳам дар таърихи қарни ХХ боқӣ гузошт. Мисоли дигар, аз таърихи пайдоиши динҳои сомии қабл аз исломӣ метавонад бошад. Ҳарчанд нахуст ғояи тавҳид ва кӯшиши барқарор кардани яктопарастӣ маҳз дар Миср (кӯшиши Эхнотун-Аменҳотепи III) шуда буд, ва яқинан яҳудиён он ҷо бо ин ғоя ошно шуданд, вале бо вуҷуди ин дини тавҳидии Мӯсо дар он ҷо қобили қабул ва равнақ нагардид ва маҳз дар сарзамини Фаластин ин дин ватани худро пайдо кард.
Ё худ ба дунболи он, баъди ҳазору панҷсад ё бештар сол дини масеҳӣ бо ғояи тавҳид ба вуҷуд омад. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши онро эътирози ғуломон ва мустазъафин ба сохти ғуломдории империяи Рум мешуморанд. Боз ҳам мебинем, ки ин дини нав ҳам на дар маркази Руму Юнон, балки боз дар сарзамини Фаластин арзи вуҷуд мекунад. Ҳарчанд, ки дар Юнону Рум (алорағми доштани дини бисёрхудоӣ) ғояи тавҳид монизм дар шакли хеле софу холис асрҳо қабл, аз замони оғози тафаккури фалсафӣ дар Юнон, маълум буд. Пас, ҳамин тавр метавон пайдо шудани исломро маҳз дар Арабистони марказӣ-Ҳиҷоз (на дар Арабистони Ҷанубӣ ва на дар Арабистони Шимолӣ ва на дар Юнону Рум), маънидод кард.
- Аз гуфтаи боло ва таҳлили шароити пайдоиши ин се дини тавҳидии осмонӣ метавон чунин хулса кард, ки иродаи илоҳӣ, мисли деҳқону зореъ барои коштани тухмӣ самарзамини нокорам, ба ибораи Қуръонӣ «замини муқаддас»ро интихоб мекунад ва ин бо ҳикмату қудрати ӯ муғоир нест. Чун тақдири илоҳӣ маънии мунҳал сохтани шароит ва робитаи иллату маълулиятро надорад, дар сурате, ки худи робитаи иллату маълулият ношй аз тақдиру қазои илоҳист.
Ҳатто дар сурати қабул ва ҳалли ҷузъиёти он чи дар се банди аввал ҳамчун шароит ва омилҳои иҷтимоии пайдоиши ислом гуфтем боз муъаммои асосӣ боқӣ мемонад. Асоси қабули он чи дар се банди боло гуфта шуд, бидуни қабули банди чорӯм, об рехтан ба осиёи ҳамон исломшиносони ғарбӣ ва мубаллиғони масеҳӣ мебошад, ки ба пайғамбарии Муҳаммад (с) ва ваҳй будани Қуръон боварӣ надоранд ва ҳамаи кӯшишҳояшон ҳамчун амри оддӣ, таҳаввули қонунии адён ва падидаи ҷамъиятӣ нишон додани пайдоиши ислом аст. Ҳатто исботи шахсияти Муҳаммад (с), ҳамчун инсони фавқулода, ва эътирофи он ҳамчун нобиға низ ҳамон маъниро дорад.
Муъаммое, ки гуфтем, дар эъҷози Қуръон, китоби муқаддаси ислом, ниҳон аст. Қуръон китобест, ки чи аз лиҳози сохтор ва чи аз лиҳози мӯҳтаво ва алалхусус услуби баён бо кутуби муқаддаси адёни дигар шабоҳати камтар дорад. Китобе, ки мисли Авасто, Тавроту Инҷил ё Ведҳо дорои хусусияти ахборӣ, сурудаҳои монолог ва муноҷоти пайғамбарон ва ё нақлу ривоёте аз забони шахси сеюм набуда, балки мустақим, бевосита дар он нотиқ худи Худост ва сухан аксаран аз забони Худост. Он китобе нест, ки мисли китобҳои дигар, баъд аз асрҳо гузаштан, баъд аз вафоти пайғамбари ӯ, балки дар замони худи ӯ навишта шуда, ҳадди ақал пас аз ду соли фавти паёмбараш дастури шурӯъ ба ҷамъовариаш ва дар зарфи ду даҳа пас аз он, ба шакли имрӯзааш бе ҳеҷ дасткорӣ ва таҳриф тадвин шудааст.
Китобе, ки баъид ба назар мерасад ва боварнакарданист, ки ба он доманаи фарохии мавзӯ, умқу паҳнои афкори динию фалсафӣ, ахлоқиву маънавӣ, иқтисодӣ-сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра маҳсули эҷод ё илҳоми як нафар араби оддии бесаводе бошад, ки то синни чилсолагӣ аз худ ҳеҷ осори фикрӣ ё бадеӣ, ҳатто мисли шоъирони араб шеъре, қасидае эҷод накарда, баякбор ин китобро эҷод карда бошад. Ниҳоят китобе, ки дар тӯли понздаҳ қарн манбаи илҳом ва марҷаъи тақлид, кони маънӣ барои нобиғаҳои сарзамини паҳновари исломӣ аз Испаниё то Чин ва аз даштҳои Қипчоқу Сибир то уқёнуси Ҳинд буда ва мебошад.
Боз аз ин лиҳоз ҳам боварнакарданист, ки бар хилофи вокунишҳо ва одоти рӯҳияву равони (психулужи)-и маъмулии инсонӣ, агар фаразан он эҷоди Муҳаммад (с) буда бошад, боре ба ин иқрор нашуд ва худнамоӣ накарда, балки баръакс борҳо ба қавли хоҷа Ҳофизи Шерозӣ таъкид кардааст, ки:
Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям, Ки мани дилшуда ин роҳ на худ мепӯям. Дар паси оина тӯтисифатам доштаанд, Он чӣ Устоди Азал гуфт: «Бигӯ!», мегӯям.
Оре ҳар чи дар Қуръон сухан аз забони Муҳаммад (с) аст, «Устоди Азал» фармуда: «Қул!» (бигӯ) масалан, «Қул! ҳува Аллоҳу аҳад!». Имкон надорад шахсе, ки дар байни қавми худ бо лақаби «Амин»37 – ростгӯ, ростқавл маъруф гардида буд, ин ҳама дурӯғу риё кунад. Суханони худро аз номи Худо талаққӣ намояд. Натиҷаи ин баҳс метавонад ду матлаб бошад: яке ё мо ҳанӯз шахсияти Муҳаммад (с) ва дар шахси ӯ имконоти инсонро ба пуррагӣ нашинохтаем ё худ дар воқеъ Муҳаммад (с) инсони баргузидаи Худо, пайғамбар ва расули ӯст ва Қуръон китоби осмонист, ин охирин, ки мусулмонон ба он эътикод доранд, яқинтар аст. Дар осори файласуфон, аз ҷумла шайхурраис Ибни Сино низ дар бораи воқеъият доштани нубувват ва чигунагии вуқуъи нубувват ва иттисол бо мовароуттабиат аз дидгоҳи фалсафӣ баррасӣ ва исбот шудааст.
Хушбахтона, ҳамин эъҷози Қуръон ва қудсияти он аст, ки то имрӯз душманони ислом ҳарчанд кӯшидаанд онро ҳамчун амри оддӣ муаррифӣ кунанд, муваффақ нашудаанд. Пас як равшанфикри ҷомеаи исломӣ бояд аз ҳадафҳои шуми мухолифони дини худ огоҳ ва ҳофизи пояи маънавии ҷомеаи худ бошад. Алалхусус онҳое, ки даст ба шиносонидани ислом ва маърифати исломӣ мезананд, бояд чунон кору таҳқиқ кунанд, ки омӯзиши таърихи ислом ва маорифи он барои ниёзҳои ҳаётии имрӯзаи мардуми мусулмон муфид, илҳомбахш ва рӯҳпарвар бошад. Он чунон таърихи исломро бояд нигошт, ки ҷавонони мо аз он баҳраҳои маънавӣ ва ифтихори мазҳабӣ ва ҳамзамон огоҳии воқеъӣ ҳосил кунанд. Дар ҷомеае, ки муқаддасот ҳарчи бештар аст пояи маънавӣ ва равобиту ҳамбастагии инсонӣ мустаҳкамтар аст ва баръакс.
Муттаасифона, равиши асосии тадқиқотҳои илмӣ ва оммавие, ки дар зарфи ҳафтод соли гузашта дар атрофи ислом ва таърихи пайдоиши он буд, ошкоро ё ниҳонӣ ҳадафи эҷоди бадбинӣ нисбат ба ислом, ба парвариши нигилизм ва рӯҳияву ғурури козиб, дурӯғину фиребандаи миллӣ ва миллатчигӣ (аз тариқи он, ки ислом дини араб аст ва бегона ба ғайри араб) нигаронида шуда будаанд. Таърихи ислом хушку берӯҳ, холӣ аз баҳраҳои маънавӣ, беаҳдофи тарбиявӣ, маҷду ифтихори исломк баён шудаанд. Ин таҳқиқи ночиз, бо вуҷуди орӣ набудан аз камбудиҳо, аввалин иқдомест дар исломшиносии тоҷик ҷиҳати пур кардани ин холигӣ ва баёни воқеию илмии таърих, таълимот ва асосҳои маъорифи исломӣ. Ин қадами аввалест, дар роҳи шиносонидани насли наврас ва равшанфикрони мутааҳҳид ба осор ва мероси динии худ ва ошно намудани онҳо бо доираи масоили исломшиносии илмӣ.