• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон / Реферат

343 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
04.02.2024

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонки дар каламрави Тоҷикистони имруза баъд аз таъсиси Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон огоз ёфт. Нахустин муассисаи бонкии Тоҷикистон — Намояндагии Бонки давлатии Иттиҳоди Чамохири Шуравии Сотсиалисти (ИЧШС) дар шахри Душанбе мохи июни соли 1925 ташкил гардид, ки ба Идораи дар Осиёи Миёна будаи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Тошканд тобеъ буд. Мохи декабри хамон сол Намояндагии Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе ба Идораи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе табдил дода шуд. Мохи октябри соли 1934 Идораи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе ба тобеъияти бевоситаи Бонки давлатии ИЧШС гузашт ва ба худ номи Идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии ИЧШС-ро гирифт. Соли 1935 бо 24 бахш (филиал) ба корҳонаю шахсони чудогона хизмати бонки мерасонд. Бахшҳои Бонки давлати дар нохияҳои зерин фаъолият менамуданд: Кургонтеппа; Кулоб, Гарм, Панчакент, Хучанд, Уротеппа, Конибодом, Ҳоруг, Исфара, Обигарм, Бауманобод, Шахринав, Янгибозор (ҳозира Кофарниҳон), Чиликул, Куйбишев (ҳозира Ҳочамастон), Шахритус, Муъминобод, Кангурт, Фарҳор, Нов, Ашт, Кагановичобод (ҳозира Колҳозобод), Куктош, Хисор. Дар соли 1942 филиалҳои Бонки давлати то ба 42 ва дар соли 1987 бошад то ба 59 адад расид.

Аз соли 1959 то соли 1987 дар чумхури асосан се бонк, яъне Идораи Чумхуриявии Бонки давлатии ИЧШС,Идораи Чумхуриявии Бонки сохтмони ИЧШС ва Бонки амонатгузори фаъолият мекарданд.

Соли 1987 дар асоси Карори Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти Иттиҳоди Шурави ва Шурои Вазирони ИЧШС тахти № 821 аз 17 июли соли 1987 дар Иттиҳоди Шурави ислоҳоти бонки гузаронида шуд ва дар асоси ин карор низоми бонкии зерин ташкил карда шуд:

Бонки давлатии ИЧШС;

Бонки фаъолияти иктисодии ҳоричии ИЧШС;

Бонки саноату сохтмони ИЧШС;

Бонки агросаноатии ИЧШС;

Бонки ҳочагии манзилу коммунали ва рушди ичтимоии ИЧШС;

Бонки амонатгузори ва карздихи ба аҳолии ИЧШС.

Баъдан бо Карори Шурои Вазирони ИЧШС тахти № 1118 аз 6 октябри соли 1987 муайян карда шуд, ки дар чумхуриҳо, аз чумла дар Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бонкҳои чумхуриявии зерин ташкил карда шаванд:

Идораи Чумхуриявии Бонки давлатии ИЧШС;

Идораи Чумхуриявии Бонки саноату сохтмони ИЧШС;

Идораи Чумхуриявии Бонки рушди манзилию ичтимоии ИЧШС;

Идораи Чумхуриявии Бонки амонатгузории ИЧШС.

Аз сабаби он ки ба тамоми аҳолию субъектҳои ҳочагидори Бонки давлати, Бонки сохтмон ва Бонки амонатгузори хизмат мерасониданд, баъд аз ташкил шудани бонкҳои дар боло номбурда, вазифаи бонкҳои амалкунанда, байни хамаи бонкҳо таксим карда шуданд.

Дар ин давра Бонки давлатии ИЧШС низоми пулию карзиро тавассути идораҳои дар чумхуриҳо мавчуд буда, идора намуда сиёсати ягонаи пулию карзии мамлакатро тартиб медод, фаъолияти бонкҳои дигарро танзим ва назорат мекард. Баъдтар, яъне соли 1991, Шурои Олии Чумхурии Тоҷикистон дар асоси Конуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Чумхурии Тоҷикистон», ба Карори худ аз 28 июни соли 1991 раками 332 Бонки миллии Чумхурии Тоҷикистонро таъсис дод. Соли 1996 мувофики Карори Мачлиси Олии Чумхурии Тоҷикистон номи Бонки миллии Чумхурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки маркази фаъолият намуда, сиёсати пулию карзии мамлакатро тартиб медихад, талаботҳои онро амали мегардонад ва фаъолияти бонкҳои тиҷоратиро танзим менамояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов