• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ

153 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
09.02.2024

Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ

Рефлексҳои нафасгирӣ. Вобаста ба ҳолати организм (хоб, кори ҷисмонӣ, тағйирёбии ҳарорат ва ғайра) нафасгирии чуқури одам ба таври рефлексӣ тағйир меёбад. Камонаки рефлексҳои нафасгирӣ ба воситаи маркази нафасгирӣ мегузарад. Чунин рефлексҳо, ба монанди атса ва сулфа ба амал меоянд.

Гард ё ягон моддаи тундбӯй ба ковокии бинӣ даромада, ретсепторҳои пардаи луобии онро ба ҳаяҷон меорад. Он гоҳ рефлекси муҳофизат – атса ба вудуд меояд, ки он нафасбарории сахт ва тези рефлексӣ ба воситаи бинӣ мебошад. Ба туфайли он аз ковокии бинӣ моддаҳои ангезанда дур мешавад. Ҳангоми зуком луоби дар ковокии бинӣ ҷамъ шуда, низ ҳамин гуна ангезаро ба вуҷуд меорад.

Сулфа ин тавассути даҳон баровардани нафаси тези рефлекторӣ буда, ҳангоми ангезиши роҳи гулӯ ба вудуд меояд.

Нафаси сунъӣ. Нафаси сунъӣ ҳангоми ёрии аввалин ба одамони ғарқшуда, аз ҷараёни барқ, раъду барқ, гази ангиштсанг ва дигар ҳодисаҳои ногувор зарардида истифода бурда мешавад.

Ҳангоми ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда пеш аз ҳама роҳи нафас ва шуши ӯро аз об фавран холӣ кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, ҷабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки cap ва қисми болои бадани ӯ ба поён овезон бошад (расми 61). Сипас даҳони ғарқшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз роҳи нафасаш обро мебароранд. Баъд ҷабрдидаро рӯболо хобонда, гардан, қафаси сина ва шикамашро аз қисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонаҳояш ягон лулаи нарм гузошта, сарашро ба қафо хам ва ҷоғи поёнашро ба пеш кашидан лозим аст. Баъд ба даҳон ва бинии бо дастрӯмол пӯшонда ба ҷабрдида ҳаво додан лозим аст. Дар як дақиқа тахминан 16 маротиба ҳамин тавр ҳаво медиҳанд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз ҳар як «нафас»-и сунъӣ қафаси синаи ҷабрдида поён шавад. Бояд давомияти ин хел «нафасбарорӣ» нисбат ба «нафасгирӣ» тахминан ду маротиба зиёд бошад (расми 62).

Расми 61. Ёри расонидан ба шахси ғарқщуда

Расми 62. Нафасдиҳии сунъӣ

Расми 63. Ноҳамвор молиш до дани дил

Агар дил кор накунад, ин усулро якҷоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст: баъди ба шуш як бор ҳаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба муқобили сутунмӯҳра 4-5 фишори таконмонанд медиҳанд (расми 63). Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2см дар ҳар дақиқа 7-9 маротиба фишор медиҳанд. Пас аз 4-5 маротиба фишордиҳӣ боз ба даҳон ё бинии ҷабрдида ҳаво фиристодан лозим аст. Агар гавҳараки чашмони ҷабрдида хурд, пӯсти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натиҷаи хуби додани ёрӣ аст. Ба ғарқшуда то мустақилона нафас гирифтан ва ба ҳуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Ва ниҳоят, ба бемор чойи гарм дода, ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд.

Саволҳо:

  1. Чаро ҳангоми кори фаъоли мушакҳо одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?
  2. Чаро дар хонаи дуруст шамолдодашудаи серодам нисбат ба ҳарвақта одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?
  3. Нафаси сунъӣ чист?
  4. Чӣ тавр ба ҷабрдида ёрии зарурӣ расонидан лозим аст?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов