• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Танзими гумрукӣ ва назорати гумрукӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Танзими гумрукӣ ва назорати гумрукӣ / Реферат

93 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
06.02.2024

Танзими гумрукӣ ва назорати гумрукӣ

Танзими гумрукӣ. Танзими ҳуқуқӣ гуфта таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд, ки бо ёрии воситаҳои ҳуқуқӣ амали мешавад[1].

Танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риоя намудани онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукии ҶТ интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ менамоянд[2].

Танзими гумрукӣ мувофиқи Кодекси гумрукӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ амалӣ карда мешавад.

Назорати гумрукӣ. Назорати гумрукӣ гуфта маҷмӯи тадбирҳоеро меноманд, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии ҶТ амалӣ менамояд[3].

Кодекси гумрукӣ шаклҳои зерини назорати гумрукиро муайян намудааст:

  1. Тафтиши ҳуҷҷату маълумот;
  2. Пурсиши шифоҳӣ;
  3. Гирифтани тавзеҳот;
  4. Мушоҳидаи гумрукӣ;
  5. Азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
  6. Муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
  7. Муоинаи шахс;
  8. Тафтиши маркировкаи мол бо маркаҳои махсус, мавҷудияти воситаҳои ҳаммонандсозӣ;
  9. Азназаргузаронии бино ва ҳудуди он;
  10. Санҷиши гумрукӣ[4].

Ҳамин тариқ, назорати гумрукӣ яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати гумрукии давлат буда, мақсади таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, андешидани тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.

Танзими ҳуқуқӣ ва назорати гумрукӣ ба маҳсулоте, ки нисбати он сертификат ҳатмӣ мебошад. Давлат бо мақсади таъмини аҳолӣ ва хоҷагии халқ бо маҳсулоти аълосифат, ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии истеъмолкунандагони маҳсулот (истифодабарандагони мол) ва инкишофи робитаҳои иқтисодиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 1995 сертифткатсияи ҳатмӣ ба ҳамаи маҳсулоту мол ҷорӣ намуд.

Сертификатсияи мутобиқат – ин ҳуҷҷати маҳсулоту мол буда, тибқи қоидаҳои низоми сертификатсия дар он мувофиқ будани маҳсулоти сертификатшуда ба талаботи асноди меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ меёбад[5].

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  2 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов