• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Таъминоти барномавии компютерҳои фрдӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Таъминоти барномавии компютерҳои фрдӣ / Реферат

179 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
06.01.2024

Таъминоти барномавии компютерҳои фрдӣ

Мафҳуми барномаи компютерӣ. Барномаи компютерӣ ин маҷмӯи фармонҳои ба компютер ба намуди матнӣ додашаванда мебошад. Барномаҳои компютерӣ сатҳи баланд ва паст мешавад. Дар барномаҳои компютерии сатҳи паст дар ҳар як сатри барнома яктогӣ фармон ҷойгир карда мешавад, дар сатҳи баландаш бошад дар ҳар сатр якчанд фармонҳо ҷой дода мешавад. Барои тартиб додани барномаҳои компютерии сатҳи паст аз муҳити барноманависии Ассемблер ва барои барномаҳои сатҳи баланд аз муҳитҳои VisualBasic, Delphi, C++ ва ғайра истифода мебаранд.

Таъминоти барномавии КФ. Намудҳои барномаҳоикомпютерӣ.

Таъминоти барномавии КФ гуфта, маҷмӯи барномаҳоеро меноманд, ки онҳо барои истифодаи КФ заруранд. Таъминоти барномавии компютерҳои ҳозиразамон аз садҳо ҳазор барномаҳои гуногун иборат аст. Таъминоти барномавии КФ-ро аз рӯи таъминоташон ба 4 гурӯҳҳои асосии зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Барномаҳои системавӣ;
  2. Барномаҳои утилитӣ;
  3. Системаҳои барномасозӣ;
  4. Барномаҳои амалӣ;

Барномаҳои системавӣ ин гурӯҳи барномаҳои системаҳои амалиётӣ (оператсионӣ) мебошад. Системаҳои амалиётӣ (СА) имконият медиҳанд, ки компютер ба кор тайёр карда шавад, интерфейси байни истифодабаранда ва компютер таъмин шавад, бо интерфейси байни барномаҳо ва таҷҳизотҳои КФ ва байни барномаҳои гуногун истифода мешавад. Системаҳои амалиётии маъмултарин MS DOS, MS Windows, OS/2, Linux, Android ва ғайра мебошанд.
Барномаҳои утилитӣ барои васеъ намудани имконияти СА-ҳо истифода мешавад. Ба монанди антивирусҳо, архиваторҳо, драйверҳо, барномаҳои хизматрасонии диски сахт, муҳаррики компакт-дискҳо ва ғайра. Яке аз барномаҳои ёрирасон ин – барномаи антивирусӣ мебошад, ки он барномаю ҳуҷҷатҳоро аз вирусҳои компютерӣ ҳифз менамояд. Вазифаи асосии чунин барномаҳо – ин дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани устуворӣ ва коршоямии система мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки нуқсонҳои системаи файлӣ ва таҷҳизотӣ муносиб гардонида шавад, инчунин баъзе амалиётҳои муқаррарӣ, ки бо омоданамоии компютер алоқаманд мебошад ба таври автоматӣ иҷро шаванд. Барномаҳои ёрирасон на танҳо барои системаҳои оператсионии Windows, балки барои дилҳоҳ системаҳои амалиётӣ пешбинӣ шудааст.

Барномаи антивирусӣ барномаи махсус буда, вирусҳои компютериро ёфта, намудашонро муайян намуда, диску файлҳои сироятёфтаро табобат менамояд. Вируси компютерӣ ин барномаи махсуси компютерии зараррасон мебошад, ки барои халалдор кардани кори истифодабаранда тайёр шудааст.
Системаҳои барномасозӣ ё ин ки муҳити барномасозӣ барои коркарди барномаҳои нав бо забони барномасозии мушаххас пешбинӣ шудааст. Барномаҳои амалӣ ин барномаҳои гуногуни истифодабарандагон мебошад. Ба монанди дастаи барномаҳои офисӣ, барномаҳои касбӣ, бозиҳои компютерӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳалли масъалаҳои характери амалӣ доштаи соҳаҳои илм, техника, тиб, хоҷагии қишлоқ, саноат ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Ба онҳо синфи калони барномаҳо – барномаҳоеро, барои автоматикунонии корҳои лоиҳавии гуногун мансуб кардан мумкин аст.

Намудҳои дигари барномаҳо ин барномаҳои дар раванди таълим истифодашаванда мебошанд, ки барои идоракунии раванди таълим ё худомӯзӣ кор фармуда мешаванд.

Драйвер – барномае, мебошад, ки байни қисми компютер ва системаи амалиётӣ ё байни барномаи амалӣ ва системаи амалиётӣ миёнарав мебошад. Драйверҳо имкониятҳои системаи амалиётиро зиёд менамояд. Онҳо корҳоеро ба субот мерасонанд, ки системаи амалиётӣ онҳоро бевосита иҷро карда наметавонад.

Драйверҳо барои ба системаи компютерӣ ҳамроҳ намудани таҷҳизоти нав ё ба таври ғайристандартӣ истифода бурдани таҷҳизоти мавҷуда хизмат мерасонад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов