Таълимотҳои ахлоқии Зардушт
Зардушти таълимоти динӣ фалсафиест, ки дар қуруни 7-6 пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст ва бунёдгори вай зардушт маҳсуб мешавад.
Зардушт аз хонадони Спитама мебошад ва аз никоҳи Парушасл бо Доғду таваллуд шудааст. Давраи кўдакии ў ба таҳсили илм гузашта аввали давраи ҷавониро дар урдуи подшоҳи Эрон ба парастории сарбозони захмӣ гузаронидааст. Дар 20- солагӣ аз халқ канор гирифта ва дар 30-солагӣ даъвои пайғомбарӣ кардааст: гўёомшаспандВаҳуман бар вай зоҳир гашта ва аз ҷониби Аҳурамаздоваҳйирисолатро ба ў додааст.
Ў ба сабаби мухолифати рўҳониёни маҳал дар 40-солагӣ маҷбур шудааст ба Балх – пойтахти кишвар муҳоҷират кунад ва дини худро бо подшоҳ арза дорад. Баъди ду соли иқоматдар Балх аз зардушт муяссар шудааст, ки шоҳро ба дини худ дароварад ва шариаташро дар сар то сари кишвар густариш бидиҳад.
Бо сароҳат гуфта метавон, ки зардуштие сурати мукомалшуда таъминоти маздаясно аст, ки таърихи басе муҳим дорад. Дар «Готҳо» омадааст, ки ҳадафи зардушт аз рисолат ва овардани шариати нав, балки такмилу равнақ додан ва ба покии собиқ барқарор кардани оини қадимӣ маздоясно аст.
Авесто китоби муқаддаси зардуштия буда таърихи китоботи он дақиқ маълум нест. Китоб муштамил бар 21 паст (додтор) буда дар рўи 1200 порчаи гармин бо хати зар навишта шуда буд, дар сўхтори китобхонаи Истахр, ки ба соли 332 пеш аз мелод воқеъ афтод, ба куллӣ тўъмаи оташ шуд.
Қисмҳои манзуми «Авесто», аз қабили сурудҳо, адъия ва аврод, ки дар ҳофизаҳо боқӣ монда буданд, дар аҳди Балоши аввал ва Ардашери Бобакон ба рўи қоғаз омадаанд. Қисмҳои мансури он, ки шомили фалсафа, нуҷум, тиб, ахлоқ, аҳком ва улуми дигар буданд, аз хотираҳо рафта буд ва онҳоро муғони давраи ашконӣ ва сосонӣ аз худ иншо намуда, бар «Авасто» илҳоқ карданд: «Авасто»-и давраи сосонӣ муштамили 21 наск, мо пас аз истилои араб фақат қисмҳои зерини он боқӣ мондааст.
- «Ясно», ки «Готҳо»-ро ту дар бар мегирад – шомили аҳкоми шаръия, сурудҳо ва аврод аст;
- «Яшт» — аз сурудҳо дар ситоиш ва ниёиши Аҳурамаздо ва омшаспандон иборат аст;
- «Виведдот» (ё «Вандидод» ё «Вендидод»)- кавонин бар зидди девҳо) – дастурҳои беҳдошти ақкомҳои диннии фиқҳӣ, порчаҳои асотир ва достонҳои қадимро шомил аст.
- «Виспар» («Виспород», «Висперед»)- маҷмўаи намозҳо ва
матнҳои маросимист;
- «Хурда-Авесто» — дар адъия (дуъоҳо ва намоз). Барои омўзиши
ҳарҷонибаи зардуштия таҳқиқи осори мўбадони зардуштӣ, хусусан «Динкард» Номаҳои мунтахаби зот Спаром», «Минўи хирад, «Шиканд гуманин вичор» низ аҳамияти хосае дорад.
«Гоҳон»-и панҷгонаи зардушт» кўҳантарин бахши Авестост. Ин бахш худ порае «Ясна» аст, ки ҳам ба сабаби инқихоби он ба Зардушт ва ҳам ба далели манзум буданаш ҳамвора ҷудогона аз он ном бурда шудааст. Забони «Гоҳон» бо забони дигар бахшҳои Авесто ва ҳатто дигар пораҳои «Ясна» дар оҳанги сухану дар ҷумлабандӣ ва шеваи нигориши яксон нест ва бале кўҳантар аз онҳост.
Ҳар як аз бахшҳои «Ясна» -ро дар «Авесто» ҳамтӣ ва дар паҳлавӣ ва форсӣ «Ҳот» ё «ҳо» меноманд ва «Гоҳон» ва ҳафддаҳ ҳот аз ҳафтоду ду ҳоти «Ясна»-ро дар бар мегирад. Ҳар кадом аз ин ҳотҳои ҳафдаҳгона чандин банд дорад ва аз рўи шумора ва вазни шеърҳое, ки дар ин бандҳо омадааст онҳоро ба панҷ гурўҳ бахш карда ваҳар гурўҳро ҷудогонае бар он ниҳодаанд. Номи ҳар як аз «Гоҳон»-и панҷгона аз нахустин вожае, ки ба д-он оғоз мешавад, гирифта шудааст, ҷуз номи «Гоҳ»-и Якум (Аҳунаваргоҳ), ки ба номи ниёиши «Йата оҳу вамрйа …. Пайванд дорад. Ин ниёш рўзгоре дар оғози ин «Гоҳ ҷой доштааст ва акнун дар «Ясна» (ҳоти 27, банди 13) ҷай дорад.
Вожаи «Гот» («Гата» дар Авесто) ба маънии «суруд» аст ва Гелднер ва Мейс онро бо мафҳуми суруд ва сухани манзуме медонанд, ки дар миёни навишторҳои мансур меомада ва пораҳои онҳоро ба ҳам мепайвастааст ва эҳтимол медиҳанд, ки гусехтагии кунунӣ дар миёни бархе аз бахшҳои «Гоҳок» аз миён рафтани навишторҳои монсур ва барҷо мондани пораҳои манзуми онро бошад, аммо Нюберг ин фарзияро ба куллӣ рад мекунад ва мегўяд, ҳеҷ далеле барои исботи он вуҷуд надорад.
Ҳар як аз «Гоҳон»-и панҷгона як ҷону ҳотро дар бар мегирад ва ҳар ҳот шомили чандин банд аст, ки инак теъдоди ин ҳотҳо ва бандҳо ва чигунагии онҳоро ба тартиб баррасӣ мекунем.
- Аҳунавадгоҳ: дорои ҳафт ҳот («Ясна», ҳотҳои 28 то 34) ва
чксчад банд аст ва ҳар банди он се сатри шонздаҳҳиҷоӣ дорад ва диранг миёни ҳиҷоҳо пас аз ҳафтумин ҳиҷост (7+S).
- Уштавадгоҳ: дорои чаҳор ҳот («Ясна», ҳотҳои 43 то 46) ва шасту
шаш банд аст ва ҳар банди он панҷсатрӣ ёздаҳҳиҷоӣ дорад ва диранги миёни ҳиҷоро пас аз чаҳорумин ҳиҷост (4+7).
- Спандамадгоҳ: дорои чаҳор ҳот («Ясна», ҳотҳои 47 то 50) ва чиҳилу як банд аст ва ҳар банди он чаҳор сатри ёздаҳҳиҷоӣ дорад ва диранги миёни ҳиҷоро пас аз чаҳорумин ҳиҷост (4+7).
- Воҳухшатрагоҳ: дорои як ҳот («Ясна», ҳоти 61) в бисту ду банд аст ва ҳар банди он се сатри чаҳордаҳҳиҷоӣ дорад ва диранги миёни ҳиҷоҳо пас аз ҳафтумин ҳиҷост (7+7).
- Ваҳиштаиштигоҳ: дорои як ҳот («Ясна», ҳоти 53) ва нўҳ банд аст ва ҳар банди он чаҳор сатр дорад, ки дутои аз онҳо кўтоҳ ва дутои дигар дароз аст:
а) Сатрҳои дароз нуздаҳҳҷоист ва диранги миёни ҳиҷоро як бор пас аз ҳафтумин ва бори дигар пас аз чаҳорумин ҳиҷост (7+7+5).
б) Сатрҳои кўтоҳ дувоздаҳҳиҷоист ва диранг миёни ҳиҷоҳо пас аз ҳафтумин ҳиҷост (7+5).
Дар Авесто «Ясна» ва дар санскрит «Яҷна» ва дар паҳлавӣ «Язишн» ба маънии ситоишу ниёиш ва парастишу қурбонист. Дар фориб аз ин реша язд ва изаду яздон ва ҷашну ҷуз он бозмондааст.
Севумин ва балантарин бахши кунуниии Авесторо «Яштҳо» ташкил медиҳад. Вожаи «Яшт» дар маънӣ бо «Ясна» як аст ва танҳо фарқе, ки дорад ин аст, ки «Ясна» ба мафҳуми ситоишу ниёиш ва парастишу қурбонии вижаи изадону мекуиёни муайянест.
Бахши кўтоҳе аз Авесто «Виспарату» («Виспорад») ном дорад. Ин бахш дар шеваи нигориш ва мавзўъ бисёр ҳамонанди «Ясна» аст ва сурудҳои кўтоҳеро дар ситоиши радону покон ва порсоёну ҳама офариниши неки Аҳуроӣ дар бар мегирад. Бархе эҳтимол медиҳанд, ки «Виспарад» дар асл бахшу дафтари ҷудогонае аз Авесто набуда, балки пайвасти «Ясна» ба шумор меомадаанд, ба вижа, ки медонем маъмулан дар ҷашнҳову оинҳои диннии зардуштиён «Виспарад» ба танҳоӣ хонда намешавад ва ғолибан онро ҳамроҳи «Ясна» мехонанд ва дар бисёре аз мавридҳо «Вандидод» -ро ҳам бо он месароянд. Аммо ҳангомҳое аз сол ҳаст, ки ба вижа «Виспарад» мехонанд ва он ҳангоми ҳар як аз шаш Гаҳанбори сол аст ва сароиши «Виспарад» дар ин ҳангомҳои шашгонаро «Гаҳанбарони Виспарад» меноманд.
к»), дарвоқеъ бахши вижаву ҷудогона аз Авесто нест, балки гузидест аз саросари номаи динии зардуштиён, ки дар намозҳо ва ниёишҳои ҷашнҳои гуногун ва ҳангоми судрапўшиву пуштибандӣ ва дар маросими заношўиву оини ёдбуди даргузаштагон ва ҷуз он хонда мешавад.
Дар омўзишҳои зардушт мақсуд аз офариниш ва натиҷаи зиндагӣ ин аст, ки одамӣ дар обод кардани ҷаҳон ва шодмонии худу дигарон бикўшад ва бо «андешаи нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек» худро шоистае расидан ба авҷи камолу пайвастан ба беҳрўзии ҷовидонӣ нишон диҳад. Зардушт пайравони хешро аз дилбастагӣ ба ҷаҳону шодхориву зиндагии шукўҳманд бознадошта ва ҳаргиз ин ҷаҳонро ба баҳонаи кўтоҳиву зудгузариш даврони зиндагии одамӣ дар он накўҳиш накардааст. Нигоҳе ба «Гоҳон»-и панҷгона ин нуқтаро ба хубӣ равшан мекунад, ки сарояндаи ин сурудҳои бостонӣ роҳнамои беҳрўзии одамӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ аст ва ба гўшагириву бепарвоӣ нисбат ба кори ҷаҳон ҳеҷ гуна миёнае надорад. Ба сухани дигар, зардушт кўтоҳии зиндагии як тан дар ин ҷаҳонро каме нигарад, балки ба маҷмўи зиндагии одамиён ва кору кўшиши занҷирвор ва пайвастаи онон назар дорад ва мегўяд дар ин ростост, ки ҳар кас хешкории худро ба ҷой меоварад ва нақши вижаи хешро дар ин манзумаи азиму намоиши бузург бар ўҳда мегирад.
Омўзишҳои зардушт одамиро офаридаи поку беолоиши Аҳурамаздо ва ҳамкору ёварӣ офаридгор дар густаришу такомули офариниш ва пайкар бо нерўҳои аҳриманӣ медонад на гунаҳкори озалӣ, ки бояд ҳамвора рўи аз хушӣ бигардонаду нафси хешро бикушад ва анвои ишканҷаҳову ҳавлу ҳаросҳоро бартобад то бахшидаву растагор шавад. Зардушт монанди Будо намегўяд, «Раҳоии ҳар кас дар нестии ўст»: Ва одамӣ бояд аз ҳамаи лаззатҳои инҷаҳонӣ даст бишўяд ва дар гўшае ба риёзат бипардозад, балки мегўяд: «Одамӣ барои камравоии фардӣ ва иҷтимоӣ офарида шуда ва зиндагӣ ситезаву муборизаҳои дерпоест миёни некиву бадӣ ва бар мост, ки ҳамвора пуштибони ростиву дурустӣ ва раҳрави роҳи некӣ бошем ва бо зиштиву табоҳӣ ва бадӣ набард кунем.
Яке аз дурахшонтарин намудҳои паёму омўзиш зардушт ин аст, ки нишоне аз таъаббуд ва пазириши чашму гўши баста дар он нест. Ў пайравони хешро аз фармонбарии кўронаву ноогоҳона бозмедорад ва мегўяд: «Он чиро, ки аз ман мешунавад, бо хиради дурусту маниши поку равшани хеш бисанҷеду арзёбӣ кунед ва он гоҳ бипазиред.
Аз усули ахлоқии зардушт чунин натиҷа гирифта метавон, ки асоси таъминоти зардуштиро ақидаи набарди нерўҳои хайр ва шарр дар табиат, ҷомеа ва худи фард ташкил медиҳад. Пирўзии яке аз ин нерўҳо ба он вобаста аст, ки инсон дар ин набард дар ҷониби кадоме аз онҳо қарор хоҳад гирифт. Бо мақсади таъмин кардани пирўзии хайр бар шарр, нур бар зулмат ҳаёт бар марг, адолат бар беадолатӣ, Аҳурамаздо бар Аҳриман ишонро зарураст, ки ҷониби ростӣ ва ростгўиро баргузинад. Ростӣ тўшаи беҳтарин ва манбаи фазоил аст. Саодат ёри касест, ки дар рафтор росткор бошад ва ба сўи ростӣ ҷаҳд дорад. Ростӣ ба инсон тавоноии аҷиб мебахшад. Бинобар ин ҳар касе, ки аз рўи қонуни ростӣ рўзгор ба сар мебарад, на танҳо ба Аҳурамаздо шабоҳат пайдо мекунад, балки ба камолоти ахлоқӣ муқарраб мегардад.
Қонуни растагорӣ тарозуест, ки инсон рафтори худро дар он бар мекашад. Вай оташест, ки решаи бади бадкирдорӣ ва бадтинатиро месўзонад ва ҷавҳари виҷдонро софӣ мебахшад. Ба тавассути ростӣ ва растогорӣ инсон Аҳурамаздоро мешиносад, соҳиби ахлоқи пок мешавад ва бартарин аз мартабаи саодат даст меёбад, оламро аз харобӣ наҷот медиҳад, онро обод ва шукуфон месозад.
Пиндори нек аз назари зардуштон иборат аз нияти нек аст, ки мутобиқ ба рўҳи қонуни Аҳурамаздо бошад. Пиндори нек омода будан ба набарди зидди шарр ва зулмат, мадад ба ақрабо ҳангоми эҳтиёҷ ва хатар, ҳаёти мусолеҳаомез ба ҳамагон аст. Ҳассад ва ғозаб эҷоти Аҳриман аст.
Бинобар ин одам набояд ҳасад барад ва ғазаби худро фаромўш намояд, на бояд рафтори бехирадона содир кунад ва ба ин васила мададгори шарр гардад.
Зардуштие таъкид мекунад, ки барои он, ки инсон дар густариш додани хайр ва пирўзии он ба Аҳурамаздо мадад намояд, ўро зарур аст, ки рафтори нек зоҳир намояд ва сади роҳи ҳамагуна шарр гардад. Маҳз ба хотири саодатмандии мардум инсонро зарур аст, ки гуфтори нек ва рафтори некро пояи ахлоқи худ қарор бидиҳад.