Таклифот ва бузургии он. Чандирии таклифот
Одамон имконияти харид кардани молҳои ба худ зарурро дар бо зор ба туфайли пешниҳод намудани мол аз тарафи истеҳсолкунандагон ба фурӯш доранд. Лекин ҳаҷми пешниҳоди молҳо ба фурӯш аз чӣ во баста мебошад?
БУЗУРГИИ ТАКЛИФОТ миқдори намуди муайяни мол аст, ки фурӯшандагон тайёранд (мехоҳанд ва метавонанд) дар давраи муайян аз рӯи нархи ҷойдошта онро дар бозор ба фурӯш гузоранд.
Фаъолияти фурӯшандагонро дар бозор омӯхта, дарк кардан душвор нест, ки миқдори молҳои барои фурӯш пешниҳодшуда (бузургии такли фот) бевосита аз сатҳи нарх дар бозор вобаста мебошад.
Одатан ҳар чӣ қадаре ки бо нархи баланд неъматҳои иқтисодиро (талаботи молро истифода бурда) фурӯхтан мумкин бошад, ҳамон қадар 23
миқдори фурӯшандагон ва истеҳ солкунандагони он тайёр ҳастанд, ки ба бозор зиёдтар мол пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, ҳар чӣ қадар фурӯшанда аз молҳои фурӯхтаи худ маблағи зиёд ба даст орад, метаво над ҳамон қадар бештар барои қо неъ гардонидани талаботи шахсии худ аз он сарф намуда, ҳаёти осуда ро соҳиб гардад.
Чӣ хеле ки мебинем, ҳар чӣ қа даре ки нарх баланд бошад, ҳамон қадар фурӯшандагон кӯшиш менамо янд ба бозор бештар ба ивази пули харидорон мол пешниҳод намоянд. Бо ибораи дигар, ба ҳар як сатҳи нарх дар бозор молҳо бузургии такли фоти худро доранд, ки аз тарафи фурӯшандагон (истеҳсолкунандагон)
мувофиқа карда мешавад.
Бузургии таклифот одатан ба он самте, ки нарх тағйир меёбад, ҳара
кат мекунад.
Ба монанди талабот фарқияти байни истилоҳи «бузургии таклифот»
ва «таклифот»ро муайян намудан осон аст, агар ҳар яке аз онҳо ба саво ли мушаххас ҷавоб диҳанд.
Ба чунин савол ҷавоб гардонидани соҳиби мағоза: «Ҳангоми нархи мол ба Х воҳиди пулӣ баробар будан дар як моҳ истеҳсолкунандагон ба шумо чӣ қадар мол барои фурӯш пешниҳод карда метавонанд?» иттило от оид ба БУЗУРГИИ ТАКЛИФОТ мегардад.
Агар саволро ба тарзи дигар гузорем, яъне: «Ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх ба ҳамин мол дар як моҳ истеҳсолкунандагон ба шумо чӣ қадар мол пешниҳод карда метавонанд?» – ҷавоби ин савол ба хусусияти такли фот дар бозори мазкур вобаста мебошад.
Бояд дар назар дошт, ки ҳаҷми таклифоти ҳар як истеҳсолкунанда вобаста ба дараҷаи нарх тағйир меёбад. Агар нарх паст бошад, фурӯшан даҳо миқдори ками молро пешниҳод мекунанд. Афзоиши нарх фурӯ шандагонро барои таклифоти бештари мол ҳавасманд мегардонад.
Дар байни нарх ва миқдори моли ба фурӯш пешниҳодшаванда тано суби муайян ба вуҷуд меояд, ки онро ба истифода аз системаи координат дар график метавонем инъикос намоем (расми 3.5).
Гузориши рақамҳо дар хатҳои координат нишон медиҳад, ки дар нуқтаи муайяни майдони расми 3.5 тирхатчаҳои нарх ва бузургии 24 таклифот ҳамдигарро мебуранд. Дар сурати бо ҳам пайваст кардани ин нуқтаҳои буриш каҷхатае пайдо мешавад, ки онро каҷхатаи таклифот меноманд ва бо ҳарфи S (ҳарфи аввали калимаи англисии «Suррly» – таклифот) ифода мекунанд. Каҷхатаи таклифот муносибати байни нарх ва миқдори молеро, ки истеҳсолкунандагон омода ҳастанд онро истеҳ сол карда ба фурӯш бароранд, нишон медиҳад. Майли каҷхатаи такли фот хилофи каҷхатаи талабот мебошад ва ба самти рост ба боло ҳаракат карда, вобастагии муайяни байни сатҳи нарх ва бузургии таклифотро нишон медиҳад.
Азбаски бузургии таклифот вобаста аз тағйирёбии сатҳи нарх тағй ир меёбад, пас, мо оид ба чандирии таклифот аз рӯи нарх сухан ронда метавонем.
ЧАНДИРИИ ТАКЛИФОТ АЗ РӮИ НАРХ миқёси тағйирёбии бузургии таклифот (дар %) ҳангоми тағйир ёфтани нарх ба як фоиз аст.
Сатҳи чунин чандирӣ ба таври тақсим намудани фарқияти (дар %) бузургии пешниҳод то ва баъд аз тағйир ёфтани нарх ба бузургии тағй ирёбии нархҳо (дар %) муайян карда мешавад. Сатҳи чандирии такли фот ҳамчунин аз рӯи молҳо фарқ карда мешавад ва бинобар ин нисбат ба бузургии нарх баробартағйирёбӣ нобаробар афзоиш ёфтани пешниҳоди молҳои гуногунро ба вуҷуд оварда метавонад.
Чандирии арза зери таъсири пешрафти илму техника ва тағйироти таркиби сифатӣ ва миқдории захираҳои истифодашаванда дигаргун ме шавад. Зиёдшавии маҳдудияти захираҳо, ки дар истеҳсоли ин ва ё он мол истифода мешаванд, боиси пастшавии коэффитсиенти чандирии арза мегардад.
Ҳар як нуқта дар ин каҷхата бузургии таклифоти мол (имконпа- зирии ҳаҷми истеҳсолот)-ро ҳангоми сатҳи муайяни нархи он ифода ме- кунад. Масалан, нуктаи координата (70, 1300) ҳангоми нарх 1300 воҳи- ди пулӣ будан онро ифода мекунад, ки истеҳсолкунандагон метавонанд 70 воҳид дучархаро ба фурӯш пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр, каҷхатаи таклифот (ниг. ҷадвали 3.6) имконияти ба чу нин саволҳо ҷавоб доданро медиҳад: Бузургии таклифот хангоми гуногун будани сатҳи нарх чӣ қадар мешавад? Бузургии таклифот ҳангоми қисман тағйир ёфтани сатҳи нарх чӣ қадар тағйир меёбад?
Бинобар ин, дилхоҳ истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ба кор шурӯъ на муда, аз пайи ҷустуҷӯи ҷавоб ба чунин саволҳо мегардад: Оё даромад аз фурӯш он хароҷотҳоеро, ки бо истеҳсоли ҳамин мол алоқаманд мешаванд (ташкили фурӯш), пӯшонда метавонад? Оё истеҳсол (фурӯши)-и ҳамин мол шахсан ба ӯ даромад меорад ва агар ҳа, пас, чӣ қадар?
Чун қоида афзоиши нарх ба зиёдшавии шумораи молҳои ба фурӯш пешниҳодшавандаро ба вуҷуд меорад ва пастшави нарх бошад, баръакс. Дар ин вобастагӣ робитаи сабабу оқибатии устувор ва такроршаван
да мушоҳида мешавад, ки онро ҳамчун қонуни таклифот намоён месо зад. Мазмуни қонуни таклифот аз он иборат аст, ки бо болоравии нарх дар сурати бетағйир мондани шароитҳои дигар таклифоти мол зиёд ме шавад. Дар сурати пастшавии нарх таклифот маҳдуд мегардад. Пас, бу зургии таклифот ба сатҳи нарх мутаносиби роста мебошад.
ҚОНУНИ ТАКЛИФОТ миқдори молҳоест, ки фурӯшандагон ба бозор пешниҳод карда метавонанд ва дар вобастагии бевосита аз сатҳи нарх ба ин молҳо қарор дорад, яъне баландшавии нарх одатан ба афзоиши бузургии таклифот ва пастшавии он бошад, ба камшавӣ меорад.
Дар таҳлили таклифот ба монанди талабот, мафҳумҳои тағйироти бузургии талабот ва тағйири талабот аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд.
Тағйироти бузургии таклифот чунин ҳолати таклифот мебошад, ки зери таъсири тағйирёбии нарх ба амал меояд. Ин ҳолатро дар расми 3.5 метавонем дар ҳаракати болои каҷхатаи таклифот мушоҳида намоем. Тағйироти нарх аз 750 воҳиди пулӣ то ба 3500 воҳиди пулӣ боиси афзо иши бузургии таклифот аз QS1 то QS3 … мегардад. Ин ҳаракат дар сурати тағйирёбии нарх ва бетағйирии омилҳои дигар ба амал меояд.
Тағйир ёфтани таклифот инчунин зери таъсири омилҳои ғайри нархӣ ба амал омада метавонад, яъне дар зери таъсири онҳо таклифот метавонад зиёд ва ё маҳдуд шавад.
Омилҳои ғайринархие, ки ба таклифот таъсир расонида, боиси зиёд ва ё кам шудани он мегарданд, инҳоянд:
1) Нархи захираҳои иқтисодӣ. Афзоиши нархи захираҳо боиси зиёдшавии хароҷоти истеҳсолӣ гардида, таклифотро маҳдуд месозанд ва баръакс. 2) Сатҳи истифодаи комёбиҳои илмию техникӣ. Ис тифодаи васеи онҳо имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолот кам карда, таклифоти молҳо зиёд шавад. Маҳдуд будани истифодаи ин комёбиҳо таклифотро маҳдуд месозад. 3) Нархи молҳои ҳамдигарро ивазку- нанда. Истеҳсоли аз ҳад зиёди як мол дар ҳолати маҳдудияти захираҳо боиси кам истеҳсол шудани молҳои алтернативӣ мегардад. 4) Миқдори фурӯшандагон. Афзоиши онҳо боиси зиёдшавии таклифот мегардад. 5) Самаранокии интизории фурӯшандаҳо. Афзоиши истеҳсолот на ҳамеша боиси зиёдшавии таклифот мегардад. Агар интизор равад, ки дар оянда нархҳо баланд мешаванд, дар ин ҳолат таклифоти ҷорӣ ба хотири дар оянда бо нархи баланд фурӯхтани молҳо маҳдуд мегардад.
Ҳарчанд омилҳои номбурда боиси тағйироти таклифот мегарданд, лекин таъсири нарх ба бузургии таклифот бештар дар ҳаёт ба назар ме расад. Бо мақсади муайян кардани таъсири тағйироти нарх ба таклифот нишондиҳандаи чандирии таклифот истифода мешавад.
Дарк намудан душвор нест, ки мантиқи рафтори харидорон ва ис теҳсолкунандагон дар бозор ба ҳам муқобил мебошад: ҳангоми афзоиши нарх истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон тайёр ҳастанд ҳар чӣ бештар миқдори молҳоро ба бозор пешниҳод намоянд, вақте ки харидорон ба афзоиши нарх бо кам намудани бузургии талабот ҷавоб мегардонанд.
Дар натиҷаи мухолифати аксуламалии бузургии талабот ва такли фот манфиатҳои муқобил ба вуҷуд меоянд (дар бозори харидорон ва фурӯшандагон). Харидорон кӯшиш менамоянд, ки ба маблағи маҳдуди пули доштаи худ ҳар чӣ бештар мол харидорӣ намоянд, фурӯшандагон бошанд, баръакс, мехоҳанд ба миқдори маҳдуди молҳои худ ҳар чӣ беш тар маблағи пулии зиёд ба даст оранд.
Чӣ гуна бозор ин манфиатҳои ба ҳам муқобили фурӯшандагон ва ха ридоронро мувофиқ мегардонад, дар дарси дигар муайян менамоем.