• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Таҳлили достони «Сиёвуш» / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Таҳлили достони «Сиёвуш» / Иншо

180 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Таҳлили достони «Сиёвуш»

Нақша:

Муқддима

1. Таҳлили ғоявии достон

2. Симои Сиёвуш дар достон

Хулоса

Фирдавсӣ дар таърихи адабиёт бо достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и худ шўҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Ў аз аҳли ашрофзодагони заминдори замони худ будааст. Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 ба дунё омада, соли 1020 аз олам даргузаштааст. Фирдавсӣ тамоми ҳаёти худро ба навиштани «Шоҳнома» сарф намудааст. «Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонӣ мебошад.

Достони «Сиёвуш» яке аз достонҳои машҳури «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҳсуб мешавад. Сарчашма ва асоси пояи ин достонро ривоятҳои қадимии гузаштагонамон ташкил медиҳад. Аз рўйи гуфтаи сарчашмаҳои пешин, Сиёвуш ҳамчун худои наботот ва киштзорҳо эътироф шудааст. Ў аз дасти қувваҳои бадӣ кушта мешавад.

Фирдавсӣ ин достони худро низ бо васфу ситоиши хирад оғоз менамояд:

Сухан чун баробар шавад бо хирад,

Равони сароянда ромиш барад.

Сиёвуш фарзанди шоҳ Ковус буда, дар назди Рустами паҳлавон ба воя расидааст. Ў даврони кўдакиашро дар муҳити деҳотиён, дар зери сарпарастии Рустам мегузаронад. Дар симои Сиёвуш, шоир тамоми хислатҳои неки инсонӣ, некўӣ, росткорӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҳақиқатгўӣ ва зебоиро тасвир намудааст. Ў муддате ба дарбори падар меояд. Вале одобу ахлоқи дарбориён ба ў писанд намеояд. Ў аз фитнаву дасисаҳои дарбориён хабар меёбад.

Сиёвуш дар достон ҳамчун ҷавони ҷавонпаҳлавон, хирадманд, далеру қавиирода ба қалам дода шудааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин далерию паҳлавонӣ Сиёвуш шахси ҷангҷўй нест. Ў табиатан ҷавони инсондўст ва халқпарвар будааст. Сиёвуш тарафдори ободии ёру диёр мебошад. Умуман, шоир дар симои Сиёвуш хирадмандӣ, хоксорӣ, сулҳҷўӣ, ростқавлию росткорӣ, накўӣ ва зебоӣ барин хислатҳои неки инсониро ҷамъбаст намудааст.

Симои Пирон дар достон ҳамчун марди корозмуда, пири хирадманд ва шахси бомулоҳиза тасвир ёфтааст. Ў ҳамеша тарафдори сулҳу салоҳ буда, мехоҳад ҳамеша сулҳу сафо барқарор бошад.

Фарангис зани покдомани вафодор,  зебо буда, ҳамчун симои  зани оқилаву фарзона тасвир ёфтааст.

Судоба баръакси Фарангис зани бадахлоқу ҳиллагар, маккору хиёнаткор инъкос ёфтааст. Судоба барои ба мақсади зишти худ расидан аз ҳеҷ як бадӣ рўй намегардонад.

Ковус шоҳи ишратпараст, тезхашм зудбовар ва ҷангҷўй аст. Ковус ба корҳои давлатдорӣ аҳамият намедиҳад. Ковус шоҳест, ки хун рехтану ганҷу сарват ба даст оварданро боиси шавкату шўҳрати шоҳӣ медонад.

Афросиёб низ ҳамчун шоҳи хунхор, ҷангҷўй, мансабпараст, ҷафокор, аҳдшикан ба қалам дода шудааст. Хулоса, шоир дар симои Ковус ва Афросиёб шоҳони сабукфикр, ишратпараст, ҷафокор ва аҳдшиканро тасвир намуда, таъкид бар он мекунад, ки шоҳ бояд адолатпеша, ҳақиқатҷў ва  халқпарвар бошад.

Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар адабиёти форсу тоҷик яке аз бузургтарин сарояндаи достонҳои қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. Фирдавсӣ дар навиштани достонҳои таърихиву қаҳрамонӣ истеъдоди беназире доштааст. Шоир дар достони «Сиёвуш» барои нишон додани хислат ва ҳолату лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонҳо аз ҳамагуна воситаҳои тасвири бадеӣ устодона истифода бурдааст.

Достони «Сиёвуш» асари фоҷиавӣ буда,  хонандаро мутаассир мегардонад. Фирдавсӣ ҳамчун шоири инсондўст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири ҳодисаву воқеаҳо аз бисёр фикру андешаҳои пешқадам ва аз панду андарзҳои судманду ибратбахш, ки барои тарбияи насли наврас аҳамияти бузург дорад, ба таври фаровон истифода намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов