Таърихнигорӣ ва ҳаёти адабию мусиқӣ
Таърихнигорӣ. Яке аз хусусиятҳои таърихнигорӣ ва ҳаёти илмию адабии тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр нависанда ё шоир, умуман, маорифпарвар буданд. Дар инъикоси ҳодисаҳои таърихӣ ва ҳаёти илмиву адабӣ Аҳмади Дониш бо асари барҷастаи худ «Наводир-ул-вақоеъ» дар пешгоҳ меистад. Афкори маърифатпарварии ӯ ба эҷодиёти таърихнигорон низ бетаъсир намонд. Бинобар ин яке аз фарқҳои таърихнигории ин давр аз замонҳои гузашта он аст, ки маҳз дар ҳамин давр асарҳои танқидии таърихӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин соҳа махсусан, асарҳои Аҳмади Дониш ва Мирзо Абдулазими Сомӣ мақоми муҳимеро ишғол мекунанд.
Рисолаи таърихӣ»-и Аҳмади Дониш, ки дар солҳои охири умри нависанда таълиф шуда буд (ба ин рисола муаллиф ном нагузоштааст), бо номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур гардид. Дар он муаллиф таърихи хонадони манғитияро таҳлил намуда, махсусан, ба замони ҳукмронии амир Музаффар диққати ҷиддӣ додааст. Аҳмади Дониш давраи ҳукмронии амирони хонадони манғитро аз нуқтаи назари танқидӣ, ҳаҷвнигорона, нисбатан батафсил тасвир кардааст. Дар асари мазкур аз ҳаёти халқи одӣ низ бисёр лаҳзаҳои муҳим нақл карда шудааст.
Аҳмади Дониш дар хотимаи «Рисолаи таърихӣ» ба хулосае меояд, ки салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, бинобар ин, он бояд сарнагун шавад. Ин асар имрӯз бо номи «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития» дастраси хонандагон гардидааст.
Мирзо Абдулазими Сомӣ (Бӯстонӣ, тав. 1838, соли ваф. номаълум) низ муаллифи «Таърихи салтанати Манғития» ном асари таърихӣ мебошад. Ӯ баъди хатми мадраса дар хидмати дарбор буд. Агар Аҳмади Дониш хидматро аз замони амир Насрулло оғоз карда бошад, пас Сомӣ аз замони амир Музаффар шурӯъ карда, дар замони амир Абдулаҳад давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбӣ амиронро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ шоҳиди ҷанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд.
Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867–1932) дар шаҳри Бухоро, дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дунё омадааст. Ӯ баробари соҳиб будан ба мансабҳои калон аз ашхоси мутафаккири намоёни давр низ ба ҳисоб мерафт. Мероси илмию адабиаш зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкират-ул-хаттотин», «Таърихи амирони Манғития», «Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро» ва ғайра мебошанд. Ғайр аз ин, хонаи Садри Зиё ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он зумрае аз мутафаккирон, олимону шоирон ва зиёиён фаъолона иштирок доштанд.
Ҳаёти адабӣ. Дилшоди Барно (1800–1907) – шоира, маорифпарвар ва таърихнигор. Шоира дар Истаравшан (Ӯротеппа) ба дунё омадааст. Хони Қӯқанд Умархон ҳангоми забти Ӯротеппа (солҳои 1810–1822) Дилшодро ҳамроҳи асирон ба Қӯқанд мебарад. Яке аз асарҳои Дилшод «Таърихи муҳоҷирон» мебошад. Ӯ дар ин асар тороҷгарӣ ва хунрезихои Умархон, баъзе воқеаҳои мансуб ба забти Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи подшоҳӣ, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонро инъикос кардааст.
Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823– 1873) шоир, маорифпарвар ва таърихнигор буда, дар Бухоро таваллуд ёфтааст. Дар ҳамин ҷо таҳсили мадраса намудааст. Қобилияташро ба назар гирифта, ӯро ба кори дарбор даъват карданд. Шоир дар бисёр шеърҳояш, махсусан, шеърҳои ҳаҷвиаш, ба худ тахаллуси «Бепул»-ро қабул намудааст. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихӣ мебошад.
Муҳаммад Шамсиддин Махдуми Шоҳин (1857 – 1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, баъди таҳсили мадраса мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоҳин мероси адабии зиёд боқӣ гузоштааст. Ӯ дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» афкори маорифпарварии Аҳмади Донишро идома дода, махсусан тартиботи амирӣ, амалҳои разилонаи мансабдорони онро сахт мазаммат кардааст.
Мирзо Ҳайити Саҳбо (тақр. 1850 – 1918) яке аз шоирони лирики давр ба ҳисоб меравад. Ӯ дар тумани Вобканди наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулаҳад ба хизмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бий»-ро гирифта буд, вале ба кирдорҳои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. Мирзо Ҳайити Саҳбо шоири ҳақҷӯй ва ҳақгӯй буд, оид ба нуқсонҳои аморат бе парда сухан мекард, ки инро аз шеърҳои лирикиаш ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Ӯ соли 1915 барои рӯзномахонӣ ҳатто ҷазо дидааст. Амир Олимхон баъди намоиши апрелии соли 1917-и Бухоро Саҳборо ҳокими Қубодиён таъйин карда, соли 1918 дар он ҷо ӯро бо дасти одамони худ ба тарзи ваҳшиёна қатл кард.
Тошхоҷаи Асирӣ (1864–1915) – шоир ва маорифпарвар. Дар Хуҷанди бостонӣ ба дунё омада, бо касби сангиосиётарошӣ фақирона зиндагӣ мекард. Ба ақидаи Асирӣ, вазифаи адабиёт тарғиби ақлу дониш аст. Бинобар ин ӯ роғиби фаъоли илму дониш ба ҳисоб меравад. Ба андешаи шоир, мардуми гумроҳро бо роҳи маърифатнок кардан аз ҷаҳолат раҳонидан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ӯ тарафдори қотеи ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва дар мактабҳо ҷорӣ намудани таълими илмҳои дунявӣ буд.
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878–1902) бо вуҷуди он, ки ҳамагӣ 25 сол умр дидааст, чун устоди ғазал шуҳрат пайдо карда буд. Фақру ятимӣ дар зиндагии ӯ нақши вазнине гузоштааст. Аз 15–16-солагӣ ба таҳсили мадраса оғоз намуда, ба ҳайати адибони номии давр дохил шуд. Дар ғазалу қасидаҳои шоир разолатҳои замона сахт танқид карда мешавад. Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст.
Нақибхони Туғрал (1865–919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ғазал ба ҳисоб меравад. Ӯ дар деҳаи Зосуни бекигарии Фалғар, дар оилаи давлатманде (аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валии Самарқандӣ) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Баъди таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул шудааст. Бо туҳмати аксулинқилобӣ ӯро ба қатл расониданд. Ӯ дар ғазал пайрави Бедил буда, дар баробари сурудани ишқ, инчунин бехирадии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоҳои чаласаводу рӯҳониёни иртиҷоъпарастро тасвир намудааст.
Нимпайкараи Туғрал дap ноҳияи Айнӣ
Дар ибтидои асри XX дар Бухоро Садриддин Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим низ чун маорифпарвар ва шоир ба олами адабиёт қадамҳои ҷиддӣ гузошта буданд. Дар шеърҳои онҳо, ки аз ақидаҳои маорифпарварӣ саршор буд, тараҳҳум нисбат ба халқи мазлум, нафрат ба истисморгарон дида мешавад. Маҳз тарафдории босаводу маърифатнок шудани мардум онҳоро ба ташкил намудани мактаби усули нав ва навиштани китобҳои дарсӣ водор намуд, ки дар ин бора мо маълумот додем.
Ҳамдардӣ нисбат ба мардум, нафрат ба истисморгарон ҷавҳари эҷодиёти шоири инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889–1929)-ро ташкил менамоянд, ки шеърҳои худро бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст.
Зиёиёни тоҷик, махсусан, зиёиёни водии Фарғона ба эҷодиёти шоирон ва маорифпарварони номии ӯзбек – Муҳаммадхӯҷаи Муқимӣ (1850–1903), Зокирҷони Фурқат (1858–1909) ва дигарон аз наздик шинос буданд. Дар эҷодиёти онҳо, махсусан, дар ғазалҳояшон, дӯстию рафоқат, адлу инсоф тараннум карда мешуд.
Умуман, вазъи илму адаби ибтидои асри XX аз он гувоҳӣ медиҳад, ки эҷодиёти намояндагони он нисбат ба навиштаҳои пешовандон ҷиддитар шуда, ба мардум ва ниёзҳои он наздиктар шудаанд. Аксари адибон дар асарҳояшон нисбат ба бетартибиҳои давр оштинопазир буда, ислоҳи онҳоро талаб мекарданд.
Олимон, маорифпарварон ва сайёҳони тоҷик. Олимони тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри ХХ садҳо нафаранд. Қисме аз онҳо маорифпарварон буданд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ду нафари онҳо – Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким дар баробари маорифпарвар буданашон сайёҳони номии давр ҳам ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ (1842–1925) – зодаи шаҳри Хуҷанд, донишманди бузурги соҳаи ҷуғрофия, картография, риёзиёту тиб, нуҷуму космология, муҳандиси соҳаи обёрӣ, шоиру мусиқишинос ва сайёҳи тоҷик, муаллифи даҳҳо рисолаи илмӣ, яке аз ихтироъкорони глобус мебошад. Дар баробари забони модариаш – тоҷикӣ, донандаи забонҳои арабӣ, юнонӣ, туркӣ, русӣ ва испанӣ низ буд. Ҳамчунин қобилияти баланди хушнависӣ ва рассомӣ дошт. Дорулфунуни «Алаҳзар»-и шаҳри Қоҳираро хатм кардааст. Дар фаъолияти табибиаш бештар ба асарҳои Абубакри Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино такя намуда, дар табобат бештар доруҳоеро, ки худ аз гиёҳҳо омода мекард, истифода мебурд. Дар ҳавлии ӯ шахсони маорифпарвар ҷамъ омада, маҳфиле ба вуҷуд оварда буданд. Дар ин ҳавлӣ инчунин мактаби усули нав – мактаби ҷадидӣ бунёд гардида буд.
Ҳоҷӣ Юсуф бо рӯшанфикрони шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Алмаато (собиқ Верний) шиносоӣ дошт. Ба бисёр шаҳрҳои Русия – Қазон, Уфа, Маскав, Петербург, Одесса сафар карда, муддате дар Маскаву Петербург зиндагӣ кардааст.
Солҳои 1875 – 1887 Ҳоҷӣ Юсуф ба сафари дурударози 12-сола баромада, дар мамлакатҳои Туркия, Юнон, Италия, Фаронса, Олмон, Англия, Испания, Марокаш, Алҷазоир, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Сурия, Эрон ва Афғонистон будааст. Яъне ӯ дар ин сафар се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқоро сайр кардааст.
Ҳоҷӣ Юсуф, дар баробари асарҳои зиёд, ёздаҳ адад глобуси калону хурд офаридааст, ки аз онҳо танҳо яке боқӣ мондааст ва ҳоло дар осорхонаи таърихию бостоншиносии шаҳри Самарқанд маҳфуз мебошад. Ӯ ҳамчун муҳандиси соҳаи обёрӣ бо мутахассисони рус дар тартиб додани лоиҳаи обёрии заминҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир, пешгирии обхезии дарёҳои Ҳоҷибоқирхону Сир ва сохтани дарғотҳо иштирок намудааст.
Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877–1914) – зодаи шаҳри Бухоро, маорифпарвар, шоир, нависанда, табиб ва сайёҳи тоҷик. Дар баробари забони модариаш – тоҷикӣ, донандаи забонҳои арабӣ, русӣ, туркӣ ва фаронсавӣ буд. Аз моҳи июни соли 1902 то январи соли 1903 (7 моҳ) дар шаҳрҳои Боку, Тифлис, Батуми, Истанбул, София, Белград, Будапешт, Вена, Берлин, Порис, Лондон, Берн, Марсел, Варшава, Маскав, Красноводск, Ашқобод будааст. Дар давраи дуюми сайёҳӣ (феврали соли 1903 – тобистони соли 1905) шаҳрҳои Қучон, Машҳад, Нишопур, Сабзавор, Ҳирот, Кобул, Бомиён, Тошқӯрғон, Мазори Шариф, Тирмиз ва Чорҷӯйро саёҳат кардааст. Дар давраи сеюми сайёҳӣ (1905 – 1910) баробари шаҳрҳои гуногуни Туркманистони имрӯзаро сайр кардан, аз Красноводск ба Боку ва сипас ба Эрон мегузараду муддате дар Теҳрон бо омӯзиши тибби аврупоӣ ҷиддан машғул шуда, дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Теҳрон табибӣ мекунад. Бо сабаби сар задани инқилоб дар Эрон (солҳои 1905–1911), Мирзо Сироҷ озими шаҳрҳои Бомбай, Ҳайдаробод ва Деҳлии Ҳиндустон шудааст. Соли 1906 боз ба Эрон баргашта, чаҳор сол (1906–1910) дар Мозандарон бо номи доктор Собир табибӣ кардааст.
Мирзо Сироҷ солҳои 1910 – 1914 дар ватанаш – шаҳри Бухоро бо корҳои табобат машғул шуда, бо лақаби «Мирзо Сироҷи табиб» машҳур гардид. Ӯ дар ин давр бо ҳаракати ҷадидӣ – ҷавонбухороиён пайваста, дар шароити ҳанӯз тираи Бухорои амирӣ, усули нави муолиҷа – табобати аврупоиро пеш гирифт. Шеъру мақолаҳояш дар рӯзномаҳои ҷадидии замон – «Бухорои Шариф», «Ойина» ва «Тӯрон» интишор мешуданд. Китоби «Туҳафи аҳли Бухоро» хонандагонро бо ҳаёти мардуми Шарқу Ғарб шинос мекард.
Ҳаёти мусиқӣ. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар кишвари Туркистон, махсусан, шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд; дар аморати Бухоро – шаҳри Бухорои Куҳна дар баробари марказҳои ҳаёти адабӣ будан, инчунин марказҳои мусиқӣ низ ба ҳисоб мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо, ки ҳунармандон, ҳофизон, навозандагон, бахусус, шашмақомхонҳои беҳтарин аз гӯшаю канорҳои гуногун ҷамъ
Шашмақомхонони машҳури охири асри XIX ва аввали асри XX
омада буданд, анъанаҳои хуби шашмақомхонӣ ва рушди онро бармало пай бурдан мумкин буд. Дар байни шашмақомхонони давр Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Левӣ Бобохонов, ки бо лақаби «Левича» машҳур буд, Домулло Ҳалим Ибодов ва дигарон аз шуҳрати зиёд бархурдор гардидаанд. Дар маҳалҳо инчунин ҳофизону навозандагони мардумӣ фаъолият мекарданд.
Сарчашма:
С.Айнӣ дар бораи Мирзо Азими Сомӣ чунин маълумот додааст: «Мирзо Азими Сомӣ дар даври амир Музаффар дар ҷанг бо Русия дар сафҳои ҷанг ба сифати вақоеънигор ҳозир будааст. Баъд аз он ҳам дар аҳди амир Музаффар ва Абдулаҳад чанд соле ба дарбор муншигӣ карда, оқибат ба сабаби танқидгариаш дар айёми пиронсолагӣ аз дарбор ронда шуда гуруснаву бараҳна, ба як пора нон муҳтоҷ шуда мурда рафт.
Мирзо Азим дар иншо ва таҳрир хеле моҳир ва аз воқеаҳои таърихӣ огоҳ буд. To охири умраш аз мутолиаи осори таърихӣ ҷудо нашуд. Худаш низ осори таърихия, аз он ҷумла таърихи сулолаи Манғитиёнро навишт. Бар хилофи таърихнависони куҳнаи дарборӣ, ҳақиқатҳои талхро аз касе натарсида кушоду ошкор ба қалам овард». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. С. 23-24).
Санаҳои муҳим:
1800 – 1907 – солҳои зиндагии Дилшоди Барно.
1823 – 1873 – солҳои зиндагии Абдулқодирхоҷаи Савдо.
1838 – соли таваллуди Мирзо Азими Сомӣ 1850 (тақрибан) – 1918 – солҳои зиндагии Шамсиддини Шоҳин.
1864 – 1915 – солҳои зиндагии Тошхоҷа Асирӣ.
1864 – 1919 – солҳои зиндагии Нақибхон Туғрал.
1867 – 1932 – солҳои зиндагии Шарифҷон Махдуми Садри Зиё.
1878 – 1902 – солҳои зиндагии Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат.
1842-1925 – солҳои зиндагии Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ.
1877 – 1914 – солҳои зиндагии Мирзо Сироҷиддини Ҳаким.
Савол ва супоришҳо:
1) Хусусиятҳои таърихнигорӣ ва ҳаёти илмиву адабии тоҷик дар замони мустамликавӣ чӣ гуна буд?
2) Дар бораи Аҳмади Дониш ҳамчун таърихнигор чӣ гуфта метавонед?
3) Дар бораи Мирзо Абдулазими Сомӣ ва Шарифҷон Махдуми Садри Зиё чӣ медонед?
4) Аз шоирони номии охири асри XIX ва аввали асри XX киҳоро медонед?
5)Дар бораи олимон, маорифпарварон ва сайёҳон Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва Мирзо Сироҷиддини Ҳаким чӣ гуфта метавонед?
6) Мусиқии охири асри XIX ва ибтидои асри XX чӣ гуна буд?
7) §§ 29, 30, 31 ва 32-ро такрор кунед.