Мавзӯъ: Таҳлили образҳои асосии романи «Восеъ» — и Сотим Улуғзода
Нақша:
Муқаддима
- Сохтор ва мавзӯи асосии роман
- Симои Восеъ дар роман
Хулоса
Сотим Улуғзода соли 1911 дар ноҳияи Чусти вило яти Намангони Ҷумҳурии Узбакистон дар хонаводаи деҳқони миёнаҳол таваллуд шудааст. У аз кӯдакй аз падару модар ятим мемонад. Сотимхон дар мактаби усули нав, дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд таҳсил намудааст. Сотими хурдсол мероси ғании фарҳангии зиёде дошт. Аз ин рӯ, ба омӯзиши эҷодиёти классикон ва дигар намояндагони аҳли илму адабй форсии тоҷикӣ шурӯъ мекунад.
Қайд кардан зарур аст, ки номбурда нависандаи сермаҳсул буда, мероси гании илмиву адабй ба мо боқй гузоштааст. Дар мероси адабии Сотим Улуғзода насри бадей мавқеи хосса дорад. Асари бузурге, ки дар насри бадеии тоҷик аҳамияти таърихиву сиёсй дорад, ин романи «Восеъ» мебошад. «Восеъ» ҳамчун романи таърихй аз 33 боб иборат аст. Қаҳрамони марказии асар Восеъ буда, аз аввал то ба охири асар дар ҳаллу фасли ҳодисаву воқеаҳо ва масоили руз ширкат менамояд. Роман дар бораи ҳодисаву воқеаҳое, ки дар охирҳои асри XX дар минтақаи Бухорой Шарқй ба вуқӯъ пайвастааст, нақлу ривоят мекунад. Дар бобҳои аввали асар дар бораи амалиёти Восеъ ва ҷувозкунда сухан меравад. Сипае, нависанда воқеаҳои даврони ҷавонй, ба Назири сайед бародархонд шудани ӯ, ба Аноргул хонадор шудани Восеъ ва падари гамхору ҳалолкор будани ӯро тасвир намудааст. Восеъ инсони ҳалиму меҳрубон буда, тамоми хислатҳои ҳамидаи инсониро доро мебошад. У муқобили ҳама гуна зулму истибдод буда, дар зиндагй меҳнатдӯстй, паҳлавонй ва ҳақиқату адолатро пешаи худ қарор додааст. Восеъ ба сагирону ятимон меҳрубониҳо мекард, онҳоро ба зери тарбияи худ мегирифт. Восеъ як муддат ба сафари^ шаҳрҳои Хдсору Қаршй ва Шаҳрисабзу Самарканд мебарояд. У бо мансабдорони ноинсоф рӯбарӯ мешавад. Ҳангоми сафар дар шаҳри бостонии Самарканд бо Муллосафар ном ҳамдиёраш ошно мешавад. Восеъ тавассути ин ҳамдиёри худ бо фикру ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ошно мегардад. Ин ҳама ошной бо зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинии сиёсии уро тағйир медиҳад. Восеъ дар мубориза бар зидди аскарони амир ба қатл расонида мешавад, вале ӯ ба золимону амирон cap хам накард, ӯ ҳамчун муборизи роҳи озодй дар ёди халқу ёру диёри худ абадан боқй мондааст. Дар ҳақиқат, халқи мазлум танҳо дар охирҳои асри XIX як навъ бедоршавии хешро эҳсос намуд. Хулоса, ранҷбарони роҳи озодй дарк намуданд, ки озодиву хушбахтй ва саодати инсонй танҳо тавассути шӯриши мусаллаҳона ба даст меояд. Восеъ бо дастаи худ ба аскарҳои подшоҳй ва амалдорони амир зарбаҳои ҷонкоҳ мезанад. Аскарони амирй халқи мазлумро талаву тороҷ намуданд ва шӯришгаронро ба қатл расониданд. Шӯриши Восеъ яке аз бузургтарин ошӯбҳое буд, ки тамоми қувваҳои меҳнаткашонро фаро гирифта буд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар романи мазкур ҳаёту муборизаи халқи тоҷик дар мубориза бар зидди қушунҳои амирй возеҳу равшан тасвир ёфтааст. Нависанда дар симои Восеъ як шахсияти барҷастаеро офаридааст, ки аз корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои у мардуми мо солҳои сол дарси хештаншиносй омӯхтаанд.