• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Таҳлили достони «Муш ва гурба» – и Убайди Зоконӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Таҳлили достони «Муш ва гурба» – и Убайди Зоконӣ / Иншо

614 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Таҳлили достони «Муш ва гурба» – и Убайди Зоконӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мундариҷаи гоявии достони «Муш ва гурба»
  2. Дар симои гурба – табақаи ҳоким ва дар симои муш – табақаи мазлум

Хулоса

Убайди Зоконй дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигору шӯхтаъб маълуму машҳур гаштааст.

У ҳамчун нависандаи шӯхтабъ шинохтаву эътироф гардидааст.

Убайди Зоконй соли 1270 дар хонадони вазир ба дунё омадааст. Осори бадеии Убайд аз ганҷинаҳои адабиёти классики асрҳои XIII-XIV форсии тоҷикй ба шумор мераванд. Эҷодиёти ӯ бештар бо эҷодиёти даҳонии халқ алоқамандии ногусастание дорад. Мазмун ва мундариҷаи асосии осори ӯ аз танқиди фикру ақидаҳои кӯҳнашуда, афкори зиддихалқии замона, зулму золимй, ҷаҳолатпарастй, рафтору гуфтору кирдори ношоиставу баъзе урфу одат ва расму русуми ношоистаи мардум ва тарғибу ташвиқи ақидаҳои ҳаётдӯстй, муҳаббати поки инсонй иборат аст. Тарзу тариқи нигориши нависанда тавассути ҳазлу шӯхй бошад ҳам, аксари онҳо мазмуни ҷиддии танқидй дорад, ки худи муаллиф ба он таъкид менамояд:

Ба мазоҳат пагуфтам ин гуфтор,

Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор.

Яке аз достонҳои Убайди Зоконй, ки ба мавзӯи иҷтимоӣ, яъне ҷангу ҷидолҳои байнихудии феодалҳо бахшида шудааст, ин достони «Мушу гурба» мебошад. Мазмуни асосии достон аз воқеаҳои солҳои 1335-1360, ки давраи вайронии ҳукумати марказчи феодалии муғулҳои Эрон ва авҷи саркашии феодалҳои маҳаллиро дар бар мегирад, иборат мебошад. Достон аз муқаддима, сюжети асосй ва хотима иборат аст. Огози достон чунин аст:

Агар дорй ту ақлу допишу ҳуш,

Биё бшинав, ҳадиси гурбаву муш!

Достони «Мушу гурба» дар шакли қасида суруда шудааст. Маълумоти аввалин дар бораи гурба чунин огоз мешавад:

 Аз қазои фалак яке гурба,

Буд чун аждаҳо ба Кирмоно.

Гурба барои шикори муш ба шаробхона медарояд. Муш омада аз хум май менӯшад ва маету аласт шуда, ба сайди гурба меафтад:

Ногаҳон цаету мушро бигрифт,

Чун палате шикори кӯҳоно.

Гурба он мушро бикушту бихурд, Сӯйимасҷид шудй хиромоно.

Гурба баъди ин, гӯё, аз кардаи хеш пушаймон мешавад. Мушон дастаҷамъй ба назди гурба меоянд ва гурба боз бо фиребу найранг ба мушон ҳамла меоварад. Аз ин воқеа маълум мегардад, ки дӯстиву бародарии мушу гурба гайри қобили қабул аст. Дар охир гурба асир меафтаду бо як ҳамлаи ҷиддй бандро канда карда, ба мушон дзрмеафтад:

Мушаконро гирифта зад ба замин,

Ки шудаидй ба, хок ярсоцо.

Ва бо ҳамин, воқе ба фоидаи ӯ ҳал мешаваду достон низ хотима меёбад. Гурба ҳамчун аждаҳо пурқуввату тавоно тасвир ёфтааст:

Шикамаги талбу синааш чу сипар, Шердуму палангчангоно.

Дар достон гурба ҳамчун фиребгар ба қалам дода шудааст. Гурба магрур ва худпдоанд аст. Дар образи тамсилии гурба феодалҳои бузургу тавоно, вале фиребгару муфтхӯр тасвир

ёфтаанд. Хислати мушон аз рӯйи тасвири шоир нтнаву яксон нест. Муш, бо вуҷуди магруриаш, хеле чаифу 1арсоичак аст. Мушон аз рӯйи фикру андешаи Убайди Зоконп хушомадгуй, ришвадеҳ мебошанд. Ҷанги мушу гурба на ҷапги Гмйни деҳқону феодалҳо мебошад, балки ҷанги байнп.\амдшарии худи феодалҳост. Дар охир шоир аз ин достоин тамсшшп худ панду ҳикмат гирифтанро таъкид намудааст:

Ҷони мон, панд гир аз ин қисса,

Ки шавй дар замони гиодоно.

Гараз аз «Мушу гурба» бархондан,

Муддао фаҳм кун писарцоно!

Хулоса, достони «Мушу гурба»-и Убайди Зоконй дар ҳаракати озодихоҳии халқ, махсусан дар ҳаракатп сарбадорон, ки мазмун ва моҳияти зиддифеодалй доигг, аҳлмшггп махсус дорад. Танқиди зулму ситами инсонҳо бар якдпглр, хусусан, зулми синфи ҳоким бар мазлум ва, ҳамчунин, дар ҷоиибдорй аз синфи мазлум ҳамчун табақаи заҳматкаши ҷомса дар достон 1 аъсирбахш ва шоистаи таҳсин аст.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • 35-солагии Истиқлоли давлатӣ – рамзи сарбаландӣ ва пойдории миллати тоҷик.
  • 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов