• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ / Иншо

2 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ

Хулоса

Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандўстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро нишони Ватан ташкил медиҳад. Нишони Ватан, ки дар ҳар куҷову дар ҳар ҷо аз Ватан дарак хоҳад дод. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ҳангоми сафар бо худ ҳатман як каф хоки Ватанро мегирифтанд, то аз Ватани худ нишоне дошта бошанд ва бо ҳамин хумори дидори Ватанро шикананд.

Асрҳо паси сар шуданд, солҳо гузаштанд, замон дигар гардид, одамон дигар шуданд. Илму техника тараққӣ кард, шароитҳову имконоти нав ба нав падид гардид. Давлату давлатдорӣ соҳиби рамзи худ гардид. Соҳиби рамзе, ки аз соҳибихтиёрии он дарак медиҳад, соҳиби рамзест, ки ҳувияти миллиро ба вуҷуд меорад. Рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистони кўчак шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сўи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофии худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад.

Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сўйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум ме­кунад. Булбули бечаманро сўйи манзил – Ватан даъват менамояд. Дар ботини шахс эҳсоси ғурур, ғурур аз ватану ватандориро тавлид месозад. Ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, дили шахсро ба фатҳи қуллаҳои нав дилгарм месозад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят менамояд.

Садо додани суруди миллӣ дар мавриди ба фаъолияти худ оғоз намудани иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи худро аз суруди миллӣ оғоз намудани телевизиону радиои ҷумҳурӣ, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми сафари расмии сарвари давлат ба давлатҳои дигар, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми барафрохтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ша­рофати варзишгарони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахс рўҳу илҳоми тоза мебах­шад, оғози рўзи навро бо ҳидояти Ватан шурўъ менамоянд, аз Ватани худ муаррифӣ мекунанд.

Суруди миллӣ ба дили кас қувват мебахшад. Мисли садои булбули хушилҳон дар тамоми фазои Ватан танинандоз гардида, фаро расидани субҳи содиқи Ватанро ба ҳар як соҳибватан табрик менамояд.

Суруди миллӣ тилисмест дар шахс, тилисмест, ки онро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳ медорад, ба тани беҷони ў ҷон мебахшад, тамоми қувваи бозуи ўро ҷамъ меоварад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ меорад, ба пеш мехазад, ҳаркат мекунад то Ватани худро наҷот бахшад. Наҷот бахшад аз тохту тозҳо, наҷот бахшад аз фаноёбӣ, наҷот бахшад аз беҳудагўиҳо. Исбот мекунад, ки Ватани ў дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи тамаддунҳост, сарчашмаи сулҳу тифоқ, амнияту ҳамкорист. Аз Ватани ў оғоз мегардад сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дўстиву меҳрубониҳо. Ободиҳо, тараққиёти илму техника, ҳамдигар-фаҳмиҳо.

Суруди миллӣ мисли дили оташфишони Данкост. Дили шаби торро шикофта ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи ояндаи нек, ба сўи сулҳу субот, оромиву осудагӣ роҳ мекушояд, одамонро аз паси худ мебарад, дар гирду атрофии худ муттаҳид месозад, аз як гиребон сар мебароранд, қувваи бузурги созандаву ободкорро тавлид мекунад, иншоотҳои бузурги аср – нерўгоҳи обиву барқии Роғун, Сангтўда, нақби Анзобу Шаҳристон, Шаршару Чормағзак, Роҳи абрешиму Душанбе – Бўстон – Чанокро буньёд менамояд.

Ҳамаи ин сеҳрест сеҳри Суруди миллӣ. Суруде, ки ифодагари тамоми қувваи созандаву ободкор, пешбарандаву накўкор аст. Муттаҳидкунандаи халқияту миллатҳо, гаҳвораҷунбони дуньё, сарчашмаи хушкнашавандаи рўҳу илҳоми нав ба нав, қувваи тақдирсоз, қувваи пешбаранда, таскинкунандаву ҳидоятгар, қувваи нав ба нав…

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат