Сохтани роҳи оҳан
Зарурати роҳҳои оҳан. Барои ба макони ашёи хом, яъне пахта ва бозори моли саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Марказӣ нақши роҳи оҳан хеле бузург аст, зеро бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта мерасид. Ҳангоми набудани роҳи оҳан воридшавии он аз 4 то 10 моҳ тӯл мекашид.
Зарурати сохтани роҳи оҳани Осиёи Марказиро сармоядорони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд, вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтани роҳи оҳанро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зиёновар меҳисобиданд. Бинобар ин, онҳо дар ибтидо сохтани чунин роҳро дастгирӣ накарданд, аммо вазъи ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сохтани ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки ҳамчунин тезонид.
Чунончи, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалини худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахалтегин ба муқобилати сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг тай кардани даштҳои беобу регзор хеле гаронӣ кард.
Оғози сохтмони роҳи оҳан. Бо мақсади таслим намудани қабилаҳои саркаши туркман, бо супориши ҳукумати подшоҳӣ 3-юми августи соли 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узунада) сохтмони роҳи оҳанро ба таври таъҷилӣ оғоз карданд. 1-уми сентябри соли 1881 онро то ба Қизиларбат расониданд. 20-уми сентябри ҳамон сол дар ин роҳ ҳаракати поезд оғоз ёфт. Соли 1884 ин роҳ то ба Ашқобод расид.
Дар ин муддат такдири қабилаҳои туркман ҳам ҳал гардид. Онҳо дар назди иқтидори ҳарбии аскарони рус маҷбур шуданд, ки таслим шаванд. Бо забти сарзамини қабилаҳои туркман сохтмони роҳи оҳан қатъ нагардид, баръакс, дар ин муддат аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур ва фоидаовар будани роҳи оҳан исбот гардид. Бинобар ин, сохтмони роҳи оҳан минбаъд ҳам идома ёфт. Он соли 1886 ба Марв ва Чорҷӯй омад. Баъдан он роҳ аз сарзамини аморати Бухоро гузашта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сӯйи Самарқанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарқанд ҳам ба хатти роҳи оҳан пайваст гардид.
Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Марказӣ идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавост ва Хуҷанд то ба Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат хатти дигари он аз Хавост то ба Тошканд омад. Сохта шудани ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Солҳои 1900–1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Куҳна (пойтахти аморати Бухоро) аз ҳисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд. Солҳои 1900 – 1906 роҳи оҳани Тошканд – Оренбург сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа роҳҳои оҳани Осиёи Марказӣ бо роҳҳои оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.
Ба сохтмони роҳҳои оҳан ҷалб карда шудани сармояи хусусӣ. 10-уми июни соли 1905 ҳукумати подшоҳӣ қонуне баровард, ки мувофиқи он дар Русия барои сохтани роҳҳои оҳан бо сармояи хусусӣ низ иҷозат дода мешуд. Дар натиҷа бо ташаббуси бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони ҷудогона, бо мақсади сохтани роҳҳои оҳан ҷамъиятҳои гуногун ташкил карда шуданд. Масалан, соли 1912 ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ташкил шуданд.
Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси муҳандиси сохтмони роҳи оҳан А.Н.Ковалевский, бо иштироки бонки Русияю Осиё ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Мақсади бунёди ин ҷамъият сохта ба истифода додани роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ – Келиф – Тирмиз, бо шохаҳои Қаршӣ – Ғузор – Китоб ба ҳисоб мерафт. Сохтмони ин роҳ соли 1913 оғоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, махсусан, аз мардуми Қаротегин қувваи кориро васеъ истифода бурданд.
Роҳи оҳан ҳарчанд то ба водии Вахшу Ҳисор ва Кӯлоб, яъне сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ нараси Лаҳзаи да бошад ҳам, гумоштагони ширкатҳои гуногун, савдогарони алоҳида ба ин водиҳо cap дароварда, ба ин гӯшаҳои дурдаст мол меоварданд ва аз ин ҷо маҳсулоти заруриро харида, бо роҳҳои гуногун то ба Тирмиз, Чорҷӯй, Қӯқанд, Самарқанд ва дигар истгоҳҳои роҳи оҳан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роҳҳои оҳан барои гӯшаю канори дурдаст ҳам бетаъсир намонд.
Сарчашма:
С.Айнӣ дар бораи ба сохтмони роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ – Келиф – Тирмиз сафарбар карда шудани мардуми водии Қаротегин навиштааст: «Ширкати роҳи оҳани Қаршӣ аз амир илтимос намуд, ки раияти бекору бечораи худро ба муздурӣ ва мардикории роҳи оҳан даъват намояд. Ба ҳар касе, ки барои хизмат омаданӣ шавад, харҷи роҳ ва мувофиқи маъмул ҳаққулхидмат дода мешавад. Амир ин маъниро ба ҳокими Қаротегин навишта, аҳолии он ҷоро, ки бечоратарин раоёи Бухороанд (агар худ толиб бошанд), ба хидмати роҳи оҳан даъват кард. Ба ҳисоби роҳи оҳан ба ояндагон харҷи роҳ доданро ба ҳоким танбеҳ намуд, аммо ҳоким ба муносибати ин воқеа дар пайи фикри мадохили худ афтод. Бинобар ин, аз муздур ва уҷратӣ (ҳаққи кор) хидмати он ва масорифи сафар ба аҳолӣ маълумоте надода, балки ин корро мисли хидмати аскарӣ маҷбурӣ нишон дода, муҳтарамтарин аҳолиро барои рафтан ба ин хидмат иҷбор кард.
Аҳолӣ аз ин ҳол дар ваҳшат афтода, барои халосии худ чораҷӯй шуданд. Табиист, ки наҷотдиҳандаи ягонаи эшон дар амсоли ин маврид пора ва ришва буду бас…». (Ниг.:Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10 — С. 140 – 141).
Санаҳои муҳим:
1874 – пешниҳоди сармоядорони Москва оид ба зарурати сохтмони роҳи оҳани Осиёи Марказӣ.
1880, 3-юми август – аз димоғаи Михайловск (Узун-Ада) таъҷилан оғоз гардидани сохтмони роҳи оҳан.
1880, 20-уми сентябр – дар роҳи оҳани Осиёи Марказӣ аввалин поезд ба ҳаракат даромад.
1887 – сохтмони роҳи оҳан то ба Бухорои Нав (Когон) расид.
1888 – сохтмони роҳи оҳан то ба Самарқанд расид.
1895 – 1899 – роҳи оҳани Хавост – Хуҷанд – Андиҷон ва Хавост-Тошканд сохта шуд.
1900 – 1901 – роҳи оҳани байни Бухорои Нав (Когон) — Бухорои Куҳна сохта шуд.
1900 – 1906 – роҳи оҳани Тошканд–Оренбург сохта шуд ва бо роҳҳои оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.
1905, 10-уми июн – ҳукумати подшоҳии Русия ба сармояи хусусӣ барои иштирок дар сохтмони роҳҳои оҳан иҷозат дод.
1912 – ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд бунёд гардид.
1913 – ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бунёд гардид.
1914 – 1916 – роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ – Келиф – Тирмиз бо шохаҳои Қаршӣ – Ғузор – Китоб сохта шуд.
Савол ва супоришҳо:
1) Сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ чӣ зарурат дошт?
2) Чаро ҳукуматдорони подшоҳӣ пешниҳоди сармоядорони Москваро оид ба зарурати сохтмони роҳи оҳани Осиёи Марказӣ рад карданд?
3) Сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ кай, аз куҷо ва бо кадом мақсад оғоз гардид?
4) Аввалин поезд дар роҳи оҳани Осиёи Марказӣ кай ба ҳаракат даромад?
5) Соли 1905 дар сиёсати сохтмони роҳҳои оҳани Русия чӣ тағйирот ба вуҷуд омад?
6) Роҳҳои оҳани Осиёи Марказӣ бо роҳҳои оҳани умумирусиягӣ кай пайваст гардиданд?
7) Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси киҳо ташкил карда шуд?
8) Шаҳрҳои асосии Осиёи Марказиро, ки ҳамон давр аз онҳо роҳи оҳан гузаштааст, номбар кунед.
9) §§ 2, 16 ва 17-ро такрор намоед.