• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Сохти узви босира
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Сохти узви босира

104 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.02.2024

Сохти узви босира

Аҳамияти босира. Дар байни ангезандаҳои муҳити атроф барои одам ба ҳаяҷоноии босира аҳамияти калон дорад: қариб 90% хабарҳои қабулшуда ба ин анализатор хосанд. Қисми зиёди дониши мо дар бораи олами беруна аз узви босира вобаста аст. Ба туфайли узви босира мо ашёи атроф, ҳаракати ҷисмҳои зинда ва ғайризинда, аломатҳои графикӣ ва ранг (ҳарфҳо, рақамҳо, рангҳо ва ғайра)-ро фарқ мекунем. Вай дар тамоми намудҳои фаъолияти меҳнатӣ зарур аст. Охир ба ҳар кас маълум аст, ки барои одами нобиноро ба меҳнати ҷисмонӣ ҳамроҳ кардан чӣ гуна заҳмати дурударози пурмашаққат сарф мешавад.

Дар зарфи ҳазорсолаҳо инсоният таҷриба ҳосил мекунад, илму санъат инкишоф меёбад. Тамоми ин таҷрибаҳо ба воситаи китоб ва нутқи хаттӣ, ки бо қувваи босираамон дарк мекунем, аз насл ба насл мегузарад.

Сохти чашм. Чашм дар косахонаи устухони сар ҷой гирифтааст. Аз девораҳои косахонаи чашм ба сатҳи берунии ғӯзаи чашм мушакҳое меоянд, ки онро ҳаракат медиҳанд.

Абрӯ чашмро ҳимоя карда, арақи аз пешона мешоридаро ба канор мебарад. Пилки чашмон ва мижгонҳо гарду чангро ба чашм даромадан намемонанд (расми 97).

Ғадуди ашк, ки дар гӯшаи берунии чашм ҷойгир аст, моеъ ҷудо мекунад, ки он сатҳи ғӯзаи чашмро тар менамояд, онро нарм медорад, зарраҳои бегонаи ба чашм афтодаро мешӯяд ва баъд аз гӯшаи даруни чашм ба канали ашк ба ковокии бинӣ меравад.

Сафедпардаи ғафс, ки ғӯзаи чашмро пӯшондааст, онро аз таъсирҳои механикию кимиёвӣ дохил шудани зарраҳои бегона ва микроорганизмҳо муҳофизат мекунад (расми 98).

Расми 97. Чашм

Расми 98. Сохти чашм

Расми 99. Шабакия.

Ин парда дар қисми пеши чашм ҷойгир аст ва қарния ном дорад. Қарния рӯшноиро озо дона мегузаронад.

Рагпардаи миёна аз шабакаи зичи рагҳои бо хун таъминкунандаи ғӯзаи чашм иборат аст. Дар сатҳи дарунии ин парда қабати тунуки моддаи рангин – пигменти сиёҳ вуҷуд дошта, нурҳои равшаниро фурӯ мебарад. Қисми пеши рагпардаи чашм инабия ном дорад. Ранги он (аз ҷигарии паст то ҷигарии баланд) бо миқдор ва тақсимоти пигмент муайян карда мешавад.

Гавҳарак сӯрохии мобайни пардаи инабия мебошад. Гавҳарак нури равшании ба даруни чашм дохилшавандаро танзим мекунад. Ҳангоми равшании баланд гавҳарак ба таври рефлектори хурд мешавад. Дар вақти кам будани равшанӣ гавҳарак васеъ мегардад. Дар паси гавҳарак булӯраки дутарафа барҷастаи шаффоф ҷойгир аст, ки бо мушаки мижгон иҳота шудааст. Тамоми қисми дарунии гӯзаи чашмро зуҷоҷия – моддаи шаффоф пур кардааст. Чашм равшаниро тавре мегузаронад, ки акси ашё дар пардаи дарунии гӯзаи чашм – шабакия ҷамъ мешавад (расми 99).

Дар тӯрпарда ретсепторҳои чашм – чӯбчаю колбачаҳо ҷойгиранд. Чӯбчаҳо – ретсепторҳои равшании суст ва колбачаҳо танҳо аз равшании баланд мутаассир шуда, дарки рангҳо ба онҳо вобаста аст.

Дар тӯрпарда равшанӣ ба импулси асаб табдил ёфта, ба воситаи асаби босира ба қисми биноии қишри нимкураи калони мағзи сар мегузарад. Дар ин ҷо ангезиш пурра дарк мешавад – мо шакл, ранг, равшанӣ, мавқеъ ва ҳаракати ашёро фарқ мекунем (расми 100).

Расми 100. Анализатори босира

Саволҳо:

  1. Босира барои одам чӣ аҳамият дорад?
  2. Таркиби чашм чӣ хел сохта шудааст?
  3. Вобаста ба равшанӣ гавҳарак чӣ хел тағйир меёбад?
  4. Ретсепторҳои босира дар куҷо ҷойгиранд ва чӣ ном доранд?
  5. Ангезиш ва ретсепторҳои босира ба куҷо мераванд?
  6. Анализатори босира аз кадом ҳисмҳо иборат аст?
  7. Шабакия кадом вазифаро иҷро мекунад?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов