Сохт ва инкишофи устухонҳо
Вазифаи системаи такягоҳ ва ҳаракат. Скелету мушакҳо такягоҳи бадани инсон ва аъзои ҳаракат мебошанд. Онҳо ба ҳам пайваст шуда, ковокиҳои махсусро ҳосил мекунанд (расми 4). Дар ин ковокиҳо узвҳо ҷойгир ва ҳимоя карда мешаванд. Масалан, дил ва шушро устухонҳои қафаси сина ва мушакҳои синаю тахтапушт, узвҳои холигии шикам (меъда, рӯда, гурдаҳо) -ро қисми поёнии сутунмӯҳра, устухонҳои кос, мушакҳои тахтапушт ва шикам муҳофизат мекунанд. Мағзи сар дар косахонаи сар, ҳароммағз дар ковокии сутунмӯҳра, узвҳои таносул дар холигии устухонҳои кос ҷой гирифтаанд.
Бофтаи устухон. Устухони (скелети) бадани одам аз бофтаи устухонии васлкунанда таркиб ёфтааст (расми 19).
Расми 19. Сохти устухон
Бофтаи устухонӣ дорои тори асаб, рагҳои хунгард ва ҳуҷайраҳои шохадор мебошад. Ҳуҷайраҳои устухон ва шохаҳои онҳо бо ҷӯйчаҳои бориктарини пур аз моеъи байниҳуҷайрагӣ иҳота шудаанд. Ин ҳуҷайраҳо тавассути ин ҷӯйчаҳо ғизо ва нафас мегиранд.
Сохти устухонҳо. Андоза ва шакли устухони (скелети) бадани одам гуногун аст. Асосан се намуди устухонҳоро фарқ кардан мумкин аст: 1) найшакл; 2) суфта (ҳамвор); 3) кӯтоҳ (ноҳамвор).
Устухонҳои дарозро инчунин найшакл меноманд, барои он ки даруни онҳо холӣ мебошад. Чунин сохти устухонҳои дароз дар як вақт боиси мустаҳкамӣ ва сабукии онҳо мегардад. Канали устухони найшаклро бофтаи пайвасткунандаи серчарб — мағзи зард ё илики зард пур кардааст. Устухони бадан аз устухонпарда, моддаи зич ва моддаи исфанҷмонанд иборат аст. Танаи устухони найшакл аз моддаи сахту мустаҳкам ва сараки он аз моддаи исфанҷмонанд иборат мебошад. Дар холигии ин модда магзи сурх ҷойгир шудааст. Дар ин магз ҳуҷайраҳои сурхро узви хунофар меноманд. Устухонҳои кӯтоҳ бисёртар аз моддаи исфанҷӣ таркиб ёфтаанд. Устухонҳои суфта аз моддаи зич ва исфанҷӣ иборатанд.
Инкишофи устухонҳо. Устухони одам дар бачагӣ ва наврасӣ месабзад, яъне дароз ва гафс мешавад. Ташаккули скелет дар синни 22-25-солагӣ анҷом меёбад. Ғафсшавии устухон аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои сатҳи дарунии устухонпарда ба амал меояд. Дар натиҷа, дар рӯи устухон қабатҳои нави ҳуҷайра ба вуҷуд омада, дар атрофи ин ҳуҷайраҳо моддаи байниҳуҷайравӣ ҳосил мешавад. Дарозшавии устухонҳо аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаҳои тагоякӣ, ки нӯги устухонҳоро мепӯшонанд, ба амал меояд. Инкишофёбии устухонҳо аз тарафи ҳормони сабзиш танзим карда мешавад. Ба ҳормони инкишоф ҳормони қисми пеши ҳипофиз, ки ҳормони қадкашӣ меноманд, дохил мешавад. Дар ҳолати зиёд шудани ин ҳормон тез дарозшавии устухонҳо мушоҳида карда мешавад. Қади инхел одамон хеле баланд мешавад, ки онро «гигантизм» меноманд. Дар ҳолати кам ҷудо шудани ин ҳормон инкишофи устухон суст мешавад ва қади ин хел одамон паст буда, онҳоро «карлик» меноманд (расми 20).
Расми 20. Азимҷуссагӣ ва паканагӣ ҳамчун натиҷаи вайроншавии кори ҳипофиз дар синни кӯдакӣ
Таркиби химиявии устухон. Таркиби устухонро об, моддаҳои органикӣ — осеин ва осеомукоидҳо, равганҳо ва моддаҳои ғайриорганикӣ ташкил медиҳанд. Ин моддаҳо ба устухон сахтӣ мебахшанд. Барои аниқ кардани ин агар устухонро дар як шабонарӯз дар маҳлули 10-фоизаи кислотаи сулфат (Н2804) ё гидрогенхлорид НСl нигоҳ дорем, он гоҳ, намакҳои калсий ва фосфор ҳал мешаванд ва устухон хосияти сахтии худро гум карда, хеле нарм мегардад, ба дараҷае, ки онро гиреҳ бастан мумкин мешавад (расми 20а).
Расми 20а. Устухони муқаррарӣ (дар поён) ва ҳалқашуда (дар боло)
Пайвастагиҳои органикӣ устухонро чандиру мустаҳкам мекунанд.
Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон ҳам тагйир меёбад. Таркиби устухони ҷавонон ва миёнасолон бештар аз моддаҳои органикӣ бой мебошад. Таркиби устухони пиронсолон бисёртар моддаҳои ғайриорганикӣ дорад.
Саволҳо:
- Системаи такягоҳ ва ҳаракат чӣ аҳамият дорад?
- Сохти бофтаи устухонӣ чӣ хел аст?
- Кадом намудҳои устухонҳоро медонед?
- Сабукӣ ва мустаҳкамии устухонҳои бозу ба чӣ вобаста аст?
- Аз чӣ сабаб устухонҳо ғафс ва дароз мешаванд?
- Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон чӣ хел тағйир меёбад?