Соҳаҳои асосии саноати ҷумҳурӣ дар раванди сиёсати саноатикунонии мамлакат
Саноати хӯрокворӣ. Ба саноати хӯрокворӣ ҳамаи он корхонаҳое дохил мешуданд, ки маҳсулоти тайёр ва нимтайёри ғизоӣ истеҳсол мекарданд: нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шириниҳо, панирҳо, равғанҳои истеъмолӣ, нӯшокиҳои спиртдору беспирт, шарбатҳои меваю сабзавот, ғалла ва маҳсулоти ғаллагӣ, меваи тару хушк, чорво ва маҳсулоти чорво, парандапарварӣ ва маҳсулоти он ва ғ. Аз рӯйи нақшаҳои панҷсолаҳои 1 ва 2 дар Тоҷикистон корхонаҳои нонпазӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ва дар маркази ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта ба кор андохта шуда буданд.
Дар солҳои саноатикунонӣ саноати коркарди мева ва истеҳсоли шарбатҳои гуногуни мевагӣ, заводҳои шаробкашӣ рушд ёфтанд, чунки ашёи хом барои ин корхонаҳо вуҷуд дошт. Дар Душанбе, Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Регар, Ҳисор, Янгибозор (Ваҳдат), Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус заводҳои машруботи спиртӣ ва корхонаҳои шарбатҳои мевагӣ сохта, ба кор андохта шуда буданд.
Қарор шуда буд, ки саноати коркарди пахта ба дараҷаи лозима инкишоф дода шавад, то ки коркарди тамоми чигити пахта дар Тоҷикистон анҷом ёбад, истеҳсоли равғани пахта ва собун ба роҳ монда шавад. Дар Душанбе, Янгибозор (Ваҳдат), Регар, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара заводҳои равғани пахта ва дар Душанбе заводи собунпазӣ сохта ба кор андохта шуданд. Сохтмони заводҳои коркарди шири Душанбе ва Хуҷанд, фабрикаҳои панири Душанбе ва Хуҷанд, камбинати гӯшти Душанбе ва Хуҷанд (сохтмонашон оғоз ёфта буд), заводҳои орди шаҳри Душанбе, Янгибозор, Хуҷанд сохта шуда буданд.
Сохтмони корхонаҳои саноатӣ. Сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар солҳои 30-юм аз рӯйи нақшаҳои давлатии панҷсолаҳои якум (1928-1932), дуюм (1933-1937) ва сеюм (1938 1942) амалӣ карда шуда буд. Маблағгузорӣ ба соҳаи саноат аз панҷсола ба панҷсола бамаротиб зиёд мегардид. Масалан, дар панҷсолаи якум ба саноат ҳамагӣ 25,2 млн. сӯми соли 1928, ки 14% маблағгузорӣ ба панҷсоларо ташкил медод, ҷудо шуда бошад, дар панҷсолаи дуюм он ба 371,4 млн. сӯм расонда шуд , ки қариб 27% маблағи умумиро ташкил дода буд. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар панҷсолаи якум ба маблағи 51 млн. сӯм ва дар панҷсолаи дуюм ба маблағи 187 млн. сӯм маҳсулот истеҳсол карда буданд. Дар панҷсолаи сеюм бошад, ҳиссаи маблағи барои саноат ҷудошуда аз 50% маблағи умумӣ боло рафт.
Саноати маводди сохтмонӣ. Эхтиёҷ ба маводди сохтмонӣ пеш аз ҳама, зарурати сохтани корхонаҳои истеҳсоли хишт, санг ва маҳсулоти чӯбу тахтаро пеш овард. Дар солҳои 19291938 заводҳои хишти шаҳри Душанбе (соли 1929), Кӯлоб (1931), ноҳияи Шаҳринав (1932), Пролетар (1932), шаҳри Хуҷанд (1936), Исфара (1936), Панҷакент (1936), ноҳияи Шаҳритус (1936) ва Кӯктош (1936); заводҳои истеҳсоли маводди сохтмонии Душанбе (1930), Исфара (1931), комбинати чӯбу тахтаи Душанбе (1938), заводи асфалти Душанбе (1938), заводи истеҳсоли сафолакҳои бомпӯши Душанбе (1939), заводи сементи Душанбе (1939), заводи оҳаки Помири Шарқӣ (1940) сохта ба кор андохта шуданд.
Саноати бофандагӣ. Дар солҳои 1929 — 1938 дар Тоҷикистон бо сабаби вуҷуд доштани имкониятҳои моддӣ (ашёи хом ва қувваи корӣ) саноати бофандагӣ, пеш аз ҳама, саноати абрешим хеле тез инкишоф ёфт. Дар нақшаи панҷсолаи якум сохтмони фабрикаҳои абрешимресии Хуҷанду Душанбе пешбинӣ шуда буд ва он соли 1930 оғоз гардид. Ҳаёт исбот кард, ки Тоҷикистон дар ривоҷ додани корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ имкони бештар дорад. Дар панҷсолаҳои дуюм ва сеюм ин ду корхонаи абрешимресӣ ба комбинатҳои абрешим табдил ёфтанд. Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба қатори корхонаҳои калонтарини истеҳсоли матои абрешимии СССР (ИҶШС) дохил шуд. Ин ҳар ду корхона – комбинати шоҳибофии Хуҷанд ва фабрикаи шоҳибофии Душанбе солҳои 1931-1935 сохта ба кор андохта шуданд. Хуҷандиҳо дар собиқ СССР (ИҶШС) аввалин шуда, бо дастгоҳ бофтани шоҳиро ба роҳ монданд. Солҳои 1929-1938 дар Тоҷикистон истеҳсоли матоъҳои пахтагин ҳам пеш рафт. Сохтмони комбинати бофандагӣ ва фабрикаи трикотажии Душанбе давом ёфт. Аввалин фабрикаи ресмонресии ресмонҳои пахтагин – комбинати бофандагии Душанбе соли 1932 ба кор дароварда шуд. Солҳои панҷсолаи дуюм фабрикаҳои бофандагӣ ва рангуборкунии корхона ба кор сар карданд. Комбинати бофандагии Душанбе калонтарин корхонаи саноати бофандагии матоъҳои пахтагини Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.
Дар солҳои 30-юми асри ХХ саноати чарм ва пойафзоли ҷумҳурӣ низ инкишоф ёфт. Солҳои 1929-1937 заводи чарми шаҳри Душанбе (1930-1935), фабрикаи пойафзоли Душанбе (1935), фабрикаи пойафзоли Хуҷанд (1936) ба кор шурӯъ карданд. Соли 1934 фабрикаи дӯзандагии Душанбе (баъдтар Иттиҳодияи дӯзандагии ба номи Зайнаббибӣ) ба кор сар кард.
Саноати пахтатозакунии ҷумҳурӣ хеле пеш рафт. Ҳамаи заводҳои пахтатозакунӣ аз нав ҷиҳозонида шуданд. Ҷумҳурӣ дорои 10 заводи пахтатозакунӣ – Душанбе-2, Кӯлоб-2, Қӯрғонтеппа-2, Саройкамар-1, Хуҷанд-2, Шаҳритус-1 буд, ки дар соли 1938 нисбат ба соли 1928 чор баробар зиёд пахта тоза карданд. Солҳои панҷсолаҳои якум ва дуюм заводҳои равғанкашии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, заводи орди Янгибозор (1936), Қӯрғонтеппа (1932) ба кор сар карданд. Дар солҳои 30-юм заводҳои шаробкашии Шаҳринав, Душанбе, Ғарм, Кӯлоб, Хуҷанд, Ӯротеппа, заводҳои нони Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, заводҳои механикӣ ва таъмири автомобили шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа сохта ба кор андохта шуданд.
Саноати вазнини ҷумҳурӣ ва масъалаҳои он. Ба саноати вазнини ҷумҳурӣ асосан заводҳои механикӣ (дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара ва Конибодом) мансуб буданд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии Варзоби Боло, Хоруғ ва Вахшу Норак ба нақша гирифта шуданд. Ду неругоҳи аввалро пештар сохта ба кор андохтанд, вале сохтмони неругоҳҳои Вахшу Норак бо сабабҳои техникӣ таъхир ёфт. Неругоҳҳои хурди дизелӣ дар назди корхонаҳои сохташаванда ва ё минтақаҳои саноатӣ сохта мешуданд.
Саноати кӯҳӣ. Дар Тоҷикистон дар солҳои 30-юм чӣ дар доираи саноатикунонӣ ва чӣ дар рафти иҷрои панҷсолаҳо ба корҳои ҷустуҷӯйи геологӣ аҳамияти калон дода шуда буд. Дар солҳои 1930-1937 дар Тоҷикистон Комиссияи илмии тоҷикӣ (1930-1931), экспедитсияҳои помирӣ (1929-1931), экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (1932), экспедитсияи комплексии тоҷикӣ – помирӣ (1932-1937) амал мекарданд ва ба кофтукови захираҳои табиӣ ва меҳнатии Тоҷикистон машғул буданд. Дар ҳайати ин экспедитсияҳо то 72 даста олимони шӯравӣ (дар ИҶШС ҳамагӣ 144 дастаи ҷустуҷӯйӣ мавҷуд буд) фаъолият доштанд, ки то 1000 узвро дар бар гирифта буданд. Дар натиҷаи фаъолияти ин экспедитсияҳо захираҳои табиии Тоҷикистон кашф ва роҳҳои истифодаи онҳо муайян карда шуда буд. Ҷиҳати муҳимтарини фаъолияти ин экспедитсияҳо муайян намудани соҳаҳои ояндадори саноати ҷумҳурӣ барои солҳои наздик ва ояндаи дур буд. Конҳои зиёде дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон кашф карда шуданд, вале аз онҳо якчанд конҳое, ки бештар аҳамияти умумииттифоқӣ доштанд, ба кор андохта шуданд (фабрикаи маъдантозакунӣ дар Консой, комбинати металлургияи кӯҳӣ дар кони Такелӣ, ки асосан ба истеҳсоли металҳои ранга машғул буд, ба кор андохта шуд). Ба тариқи механикӣ парма кардани чоҳҳо ва ба ин тарз ба кор андохтани чоҳҳоро ба роҳ монда, чоҳҳои нафти “КИМ” ва Нефтобод (1934), ба Неругоҳи барқи обии (НБО) Варзоб (Варзоб ГЭС) с. 1937 истифода дода шуданд. Кони ангишти Шӯроб васеъ карда, дар он шахтаҳои нав сохта шуданд. Истеҳсоли ангишт дар Панҷакент, Зиде, тиллошӯӣ дар минтақаҳои Дарвоз ва Даштиҷум ба роҳ монда шуд. Саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон дар давраи саноатикунонӣ ривоҷ ёфт. Соҳаи асосии он саноати сӯзишворӣ буд. Истеҳсоли нафт аз 11 ҳазор тоннаи соли 1930 дар соли 1937 ба 28 ҳазор тонна расид. Истеҳсоли ангишт дар як кони Шӯроб аз 13 ҳазор тоннаи соли 1928 ба 19 ҳазор тонна расид. Солҳои 30-юми асри ХХ дар инкишофи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ солҳои кофтукову ҷустуҷӯҳо буд. Мавзеъҳои асосии захираҳои табиидошта таҳқиқ ва захираҳои онҳо муайян карда шуда буданд.
Дар солҳои 30-юм ба истеҳсоли энергияи барқӣ аҳамияти калон дода шуд. Дар ин солҳо сохтмони неругоҳҳои барқи обии (НБО) Варзоби Боло (7,5 Квт), Вахш, Пулисангин (50 ҳ. кВт) ва неругоҳҳои зиёде ба нақша гирифта шуда буд. Солҳои 1932-1937 НБО-и Варзоби Боло сохта ба кор андохта шуд, вале НБО-ҳои Вахш ва Пулисангин бо сабабҳои муайяни техникӣ сохта нашуданд. Ба ҷойи онҳо НБО-ҳои байниноҳиявӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон – дар Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа,Кӯлоб, Конибодом, Панҷакент, Ӯротеппа, Файзобод, Ғарм, Хоруғ, ҳамагӣ 39 неругоҳи барқи обӣ ва дизелӣ сохта шуд. Тамоми неругоҳҳои дизелии пештара аз нав таҷҳизонида ва пуриқтидортар карда шуданд. Дар натиҷа истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ 1,6 баробар афзуд, яъне аз 15 млн. кВт соли 1932 дар соли 1937 ба 24,8 млн. кВт расид. Акнун барқро на фақат дар шаҳрҳою корхонаҳо, балки дар марказҳои ноҳияҳову деҳаҳо ҳам истифода мебурдагӣ шуданд. Чароғзоркунии умумии шаҳру шаҳракҳо ва деҳаҳо сар шуд.
Дар солҳои 30-юм дар ҷумҳурӣ 20 соҳаи саноати нав (мошинсозӣ, коркарди металл, пойафзол, либосдӯзӣ, гӯшт, ҳасиб, равған, шарбати мева, бофандагӣ, ресандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чӯбу тахта), ки дорои 273 корхонаи хурду калон буданд, амал мекарданд. Барои сохтани ин корхонаҳо 50 млн. сӯм сарф шуда буд, ки 20,5% маблағгузории ҷумҳуриро барои хоҷагии халқ ташкил медод. Инкишофи солонаи саноати Тоҷикистон дар солҳои 1929-1938 21%-ро ташкил дода буд. Дар ҳолате, ки ин нишондод дар Иттиҳоди Шӯравӣ 16,9%-ро ташкил медод.
Луғат
1. Экспедитсия – калимаи лотинӣ буда, маънои луғавиаш фиристодан аст. Дар матни китоб ба маънои гурӯҳи таҳқиқӣ ва омӯзишӣ омадааст.
2. Комиссияи илмии тоҷикӣ-помирӣ – комиссияе, ки солҳои 1931-1932 ба кофтукови захираҳои табиии Тоҷикистон машғул буд.
3. Комиссияи илмии Помир – комиссияи илмие, ки солҳои 1833-1937 ба омӯзиши захираҳои табиии Помир машғул буд.
Савол ва супориш
1. Соҳаҳои асосии саноати Тоҷикистон дар давраи саноатикунонӣ кадомҳо буданд?
2. Душвориҳои саноатикунонии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
3. Соҳаҳои афзалиятдоштаи саноати Тоҷикистон кадомҳо буданд?
4. Минтақаҳои саноатии Тоҷикистонро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
5. Муваффақиятҳои саноатикунониро шарҳ диҳед.