• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

38 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Сиёсати иҷтимоӣ аз аввал барои танзимкунии муносибатҳои иҷти­ моӣ дар чаҳорчӯбаи низоми капиталистӣ барои таъмин кардани аъзои ҷамъият, ки мустақилона сарчашмаҳои мавҷудияти худро дарёфт карда наметавонистанд, таъсис ёфтааст.

Дар давраи муосир дар таркиб ва васеъшавии объектҳои таъсири сиёсати иҷтимоӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён омада истодааст. Фаъолияти сиёсати иҷтимоӣ дар доираи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (меҳнаткашон ва қобили меҳнат надоштагон) маҳдуд карда намешавад. Ба сифати объек­ ти мустақими таъсири сиёсати иҷтимоӣ қариб ҳама гурӯҳҳои демографӣ ва иҷтимоӣ баромад мекунанд. Сиёсати иҷтимоӣ аз доираи ислоҳи таъ­ сири оқибатҳои рушди иқтисодӣ берун баромадааст. Дар сиёсати иҷти­ моӣ на танҳо азнавтақсимкунии даромадҳо, балки амалигардонии ра­ вияҳои нави таъминоти аҳолӣ бо хизматҳои иҷтимоӣ, танзими шуғл ва ғайраҳо мавқеи хосаро ишғол мекунанд.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва сиёсати иҷтимоӣ. Равияи зарурии сиёсати иҷтимоӣ барои аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, яъне ба аҳолии даромадро дар шакли музди меҳнат ба даст меоварда, нига­ ронда мешавад. Дар ин ҷода сиёсати иҷтимоӣ ба таъсисдиҳии шароитҳо барои истифодабарии оптималии қувваи корӣ дар истеҳсолот, бартараф намудани сӯиистеъмоли истифодабарии коргарон муосидат менамояд.

Ин ҷиҳати сиёсати иҷтимоӣ дар муайян кардани музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми иқтисодиёт ва муайян намудани нишондодҳои пардохти меҳнат дар корхонаҳои давлатӣ ифода меёбад. Вазифаҳои си­ ёсати иҷтимоӣ инчунин нигоҳдории сатҳ ва сохтори шуғл, муайянкунии қонунии шароитҳои меҳнат дар истеҳсолот ва ҳифзи меҳнат ба ҳисоб мераванд.

Таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Азбаски бозор ҳуқуқ ба меҳнат, даромад, маориф, ҳифзи иҷтимоии маъюбон, камбизоатон, на­ фақахӯрон ва дигар гурӯҳҳои аҳолиро таъмин намекунад, зарурати дахо­ лати давлат ба соҳаи тақсимоти даромадҳо ва таъсисдиҳии низоми муай­ яни таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба миён меояд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низоми чораҳоеро дар бар мегирад, ки ҳар як шаҳрванди мамлакатро аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ на танҳо дар натиҷаи бекорӣ, балки ҳангоми аз даст додани даромадҳо ва ё кам­ шавии онҳо, дар ҳолати беморӣ, тавлиди кӯдакон, маъюбӣ, ҳангоми пи­ ронсолӣ ва ғайраҳо эмин медорад.

Тақсимоти инфиродии даромадҳо, ки оид ба он дар боло сухан раф­ та буд, натиҷаи азнавтақсимкунӣ буда, дар навбати худ аз тарафи давлат амалӣ карда мешавад.

Фишанги асосии азнавтақсимкунии даромадҳо буҷети давлатӣ ва иҷрои он ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯбаи сиёсати иҷтимоӣ барномаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва барномаҳои кумаки давлатӣ коркард мешаванд.

Воситаҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар шакли пардохтҳои пулӣ (нафақа ва ҷубронҳо), молиякунонии хизматрасониҳо (пардохти кумаки муо­ лиҷавӣ­профилактикӣ, нигоҳдории хона­интернатҳо ва ғайраҳо) тақсим карда, имтиёзҳоро пешкаш мекунад. Барномаи кумаки давлатиро онҳо бо ҷубронпулиҳо таъмин мекунанд. Онҳо аз сабаби нобарории корҳо ва ё нигоҳубини кӯдакони хурдсол даромадҳои заруриро надоранд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов