• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/СИСТЕМАИ АМАЛИЁТӢ (системаи оператсионӣ) / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

СИСТЕМАИ АМАЛИЁТӢ (системаи оператсионӣ) / Реферат

650 нафар дид 3

Муаллиф: umar
30.01.2024

СИСТЕМАИ АМАЛИЁТӢ (системаи оператсионӣ)

Системаи амалиётӣ (СА) – маҷмӯи барномаҳои ба ҳам алоқаманд буда, ҳангоми бакордарории компютер дарҳол фаъолияти худро оғоз менамояд. Ин системаи барномавӣ имконият медиҳад, ки ба воситаи сафҳакалиду муш амру фармонҳои корбар ба компютер дохил карда шаванд, матни санаду тасвирҳои графикӣ ва дигар намудҳои иттилоот таҳти номҳои муайян дар хотира сабт карда шаванд, барномаҳои татбиқӣ аз хотираи берунӣ ба хотираи фаврии компютер нусхабардорӣ шуда, ба кор омода сохта шаванд ва ғайра. Маҳз ба воситаи СА қисмҳои компютер ва захираҳои иттилоотии он идора карда мешаванд. СА робитаи мусоиди байни корбару компютерро барқарор намуда, бо ҳамин васила муҳити созгори корӣ (интерфейс) муҳайё месозад.

Дар навъҳои гуногуни компютерҳо системаҳои амалиётии гуногун татбиқ карда мешаванд. Таркиби барномавии ҳар як СА-ро созандагони онҳо муайян мекунанд. Дар кори дилхоҳ СА низ мисли дигар барномаҳо се марҳалаи асосӣ мавриди амал қарор дорад: дохилкунии иттилоот, коркарди он ва хориҷкунии натиҷаҳо. Барои амалигардонии ин марҳалаҳо мураттибон дар назди СА вазифаҳои зиёде мегузоранд, ки онҳоро тақрибан чунин табақабандӣ ва тасвир кардан мумкин аст:

  • вазифаи якуми СА – таъмини истифодаи якхела ва стандартии қисмҳои дохилкунӣ-хориҷкунии иттилоот мебошад. Ҳангоми гузаронидани амалҳои дохилкунӣ ва хориҷкунӣ СА тавассути протсессори компютер ҳазорон амалҳои одитаринро иҷро менамояд, ки тафсилоти онҳо аз истифодабаранда пинҳон мемонад;
  • вазифаи дуюми СА – ба хотираи фаврии компютер нусхабардорӣ кардан ва ба кор омода сохтани барномаҳои татбиқӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз омодаи кор гаштани компютер СА нусхаи барномаҳои татбиқиро бо навбат ба хотираи фаврӣ даъват намуда, низоми идораро ба онҳо месупорад ва тибқи дархосташон амалҳои заруриро иҷро карда, пас аз итмом онҳоро аз хотираи фаврӣ лағв (озод) менамояд;
  • ҳангоми иҷроиш ва анҷоми кори барномаҳо байни компютеру истифодабаранда робитаи ногузир барқарор мегардад, ки онро вазифаи сеюми СА ҳисобидан мумкин аст. Баъзан лозим меояд, ки якбора якчанд барнома дар алоқамандӣ кор карда тавонанд. Ташкили кор ва идораи ин барномаҳоро низ СА ба уҳда дорад, ки онро ба вазифаи чоруми СА шомил кардан мумкин аст.

Дар компютерҳои фардӣ одатан яке аз системаҳои амалиётии MS Windows, Linux, OS/2-Warp ва ғайра насб карда мешавад. Ҳар кадоми онҳо гунаҳои зиёди дар вақтҳои гуногун эҷодшударо дар бар мегиранд. Дилхоҳ гунаи СА ба компютер талаботҳои худро оид ба зудкории протсессор, ҳаҷми хотираи фаврӣ, ҳалкунандагии экран, ғунҷоиши диск ва ғайра мегузорад.

Системаи амалиётӣ маҷмӯи барномаҳои махсуси идоракунии сахтафзор, нармафзор ва дархостии истифодабарандаи компютер мебошад.

Системаҳои амалиётии куҳна ва нав. Яке аз аввалин системаҳои амалиётии компютерҳои фардӣ СА MS DOS (эм эс дос) ба ҳисоб меравад. СА матнии MS DOS, ки имкониятҳои хеле маҳдуд дошт, бо пайдоиши системаи амалиётии графикии MS Windows (эм эс виндовз) аз байн рафт. То муддати муайян MS Windows аввал ҳамчун қабати барномавии графикӣ барои СА MS DOS ва баъд ҳамчун системаи амалиётии худмухтор қариб тамоми маҷмӯи компютерҳои фардиро фаро гирифт.

Тақрибан дар як вақт бо СА MS Windows СА Linux (линукс) эҷод шудааст. Ин СА бар пояи СА Unix (юникс) сохта шуда, аз он ҳамчун мерос ғояи сатри амриро қабул намудааст. Бо гузашти солҳо СА Linux худро бо интерфейси графикӣ бой намудааст, ки имкониятҳои он аз системаи равзанагии Windows якчанд маротиба зиёдтар аст. Солҳои охир теъдоди зиёди корбарони КФ маҳз ба ҳамин СА рӯй овардаанд.

Системаи амалиётӣ компютерро метавонад ба асбобе табдил диҳад, ки:

  • бо ёрии он якбора якчанд барномаҳои гуногун (чандмасъалаӣ) иҷро карда шаванд;
  • он ба шабакаҳои гуногуни компютерӣ пайваст карда шавад;
  • дар он якбора якчанд истифодабаранда (реҷаи чандкорбарӣ) кор карда тавонад;
  • иқтидори муттаҳидаи он бо дигар компютерҳо мавриди истифода (кластеризатсия) қарор дода шавад;
  • захираҳои иттилоотии он ҳифз карда шаванд.

Барои таъмини кори босуботи компютер ба ғайр аз худи СА инчунин ҷузъи ҳамрадифи он – BIOS хизмат мерасонад, ки он барои иҷрои амалиёти зерин масъул аст:

  • санҷиши дараҷаи омодагии тамоми қисмҳои компютер ба кор (тестгузаронӣ);
  • иҷрои микроамалҳои дохилкунию хориҷкунии иттилоот тавассути қисмҳои берунаи компютер (сафҳакалид, муш, диск, экран, чопгар ва ғайра);
  • даъвати барномаи оғозкунандаи кори СА ба хотираи фаврӣ.

Эзоҳ: Оғозкунандаи кори СА – барномаи хурди махсусест, ки дар сектори якуми RAM ҷойгир буда, барои дастрас намудани дигар ҷузъҳои СА хизмат мерасонад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

3 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов