• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Симои зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Симои зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода / Иншо

882 нафар дид 6

Муаллиф: Донишхона
09.01.2022

Мавзӯъ: Симои зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода

Нақша:                                       

Муқаддима

  1. Зан – модар – асоситарин мавзӯъ дар эҷодиёти шоир
  2. Зан – сарчашмаи ҳаёт ва хушбахтй
  3. Зан – офарандаву созанда

Хулоса

Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун симои барҷастаи илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимой ва яке аз бузургтарин шоирони адабиёти муосири тоҷик эътироф шудааст. Бо ин хидматҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамчун шоири халқии Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90-солагии зодрӯзаш устод Турсунзода бо унвони олии Ватан-Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Нақши устод Мирзо Турсунзода дар корҳои давлативу байналмилалй хеле бузург будааст. Аз устод Турсунзода эҷодиёти назмии бисёр таронбаҳо мерос мондааст. Мавзӯъҳои ашъори шоир рангин ва гуногунмазмун мебошанд. Аммо, мавзӯи зан ва модар дар эҷодиёти ӯ мавқеи хосса дорад, Симои занону модарон дар эҷодиёти бештари шоирону нависандагон ба чашм мерасад. Вале устод Турсунзода мавзӯи зан-модарро дар адабиёт ба пояи баланди гоявию бадей расонидаанд. Ашъори ба зан-Модар бахшидаи устод Турсунзода аз қабили «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор, зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман» мебошанд, ки дар онҳо бо меҳру муҳаббат ва самимияти зиёд сухан мекунад. Дар «Дили модар» ном шеъри худ шоир тамоми хусусиятҳои неки модарони тоҷикро возеҳу равшан накл мекунад. Дар ин мисраъҳо шоир ҳолати рӯҳй ва қалби пурэҳсоси модарро ба таври воқеӣ ифода намудааст:

Намурдам, зистам,

Фарзанди хурдамро калон кардам,

Шаби туйи арусй агики шодиро равон кардам.

Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро

Ба келин пегикаш кардам,

Дуо чун модарон кардам.

Шоир дар ашъори худ расму оинҳои мардумиро низ тасвир намудааст, ки хусусияти миллии модарони тоҷикро ифода кардаанд. Модарони тоҷик, ки дар баробари тамоми модарони мюшатҳои дигар рӯзҳои сахти Ҷанги Бузурги Ватаниро дидаанду азобу кулфатҳои онро кашидаанд, фарзандони хешро аз даст додаанд ва пайвандону шавҳарони худро гум кардаанд, чунин орзу доранд:

Надорам тоқати доги писар дидан дигар ҳаргиз,

Саросар сухтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,

Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,

Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз.

Ранҷу азобҳо ва сабру таҳаммули модаронро дар шабҳои тор паси гаҳвора шоир хеле хуб ифода намудааст:

Бо ҳамон даете, ки шабҳои дароз,

Чашми гиаҳло карда во аз хоби ноз.

Аллагуён тифлро хобондай,

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.

Бо ҳамон даете, ки гиодон борҳо,

Пок кардй ашки чашмони маро.

Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» шоир фазлу ҳунари модарро дар ҳаёт хеле ҷолиб ифода кардааст. Шоир занро сарчашмаи ишқу зиндагй ва офарандаву созандаи ҳаёти солим ба қалам додааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар цом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе пороги равшане дар шом мемондем мо.

Аз қадимулайём ба мо маълум аст, ки шири модарон хусусияти табобативу муолиҷавй низ дорад. Зеро, модарони мо ҳангоми ба ягон беморй мубтало шудани чашму гӯши мо ба он шир меҷӯшиданд ва он шифон комил меёфт. Шоир маънии болоро чунин тасвир намудааст:

Гар ба чаиши мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемоидем мо.

Устод Турсунзода симои зан-модарро хеле олй тасвир кардаает. Вале мо фикру андеша дорем, ки дар ҳаққй модарон чанде сухан гӯем, кам аст. Онҳо ба ҳама суханҳои болову воло сазоворанд. Ишқу муҳаббат, ки модарон доранд, беназир аст, он гавҳари ноёбро қадр бояд кард.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

6 Ҳа  3 Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов