Мавзӯъ: Шукри истиқлоли Ватан
Нақша:
Муқаддима
- Шукри истиқлоли Ватан
Хулоса
Си сол сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум рўйдоди муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Пас аз ин рўйдоди фараҳбахш 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба шумор меравад.
Ҳарчанд Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯбарӯ гардид, ҳамоно Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле муҳиму хос мебошад.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Шукргузор аз онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намуда, ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардани ватани азизи хеш масъулияти бузург аст ва ҳар яки моро уҳдадор месозад, ки пайваста ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдории сулҳу суботи давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ саъю талош намоем.
Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона кору фаъолият менамоем.
Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои аҳолияш мусулмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналмилалии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, ҷонибдории шахсии Сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни ҷаҳони ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он дар радифи расму оини миллию мардумӣ анъана ва маросими динӣ низ озодона анҷом дода мешаванд. Озодии виҷдонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Таманнои онро дорем, ки дар остонаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи Ватани азизамон тамоми саъю кўшиш ва нерую дониши худро ба харҷ медиҳанд.
Бигзор ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда бошад, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардида, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки неъмати худовандист, то адаб устувор бимонад.