Шикаст хӯрдани аморати Бухоро дар муҳориба бо Русия
Муҳорибаи Чӯпонато. К.П. Кауфман баробари генералгубернатори Туркистон таъйин гардиданаш амалиёти ишѓолгаронаи пешовандони худро давом дод. Мақсади асосии ӯ таслим намудани аморати Бухоро буд. Дар ибтидо таваҷҷуҳи ӯро вазъи мураккаби Самарқанд ба худ ҷалб кард. Баъди аз даст рафтани Ҷиззах, ба ин бохт гурӯҳҳои гуногун якдигарро муттаҳам мекарданд. Ихтилофи байни онҳо то ба дараҷаи хунрезӣ расид. Чунин ҳолат, аз як тараф, қувваи муҳофизони шаҳрро заиф намуда бошад, аз тарафи дигар, сарварони қӯшунҳои дар Осиёи Марказӣ доштаи Русияро хурсанд намуд.
1-уми майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи сахттарин байни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир, ки бо ихтиёриён муштарак амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии манғит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Бухориён, ҳарчанд аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П.Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯйи баъзе маълумот шумораи онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва таъмини силоҳ хеле заиф буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузурги бухориён, аз ҷумла сарбозони амир гардид.
Забти Самарқанд. Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро низ ҳал намуд. Зеро сарварони ин шаҳри бостонӣ муқобилати минбаъдаро нисбат ба қӯшунҳои истиллогари Русияи подшоҳӣ бефоида ва ба зарари шаҳру шаҳриён (яъне боиси талафоти бешумор ва вайрониҳои зиёд) ҳисобида, бе муқобилат дарвозаи шаҳрро ба қӯшунҳои рус кушоданд. Ҳамин тавр, 2-юми май қӯшунҳои рус вориди Самарқанд гардиданд. 3-юми май ин хабар ба амир Музаффар расид, ки ӯ он лаҳза дар Кармина буд. Вай ҳатто аз изтироб қосидеро, ки хабари аз даст рафтани Самарқандро барояш расонид, қатл намуд.
Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оид ба масъалаи тиҷорат давом дошт ва он 11-уми майи соли
1868 бо имзои шартномае, ки иборат аз 6 банд аст, анҷом ёфт. Мувофиқи он, дар қаламрави аморати Бухоро барои тоҷирони Русия имкони васеи амалиёт дода шуд.
Муҳорибаи Зирабулоқ. Имзои шартномаи тиҷоратии 11-уми майи соли 1868 идомаи ҷангро дар байни Русия ва Бухоро бознадошт. 12-уми май Ургут ва 18-уми май Каттақӯрғон аз тарафи қисмҳои аскарони рус ишғол карда шуд. Умуман, муҳорибаҳои минбаъда исботи он буданд, ки қӯшунҳои амир имкони муқобилатро аз даст додаанд. Амир Музаффар чунин вазъро эҳсос намуда, маҷбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шавад.
Ҳанӯз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида, хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ғазаби як қисми мардуми Бухороро ба вуҷуд овард. Як ҳиссаи чунин мардуми башӯромада, ки ба сӯйи Самарқанд роҳ пеш гирифта буданд, дар Чӯли Малик (байни Ғиждувону Самарқанд) аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуданд.
Яке аз сардорони қабилаҳои қазоқ – Сиддиқтӯра, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани мулкаш – Туркистон гурехта ба Бухоро паноҳ бурда буд, сар бардошта, Ғиждувонро ғорат намуд, Карминаро забт кард ва худро «хони чингизнажод» ном ниҳод. Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирҳо», яъне русҳо ҷангро давом диҳад. Бинобар ин, амир маҷбур шуд, ки боз майли ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ бо сарварии Ҳоҷӣ Тӯқсабо ва Усмон Тӯқсабо15 ҳазор сарбози савора, 6 ҳазор сарбози пиёда ва 14 тӯп ҷамъ намуд. Аз рӯйи маълумоти дигар, шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ шуда буданд, ба 50 ҳазор нафар мерасид.
1-уми июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад, вале боз сарбозони амир мағлуб гардида, 1500 нафарро талаф доданд. Қӯшунҳои рус баъди ғалаба дар Зирабулоқ боз ба сӯйи Самарқанд равон шуданд, зеро дар он ҷо ҳанӯз 1-уми июн шӯриши зиддирусӣ ба амал омада буд. Шӯришгарон шаҳрро ишғол карда, намояндагони Русия ва маҳаллиёни бо онҳо ҳамкорикардаро ба қатл расониданд. Ҳокимони Китоб – Ҷӯрабек ва Шаҳрисабз – Бобобек (писари Ҳакимбек) ҳам бо дастаҳои худ ба Самарқанд, ба кумаки шӯришгарон омаданд. Вале онҳо баробари шунидани хабари ҳаракати қӯшунҳои рус бо сардории Кауфман, шӯришгаронро ба ҳолашон гузошта, аз Самарқанд берун рафтанд. Шӯришгарон ба чунин вазъият нигоҳ накарда, ҳафт рӯз шаҳрро муҳофизат карданд ва ба қӯшунҳои рус муқобилати сахт нишон доданд. 8-уми июни соли 1968 шӯриши Самарқанд ваҳшиёна саркӯб карда шуд.
Шартномаи 23-юми июни соли 1868. Барои амир Музаффар баъди мағлубият дар муҳорибаи Зирабулоқ ва саркӯб карда шудани шӯриши июни соли 1868 Самарқанд ғайр аз қабули таклифи Кауфман оид ба имзои шартномаи пешниҳод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин, ӯ намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарқанд фиристод. 23-юми июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиқи он, амир вазифадор шуд: аз заминҳои забткардаи қӯшунҳои рус дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Каттақӯрғон ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русӣ) фиристад; аз хоки Бухоро хатти телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имкони дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Ому ба рафтуомади киштиҳои Русия мамониат накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ҳоказо. Мувофиқи ин шартнома, амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бояд тобеи Русия мешуд.
Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиқ ба подшоҳи Русия Александри II фиристода шуд, вале подшоҳ бо сабабҳои сиёсию иқтисодӣ шартномаро тасдиқ накард. Аз ин рӯ он шартнома эътибори қонунӣ нагирифт. Соли 1869 ҳукумати амир, ки аз ин ҳолат хабар надошт, бо сафирони худ як қисми товони ҷанг (50 ҳазор тангаи тилло ва 19 ҳазор тангаи нуқра)-ро ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ фиристод. Ганҷурони подшоҳ ҳам он ғаниматро бе ҳеҷ дудилагӣ қабул карданд.
Исёни Абдумаликтӯра. Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз ҳам мураккабтар гардид. Шахсони аз шартнома норозӣ дар атрофи писари калонии амир Музаффар – Абдумаликтӯра (Каттатӯра), ки ҳокими Ғузор буд, ҷамъ омада, ӯро амир эълон карданд. Ҳокимони Китобу Шаҳрисабз – Ҷӯрабеку Бобобек ҳам бо дастаҳои худ ба тарафи Абдумаликтӯра гузаштанд. Дар натиҷа, дар худи Бухоро ба муқобили Музаффархон қувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рӯйи баъзе маълумот, тирамоҳи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтӯра қариб 8 ҳазор нафар аскар буд. Сиддиқтӯраи қазоқ низ ба тарафи ӯ гузашт. Дар ҳамон лаҳза қувваҳои Абдумаликтӯра, ки Қарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо ҳам бархӯрданд, мағлубияти амир аз эҳтимол дур набуд. Инро худи амир ҳам эҳсос намуда, барои имдод ба К.П. Кауфман муроҷиат кард. Кауфман хуб мефаҳмид, ки ҳаракати Абдумаликтӯра пеш аз ҳама, мухолифи манфиати Русия аст, аз ҳамин сабаб, ба пешниҳоди Музаффархон розӣ шуд. Ӯ барои саркӯб намудани шӯриш бо сарварии генерал А.К. Абрамов қӯшун фиристод.
Тирамоҳи соли 1870 ба қӯшунҳои Абдумаликтӯра, ки дар наздикии Қаршӣ омодаи ҷанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора ҳуҷум карданд. Аскарони рус махсусан, ба қисмҳои исёнгар зарбаи қатъӣ зада, ба онҳо, ки аксар ҷангнодидаю бетаҷриба буданд, талафоти зиёди ҷонӣ расониданд. 27-уми октябр Қаршӣ аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир ҳам вориди шаҳр гардида, онро тороҷ намуданд. Як қисми бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сӯйи Шаҳрисабзу Китоб ҳаракат карда, он мулкҳоро низ тобеи амир Музаффар гардониданд. Абдумаликтӯра баъд аз ҳамаи ин нобарориҳо аввал ба Қӯқанд, баъд ба Кошғар гурехт.
Эъзомияи Искандаркӯл. Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд болооби Зарафшон – кӯҳистони Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки мулкҳои ниммустақил буданд, худ аз худ ба Русия тобеъ шуданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯрғон ва дигар мулкҳои зарафшонии аз аморати Бухоро забтнамудааш музофоти Зарафшонро бунёд карда, генерал А.К.Абрамовро сарвари он таъйин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов тобеи худ гардонидани мулкҳои номбурдаи кӯҳистони Зарафшон буд. Ҳокимони он мулкҳо, агарчи ҳама тоҷик буданд, байни худ ҷангида, қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардониданд. Чунин вазъият муваффақияти қӯшунҳои русро осон гардонид, вале Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои таслими болооби Зарафшон лашкаркашӣ (поход)-и ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад, ӯ зарур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо эъзомия (экспедитсия)-и илмӣ рӯпӯш намояд, зеро он вақт марказҳои илмию ҷуғрофии Русия ба омӯзиши табиату набототи Осиёи Марказӣ рағбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиҷа, баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов Эъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд.
Ба ҳайати эъзомияи номбурда 200 нафар казаки мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиёни кӯҳгард дохил мешуданд. Аз Ӯротеппа таҳти фармондеҳии Деннет дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25-уми апрели соли 1870 аз Самарқанд оғоз ёфт. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳориба ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт, вале дар деҳаҳои Артуч, Панҷрӯд, Дашти Қозӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омаданд. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳо бо ҳукми Абрамов ба хок яксон карда шуданд. Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон тумани Кӯҳистон ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд.
Дар Эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос А.Ф.Федченко, геолог Д.К.Мишенко, нақшабардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л.H.Соболев ва дигарон ширкат доштанд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои таҳқиқи захираҳои табиии болооби Зарафшон қадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.
Шартномаи 28-уми сентябри с. 1873. То моҳи сентябри соли 1873 дар байни Русияю Бухоро, ғайр аз шартномаи тиҷоратии 11-уми майи соли 1868, дигар ягон ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, ки муносибати ин ду давлатро муайян намоянд, вуҷуд надошт. Бинобар ин дар доираи ҳукумати Русияи подшоҳӣ боз масъалаи муайян намудани муносибат бо Бухоро ба миён омад.
28-уми сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи Шартномаи дӯстӣ маълум буда, аз 18 банд иборат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоҳ тасдиқ гардид ва дар қатори шартномаи тиҷоратӣ, ки дар боло ба он ишора рафт, ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии байни Бухоро ва Русия то Инқилоби октябри соли 1917 амал кард.
Шартномаи дӯстии соли 1873 сарҳади онвақтаи байни Русияю Бухороро тасдиқ намуда, сарҳади байни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он ҳар ду тараф, яъне тарафҳои Русияю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Марказӣ рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва озодона шино кардани киштиҳоро дар дарёи Ому таъмин кунанд; тоҷирони рус на танҳо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳои аморати Бухоро озодона амал намудан ҳуқуқ пайдо карданд, балки дар зери ҳимояи махсуси ҳукумати амирӣ низ буданд; аз молҳои тарафайн бояд на бештар аз 2,5% андоз – закот гирифта мешуд; молҳои русӣ ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатҳо бебоҷ гузаронида мешуданд; тоҷирони ҳар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Марказӣ корвонсарой дошта бошанд. Ғайр аз ин, тоҷирони рус дар соҳилҳои дарёи Ому истгоҳ (бандар) ва анборҳо сохта метавонистанд; ба раиятҳои тарафайн, аз рӯйи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳ бо ягон касбу ҳунар машғул шудан дода мешуд. Инчунин, онҳо метавонистанд мулки ғайриманқул, яъне хона, боғ, замини корам дошта бошанд: тарафайн дар қаламрави ҳамдигар (яъне ҳукумати амирӣ дар Тошканд ва ҳукумати Русия дар Бухоро) метавонистанд намояндагӣ дошта бошанд; тарафи ҳукумати амирӣ вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурӯши одам, яъне ғуломдориро манъ намояд.
Ҳамин тавр, дар шартномаҳои тиҷоратии соли 1868 ва Шартномаи дӯстии соли 1873, ғайр аз баъзе бартариҳо барои тоҷирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоҳӣ гардад. Дар байни Русия ва Бухоро дигар шартномаи тасдиқгардидае, ки тобеияти ҳукумати амириро ба ҳукумати подшоҳӣ ба расмият дарорад, вуҷуд надошт. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ давлати мустақил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иқтидори ҳарбии Русия нотавон буданашонро ба хубӣ эҳсос мекарданд, худро «ихтиёран» ба оғӯши тобеият андохта, нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ сиёсати содиқона пеш бурда, аморатро ба мустамликаи ҳақиқии Русия табдил доданд.
Сарчашма:
Пораҳо аз шартномаи 28-уми сентябри соли 1873, ки дар байни Русия ва Бухоро имзо гардидааст:
Моддаи 1
Хатти сарҳадии байни мулкҳои тобеи ҷаноби Аълоҳазрат императори тамоми Русия ва ҷаноби ҳокими олӣ Амири Бухоро бе тағйир мемонад. Дар баробари ба тобеияти Русия гузаштани тамоми заминҳои Хева, ки дар соҳили рости Омударё воқеанд, сарҳади пештараи ҳокимии Бухоро бо хонии Хева, ки аз Холота ба воситаи тӯқай ба Гугертлӣ, соҳили рости Ому меравад, барҳам дода мешавад. Ба тобеияти амири Бухоро заминҳое, ки сарҳади пештараи байни Бухорою Хеваро дар бар мегиранд, бо соҳили рости Омударё аз Гугертлӣ то тӯқайи Мешеклӣ пурра ва хатти аз Мешеклӣ то нуқтаи пайвастшавандаи сарҳади пештараи Бухорою Хева бо хатти сарҳадии империяи Русия, дохил мешаванд…
Моддаи 5
Тамоми шаҳру деҳоти хонии Бухоро барои савдои тоҷирони рус кушодаанд. Тоҷирон ва корвонҳои рус дар тамоми сарзамини хонӣ бемалол рафтуой карда метавонанд ва аз пушту паноҳи ҳокимияти маҳаллӣ имтиёзманд мегарданд. Барои бехатарии корвонҳои рус дар дохили мулкҳои Бухоро ҳукумати Бухоро ҷавобгар аст.
Моддаи 6
Бе истисно аз тамоми молҳое, ки ба тоҷирони рус тааллуқ доранд ва аз ҳудуди Русия ба Бухоро фиристода шуда ё аз Бухоро ба Русия оварда мешаванд, дар Бухоро, ба монанди он, ки дар кишвари Туркистон аз чил як ҳиссаашро меситонанд, дувуним дарсади арзиши мол ситонида мешавад. Ғайр аз ин, дигар ҳеҷ гуна закоти иловагӣ гирифта намешавад.
Моддаи 7
Ба тоҷирони рус ҳуқуқ дода мешавад, ки молҳои худро ба воситаи мулкҳои Бухоро бе закот ба тамоми заминҳои ҳамсоя баранд.
Моддаи 15
Барои он ки бо ҳокимияти олӣ дар Осиёи Миёна муносибати доимӣ ва бевосита барпо карда шавад, амири Бухоро аз ҷумлаи одамони наздики худ шахси боэътимодро сафир ва намояндаи доимии худ дар Тошканд таъйин мекунад. Ин намоянда дар Тошканд дар хонаи амир ва аз ҳисоби амир зиндагӣ мекунад.
Моддаи 16
Ҳукумати подшоҳӣ низ метавонад намояндаи доимии худро дар Бухоро дар ҳузури Аълоҳазрат нигоҳ дорад. Намояндаи ҳокимияти рус дар Бухоро монанди намояндаи амир дар Тошканд дар сафоратхона ва аз ҳисоби ҳукумати рус зиндагӣ мекунад…
Моддаи 18
Олимақом Сайид Музаффар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягиро, ки ба манфиати Бухоро ҳанӯз панҷ сол инҷониб вуҷуд дорад, аз самими қалб инкишоф медиҳад ва мустаҳкам менамояд ва 17 моддаи дар боло зикршударо, ки шартномаи нави дӯстии Русияю Бухоро мебошад, ба роҳбарӣ мегирад». (Ниг.:Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон. — Душанбе, 1962, С. 143 – 146). Тасвири ба шаҳри Самарқанд дохил шудани қӯшунҳои Русияро Мирзо Азими Сомӣ чунин шарҳ медиҳад, ки онро С.Айнӣ дар китоби худ овардааст: 2-юми майи соли 1868, пагоҳии рӯзи панҷшанбе, Мирзо Камолиддини муфтӣ «бо шаш нафар оқсақолони Самарқанд гов ва тухми мурғ гирифта, барои изҳори инқиёд ба истиқболи генерал-губернатор Кауфман, ки сараскари рус буд, ба Чӯпонато омада, ӯро дида, дам аз итоат заданд. Губернатор низ ба онҳо рифқу мудоро карда, вилояти Самарқандро тархон кард (яъне бахшид). Баъд аз ин губернатор оқсақолонро ҳамроҳ гирифта, аз дарвозаи Шоҳи Зинда дохили шаҳр шуда, ба Кӯктош (арки Самарқанд) қарор гирифт». Дар рӯзи дигар губернатор муфтӣ Камолиддинро ба мансаби қозикалони Самарқанд бардошт. (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Куллиёт. Ҷилди 10, – с.61).
Санаҳои муҳим:
1868, 1-уми май – муҳорибаи Чӯпонато.
1868, 2-юми май – забти Самарқанд.
1868, 11-уми май – имзои шартномаи тиҷоратӣ дар байни Бухоро ва Русия.
1868, 1-8-уми июн – шӯриш дар Самарқанд.
1868, 2-юми июн – муҳорибаи Зирабулоқ.
1868, 23-юми июн – шартнома дар байни Русия ва Бухоро (подшоҳи Русия ин шартномаро тасдиқ накард).
1870 – исёни Абдумаликтӯра. 1870 – Эъзомияи Искандаркӯл.
1873, 28-уми сентябр – имзои шартнома дар байни Русия ва Бухоро
Савол ва супоришҳо:
1) Дар бораи муҳорибаи Чӯпонато чӣ медонед?
2) Шаҳри Самарқанд чӣ тавр таҳти назорати қӯшунҳои Русия гузашт?
3) Муҳорибаи Зирабулоқ кай, дар байни кадом қувваҳо ба амал омад ва бо кадом натиҷа анҷом ёфт?
4) Шартномаи 23юми июни соли 1868 дар байни Бухоро ва Русия чӣ гуна буд ва чаро аз тарафи подшоҳи Русия тасдиқ нагардид?
5) Шӯриши Абдумаликтӯра бо чӣ мақсад оғоз гардид ва бо кадом натиҷа анҷом ёфт?
6) Дар бораи Эъзомияи Искандаркӯл муфассалтар нақл кунед.
7) Мазмуни шартномаи 28-уми сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухороро муфассалтар шарҳ диҳед.
8) Амалиёти ҷангии байни қӯшунҳои Бухоро ва Русияро аз рӯйи харита муайян кунед.
9) §§ 4, 5 ва 6-ро такрор намоед.