Шарт (принсип)ҳои қарзи бонкӣ. Шаклҳои пасандозҳои бонкӣ. Қобилияти қарзадокунии бонкӣ. Гарав ҳамчун усули таъмини баргардонии қарз
Қарз бо як қатор қоида ва меъёрҳо танзим мегардад, вале мо ин ҷо танҳо бо принсипҳои муҳимтарини қарздиҳӣ ва шаклҳои нисбатан маъ мулгаштаи он шинос мешавем.
Агар ин принсипҳоро мухтасар баён намоем, онҳо ба таври зайланд: муҳлатнокӣ; фоизнокӣ; баргардандагӣ; кафолатнокӣ; мақсаднок истифодабарӣ.
Муҳлатнокӣ. Бонк молики танҳо он қисми (ками) пули дар ихти ёр доштааш мебошад, ки муассисон ҳангоми таъсиси бонк гузоштаанд ва баъдан он аз ҷониби худи бонк аз ҳисоби фоидаҳои гирифтааш ҷамъ шудааст.
Вале бонкҳо барои қарздиҳӣ ба ҷуз аз маблағҳои худӣ инчунин аз воситаҳои пулии барои маҳфуздорӣ дар бонк гузоштаи амонатгузорон ва пасандозкунандагон низ истифода мекунанд. Ба ин тариқ, манбаи асо сии воситаҳои пулӣ ҷиҳати қарздиҳӣ пасандозҳои аҳолӣ низ мебошанд.
Пасандозҳои зеринро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
– пасандозҳои ҳисобҳои ҷорӣ пасандозҳое мебошанд, ки пасандоз- кунанда аз онҳо дар дилхоҳ вақт пул гирифта метавонад;
– пасандозҳои муҳлатнок пасандозкунандаро уҳдадор мекунанд аз онҳо то ба анҷом расидани муҳлати пасандоз пул нагирад.
Мутобиқан бонк низ метавонад пулҳои ба ихтиёри худ гирифтааш ро ба муҳлати муайяне пасандоз гузорад, вале он наметавонад аз муҳла те, ки пасандозкунанда баҳри истифодаи ин пулҳо иҷозат додааст, зиёд бошад. Бинобар ин қарз ҳамеша ба муҳлати муайян дода мешавад. Агар шахси қарзгирифта маблағи қарзиро дар муҳлати дар шартномаи қарзӣ муқарраргардида баргардонда натавонад, бонк тавассути суд аз ӯ ин маблағро мегирад, ё барои таъхир кардан дар муҳлати баргардондани қарз ҷарима меситонад.
ПАСАНДОЗҲО воситаҳои пулиеро меноманд, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ онҳоро дар бонк барои нигоҳдории муваққатӣ ва бо мақсади гирифтани даромад мегузоранд.
ШАРТНОМАИ ҚАРЗӢ созишномаи байни бонк ва шахси аз бонк қарзгирифта (қарздор) мебошад, ки дар он вазифаҳо ва ҳуқуқҳои ҳар кадоме аз тарафҳо пеш аз ҳама, муҳлати пешниҳоди қарз, пардохт барои истифодаи он ва кафолатҳои ба бонк баргар дондани маблағи қарзӣ муқаррар карда шудааст.
Фоизнокӣ. Албатта, одамон аз қадим аз хизматрасонии бонкҳо ҷиҳати боэътимод маҳфуз доштани пул истифода мебурданд. Беҳуда нест, ки калимаи «сейф» аз забони англисӣ омада, кайҳо байналми лалӣ шудаасту маънояш «қуттии металлӣ барои нигоҳдории пулу дигар сарватҳо дар бонкҳо» мебошад, ҳамчунин маънои «бехавф», «боэъти мод»ро ифода менамояд.
Бинобар ин бонкҳо пулро барои истифодабарии муваққатӣ танҳо бо гирифтани подош медиҳанд, ки онро «фоиз барои қарз» меноманд.
Андозаи фоиз барои қарз дар асоси қонуниятҳои умумии амал кар дани бозори сармоя муайян карда мешавад. Яъне барои қарзҳои муҳла ташон зиёд меъёри фоизи нисбатан баландтар муқаррар мегардад. Зеро чунин қарзҳоро бо амонатҳои муҳлатноки фаъолияташон мувофиқ таъ мин кардан лозим аст. Зимнан аз амонатҳои муҳлаташон дароз амонат гузорон фоизи нисбатан баланди даромади худро талаб мекунанд ва бонкҳоро лозим меояд, ки барои гирифтани воситаҳои пулӣ бо ин розӣ шаванд.
ҚОБИЛИЯТИ ҚАРЗАДОКУНӢ қобилияти қарзгиранда ва дар ӯ мавҷуд будани имкониятҳои сари вақт иҷро кардани уҳдадори ҳои худ тибқи шартномаи қарзӣ, яъне баргардондани маблағи асосии қарз ва пардохтани маблағҳои фоизӣ барои он мебошад.
Баргардандагӣ. Ин принсипи қарзӣ мураккаб нест: қарз барои ис тифода ба муҳлати муайян дода шуда, он бояд сари вақт баргардонда ша вад. Вале барои худи бонк риояи ин талабот иҷро кардани кори бисёри заҳматталабро оид ба арзёбии қобилияти қарзгирандагон, аниқтар гӯем, қобилияти қарзадокунии онҳоро дар назар дорад.
Бонкҳо барои арзёбии қобилияти қарзадокунии қарзгирандагон таҳлили махсуси иттилоотӣиқтисодиро дар бораи вазъи иқтисодии онҳо ё амалиёти тиҷоратиашон мегузаронанд. Масалан, оҷонсии машҳу ри амрикоии «Dun and Bradstreet, Inc» барои қарздиҳандагон оид ба ширкатҳои тиҷоратии қарзгиранда аз рӯи садҳо нишондиҳандаҳо, ҳатто то маълумотҳои ниҳонӣ дар бораи одатҳои бад ва доғҳои сиёҳ дар ҳол номаи роҳбарони ин ширкатҳо, иттилоот ҷамъ меорад. Зимнан ҳамаи ин корҳо дар чорчӯбаи қонун сурат мегиранд ва ҳар шахси манфиатдор аз оҷонсӣ ҳамон иттилоотеро талаб менамояд, ки барои ӯ зарур аст ва агар ин иттилоот нодуруст бошад, вай метавонад аз болои оҷонсӣ ба суд ши коят барад.
Кафолатнокӣ. Тавре мо эътимод ҳосил кардем, бонкҳо одатан ҳам чун қарз пулҳои амонатгузоштаи мизоҷонашонро пешниҳод мекунанд. Барои ҳифзи ин маблағҳо аз гумшавӣ бонкҳо дар баробари таҳлили қо билияти қарзадокунии қарзгиранда аз замонҳои қадим боз як усули ди гари бехавфгардониро фикр кардаанд – онҳо аз қарзгиранда исботи дар ӯ мавҷуд будани молу мулкеро талаб менамоянд, ки онро ҷиҳати таъми ни баргардондани қарз фурӯхтан ё гарав гузоштан мумкин бошад.
ГАРАВ моликияти шахси қарзгирандааст, ки ӯ онро зери на зорат ва ихтиёрдории бонк гузошта, ҳамчунин дар мавриди бар гардонда натавонистани қарз иҷозати фурӯхтани онро медиҳад.
Масалан, ширкати тиҷоратӣ ҷиҳати харидории молҳо барои мағо заи худ аз бонк қарз мегирад. Дар ин маврид бонк ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки ин молҳо ҳамчун гарав барои қарз расмӣ кунонида, ҳатто зери назорати кормандони он гузошта шаванд. Ва агар ширкат қобили яти сари вақт баргардондани қарзро надошта бошад, бонк метавонад ин молҳоро аз вай гирад ва барои пӯшондани хароҷоташ бо сабаби қоби лияти пардохти қарз надоштани ширкат онҳоро мустақилона фурӯшад. Дар ин маврид қарз ҳамеша ба маблағи камтар аз он ки аз фурӯши моли ба гарав гузошташуда гирифтан мумкин аст, дода мешавад. Зеро баъзан чунин ҳам мешавад, ки мол бо душворӣ ба фурӯш меравад ва нархи онро паст кардан лозим меояд.